автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему:
Таджикская детская поэзия XX в. (вопросы тематики, жанра и стиля)

  • Год: 2006
  • Автор научной работы: Файзуллаев, Неъматджон
  • Ученая cтепень: доктора филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.03
Диссертация по филологии на тему 'Таджикская детская поэзия XX в. (вопросы тематики, жанра и стиля)'

Текст диссертации на тему "Таджикская детская поэзия XX в. (вопросы тематики, жанра и стиля)"

министерство образования республики таджикистан худжандский государственный университет имени академика бабаджана гафурова

На правах рукописи

05.2.00 7 00487 -

ФАЙЗУЛЛАЕВ НЕЪМАТДЖОН

ТАДЖИКСКАЯ ДЕТСКАЯ ПОЭЗИЯ XX ВЕКА (вопросы тематики, жанра и стиля)

Специальность: 10.01.03 - Литература народов стран зарубежья (таджикская литература)

ДИССЕРТАЦИЯ на соискание ученой степени доктора филологических наук

Научный консультант: доктор филологических наук, член-корреспондент Академии наук Республики Таджикистан, профессор Салимов Носир Юсупович

Худжанд - 2006

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМХртИИ ТОЧИКИСТОН ДОНИШГОХД* ДАВЛАТИИ ХУ^АНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОЧОН РАФУРОВ

Ба х,укми дастнавис

ФАЙЗУЛЛОЕВ НЕЪМАТ^ОН

НАЗМИ КУДАК ДАР АДАБИЁТИ то^икии АСРИ XX

(масоили мавзуь, жанр ва услуб)

Ихтисоси: 10.01.03 - Адабиёти халкдои кишвар^ои хори^й (адабиёти то^ик)

РИСОЛА

барои дарёфти дара^аи илмии доктори илмх,ои филологй

Мушовири илмй: доктори илм^ои филологй, узви вобастаи Академияи улуми Чум^урии То^икистон, профессор Салимов Носир Юсупович

Хуч(анд - 2006

ib

НАКД11А:

Муцаддит...........................................................................3

боби якум

Вазъи пайдоиш ва инкишофи адабиёти кудак дар садаи XX Фасли якум. Заминах,ои и^тимой ва сарчашма^ои адабии адабиёти кудаки

точик..............................................................................20

Фасли дуюм. Даврах,ои асосии ташаккулу тах,аввули адабиёти кудак ва

масоили табак;абандии он аз нигох,и ниёзх,ои гоявию эстетикии

даврони нави таърихй........................................................46

боби дуюм Мавзуъ ва мундарщаи гоявии назми кудаки тоцик Фасли якум. Мавзуъ ва мундари^аи гоявию эстетикии назми нимаи аввали

садаи XX ва робитаи он бо адабиёти кудаки рус...................82

Фасли дуюм. Назми кудак дар нимаи дуюми царни XX ва арзиидои гоявию

эстетикии он..................................................................120

Фасли сеюм. Падидах,ои нав^уй дар шеъри даврони истик^олият ва иртиботу

х;амо>,ангии он бо назми кишварх;ои х;амзабон.....................155

боби сеюм Мухтассоти жанрии назми кудак Фасли якум. Жанри достони афсона ва нащши он дар рушди назми

кудакон........................................................................184

Фасли дуюм. Достони реалистй ва махсусиятх,ои жанрии он.....................220

Фасли сеюм. Достон ва манзумах,ои х,анвии назми кудакон......................247

Фасли чорум. Жанри чистон ва вижаги^ои бадеию услубии он..................281

боби чорум Хусусият^ои бадеию услубии назми кудаки тоцик

Фасли якум. Вазни ^и^ой ва услуби назми кудак....................................302

Фасли дуюм. Истифодаи услуб ва ох,анги назми шифо^й..........................314

Фасли сеюм. Корбурди к;олаб ва сохтори ашъори халк,й..........................330

Фасли чорум. Нак;ши саноеъи бадей дар назми кудак...............................344

