автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.06
диссертация на тему:
Творческий путь и просветительские взгляды Мирзо Сироджа Хакима

  • Год: 2000
  • Автор научной работы: Бокиев, Хамза Олимович
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.06
450 руб.
Диссертация по филологии на тему 'Творческий путь и просветительские взгляды Мирзо Сироджа Хакима'

Текст диссертации на тему "Творческий путь и просветительские взгляды Мирзо Сироджа Хакима"

Вазорати маорифи Цулщурии Тоцикистон Донишгохи давлатии омузгории шах^ри Душанбе ба номы Д". Ш. Цураев

Ба у^укми дастнавис

РО\И ЭЧОДИ ВА АФКОРИ

МАОРИФПАРВАРИИ МИРЗО СИРОТИ ХАКИМ

10.01.06 - Адабиёти халкхои Осиё ва Африко

Рохбари илмй: доктори илмх,ои филологи , профессор Собир МИРЗОЕВ Мушовири илмй : доктори илмхои филологи, профессор Расу л ХОДИЗОДА

Душанбе -2000

БОКИЕВ Хамш Олимович

Рисола барои дарёфти унвони илмии номзади илмхои филологи

МУНДАРИЧД

МУЦАДДИМА.

3-11

БОБИ 1

ЦАРАЁНИ МАОРИФПАРВАРЙ ДАР %АЁТИ СИЁСИВУ ИЦТИМОИ ВА МУХИТИ АДАБИИ БУХОРО ДАР ОГОЗИ САДАИ XX....................................................................12-41

БОБИ II

ШАРХИ КОЛ В А САМТХОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭЦОДИИ МИРЗО СИРОЦИ КАКИМ.

Фасли 1 .Зиндагй ва рузгори Мирзо Сироци Х,аким................42-59

Фасли 2. Мероси манзуми Мирзо Сироци Каким.................60-75

Фасли 3. Фаъолияти табибии Мирзо Сироци Каким..........7 5-79

Фасли 4. Мирзо Сироци Каким аз саромадони

матбуоти тоцик....................................................79-89

БОБИ III.

ЮЯКОИ ИСЛОКОТХОЩ В А МАОРИФПАРВАРИИ МИРЗО СИРОЦИ КАКИМ ДАР «ТУКАФИ АКЛИ БУХОРО».

Фасли 1. Омилу ангеза^ои таълифи асар........................90-95

Фасли 2. Инъикоси акцда^ои маорифпарварй ва ислох;отхох;ии Мирзо Сироци Каким дар «Тух(афи ах;ли Бухоро».....95-101

а) Таблигу таргиби мактабу маориф ва илму донишх^ои дунявй..........................................101-113

б)Ситоиши касбу хуиар ва интикрди цах;лу нодонй.......113-116

в) Таргиботи гояхои Ватану ватанпарастй ва инсондустй................................................................116-127

г)Худидоракунии сиёсй ва истицлолияти миллй.........127-134

д) Тасвири вазъи машрутпа ва машрутахох^он ва х^имояи цонун.............................................................................134-142

е)Масъалаи ободщ обу обёрй ва х;ифзи мух^ити зист.....142-150

ё)Кифзи ёдгорих^ои таърихй ва фарх^ангй................150-163

ХУЛОСА..................................................................163-169

ФЕКРИСТИ АДАБИЁТ...........................................170-189

3

МУКАДДИМА

Адабиёти ибтидои садаи бистуми точик - ба адабиёти маорифпарварй номзад шудааст. Ин адабиёт аз чихдти тули замон ва аз хдйси хачми мероси адабй харчанд бузург набошад хам, аммо аз назари навоварй хдм дар мазмуну гоявии адабиёт ва хам дар вазъи сабку услуби тозаи адабй,хусусан дар наср,аз мархилахои мух,имтарини таърихи адабии точикон аст.

