автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.09
диссертация на тему:
Волшебные сказки Бадахшана

  • Год: 2006
  • Автор научной работы: Ризвоншоева, Гулнисо Нуралишоевна
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.09
450 руб.
Диссертация по филологии на тему 'Волшебные сказки Бадахшана'

Текст диссертации на тему "Волшебные сказки Бадахшана"

61:07-10/33

АКАДЕМИЯ НАУК РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ИНСТИТУТ ЯЗЫКА И ЛИТЕРАТУРЫ им. РУДАКИ

На правах рукописи

РИЗВОНШОЕВА ГУЛНИСО НУРАЛИШОЕВНА

ВОЛШЕБНЫЕ СКАЗКИ БАДАХШАНА

(исследование идейного содержания и образов)

Специальность: 10.01.09 - Фольклористика

Научный руководитель: доктор филологических наук Обидов Дододжон

академиям илмх;ои чумдурии то^икистон института забон ва адабиёти ба номи рудаки

Ба х,укми дастнавис

РИЗВОНШОЕВА ГУЛНИСО НУРАЛИШОЕВНА АФСОНАХЩ СЕХРОМЕЗИ БАДАХШОН

(Таадщи гоява образ)

Ихтисос: 10.01.09 -Фолклоршиносй

Ро^бари илмй: доктори илми филология Обидов Додочон

ФЕХ,РИСТИ МУНДАРИЧОТ

Мукдддима 13

Бобои 1

Персонажной мусбати афсонах,ои сехромези Бадахшон

Шох,и одил 14

Шох,зода 24

Вазир 34

Вазирзода 38

Занон 41

Хочаи Хизр 49

Парй 56

Симург 66

Боби2

Персонажной манфии афсонадои серомез

Амасти 78

Дев 90

Аждахо 106

Жиндурвак 114

Кампири айёра 120

БобиЗ

Персонажной ёридихднда

Асп 126

Хурус ва мург 132

Мор 138

Гурба 143

Гов ва барзагов 147

Муй 151

Об 154

Себ 159

Дарахт 162

Хулоса 166

Адабиёт ва сарчашмах,о 172

Манбаъхои фонди дасхатхо 180

Муцаддима

Афсона яке аз жанрх,ои маъмул ва хеле густаришёфтаи адабиёти шифох,ии мардуми Бадахшонро ташкил медихад. Ин падидаи фолклорй, ки аз кдцимулайём ба рузгор ва ^аёти маишию фардангии мардуми сарзамини Бадахшон хдмбастагии зич пайдо карда меояд, бисёр унсурх,ои расму оин, урфу одат ва соири анъаноти онх,оро фаро мегирад. Имруз агарчи дар натичди тахдввулоти зиёди ичтимой ва фархднгии мардум мавцеи афсонах,о суст шуда бошад хдм, вале гуяндагони зиёди босаликди афсонахоро хануз дучор омадан мумкин аст, ки тавассути онх,о намунах,ои ин жанри фолклорй дар маъракахо гуфта ва шунида мешаванд.

Маъно ва мафх,уми афсона хднуз дар асрх,ои миёна мавриди бах,с ва шарху тафсир кдрор гирифтааст. Аз руи маълумоти Р.Рахмонй «истилохд афсона дар адабиёти шифох,й ва адабиёти таълифй ба шаклхои мухталиф; афсона, к;исса, достон, ривоят, х,икоят, саргузашт, нак,л ва амсоли ин маънидод шудааст» (93, 8).