Хотима......................................................................360

Китобнома..................................................................374

МУК.АДДИМ А

Гардишу дигаргуних,ои бузурги и^тимоиву сиёсй, илмиву техники, фалсафй ва маънавиву ахлоцй, талошу муборизах,ои табацотй ва ба даст омадани истикдолияти милливу со^ибихтиёрии воцей дар интих,ои асри XX инсони навро бо тафаккуру биниши тоза ба сах,наи таърих овард. Ин инсони Чадиди худогох,у хештаншинос ба офариниши чах,они дархури ниёзмандих,ои хеш камари химмат бает, з^ама руйдод, тагйироту дигаргунй ва навгоних,оро бо чашми сару чашми дили худ дидаву санчидаву натичагирй кард, тафаккур ва чах.°ни маънавиву ахлоции хешро бунёд намуда, дар *амон олами офаридааш тибк;и хости худ кору пайкор ва зиндагй кардан хост.

Шояд баъди хазор соли мах,румият аз давлату давлатдории хоси хеш ва озодиву истикдолияти миллй то^икон дубора дар рузгори инкишофи бесобицаи илму фар\анг ва низомх,ои давлатдорй имкон пайдо карданд, ки бидуни мудохила ва фишору тах,мили дигарон ба хости к;алби худ, бо ацлу заковат ва дасту бозуи хеш сарнавишту такдирашонро бисозанд. Шароити кунунй ва талабу ниёзмандих,ои навин имкон медихдд, то х,ар фарди чомеъа, ки озодиву исти1уюлият ва сох,ибихтиёрии халк;у давлат барояш азизу муцаддас аст. дар та^киму устувор гардонидани ин озодиву испнуголият аз ацли дарроку солим кор бигирад, дар пиндору гуфтору кирдор навчуву навовар ва созандаву бунёдкор бошад, бо неруи зех,нй ва нури маърифати хеш зиндагиро рангину мунаввар созад ва чилову сафои тоза бахшад.

Дар ибтидои ба даст омадани ин озодиву истик;лолият aiym мунчамиди мо ин *адяи ило^иро дащик; дарк накард. Худбехабарй, худбадбиниву бегонапарварй, гуш додан ба тавтиъаи душманони дустнамо чомеъаи моро ба оташи чанги бародаркушй кашид ва миллати сарчамъи моро пораву парешон, поях,ои давлату давлатдорй ва ицтисоди кишварро хароб ва муфлису бемадор гардонид. Баъди талошу мубориза^ои зиёди сарварон ва фарзонагони миллат чун ба сулху ва^дати миллй расидем, бисёр зарур аст, ки аз дирузи фочиабори ба сари миллат фурурехта сабац бигирем ва даст ба

дасти ^амдигар дода, чах,они озоду осуда ва ороми хешро бисозем ва бо кору пайкор ба саодати рузгор бирасем.

Умдатарин ва му^имтарин масъалае, ки дар ин даврони гузариш бояд ба х,алли он эътибори хосса дих,ем, муносибати тоза ва бисёр чиддй ба масъалаи таълиму тадрис ва тарбияи инсони дорой тафаккури замонист, инсоне, ки мак,саду маромаш бунёди ^омеъаи демократй ва давлати миллист. Танх,о чунин инсони давронсозу бунёдкор ва ватанпарасту миллатдуст, инсони ок;илу доно, худого^у хештаншинос, дорой Fypyp ва нангу номуси миллй, инсони ^ах,они маънавиву ахлоциаш сарватманду FaHñ цодир аст, ки ин х,адафу ормонх,ои миллиро чомаи амал пушонад.