Адабиёти маорифпарварии ибтидои асри XX идомаи маънавй ва назариву эстетикиву бадеии хдмон адабиёти маорифпарварие буд,ки асосхои фалсафй,ичтимой,сиёсй ва бадеии онро дар нимаи дуввуми асри XIX Ахмади Дониш бунёд гузошта буд ва таъсири афкору ак;оиди фалсафию бадеии эчодиёти Дониш дар осори муосирон ва пасояндагони у хеле равшан инъикос гардид. Ин адабиёте буд, ки дар натичаи инки л оби фикрй ва чунбиши маънавии чомеаи феодалии Бухоро ба вучуд омада буд.

Пасояндагони ин чунбиши адабй, ки наели чавони адабиёту тамаддуни точик махсуб мешуданд, дар огози асри XX дар шароити нави сиёсиву ичтимой, дар мухити тозаи маънавию маданй на танхо афкору орои маорифпарварони асри гузаштаро идома доданд, балки дар шароити нави ичтимоиву сиёсй ба он шаклу мундаричаи нав дохил намуданд.

Дар ибтидои асри XX хам дар Туркистон ва хам дар аморати Бухоро бо таъсири чунбиши мусулмонони Русия ва к;исман кишварх,ои хоричй чараёни ислох,отчуй ва тара^ихо^й пеш аз хама дар сохаи мактабу маориф огоз гардид. Ин чараёни ислох,оти мактабу маориф ва системаи таълими ибтидоиву олй бо чунбиши ислох,и мактаб ва таъсиси мактабхои нав махдуд нагардид. Ин чараён, ки дар вокеъ х,ам аз ислох ва ташкили тартиби таълими нав шуруъ шуда буд, охири охирон ба чунбиш ва ин^илоби ичтимой низ наздик гардид. Зеро он ислох,оте, ки

4

маорифпарварони ибтидои асри XX пешних,од намуда ва барои он ба мубориза бархоста буданд, ба асосх,ои сиёсиву ичтимоии чомеа низ дахл мекард. Аз ин чост, Ки хдракати маорифпарварй,саъю кушиш барои ташкили мактабх,ои нав ва таълифи китобх,ои дарсй ба мук,обилати сахти уламои муртачеъ ва ахди мутаассиби дин,ба суи амали дукуматдорони хдм мадалй ва ^ам мустамликавй ру ба ру омад.

Мухдту шароити чомеаи аморати Бухоро махсусан барои таргиб ва таблиги афкору андеша ва чунбишх,ои маорифпарвариву ислох,отчуй душвору мушкил буд. Дар аморати Бухоро таъсири уламои дин ва фа^ех,они мутаассиб дар чомеа хеле пурзур буд ва хдр як падидаи навчуй дар чаб^аи маънавиёту афкори ичтимой дучори иртичои сахт ва таассуби чах,олатомези таба^аи уламои суъ мегардид. Амалдорони амир ва худи амир х,ам ба чунбиши маорифпарварй бо назари адовату бегонагй назар мекарданд ва ин чараёнро барои сохти аморат як хатари бузурге медонистанд. Аз ин чост,ки дар Бухоро ба чунбиши ислох,отчуй ва маорифпарварй пайвастан часорат ва чуръати фав^улоддаи маънавй ва чисмониро тацозо менамуд.

Дар ибтидои аср ба майдони чунбиши нави маорифпарварй мисли Айнй, Хрмидхочаи Ме^рй, А^мадчони Х,амдй, Абдулвохдди Мунзим ва дертар Абдурауфи Фитрат шахсоне баромаданд,ки фаъолияти ичтимой ва эчодиёти бадеии онх,о дар торикистони Бухоро чун соикде равшанй ва нури маърифат пош медод. Дар ин саф яке аз симо^ои барчаста Мирзо Сирочи Х,аким низ буд,ки зиндагии кутох,,аммо дурахшони у дар х,аёти ичтимой,сиёсй ва мадании он давр на^ши намоёне гузошт.Эчодиёт ва фаъолияти у дар чунбиши маорифпарварй як марх,илаи мух,имме буд. Аммо мутаассифона ^аёт ва эчодиёти ин марди шоиста ва хусусан афкор ва ак,идах,ои маорифпарварии у ба як тарзи мукаммал ва муназзам дар адабиётшиносии мо то имруз таджик нагардидааст.