Адабиётшиноси точ;ик Худой Шариф роч;еъ ба маънии истилох,и «афсона» дар к;омусх,ои мухталифи мардуми эронитабор чунин ибрози акдда намудааст: «Шарх,и афсона ба шакли афсон, фасона ва афсона дар «Фархднги Ч,ах,онгирй», «Фарх,анги Рашидй», «Шамс-ул-лугот», «Фарх,анги Онандроч;» ва дигар кутубу лугот низ омадааст. Аз чумла муаллифи «Фарх,анги Ч^ах,онгирй» бунёди афсонаро дар шухрат ёфтани чиз ва афсона шудан мебинад ва бо чанде абёт андешаашро так,вият медихдд. Дар «Фарх,анги Рашидй» афсона «х,икояти пешиниён, ки таач;г1уб дошта бошад» хонда мешавад. Шарх,и «Шамс-ул-лугот» низ ба хдмин маънй наздик аст. Дар «Фарх,анги Онандроч;» хдма авсофи афсона, чун «саргузашту дикояти гузаштагон, суханони машх,уру шудратёфта кайд шуда, андешаи муаллиф чунин чдмъбаст мегардад: «В а ба маънии чизи беаслу дарфи гайривок,ей бо лафзи шудан ва ин хдма мач;оз аст» (123,17).

Дар «Бурх,они к,отеъ» омадааст: «Афсона бар вазни мастона, саргузашту х,икояти гузаштагон бошад, машхур ва шухратёфтаро низ гуянд» (29, 104). Дар «Еиёс-ул-лугот» афсона бо вожаи «фасона» зикр гардида, ба тарщи зайл маънидод шудааст: «Фасона мухаффафи афсона, ба маънии саргузашт ва мочдро; ва ба маънии х,икояти беасли мачоз аст. (Аз «Сироч» ва «Бурх,он») (138, 105) Афсона дар «Фархднги забони точикй» (116, 101), «Фархднги форсй» (119, 108) ва «Фархднги Амид) (118.120) ба маънии кдсса, достон, саргузашт, накд ва хдкоят шарху тафсир ёфтааст.

Фолклоршиноси тоник Носирчон Маъсумй кдсса ва хикояро як чузъи таркибии афсона шумурда нигоштааст: «Дар тах,ти калимаи афсона ба маънои пурра мо хдмагуна кдсса ва х,икоях,ои халциро мефах,мем» (60, 88).

Фолклоршиносони точик афсонадои халк;иро аз чидати мазмун ва мундарича, асосан ба се гурух, табак,абандй намудаанд ва шакли аз хдма пах,ншудаашон афсонах,ои тамсилй (афсонах,о дар бораи х,айвонот), афсонахои сехромез (сех,рангез, тилисмй) ва афсонах,ои маишй-вокей мебошанд.( 60; 18; 93) Мо х,ам ба дамин шакли таба^абандй розй х,астем ва афсонах,ои сех,ромези Бадахшонро, ки дар ин сарзамин яке аз афсонах,ои маъмултарин ва густурдатарин мах,суб меёбанд, мавриди тахдик, к,арор додем.

Бояд тазаккур дод, ки дар мах,алх,ои гуногуни Бадахшон нисбат ба афсона истилох,оти гуногунро истифода мебаранд. Масалан, афсонаро дар нох,ияи Дарвоз «матал», дар нодияи Ванч «осуна», дар Рушон «суг», дар нох,ияи Шугнон ва Рошткдлъа «суг» мегуянд ва тавре, ки фолклоршинос Б.Шермух,амадов дар мукдддимаи «Афсонах,ои Самарканд» иброз медорад: «Дар райони Нурато кдриб дар хдма чой истилоди «суг», «саргузашт» ва «хджоят» кор фармуда мешавад. Танх,о дар деха^ои Ох,алик ва Ок,сой истилоди маъмули «афсона» (дар шакли афсона, афсуна, авсона) вомехурад. Ба гайр аз ин дар Ок,сой истилох,оти «матал» ва «х,икоя» низ раем шудаанд» (20, 12).

Дар Бухоро афсонаро «шуг», «ушуг», «афсона», «кисса», «матал», «дикоя» мегуянд ва С.Айнй бордо вожаи «шуг»-ро дар «Ёддоштдо»-и худ ёдовар шудааст.(93,16-17)

Р.Радмонй тахмин карда гуфтааст: «агар вожадои «шук, шуг, суг, сег, ушук, шугун, суричак, саргузашт»-и форсии тщикиро; «сказ, сказка»-и русиро; «saga»-n англисиро ва дигар калимадои ба онхо шабеди хонадони забондои диндуавропоиро забоншиносон аз нигоди этимологияи таърихи забон мук,оиса кунанд ва аз назар гузаронанд, шояд нисбати робитаи дамаи ондо даддалакдл ба ягон натичди илмй бирасанд» (93, 17).