Академик Мух,аммад^они Шакурй дар ин бобат басо бамаврид нигоштааст: «Имруз пас аз чандсад сол имкон пайдо шудааст, ки мардуми то^ик сарнавишти худро ба дасти худ бигирад. Агар ин имкон имруз истифода нашавад, маълум нест, ки боз кай чунин имконият даст хох,ад дод. Ин ^ам маълум нест, ки дигар бор даст хо^ад дод ё не. Аз ин ру, алъон зарур аст, ки мардуми точик *ар но, ки ^астанд, харчи зудтар мутта^ид шуда, цувва як кунанд ва давлати зурманде, давлати мутамаддини баландфарх,анге ба вучуд оваранд, ки миллатро х,ам бо зури бозу ва )^ам бо неруи фарх,анги олй х,ифз кунад» (318, 72).

У дар ин раванд накопи илму маорифро аз х,ама мук;аддам ва беш дониста фармудааст: «Яке аз ниёзх,ои миллат ислох,и куллии омузишу парвариш, ислох,и мактаби миёнаву олист. Ислох,и маорифро ба оянда гузоштан мумкин нест. Ин кори му^им бояд ^оло баробари бар^арор кардани низоми пошхурдаи маорифи чумх,урй ofo3 ёбад. Мактабу маорифи нав аз аввал бояд ба усули илмии тоза асос ёбад ва дарси одамият дарси асосии он бошад... Илми одамият иборат аст аз улуми инсонй - забон, адабиёт, санъат, зебоишиносй, таърих, ахлок;, ах,коми дин ва монанди ин^о, ки барои х,ама заруранд. Мацсад ин аст, ки чавонони м0 аввалан, бояд одам шаванд, му^имтарин хислат^ои инсонй омузанд, одобу услуб ёд гиранд, бафар\анг бошанд, сониян, то^ик шаванд, яъне, на инсони номуайян ва бидуни *увияти

миллй, балки тоники сарбаланд ва омодаи хизмати миллат бошанд ва пас аз он х,ар чй мехох,анд - шаванд: бозоргон (бизнесмен) мешаванд ё мух,андис ё олим ё мансабдори маъмурият ё дигаре - ихтиёр доранд» (318, 103).

Чунон ки аз гуфтаи ин донишманди фозил бармеояд ва аз цадимулайём низ яцин аст, яке аз мух,имтарин воситах,ои инсонсозй, тарбияи инсони хушахлоцу покни^од, хушху ва комилу бофархднг адабиёти бадей, минчумла адабиёти бачагон аст, ки китоб ном дорад. Мунак;к;иди бузурги рус В.Г.Белинский гуфта буд, ки: «Китоб х,аёту мамоти рузгори мост. Ба он х,ама - х,ам пирону х,ам сох,ибкорону х,ам бекорон ва, х,атто, кудакон низ ниёз доранд» (218, 88).

Китоби бачагон, адабиёти атфол бояд ба забони содаву равон ва поку пургановат иншо шуда, дар чунин сатху пояе к;арор дошта бошад, ки кудакон ба он чун ба иду шодй, воситаи хушх,олй, бозиву масаррат ва гизои рух,у ^он муносибату муомила кунанд, аз мутолиаи он, аз тамошои аксу сурат^ояш Чону ру^ашон ^узур кунаду ^аловат барад. Вазифаи ^онии адабиёти кудак ва адиби бачах,о чунин адабиёт, чунин китоб^ои ру^парвару дилнавоз ва Чонбахш офаридан аст. Адабиёти бачагон ба мафхуми дарку фа^ми имрузин дар фарх,анги мо падидаи нав ва зодаи даврони нави таърихй - давраи зухури эх,ё, давраи равшангарй, чунбиши фикриву фарх,ангй, ^араёни маориф-парварй, худогох,иву хештаншиносии миллй, даврони гардишх,ои бузурги инцилобй, сиёсй ва маънавиву ахлоцист.

