автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.02.22
диссертация на тему:
Микротопонимия Восточного Памира

  • Год: 2003
  • Автор научной работы: Насрадиншоев, Азатшо Насратшоевич
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.02.22
Диссертация по филологии на тему 'Микротопонимия Восточного Памира'

Текст диссертации на тему "Микротопонимия Восточного Памира"

•св-Ю/mi-9

ХОРОГСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМ. М.НАЗАРШОЕВА ИНСТИТУТ ГУМАНИТАРНЫХ НАУК (ПАМИРСКИЙ ФИЛИАЛ) АКАДЕМИИ НАУК РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

а

>

/

на правах рукописи

НАСРАДИНШОЕВ АЗАТШО НАСРАТШОЕВИЧ

МИКРОТОПОНИМИЯ ВОСТОЧНОГО ПАМИРА

Специальность: 10.02.22 - Языки народов зарубежных стран Европы, Азии, Африки, аборигенов Америки и Австралии (иранские языки).

ДИССЕРТАЦИЯ

на соискание ученой степени кандидата филологических наук

Научный руководитель: кандидат филологических наук, доцент Офаридаев Назри

Душанбе -2003

ДОНИШГО^И ДАВЛАТИИ ША^РИ ХОРУР БА НОМИ М.НАЗАРШОЕВ, ПАЖУ^ИШГО^И УЛУМИ ИНСОНИИ А.И.ЧУМ^УРИИ ТО^ИКИСТОН

бо ^укми дастнавис

Насрадиншоев Азатшо Насратшоевич

Микротопонимияи Помири Шар^й

Ихтисос: 10.02.22 - Забон^ои халк^ои мамолики

хори^и Аврупо, Осиё, Африк;о, ахолии бумии Амрико ва Австралия (забон^ои эронй)

Рисола

барои дарёфти дара^аи илмии номзади илм^ои филологй

Ро^бари илмй: * номзади илм^ои филологй, дотсент Офаридаев Назрй

Душанбе 2003

Мундарща

Муцаддима ................................—.........................-—..................3

Боби I. К|абатх,ои этнолингвистй. Тах^пили сохтори калимасозии микротопоним^ои Помири Шар^й

1. Микротопоним^ое, ки дар заминаи вохид^ои лугавии

забон^ои эронй ба вучуд омадаанд.......................................— 12

2. Микротопоним^ое, ки дар заминаи вохдд^ои лугавии забон^ои

турки ба вучуд омадаанд—............................—...................... 48

3. Микротопоним^ое, ки дар заминаи во^ид^ои лугавии забон^ои

гуногун ба ву^уд омадаанд....................................—........... 56

4. Микротопоним^ое, ки дар заминаи во^ид^ои лугавии

забони русй ба вучуд омадаанд------------------------------------------ 62

Боби II. Хусусият^ои лексики ^ семантикии микротопонимхои

Помири Шаркй...................................................................66

Хулоса.........................................................................— 109

Замима

1. Лугати микротопонимх,о........................................................... 112

2. Ривоят^о перомуни микротопонимхо .................................... 127

3.Руихати информатор^о.........................—................................. 130

4.Фехрасти адабиёти истифодашуда............................................— 132

5.Ихтисора^о —..........................................................................140

Му^аддима

Топонимика-сох.аи махсуси забоншиносй буда, мавзуи ба^си онро омузиши х,ама^онибаи номи мавзеъхои ч,уррофй ва во^идхри маъмурй ташкил меди^ад. Ин со^аи забоншиноси ба таърихи забон, этимология, шевашпносй ва лексикология алок;аи зич дорад. Омузиши топонимия барои равшан намудани масъала^ои печидаи илмхои таърих, мардумшиносй, чугрофпя, бостоншиносй ва фолклоршиносй ах.амияти калони амалй ва назариявй дорад. Зеро ном^ои чу^рофй асрори ноаёни таърихи кишварро инъикос намуда, бозмонда аз забон^ои аз байнрафта, нишонае аз ша^рхои харобгардида, порае аз мавзеъхри бо мурури замон дар асари ходисахои табий ва таърихи аз байнрафта мах,суб мешаванд.