Пажудишгарон дар сатди байналмиллалй зимни тадк,ик,отдои худ дар асоси он маводе, ки барояшон дастрас будааст, афсонаро таъриф кардаанд. Хусусан, осори илмии мудакдик,они рус чун А.И.Никифоров, Ю.М.Соколов, В.И.Чичеров, Э.В. Померанцева, В.П. Аникин, В.Я.Пропп, П.П.Бажов, А.Н.Веселовский, Е. Елонская, И.А.Бунин ва дигарон дар ин бобат хеле пурарзишанд. Вале бо вучуди ин гуна пешравидо дар ч,одаи омузиши жанри афсона ва дар мавриди таърифи он, афкору ак,оиди олимон мухталиф буда, то х,ол «таърифи ко мил ва вохдди афсона ба вуч,уд наомадааст» (93, 28).

Бояд тазаккур дод, ки ба омузиши афсонах,ои халкд точ;ик мух,ак,к,ик,он аз нимаи дуюми садаи XX огоз намудаанд ва афсона бори нахуст хдмчун жанри мустакдли фолклорй аз тарафи Н. Маъсумй мавриди пажух,иш кдрор гирифтааст. Баъдтар ба ин кор Р.Амонов, Д.Обидов, М.Явич, Р.Радмонй, Ч^.Рабиев, Ш.Мирзоева ва дигарон даст задаанд.

Муаллифи мачмуаи «Афсона ва жанрдои дигари шифодй» Р.Радмонй «афсона»-ро дар маърази тахддк; гузоштааст. Мудак,к,ик, истилоди «афсона» ва муродифдои онро дар манбаъдо ва байни мардуми форсзабон аз назар гузаронида, нишонадо ва хусусиятдои хоси онро муайян намудааст.(93, 38)

Афсона дар адабиёти шифодии мардуми Кудистони Бадахшон ч;ойгоди мумтозро ишгол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки он чиро, ки дар бораи афсона

ва хусусиятдои жанрии он зикр намудем, ба афсонадои мардуми Кудистони Бадахшон низ нисбат додан мумкин аст.

Афсонадои мардуми Бадахшон аз афсонадои халкдои дигар бо баъзе хусусиятдояшон фарк, мекунанд. Мавк,еи чугрофии Бадахшон, фарогирии урфу одат, расму оин, маросимдо ва анъанадои дигари даёти моддй-маишй ба мазмуни афсонадо бетаъсир намондааст. Дар афсонадои ин мадал низ орзую омоли халк; тачассум ёфта, ондо бадри бедбудии даёти хеш ба чустучуи «Ь^ишлоки тиллой» саъю кушиш намудаанд. Халк, аслан он персонаждоеро, ки дар афсонадо ягон амали неке ё кори хубе ич;ро мекарданд ва ё дили корафтодае, ё ятимеро хурсанд менамуданд, сутудааст ва ондоеро, ки бадтинатию зиштрафторй мекарданд, мадкум намудааст.

Дар афсонадои мардуми Бадахшон дар симои кддрамони мусбат хислатдои неку дамидаи инсонй монанди; медрубонй, меднатдустй, софдилй, некукорй, садокдт ба ватан ва вазифа, дурмати падару модар ва вафодорй дар мудаббат нисбат ба наздикон ва ёру диёр ташвик,у таргиб гардидаанд.

Кддрамони асосии афсона бо куввадои адриманй муборизаи беамон бурда, мадбубаашро аз асорати Дев, ё Жиндурвак1 ва ё ягон маздари шар нач:от медидад ва дар ладзадои душвор ба ёрии наздикону дустонаш мерасад.