Инак, цариб сад сол мешавад, ки дар доирах,ои илмиву адабй ва фархангии То^икистони кунунй дар радифи як адабиёти* бузурги оламшумули бадеии расмии бузургсолон, ки адабиёти классикии форсу то^ик унвон додаанд, адабиёти нисбатан кучактару ч,адид, ки махсус барои кудакон ва наврасони то^ик тахсис шудааст ва онро дар адабиётшиносии точ,ик

Вожаи адабиет дар осори илмиву адабии мамолики Иарб дар садаи \аждах, маълум гашта. бо мурури замой ба забоин мо низ ворид шудааст, аммо цаблан ни маф\ум дар мо бо номхри улуми адабй ё фунуни адабия ёд мешуд.

адабиёти бачагона* номидаанд, арзи вучуд кардааст. Дар пайдоишу ташаккул ва инкишофи ин адабиёт аз устод Айнй (1878 - 1954) ва устод Лох,утй (1887 - 1957), ки бардак; поягузорони он мах,суб мешаванд, то Чура Хршимй, Латофати Кенча, Юсуф^он Ах,мадзода ва ^авонони дигар чандин наели адибони то^ик сах,м гирифтаанд.

Дар а\ди шуравй са*м гирифтан дар ташаккулу тах,аввул ва ривоцу равнак;и адабиёти бадей, ки пеш аз х,ама, ба х,адафх,ои сиёсй ва тарбияи мафкуравии наели наврас нигаронида шуда буд, вазифаи мух,имми давлатй ва Чамъиятии х,ар як э^одкор ба шумор мерафт ва ин нукта дар х,уччатх,ои расмии *избй ва давлатй бор^о зикр гардидааст. Чунончи, Пленуми XIII садорати Иттифоци нависандагони И^ШС (1950), ки *олат ва вазифах,ои инкишофи адабиёти атфолро барраей карда буд, дар цатъномаи хеш таъкид намудааст: «Адибони шуравие, ки то кунун ба э^оди асарх,о барои бача^о шуруъ накардаанд, бояд барои бачагони шуравй офаридани асарх,оро вазифа ва масъулияти мустацими худ х,исобанд» (273,427).

Давлатй шуравй тарбияи наели наврасро ба уэдаи адабиёти бадеии расмй, умуман. ва адабиёти кудак, хусусан, вогузошта, равна^у инкишофи онро х,амчун вазифаи мух,имми х,избиву давлатй тах,ти назорат гирифт. Ин аст, ки дар як муддати кутох, дар тамоми чумх,урих,ои шуравии сусиалистии собик;, алалхусуе, дар ^умх,урих,ои Осиёи Миёна, минчумла Ч,умх,урии То^икистон, ки чандон талиба ва анъанаи офаридани адабиёти кудакро ба

Ин таркнб тарчумаи *арф ба ^арфи иборан русин детская литература аст ва онро дар пайравй ба ^амзабонони хеш адабиёти кудак, адабиёти атфол, адабиёти бачагои (ва навчавонон) бояд гуфт. Зеро тавсифи бачагона дар нисбати як адабиёти тавоно чандон са\ех, нест ва маъни^ои сабук, баргалат. маю»,, дуруг ва гайричиддиву ночизро дорад. Масалан, дар асари M Миршакар Ленин дар Помир миераи Бачагона фикр мекардем мо ба ^амин маънй истифода шудаааст. Х,амчуннн вожаи хурдтаракои тарчумаи та^туллафзии маленьких аст. ки низ баргардониши носахзди тарчумонх,ост ва ин маф^умро тоцикон ва ^амзабононамон к^чак, кудак, тифл, хурду хурдакак меноманду мегуянд.