Рисолаи номзадии мазкур ба тахк,ицу та^лили микротопонимияи Помири Шаркй бахшида мешавад.

А^амняти актуалии рисола. Ахдмияти актуалии рисола аз он иборат аст, кп дар он топоним ва микротопоним^ои Помири Шарцй бори аввал аз Л1Цози сохтори калимасозй, цабатхри топонимй ва хусусиятхри лексикй-семантпкп мавриди таджик; царор гирифта, як цатор маълумот^сои тозаи лннгвистй, чуррофй, этникию таърихиро дар бар мегирад. Дара^аи омузиши мавзуъ. Номхри чугрофии манотици гуногуни Точикпстон дер боз ди^кати забоншиносонро ба худ ч.алб карда меоянд. То солхои 60-ум ба омузиши ном^ои ЧУГР°ФИИ Точ.икистон асосан олимони Маскав ва Санкт-Петербург машгул шудаанд.

Аз солкой 60-уми асри гузашта тад1<икот^ои топонимй дар То^икистон ривон ёфтанд. Оид ба топоним ва микротопоним^ои манотики гуногуни Точпкистон А. Хромов (143, 144, 145, 146, 147, 148, 149, 150, 151, 152): А. 3. Розенфельд (106, 107,108,109,110,111,112,113): Т. Н. Пахалина (97.98. 99): С. М. Стеблин-Каменский (120, 121, 122): А. Абдунабиев (5): Ч,умъахон Алимй (8,9): Ш. Исмоилов (53,54,55,56,57) коркой илмй анчом

дода. асару макола^ои илмй ва лугатхоро ба табъ расонидаанд. Дар ч,амъовари ва та^кики топонимхои Помири Гарбй P. X. Додихудоев са^ми босазое гузоштааст. Нати^аи пажухиши вай дар китобаш"Микротопонимияи Помир" (1975), рисолаи докторй "Тахлили лингвистии микротопонимхои Помир (дар асоси маводи забонхои шугнонй-язгуломй (1980)" ва асару мацола^ои ^удогона чамъбаст гардидааст (37,38,39,40,41, 42,43,44). Ба таври умумй ном^ои ^уррофии Помир дар мак,олаи Д.И. Эдельман(162) низ баррасй шудааст.

Р.Х Додихудоев дар монографияаш "Микротопонимияи Помир" (37) микротопонимхои Помири Гарбиро аз назари к^бат^ои топонимй (тахлили сохтори калимасозй) ва хусусиятхои лексикй-семантикй тах/шл намудааст. Топоним ва микротопонимхои Ван^у Дарвоз дар асару ма^ола^ои чудогонаи А.З. Розенфельд (106,107,108,109, 110, 111,112,113,) ва Н. Офаридаев (90,91,92,93,94,95,96,) мавриди баррасй царор гирифтаанд. Н. Офаридаев микротопонимхои Ван^у Дарвозро аз назари сохтори калимасозй, хусусиятх;ои фонетикй, морфологи, семантикй ва лексикй-семантикй мавриди мухокима к,арор додааст.

Гарчанде оид ба хусусиятхои таърихй-чугрофии Помири Шар^и корхои илмй-тад^и^отии А.Н. Бернштам (19),Н.А. Бобринский (20), М.С. Андреев (11, 12, 13), В. А. Ранов (102, 103) А. Л. Бартольд (16), Т. П. Кияткина (67), и. А. Бубнова (24, 25, 26), И. В. Пянкова (100), Б. Искандаров (49,50,51,52) вучуд дошта бошад х^м, оид ба хусусиятхои лингвистии топоним ва микротопонимхои Помири Шар^и то хол асару мак;олаи алохида ба табъ нарасидааст. Дар асару маколахои илмии А.З Розенфельд (108), P. X Додихудоев (37), Т. Н Пахалина (99), А. Шохуморов (158)танх,о ишорахои кутох ДУЧ0Р мешаванд. Инро ба хисоб гирифта топоним ва микротопонимхои Помири Шарциро мавриди тахлилу та^ки^ i^apop додем.