Рочеъ ба ^аёт ва фаъолияти Мирзо Сирочи Х,аким нахуст маълумоти мухтасарро Х,очй Неъматуллои Мух,тарам додааст.Дар «Тазкират-уш-

5

шуаро»-и Мух,тарам як байт ,як дитъа ва се газали у оварда шудааст.Инчунин дар асари номбурда рочеъ ба«Сироч;й» тахаллус доштани у маълумоте дарч; ёфтааст (219.168). Баъди марги ин адиби нозукхаёл дар мачаллаи «Оина» таъзияномаи адли адаб тах,ти унвони «Зиёъи алим» (66.291) ба чоп расидааст,ки дар он оид ба шарх,и ^ол ва рузгори Мирзо Сироч ба таври фишурда маълумот оварда шудааст.

Дар адабиётшиносии муосири точик нахустин маълумотро рочеъ ба ин адиби чирадаст устод Садриддин Айнй додааст.Устод Айнй соли 1926, дар китоби «Намунаи адабиёти точик» дойр ба ^аёту фаъолияти Мирзо Сирочи Хдким чунин навиштааст: «Мирзо Сирочи Хдким (мулакдаб ба Мирхон,дуктур Собир) аз содибинтибо^они Бухоро буд.Баъд аз такмили хату савод ва та^сили муцаддамотй умуми Русия, Ирон, Афгонистон, Туркия, ша^рх,ои машхури Урупоро саёдат карда к;ариб як сол дар Афгонистон ма^бус шуда, дар аснои сайру сафар , илми тибби чддидро омухта, дар соли 1328 х,ичрй ба ватани худ Бухоро омада, истикомат варзида, ба тарзи нав ба табобати мардум машгул шуда буд.Вокеоти сафарро саёхдтномае навишта дар соли 1330 х,ич;рй дар Бухоро табъ кунонид»(14.324).

Устод Айнй бар замми порчаи дасби х,олии Мирзо Сироч, ки дар фавк оварда шуда,боз аз эчодиёти у ду шеър ва порчаи насриеро ба масобаи намуна аз «Сафарнома»-и Мирзо Сироч; овардааст.

Инчунин дар китоби «Таърихи ин^илоби Бухоро» -и (22.) устод Айнй ишора^ое мавчуд аст,ки аз фаъолияти рузноманигорй ва табибии у дарак медидад.

Рочеъ ба хдёту фаъолияти Мирзо Сироч дар китобх,ои «История таджикского народа» (252), «Очерки по истории таджикской философии» (238), «Анъана , майорат ва халдият»(182), «Тушаи хдмдилй» (150), «Аз даъри Хазар то авчи Зухдл» (151) маълумотх,ои нопурра оварда шудаанд.

6

Дар нигоштахри фав^ ,аксарияти муаллифон Мирзо Сирочро дунболагир ва пайрави А^мади Дониш шуморида , ба наели дуюми маорифпарварон мансуб донистаанд.

Маълумотх,ои мухтасаре ки дар осори олимону адибон оварда шудааст , танх,о ба соли таваллуду вафот ва чои зиндагию фаъолияти маорифпарварии у мансуб мебошанд.

Дойр ба рузгору фаъолияти Мирзо Сироч; дар кори тад^и^отии олими узбек Илёс Низомиддинов маълумоти муфассал дода шудааст. Олими номбурда бахшида ба эчодиёти адиб бо унвони «Саё^ларнинг ёзганлари» (268) ва «Мирзо Сирожиддин саёхдтлари» ду китоб ба табъ расонидааст.

Дар китоби аввал Илёс Низомиддинов рочеъ ба сафар^ои Мирзо Сироч; маълумот додааст.Дар китоби «Мирзо Сирожиддин саёхдтлари» рочеъ ба хдёту фаъолияти у маълумот дода шуда кисми ками ашъори шоирро бо забонх,ои тоники ва узбекй пешкаши хдводорони шеъру адаб гардонидааст.

Баъдтар адабиётшинос Холив; Мирзозода тах,ти сарлав^аи «Х,отифи тамаддун»(107) мак;олае навишта,фаъолияти адабию маорифпарвариии Мирзо Сирочро тахдилу барраей намуд.Дар ин ма^олаи зикршуда низ хдёту фаъолияти ин адиб пурра акс наёфтааст.Зеро ки дар ин макола рочеъ ба фаъолияти шоирй,публисистй ва табибии Мирзо Сироч; маълумоти кофй дода нашудааст.