Устод Айнй дар солкой аввали ин^илоб дар са^ифах,он нахустин чаридотн тоцики Шуълаи ин^илоб ва Овози точик ба чои вожатой бачагона ва хурдакак дар ма^ола^ояш калиман атфолро нстифода кардааст (>^афтаи атфол чист?, Х,афтаи сицати атфол). Маъруфтарнн аднби бачагони точик Мнрсаид Миршакар низ ба мацолае. ки соли 1953 таълиф кардааст. Дар бораи баъзе масъалздои адабиёти бачагон ном гузошта. дар он аз чумла навишта буд: Адабиёти бачагон монанди тамоми адабист санъати сухаи. як шакли идроки зиндагй мебошад. ки ба воситаи образи бадей тасвир меёбад (Куллиёт.чилди З.китоби I. Душанбе, 1973. сад.153). Вале баъдтар (соли 1970) таркиби адабиёти бачагоиаро низ истифода кард: Баъзе цайдао дойр ба вазъияти адабиёти бачагонаи точик. У дар нут^и хеш дар Анчумани У1-уми нависандагони Точикистон \ам вожаи бачагон (Мо адабиёти бачагон ва наврасон дорем) ва *ам бачагоиаро (Жанри адабиёти бачагону наврасон танцо монополияи нависандагони бачагона нест. Х,амон ЧО. сах,. 361-362) ба кор бурдааст.

маънои кунунй надоштанд, тах,ти таъсири адабиёти бачагони рус адабиёти арзишманди атфол ба вучуд омад. Бехтарин намунах,ои ин адабиёт, ки таи ин сол^о таълиф шуда, аз лщози бадеият ва санъати офариниш мавриди эътирофи х,амагон к;арор гирифта буд, ба забони русй ва забощои дигар тарнумаву нашр шуданд. Яке аз намояндагони баруманди ин адабиёт Убайд Ра^аб барои асарх,ои пурмазмуну арзишмандаш сазовори ^оизаи байналмилалии Х,анс Кристиан Андерсен (1983) гардид. Адибон Гулчех,ра Сулаймонй, Убайд Ра^аб ва Абдумалик Бах,орй мах,з ба шарофати асарх,ои барои бачагон э^од кардаашон ва сах,ми арзандаашон дар густариш ва равнаци адабиёти кудакони точ;ик сох,иби ^оизаи давлатии ба номи Рудакй гардидаанд.

Умуман, дар дарозои мав^удияти хеш адабиёти бачагони то^ик пайваста рушду такомул ёфта, махсусиятх,ои жанриву услубии сирф хоси ин адабиётро равшан ба зу^ур овард. Ин иддаоро бех,тарин намунах,ои осори назмиву насрй ва драматургии адибони номвари то^ик, ки махсус барои бачагон эч[Од кардаанд, равшан собит менамояд. Гулчини назму насри ин адабиёт дар китоби «Тазкираи адабиёти бачагон», ки охири солкой х,афтод ва ибтидои солкой хаштоди асри моцабл дар панч мучаллад интишор ёфта буд, гирд омадааст. Мутолиаи ин осор ва эчодиёти рангини шоиру нависандагони даврони мухталиф ба таври возех, тасбит месозад, ки адабиёти атфоли точик ро^и душвор, вале пуршараферо тай намуда, аз нимаи дуюми солкой панчохуми садаи XX ру ба инкишоф ни^од ва дар арзи ним асри охир ба комёбиву дастовардх,ои назаррас сох,иб гардид.

Ин адабиёт х,амвора рушду такомул ёфта, дар ч,араёни адабии давр мацоми сазовор пайдо карда бошад х,ам, омузиш ва тах,к,ик,и илмии он нисбатан номукаммал ва суст чараён гирифтааст ва ин х,олат ах,ли илму адабро чандон к;онеъ гардонида наметавонад. Адибон аз мунак;к;идону адабиётшиносон пайваста шиква доранд, ки асархояшон аз чониби эшон цадршиносй ва мавриди таэдицу баррасй ва гуфтугуи чиддй к,арор

намегиранд, х,усну к,убх,и ин асарх,о ошкор кардаву нак;ши он^о дар таърихи адабиёти кудак сари вак;т таъйин намешавад.