Максад ва вазифаи тадкикрт. Мак,сади асосии тадк,икрт муайян намудани ^абат^оп этнолингвистии микротопонимх,ои Помири Шаркй ошкор сохтани ан1|ома^ои топонимсоз ва к;олаб^ои калимасози (микро)топоними^ои эрониасл (то^ики-форсй, шу^нонй-рушонй), турки (цпршзн), нишон додани таъсири байних,амдигарию ба ^ам омезишии топонимхрп эрониасл ва турки, ба система даровардани гуру^хри лексикй-семантикии (микро) топоним^ои Помири Шарци мебошад. Барои ич,рои ин ^адаф чунин вазифа гузошта шудаанд: 1 .Топонимхо ва микротопонимхри Помири Шарк,иро чамъоварй намуда, маънои онхоро аз руи "этимологияи хал^й" навишта гирифта бо хусусиятхри этникию чуррофии мавзеъхр мукриса намуда мавриди омузиш к,арор додем.

2. Маводи ч^амъовардашударо ба тартиби муайян дароварда аз руи бахш^о гурухбандй кардем.

3. К,абатхри этнолингвистии топонимхрро муайян намуда, тахдил намудем.

4.Хусусият^ои лексикй-семантикии микротопонимх,ои Помири Шарциро ба цадри хол ошкор сохтем.

Навигарии илмй. Чунон ки арз кардем, топоним ва микротопонимхои Помири Шаркй то ^ол мавриди тадцикрти илмй царор нагирифтаанд. Аз ин ру, дар он микротопонимхри ин минтав;а аз нуцтаи назари цабатхои этнолингвисти, сохтори калимасози ва хусусият^ои лексикй-сематикй мавриди таджик; к,арор гирифтаст. Инчунин дар рисола бори нахуст топоним ва микротопонимхри туркзабони Помири Шар^и мавриди тадцш$ царор дода шуданд. Таъсири мута^обилаи забон^о дар пояи топоним^ои эронизабон ба топонимхои туркизабон то ^адди имкон нишон дода шудааст.

Методн тадк;икрт. Мавод асосан тиб^и методи синхронй мавриди та^ки^ карор ёфтааст,лекин дар баъзе мавридх>о аз методи муцоисавй-таърихй ва типологи низ истифода шудааст.

К^абат^ои тоионимй ва хусусиятхри ч,угрофи, этнографй, таърихй дар харитахр инъикос ёфта, мавкгеи он^о муайян карда шудааст. Ахамияти илми ва амалии рисола. Нати^аи тадцикрти илмй метавонад дар пажухиши минбаъдаи масоили омузиши ономастика, лексика, диалектология ва таърихи забонхри эронишар^й, бахусус забонхри помири мавриди истифода к;арор тирад. Топонимхри туркии Помири LLIapiyl, ки дар рисола тадци^ шудаанд, метавонанд таъсири субстратии гуру^и забонхри эронй ва туркиро нишои дода, равобити таърихии ин ду халцро таърихан нишон диханд.

Маводи рисола барои тартиб додани луратхри дузабона, этимологи ва топонимии забонхри помири, инчунин турки аз ах>амият холй нахохдд буд. Маводи тадцикрти мазкурро инчунин метавонанд забоншиносон, муаррихон, ч,угрофияшиносон ва соири муассисахгое, ки ба ин масоил дахл доранд,мавриди истифода i^apop диханд. Дар баробари ин маводи илмии рисола метавонад, дар курсхри махсуси забоншиносй, таърихи кишвар чун маводи таълимй истифода шавад.

Сарчашма ва маводи рисола. Маводи топонимй аз тарафи муаллиф тавассути к,айдхри сайрой дар давоми солх,ои 1996-2000 дар нох,ияи Мургоб Чамъоварй шудааст. Муаллиф аз махдлхри зерин: дех,ахри Ку^тезак, Харгушй, Шошиндахт, Булункул, Аличул, Кунтой, Оцташ, Мамадзо^ир, MypFo6, Ранкул, Музкул, Тохтамиш, Шаймок^, Модиён, Чечикде^, Янгицурран, Кух,на^урган, Бозордара, -Гудара, Танимас, Зоркул, Каракули но^ияи Мургоб мавод ^амъ намудааст (ниг. харитаи 1).