Соли 1967 ба табъ расидани мак,олаи С.Хрчиев тах,ти унвони «Мирзо Сирочи Х,аким» (216) аз вучуд доштани девони шеърх,ои шоир хабар медихдд.

Баъдтар соли 1973 профессор Холи^ Мирзозода боз ба ин мавзуъ ру оварда «Х,отифи тамаддуни нав»(111.119-165) ном макола таълиф намуд. Дар маь;олаи мазкур рочеъ ба зиндагиномаи Мирзо Сирочи Х,аким маълумоти фаровон дода шудааст. Ин мак,оларо дар шархд х,ол ва эчодиёти адиб аз ма^олах,ои комилтару бех,тар х,исобидан мумкин аст. Олими номбурда соли 1977 зери сарлав^аи «Муносибати баъзе а^идахои А^мади Дониш ва маорифиарварони ибтидои асри XX» (114) маколаи

7

дигаре ба табъ расонд,ки дар хусуси акоиди маорифпарварии Мирзо Сирочи Хдким ва дигар маорифпарварон бахс мекард. Дар мак;олаи номбурда б о рохи усули мук,оиса муайян кардани аь;оиди Ахмади Дониш ва маорифпарварони наели дуюм ба таври возеху равшан баён ёфтааст.

Дар китоби пурарзиши забоншиноси точик С.Х,очиев «Забони адабии точик дар ибтидои асри XX» (217) баъзе маълумотхои тозаеро метавон рочеъ ба хаёту фаъолияти Мирзо Сирочи Х,аким пайдо намуд.

Дар мацолахои «Мирзо Сироти Бухорой-маърифатпарварй точик»(41) ва «Мирзо Сиродж Бухорои о конституционном движении в Иране (1905-1911 гг.)» (232),ки ба калами М.Ашурова таълиф ёфтаанд,рочеъ ба хаёту фаъолияти маорифпарварй ва муносибати Мирзо Сироч ба чунбиши машрутахохии Эронисолхои 1905-1911 ба

таври фишурда маълумот фарохам оварда шудааст. Муаллифи маколахои зикршуда акоиди худашро баъд аз тахлилу баррасии

асари «Тухафи ахли Бухоро» баён кардааст. Дар хусуси он ки М.Ашурова саёхатномаи «Тухафи ахли Бухоро»-ро яке аз сарчашмахои эътимодбахши омузиши харакати конститутсионй дар Эрони солхои 1905-1911 мехисобад,мо низ чонибдорем.

Дар китоби «Адабиёти точик (аерхои ХУ1-Х1Х ва ибтидои асри XX)» (209) низ рочеъ ба тарчумаи хол ва мероси адабии Мирзо Сироч ба таври фишурда маълумот дода шудааст. Инчунин дар китоби номбурда дойр ба сюжети сафарномаи «Тухафи ахли Бухоро» ба таври нопурра маълумот оварда шудааст.

Донишманд Сохиб Табаров бо унвонхои «Маълумоти тоза дар бораи Мирзо Сироч» (157) ва «Чанд дал ели нав аз хаёти Сарвар ва Мирзо Сироч» (158) маколахо таълиф намудааст. Дар ма^олахои номбурда рочеъ ба таъзияномаи «Зиёъи алим» маълумот оварда шудааст. Ин чо ба маврид астдайд намоем,ки он навиштачоти форсие,ки дар мачаллаи «Оина» дарч ёфта буд,танхо аз тарафи Сохиб Табаров бо хуруфи сриликй баргардон шудааст. Дигар чизе,ки таваччу^и моро ба худ чалб намуд,нигоштаи зайл