Бетардид гуфта метавонем, ки ба мазмуни афсонадои мардуми Бадахшон табиати муъчизаосо ва седрангези ин сарзамин таъсири амик, расондааст. Ба вижа ин хусусиятро беш аз дама афсонадои седромез касб намудаанд. Дар ин кдбил афсонадо дар баробари додисадои пурпечу тоби ач;оибу гароиб, седру ч;оду, куввадои хорикуллода ва ашёдои седрнок инчунин бисёр унсурдои даёти вок;ей низ ба тасвир омадаанд ва ин вижагидо дар мундаричди гояй ва амалиёти персонаждо ба зудур меоянд. Дар ин гуруди афсонадо, инчунин тарзи гузаронидани маросимдои тую сур ва мотам бозтоб гардидааст.

То нимаи дуюми асри сипаришуда дар Кудистони Бадахшон, афсонагуёни забардаст хеле зиёд будаанд. Аз ёддошту маводи гирдовардаи

1 Жиндурвак-рухи бад монанди Дев ва Девбарзанги, вале бо баъзе хусусиятх,ояш аз онх,о фарк мекунад.

фолклоршиносон пайдост, ки чунин ровиёни модир ва боистеъдоди афсонаро дар Бадахшон «гули сари сабад»- и маъракадо мегуфтаанд. Индо ба монанди -Ш.К^урбондусейнов, Н.Шанбеев, М.Илчибекова, К^.Алиназаров. С.Саидисрибов, М.Шобекова, М.Мавлоназаров, Р.Мирасанова, Х.Бердов ва дигарон мебошанд. Агарчи бисёр аз ин гуяндагони боистеъдоди мардумй имруз дар к,айди даёт нестанд, мардум ондоро дамеша бо некй ёд мекунанд.

Аксар вак,т дар маъракадои калон гуяндагони афсонадо марддо будаанд ва датто барои медмондои оликдцр барои саргармии эшон содибхона баъзан гуяндагони касбиро даъват мекардаанд. Дар мукдцдимаи мач;муаи «Сказки и легенды горных таджиков» А.З. Розенфельд зикр намудааст, ки дар ин мавзеъдо гуяндагони касбй набудаанд, аммо ашхосе будаанд, ки афсонадои зиёдро дифз намудаву бо майли том ондоро накд менамуданд.(105, 7)

Афсонагуи модир аз дедаи Кушки нодияи Шугнон, Мирасанова Рук,иямои 85 сола, зимни чамъоварии асардои фарх,анги мардум ба нигорандаи ин сатрх,о аз ч;умла чунин гуфт: «Ман афсонагуиро бисёр дуст медоштам ва дозир дам ба синну солам нигод накарда, накд намудани афсонаро дуст медорам. Аслан дар мавриди хирманкубй, махсусан, дар шабдои зебои мадтобй афсона мегуфтаму рубоиёти фалакиро вобаста ба мавзуи афсонадо месароидам ва ё агар дар к,ишлок, ягон кас бемор мешуду хешу табору дамсоядо ба аёдати у меомаданд, маро даъват мекарданд, то ки барояшон афсона гуям ва датто баъзан ба ман ошафсона2 дам медоданд.

Афсонаро мардумй Кудистони Бадахшон бештар дар шабдои дарози зимистон накд мекарданд. Дар гузашта, азбаски чарог камчин буд, одамон баъди хуроки шом барвак,т хоб мерафтанд ва барои кутод кардани шаб ягон кас афсона мегуфт ва то он даме афсона мегуфтанд, ки дамаро хоб мебурд. Инчунин дар ладзадои фориг аз кор, дар шабдои мадтобии тобистон дам, одамон афсонагуй мекарданд.

2 Ошафсона-ин чо ба маънои ту^фа омадааст.

Дар маъракахо дар баробари мадхияхонй афсонагуй дам мак,оми хосса дошт. Ё агар шахсе бемор шуда, хешу табораш чамъ оянд, ба хотири он ки ахди нишаст бедор бошанду барои кутохтар кардани шаб афсонагуй мекарданд ва имруз низ ин анъана дар кишлокдощо давом дорад.

Мусофнрат ба нохияхои гуногун боиси бештар донистани афсона барои мардхо мегардид. Агар мусофире тасодуфан шабона дар дехае мемонд ва вориди хонае мегардид, сохибхона аз вай мепурсид, ки оё хунари афсонагуй ё хофизй дорад ё не ва агар чавоби мусбат мешунид, мусофирро иззату хурмат мекард.