Барои муцоисаи маводи топонимии Помири Шарцй ва наво^ии днгари Кух,истони Бадахшон аз монографиями Р.Х.Додихудоев (37),

ХАРИТАИ 1

Ма^ал^ое, ки маводи топонимй чамъоварй шудааст.

■------тобистони 1996

-- тирамо^и 1996

----tl тобистони 1997

Ь- Л*. Л V V' Д /:

fevi -Д-'^ ;r 1АX^ / _ V ^ уд

Н.Офаридаев (94), Ш. Исмоилов (57) ва Ч. Алимй (8) истифода намудем. Барон муцоисаи тоионимхри турки ма^олах,ои чудогонаи Г.И. Доиидзе (45); Л.Г. Гулиева (34); А.В.Суперанская (126); В.П. Дорбакова(46); И.А.Ворабьева (28) ва А.О.Султаняев (125) мавриди истифода царор дода шуданд.

Маълумоти таърихи. Помир кишвари баландку^ест дар Осиёи Миёиа. Вай дар к;исми 1}ануби шарции Точикистон дар х,удуди вилояти мухтори Кухистони Бадахшон вокеъ гардидааст. Дар хусуси шар^и маъиоии Помир ва худуди он имруз хам дар байни олимон ба^с рафта истодааст. Як к,атор олимон Помирро чун шакли кутохдиудаи калимаи "упа Меру", яъне мамлакат дар Мехр, ё худ тулуъго^и офтоб шарх медих,анд (164,45). Гурухи дигари олимон ва сайёхрн Помирро шакли тарйирёфтаи Фан-мир, яъне мамлакати кул^о арзёбй мекуианд. А.Шохуморов калимаи Помирро макони орнёни^о ба калам додааст (158). Карл Риттер, чугрофдони немис дар китобаш перомуни вожаи Помир чунин навиштааст: "Ба таври мушаххас ^исмат^ои Библия Помирро на танхр ватани мардуми ориёй, балки ватани тамоми инсоният нишон додааст" (31).

Маъмулан Помир ба ду цисм; гарбй ва шаркй чудо мешавад. Но^ияхри Шугнон, Рушон, Ишкошим, Бартангро Помири ¥арбй дар бар шрифта, ба Помири Шарцй танхр нох,ияи Мургоб дохил аст. Маълум аст, ки мардуми муцимии Помир то аввали асри XX Помир гуфта тан^о худуди имрузаи но^ияи Мургобро дар назар доштаанд. Минбаъд хам ахолии му^имии ин 40 ва ^ам тадкр^отчиёну олимон кулли наво^ии ВМКБ-ро Помир ном бурданд. Олимон Д.Л. Иванов, Д.В.Наливкин, К.В.Станюкович, Э.М. Мурзаев Мургобзаминро, яъне ^исми шар^ии Помирро (Мурроб) та^ти номи Помир ёд мекунанд (164).

Сарчашмахои таърихи нишон медих,анд, ки дар Помир аз давра^ои ^адими иомуайян одамон зиндагй кардаанд. Бозёфт>;ои ало^ида нишон