8

мебошад: «Доктор Собир дар хднгоми сафархо ба Арабистони Саудй ба хдч меравад ва ба унвону рутбаи Х,очй шарафманд мегардад» (157.14). Mo ба ин а^идаи баён кардаи донишманди мух,тарамамон розй шуда наметавонем. Зеро аз руи маълумоти маъхазу сарчашмах,ои муътамад равшан мегардад,ки Мирзо Сироч ба Арабистони Саудй сафаре накардаву зиёрати хонаи худоро ба 40 наовардааст.Падари Мирзо Сироч Х,очй Мирзо Абдурауф ба кишвари Арабистони Саудй барои зиёрати хонаи худо рафтааст ва со^иби унвону мартабаи Х,очй гаштааст. Барои асоснок намудани даъвои хеш мисолх,ои зайлро аз сафарномаи «Тухафи ахли Бухоро» ик,тибос меорем: «Аммо баъд чунин гуяд ин бандаи аз ватан мутаворй (пинхоншуда),ибни Х,очй Абдуррауф «Сирочиддин»-и бухорой...» (82.2). Ё ки дар чои дигари асари номбурда чунин омадааст: «Дар он 40 (манзили Сайид Акрамхонтура-Х,.Б.) як нафар Х,очй аз ахди Тошканд,пирамарди баландболое Саидбек ном,нишаста буд. Мушорунилайх, гуё дар он руздо тоза аз байтуллох, мурочиат карда будааст... Бо банда он руз шиносой пайдо намуда изхрр намуд,ки ман ваь;ти хдч, омадан манзили шумо омада падаратонро муло^от карда будам» (82.178-179). Аз ин порча баръало маълум мегардад,ки одатан одамоне,ки дар дил нияти зиёрати хонаи худоро доранддабл аз ба сафар баромаданашон ба назди х,очидо рафта аз шарту шароитх,ои ^ац пурсон мешаванд.Ин буд,ки Саидбеки тошкентй ба Бухоро омада ба зиёрати Х,оч,й Абдурауф мушарраф гардидааст.

Дар асарх,ои Холида Айнй (229),Валй Самад (151), Абдухоли^ Набиев (124) ва дар китоби «Садриддин Айнй дар хотироти дустон ва шогирдон»(144) роч,еъ ба фаъолияти публисистй ва табибии Мирзо Сироч ишора^ое дида мешаванд,ки зикри онх,о дар боби дуюми кор рафтааст.

Он чизе,ки то кунун оид ба Мирзо Сироч ва эчодиёти у навишта шуда ва нашр гардидааст,асосан аз дамин^о иборат мебошад. Аз ин гуфта^о чунон ки дида мешавад,як кори аловддае,ки махсус ба ^аёт ва мероси адабию

9

илмии Мирзо Сироч ва хусусиятх,ои эчодиёти ин адиби нуктасанч ба тарзи пурра шинос мекарда бошад, то дол ба майдон наомадааст.

Аз ин ру дар мавзуи «Роди эчодй ва афкори маорифпарварии Мирзо Сирочи Х,аким дар адабиёти ибтидои асри XX » таълиф ётани рисолаи мазкур ба маврид менамояд. Х,ар чанд мо масъаладои мудимро гирифта бори аввал ба риштаи тахдилу таджик, кашидем,аммо гуфтан мумкин нест,ки ин кори мо дар омухтани мероси илмию адабии Мирзо Сирочи Хдким хддди интидо бошад. Зеро мадсули илмию адабии эчодиёти Мирзо Сирочй Х,аким бою рангоранг буда, барои пурра фаро гирифтани падлудои дануз торики эчодиёти ин адиб ва табиби дозик;у рузноманигори душсалица таълифи рисоладои дигар низ ба маврид менамояд.

Умед аст,ки ин саъй дар масъалаи равшан намудани ак;оиди маорифпарварии адабиёти ибтидои асри XX точик,ки он доло ба дарачаи таджики басандаи худ нарасидааст, аз манфиат холй надодад буд.

Максад ва вазифахои тадкик. Вазифаи асосии муаллифи рисола,пеш аз дама таджик намудани мавзуи мазкур мебошад. Барои хамин муаллиф дар назди худ асосан чунин мак;саду вазифадои аз лидози илмй хдлталабро гузоштааст:

1 .Таджики заминадои шароити таърихй,сиёсй ва фардангии ба вучуд омадани саёдатномаи «Тудафи адли Бухоро»-и Мирзо Сирочи Хдкими Бухорой.