Бояд тазаккур дод, ки х,аёти моддй-маишй, ичтимой ва фархангии сокинони Бадахшон дер боз диккати саёххон ва мутахассисони сохаи мухталифи илмро ба худ чалб намудааст. Афсона, ки яке аз жанрхои асосии фолклор махсуб меёбад, аз ин лих,оз хамчун мухимтарин маъхаз барои тавдику баррасии забон, расму таомули мардум хизмат мекунад. Аз руи сарчашмаву маъхазхои дастрас маълум мешавад, ки х,ануз дар ибтидои солхои 70-уми асри XIX барои тафсиру тасвири хусусиятхои грамматикии забонхои помирй сайёхи англис Р.Б. Шоу аз нохияхои гуногуни Бадахшон афсонахоро навишта гирифта, баъдхо яктогй афсонаро ба забощои шугнонй, вахонй ва се афсонаро ба забони сарикулй чоп кунондааст. (132)

Солхои 1900 ва 1901 шарцшинос А.А.Семёнов аз нохияи Дарвоз 26 афсонаро навишта гирифтааст, ки 8-тоашро аз нохияи Ванч ва 18-тоашро аз нохияи Дарвоз гирд овардааст. Мухакдик афсонахоро ба забони русй тарчума намуда, хатто чойхои заруриро шарху тафсир додааст. Аз он чумла яке аз кдринах,ои афсонаи «Тошбек ва Гулкурбон» аз тарафи А.А.Семёнов руи чоп омадааст.(101)

Аммо чамъоварй ва ба нашр хозир кардани намунаи афсонахои мардуми Бадахшон аслан, аз солх,ои 20-уми асри XX сурат мегирад.

Мардумшинос М.С.Андреев соли 1927 афсонаеро бо номи «Шоддухтари морон» ба чоп расонд, ки онро аз забони сокини водии Хуф навишта гирифтааст. (11)

И.И.Зарубин зимни нишон додани баъзе хусусиятдои забони рошорвй ва забондои гуруди шугнониву рушонй 6 матни афсонаро чоп кунондааст. Баъддо аз тарафи худи у дар кдтори назми халкди помиризабон як матни афсона ба забони бартангй ва рушонй бо тарчумаи русй ба нашр расидааст.(45)

«Дар ибтидои солдои 30-юм эроншиноси немис Ленц Вольф Ганг афсонае дар бораи Бадром ва олими Швеция Шельд Ханнес чор афсона ва се суруди мадаллиро чоп карданд» (128, 131). Соли 1937 аз тарафи худи А.А. Семёнов ва Е.Е.Романовская дар баробари ба чоп расонидани яке аз нусхадои нисбатан мукаммалу садеди афсонаи «Тошбек ва Гулк,урбон», алифбои мусикди онро низ дарч, намудаанд. (95,52-59)

Хдмчунин бо саъйи А.З.Розенфелд соли 1955 мацмуаи «Намунаи фолклори Дарвоз» ба табъ расид. Маводи ба мацмуа дохил карда шуда, асосан дар солдои 1949, 1951 ва 1953 дар райондои Кдлъаи Хумб ва Тавилдара (к,ишлок,и Сафеддорон)-и водии Гарм (дозир водии Рашт) ва нодияи Ванци ВАБК чдмъ карда шудаанд. Маводи мацмуа, асосан дар ду намуд назм ва наср тадия шудаанд ва дар баробари жанрдои дигари фолклорй дар ин мацмуа 15 афсона шомил шудаанд. (74)

В.С.Соколова дар китобдои «Рушанские и Хуфские тексты и словарь» (108) ва «Бартангские тексты и словарь» (109) дар баробари пажудиши хусусиятдои забонии мардумони ин мавзеъдо инчунин дар дачми 30 матн афсонадои гуногунмавзуъро дар шакли асл ва тарчумаи русй нашр намудааст.