меди^анд, ки одамон ба баландкухи Помир дар асри сайг дар давраи мусте омадаанд. (67, 61). В.А. Ранов дар бораи ба Помир омадани инсон мегуяд; "Помири Шар1$и лабораторияи х^аци^й буда, аниц исбот мекунад, ки ба Помир инсон дар асри сайг омадааст" (103, 90). Кддимтарин тохдфахо дар Помири Шарк;й сакоихри кучманчй будааид. Он^о дар асрхои YII-II то эрап мо ба Помири Шарцй омада, цисме аз онхр ба Х,индустон гузашта рафтанд, к;исмашон дар каторкуххои Алай ва Помири Шарцй муками мемонанд. (25,69,102). Аз чи^ати антропологи ахолии Помири Шар^й ба мардуми Сугд, Истаравшан ва Фаргона шабох,ат дошта, ба мардуми Помири Гарбй камтар монанд буданд. Танхр ^исмашон ба мардуми Горон ва Ишкошим монандй доштанд. Имруз сокиноии Помири Шарцито^икон ва кирризхр мебошанд. Дар таърихи Туркистон киргизхр дар асри X пайдо мешаванд. К^иргиз^ои кучманчй дар водило ва ку^сори Тянь-Шан, Алай ва Помир куч баста зиндагй мекарданд (15,306). Лозим ба ёдоварист, ки дар як цатор сарчашма^о замони ба Помири Шар^й омадани к(иргизхои кучманчй аз Анди^он ва Сарикул дар асри X ба ^алам дода шудааст (77,90). Баъд аз асри X к;ирризхри кучманчй дар Учкул, Бозтери,Рудара ва Кукчар умр ба cap мебурданд. Инчунин онхр дар Сарикул дар мавзеъхри наздики Шугнону Вахон зиндагй мекарданд (49,104). Кдфгизхри кучманчй сарикулихрро то1}ик ном мебурданд. Вожаи Сарикул аз ду ЧУзъ; сари "ку^", кул "х,авз, толоб" таркиб ёфтааст. К^ирризхр ин вожаро бо забони худ ба маънон кули зард маънидод мекунанд. Ин шархди^й чандон ба мак;сад мувофпк, нест.

Помири Шар1$й агарчи аз як тараф таърихан бо кисми гарбии он ало^аманд бошад, аз тарафи дигар 1^исми шар^ии он аз руи сохти этникй сокинони он ба куллй фарц мекунанд. Помири Шарцй таърихан бо Хитой ва Фаргона робитаи сиёсиву ицтисодй дошта бо ^ирризхои кучии Тянь-Шан низ алоца доштааст (50,99,103).

Имруз ахолии но^ияи MypFo6 аз 15559 нафар ахрли иборат буда де^ шуро^ои Аличул (Аличул, Башгумбез, Булункул,), К^аракул (Ь^араарт, Сарикмангол, Жаныкжер, Бооке), Ку^на^урган (Кухна^урран, Тохтамиш, К^арасу, Чештебе, Модиён), К^изилработ (Тохтамиш, Шаймо^, Кизилгорум, А^бейт, Чештебе), MypFo6 (Мамадзо^ир), Ранкул (Ранкул, Чечикди,Шатпут, К^аратурук, Субашй )-ро дар бар мегирад.

Помир Fap6i~i аз давра^ои к;адим бештар бо Эрону Афронистон, Хиндустон ва дигар кишвархои шарки мусулмон равобити сиёсй, ицтисодй ва фархангй дошта бошад, Помири Шаркй бо Хитой ва Фаргона ал ока дошт. Аз ин ру, микротопонимияи Помири Шаркй таърихан дар заминаи забонхри эронй сурат гирифта, цисми дигари вожахо дар заминаи забонхри турки ташаккул ёфтааст. Дар ин мавзеъ микротопонимхри эрониасл ба мисли Кутезак, Харгухй, Мургоб (Мартов); турки К^ара^илеа (К,аражига), Окру (Ак-Суу), Учбулок; (Учбулок;) ва дигархо дучор мешаванд. Бо мурури замон микротопонимхои ин минтак;а ба тагйирот дучор шуда, ба ^онуният^ои фонетики ва морфологии забонхри мухталиф мутобик, шудаанд. Бисёре аз ном^ои к(адими эронй бо таъсири забони киргизй шакли худро дигар карда ба хусусиятхои забони киргизй мутоби^ шудаанд.

Ин аст, ки дар ташаккули микротопонимияи Помири Шарк;й на^ши забони цирризй назаррас аст. Зеро ин минтака бо сарзамини туркзабон аз к;адим равобити зич доштааст. Аз тарафи дигар, муносибати 1^авмхои киргиз бо мардуми Шурнон аз замони ба ин цо омадани онхо муста^кам будааст. Ин дар навбати худ боиси он гардид, ки дар даврахои минбаъда як катор номхо дар ин макон дар заминаи забони шурнонй пайдо шавад. 1^айд кардан ба маврид аст, ки дар Помири Шарки топонимхо ва микротопонимхои арабй низ дучор мешаванд. Маълум аст, ки калима^ои арабй дар натич^ш пахншавии дини ислом дар тамоми шар^ ва берун аз он

Псцн шудаанд. Тополексемахои 1рлъа, мазор, работ, курбои ва Fafipaxo аз ин кабил тополексемахо мебошанд.