2. Инъикоси андеша ва тафаккуроти ислодотдодй ва маорифпарварй дар саёдатномаи «Тудафи адли Бухоро»-и Мирзо

Сирочи Хдким.

3.Муайян намудани арзиши фаъолияти адабй- публисистии Мирзо Сирочи Хдким дар адабиёти маорифпарварии ибтидои асри XX.

4.Муайян намудани макоми «Тудафи адли Бухоро»- и Мирзо Сироч дар адабиёти маорифпарварии ибтидои асри XX.

10

Манбаи назариву методологии тадкик. Рисола дар асоси методу услуби адабиётшиносони тонику рус А.Мирзоев, Х.Мирзозода, М.Шукуров, Р.Хрдизода, А.Маниёзов, С.Табаров,А.Сайфуллоев, М.Рачабй, Л.Н.Демидчик, И.С.Брагинский, Е.Э.Бертельс таълиф ёфтааст. Хдмчунин рисола дар асосу равиши назариёти адабии анъанавии точику форс ва комёбих,ои илмию назарии адабиётшиносии муосир бунёд гардидааст.

Маводи тадкик. Дар рисола асосан саёхдтномаи «Тухдфи ах,ли Бухоро»-и Мирзо Сирочи Х,аким мавриди истифода карор гирифтааст.Барои мукоиса бошад,осори хдмзамонони у Фитрату Бех,будй,Асирию Ач,зй,Садри Зиёю Айнй истифода шудаанд.Инчунин осори маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX А.Донишу Возехро сарманщи кори худ намудаву манбаи таджик; царор додем.

Навоварй ва хусусиятхои рисола. Дар рисола бори аввал тарчумаи дол ва эчодиёти илмию адабии Мирзо Сирочи Х,аким ба шакли мукаммал баррасй ёфтааст. Х,арчанд, ки дар ин замина кордой зиёди муда^икони адабиёт ба назар мерасанд. Муаллиф кушш намудааст, ки бори аввал манбаи эчодиёти Мирзо Сирочи Х,акимро аз на^таи назари вобастагии у ба иттилооти замону чунбиши маорифпарварию ислодотходй тадкик; намояд.

Метод ва усули тадкик. Рисола дар асоси методи таърихию мукоисавй таълиф гардидааст. Х,ангоми таълифи рисола ба тачрибаи олимон ва донишмандоне,ки дар омузиши адабиёти маорифпарварй сах,ми бузург доранд, амсоли X. Мирзозода, М. Бах,оваддинов, Р.Хрдизода, С.Табаров ва И. С .Брагинский такя намудем. Инчунин аз методу тарзи усулдои тадкдаии олимон дар адабиёти ибтидои асри XX пеш аз хдма устод Айнй,Р.Хддизода,И.С.Брагинский ва Маъруфи Рачабй истифода намудем.

Арзиши амалии рисола. Рисола барои мудакдикон дар мавриди таълифи таърихи адабиёти форсу точик,таърихи накди адабй ва адабиётшиносйдамчунин таълифи китобдои дарсй,васоити таълимй,

11

таснифи к;омусдои адабй, таърихй,маърифатй,хондани курси лексия^о оид ба таърихи адабиёти маорифпарварй, назариёту накди адабй ва курсу семинарх,ои махсус ва ба омузгорони факултах,ои филологияи точ,икй ва шаркшиносон мадад мерасонад.

12

БОБИ1

ЧДРАЁНИ МАОРИФПАРВАРЙ ДАР ХАЁТИ СИЁСИВУ ИЧТИМОЙ ВА МУ^ИТИ АДАБИИ БУХОРО ДАР ОГОЗИ САДАИ XX

Дар нимаи дуввуми асри XIX дар хдёти сиёсию ичтимой ва фардангию адабии Осиёи Марказй равняй нав- равняй маорифпарварй ба вучуд омад, кн чараёни ташаккул ва та комули он то ибтидои асри XX идома ёфтааст.Чунон ки дар асрх,ой гузашта бисёр аь;оиди ичтимой ва фал