Дар тули ин солх.0 дойр ба назму насри адабиёти атфоли точик х,амагй як рисолаи докторй (Ч,онон Бобокалонова (223) ва нух, рисолаи номзадй (Ч,онон Бобокалонова (221), Мавчуда Саидова (284), Барром Шермух,аммадов (326), Ёралй Содик;ов (282), Неъматчон Файзуллоев (300), Саидразцмон Саидов (283), Мавлуда Файзуллоева (299), Нозукой Алиева (202) ва Фарх,од Х,усейнзода (307) ба дифоъ расидааст, ки ин далел ба сатх;и инкишофи адабиёти мавриди назар мутаносиб нест ва табиист, ки кулли масоили рушду тах,аввулоти онро ба таври бояду шояд фаро нагирифтааст.

Дар нахустин тадк,ик;оти чомеъ ва фарогиру мукаммали таърихи адабиёти шуроии точик - «Очерки таърихи адабиёти советии точик» (чилди 1 - 1956, чилди 2 - 1957), ки тарчумаи мухтасари он ба забони русй соли 1961 дар Маскав чоп шуда буд, рочеъ ба вазъи адабиёти кудак хеле мухтасар (такрибан дуюним сах,ифа) ибрози андеша шудааст: «Адабиёти кудакони точик наву чавон аст. Он дар давраи панчсолах,ои пешазчангй арзи ^астй карда, яке аз омил^ои мух,имми тарбияи коммунистии кудакон ва чавонон гардид. Барраси^ои сершумори вазъу х,олати адабиёти кудакон, ки дар мик;ёси умумииттифок; баргузор шуданд, ба инкишофи ин навъи мух;имми адабиёт дар Точикистон нак;ши муассир доранд.

Дар солкой цабл аз чанг ДаР адабиёти точик асарх,о барои кудакону Чавонон хеле кам буданд. Дар солкой баъдичангй дар ин ч°Да пешравих,ои муайян ба назар мерасад. Феълан бархе аз адибони точик, аз цабили С.Айнй, М.Турсунзода, М.Миршакар, А.Де^отй, Ч,.Сух,айлй, Б.Диёрй, П.Толис, Б.Рах,имзода ва дигарон дар мавзуъ^ои мухталиф ва шаклх,ои гуногун барои бачагон ва чавонон асарх,о навиштаанд» (277, 210-211).

Мух,имтарин ва нахустин чамъбасти илмй рочеъ ба таърихи зу^ур ва рушду инкишофи адабиёти кудакон ба вучуд омадани китоби арзишманди академик Рачаб Амонов «Адабиёти бачагона» аст, ки чилди шашуми «Таърихи адабиёти советии точик» (209)-ро ташкил додааст. Вале бояд гуфт,

ки асари мазкур аз доираи тадцицоти асосии ин фолклоршиноси номвар комилан берун буда, он аз руи зарурат ва назар ба ниёзмандии илмии Пажух;ишгох|и забон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ Точикистон анчом дода шудааст.

Аз ин ру, ягона шахсе, ки асосан, ба таедици адабиёти атфоли точик шуга дошт, муаллифи китобх,ои «Материалх,о оид ба адабиёти бачагонаи точик» (220) ва «Таджикская детская литература» (222) профессори фак;ид Ч,онон Бобокалонова буд ва у низ бинобар гирифторих;ои зиёди сох,аи маориф наметавонист пайваставу пайгирона ба омузишу тах,к;ик;и ин адабиёт машгул бишавад. Биноан, агар гуем, ки феълан адабиёти атфоли точик мухаадицони касбии варзидаи доимй ва собит надорад, иштибох, нахох,ад шуд.

Аз руи номгуи асар^ои чанд тан мух,ак;к;ик;он х,ам к;азоват кардан мумкин аст, ки тадцицоти олимони точик аз доираи масъалах,ои чузъиву умумй -махсусият, заминаву омилх,ои пайдоишу инкишоф, табацабандй, мазмуну мух,таво, мавзуву foh, таснифу тащили тимсолх,о (образно) ва такомули баъзе жанрх;о фаротар нарафтааст. То ба имруз як идда масоили умдаи назариву амалй ва типологии адабиёти бачагон ба сурати