Мундари^аи кор. Рисола аз муцаддима, ду боб, хулоса иборат буда,дар охир лугати микротопонимхо, нацлу ривоят^о иеромуни номгузории микротопонимхои Помири Шаркй маълумот оварда шудаанд. Дар му^аддима мухтасар оид ба хусусиятхои микротопонимхои Помири Шар^й оварда шудааст. Инчунин ахамияти актуалии рисола, дара^аи омузиш, максад ва вазифаи кори илмй, сарчашма ва маводи рисола дар му^аддима арзёбй шудааст. Дар рисола се харитаи топоними ва чор схема корбаст шудаанд.

Дар мархилаи аввали тахкиц ба тари^и зайл тархрезй намудани напиши тадхикрт мувофш^и максад дониста шуд.

Боби якуми рисола тахлили к;абатхои этиолиигвистии микротопонимияи Помири Шарк,иро дар бар мегирад. Дар ин боб топонимхо ва микротопонимхр аз назари иртибот ба забонхри эронй ва турки мавриди тахлилу тахки1^ i^apop гирифта, номхои туркй ва эронй ошкор карда мешаванд. Инчунин номхое, ки дар заминаи забонхри гуногун сурат гирифтаанд, аз руи таркиби лексики ва сохти морфологи баррасй шудаанд.

Боби дуввуми рисола ба тахкици лексикй-семаитикии микротопонимхои Помири Шарк;й бахшида шуда, дар он гуруххои семантпкй-лугавии номхо тахлил карда шуда, мавк;еи лексикаи забонхои эронй ва туркй дар ташаккули микротопонимхо муайян карда шудааст.

Ба рисола лугати микротопонимхо илова шудааст. Дар лугат беш аз 500 микротопонимхо шарху тафсир ёфтаанд. Инчунин ривоятхои халкй иеромуни ном ва номгузорй, ки хангоми чамъоварии мавод дучор омадаанд, дар охири рисола чуй илова илхок, шудаанд.

Натичаи та^лилу таэдик; дар хулосаи рисола ч^мъбаст гардидааст. Инчунин фе^расти адабиёти истифодашуда, маъхазхри илмй ва руихати информаторхр низ дар охири рисола но дода шудааст.

БОБИ I

1^АБАТХ,ОИ ЭТНОЛИНГВИСТЙ. ТАХ,ЛИЛИ СОХТОРИ КАЛИМАСОЗИИ МИКРОТОПОНИМИЯИ ПОМИРИ ШАР^Й.

Помири Шар^й минта^аи ^олиби лингвогеографй буда, топонимияи он дар асоси маводи забойкой гуиогуни эронй, забони туркй (к,иргизй) зухур ёфтааст. Аз ин ру, микротопонимияи ин х,авзаро ба чанд к;абати этнолннгвистй чудо намуда, сохту таркиб, формантхри серистеъмолу камистеъмол, пасвандию дорой маънои мустак;илдоштаи х,ар як кабатро ало^ида-ало^ида мавриди таэди^ i<;apop додем.

1. Микротопонимхре, ки дар заминаи вох,идхои лугавии забонхри эронй" зухур ёфтаанд.

2. Микротопоним^ое, ки дар асоси заминаи забонхри туркй ташаккул ёфтаанд.

3. Микротопонимхре, ки дар заминаи во^ид^ои лугавии забонхри гуногун ба вучуд омадаанд. (Харитаи 2)

4. Микротопоним^ое, ки дар заминаи во^ид^ои лугавии забони русй ба вучуд омадаанд.

Топоним ва микротопонимхои эрониасли Помири Шар^и аз руи нацшаи зайл