Соли 1970 «Фолклори Вахон» ном мак;олаи И.М.Стеблин-Каменский ба табъ расид. К^исми аввали мак,ола маълумот дар бораи мавк,еи чугрофии водии Вахон, дарачаи омузиши даёти моддй ва маънавии сокинони он, маълумот дар бораи жанру намуддои асосии фолклори мардум, нашру табъ ва хусусиятдои дузабонии ондоро фаро гирифтааст.

Барои мо махсусан мулодизадои муаллиф оид ба афсонахо мудиманд. Аз мазмуни мак,ола маълум мешавад, ки Стеблин-Каменский аз байни сокинони Вахон 52 афсонаро навишта гирифтааст. Аз пажудиши муаллиф маълум мегардад, ки к,исми калоии афсонадои Вахон седромезанд ва сюжети ин афсонаро ба афсонадои дамаи халвдои эронинажод умумияте дорад.

«Фолклори Вахон» нахустин мак,олае буд, ки дар он аз хусуси афсонадои мардуми Бадахшон ба таври мухтасар бошад дам, сухан рафтааст.(111)

Бо кушишу ибтикори помиршиносон А.Л.Грюнберг ва И.М. Стеблин-Каменский соли 1976 китоби «Сказки народов Памира» ба чоп расид. Дар ин мачмуа матни 80 афсона ба забони русй дарч гардидааст.

Сарсухане, ки аз тарафи шаркдшнос А.Н.Болдирев барои мачмуа навишта шудааст, кимати илмии онро афзун мегардонад. Аз он дойр ба жанрдои асосии назми халкди Бадахшон ва аз хусуси дузабонй будани он, дар бораи мавк;еи афсонадо дар хаёти маънавии мардум, муносибати афсонадои аз байни адолии Бадахшон дастрасгардида, бо афсонадои точикони манотик,и дигари Точикистон ва кишвару чумдуриятдои дамсоя, махсусияти ин афсонах,о, мак;оми ровиёни афсонах,о байни мардум ва гайра маълумоти муайян пайдо кардан мумкин аст. (102)

Соли 1990 мачмуаи «Сказки и легенды горных таджиков» дар силсилаи китобдои «Сказки и мифы народов Востока» ба табъ расид, ки дар он 59 афсона, 26 ривоят ва 10 латифа шомил гардидаст. Аз чумлаи 59 афсона 28 тоашон аз байни шахрвандони нохдяи Дарвоз навишта гирифта шудаанд. Дар мукдддимаи мачмуа А.З. Розенфелд дар бораи мавк,еи афсона дар хаёти маънавии мардуми кухдстон маълумот дода, афсонах,оро аз руи мазмуну мундарича тасниф намуда, ба таври фишурда дар бораи хдр яки ондо маълумот додааст.(105)

Солдои охир таваччух,и мудак,к,ик,он ба афсонадои мардуми Бадахшон кам шудааст. Дар бораи афсонадои мардуми Бадахшон тандо баъзе

маълумотх,ои пароканда мавчуданд, ки аз руи онх,о дар бораи ин жанр тасаввуроти кофй х,осил кардан душвор аст.

Вок,еан то нимаи дуюми асри XX ба ч,амъоварии эчодиёти шифохди мардуми Бадахшон муассисае ва ё касе бевосита ва чдддй машгул нашуда буд. Корх,ое, ки рочеъ ба жанри афсона анч;ом ёфтаанд, асосан, аз цониби шахсони чудогонае, ки аслан фолклоршинос набудаанд, амалй гаштаанд. Аз ибтидои солх,ои шастум ба шуъбаи фолклорй точ,ик ва шевашиносии Института забон ва адабиёти ба номи Рудакии АИ Ч,Точ,икистон омузандагони фолклор ва забонх,ои помири ч;алб мешаванд.

Баъд аз ин кори чамъоварй ва омузиши жанрх,ои гуногуни фолклорй мардуми Бадахшон мунтазам ва ч;иддан идома меёбад. Ин кор баъди таъсис ёфтани сектори забонхои помирй (1967) ва шуъбаи помиршиносй дар назди института номбурда аз соли 1973 боз хдм ривоч, меёбад.

Дар нимаи дуюми соли 1989 шуъбаи помиршиносй ба марк