автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Жанрово-стилевые особенности поэзии Гулрухсор Сафиевой
Текст диссертации на тему "Жанрово-стилевые особенности поэзии Гулрухсор Сафиевой"
МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ХУДЖАНДСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ АКАДЕМИКА БАБАДЖАНА ГАФУРОВА
На правах рукописи
04.2.0 1 2 6 79 5 0 ~
чу
АБДУРАШИДОВА УМЕДА РАХИМДЖОНОВНА
ЖАНРОВО-СТИЛЕВЫЕ ОСОБЕННОСТИ ПОЭЗИИ ГУЛРУХСОР САФИЕВОЙ
ДИССЕРТАЦИЯ
на соискание ученой степени кандидата филологических наук по специальности 10.01.03. - Литература народов стран зарубежья
(таджикская литература)
Научный руководитель:
Файзуллаев Неъматджон, доктор филологических наук,профессор
Худжанд - 2012
ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМХ.УРИИ ТОЧ,ИКИСТОН ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ХУЧ,АНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОЧ,ОН РАФУРОВ
, ^ДУРАШИДОВА УМЕДА РАХИМЧОНОВНА
МУХТАССОТИ ЖАНРЙ ВА УСЛУБИИ ОСОРИ МАНЗУМИ ГУЛРУХСОР САФИЕВА
Рисола барои дарёфти дарачаи илмии номзади илм\ои филологи
Аз руи ихтисоси 10.01.03 - адабиёти халкдои кишвархои хоричй (адабиёти точик)
Ба хукми дастнавис
Рохбари илми:
Файзуллоев Неъматчон -доктори илмхои филологи профессор
Хучанд -2012
/
МУНДАРИЧА
Мукаддима..............................................................................3-13
Боби 1. Сайри мухтасари эчодиёти Гулрухсор...............................14-52
Фасли 1. Зиндагинома, фаъолияти эчодй ва тахаввули афкори адабй 14-28 Фасли 2. Тасниф ва тах,лили мачмуахои ашъори Гулрухсор 28-52
а) Мачмуахои ашъор ба забони точикй ва хуруфоти форсй 29-47
б) Мачмуахои ашъор ба забони русй 48-52 Боби 2. Ах,амияти эчодиёти Гулрухсор дар ташаккули назми
муосири то^ик ..................................................................................53-117
Фасли 1. Осори гиноии Гулрухсор ва мухтассоти жанриву
услубии он............................................................................53-80
Фасли 2.Мох,ият ва мундаричаи гоявии назми Гулрухсор..............80-117
а) Ашъори лирикиву фалсафй..................................................81-95
б) Ашъори ватанхохй.............................................................96-106
в) Ашъори ичтимоиву сиёсй...................................................107-118
Боби 3. Достонхои Гулрухсор ва вежагихои бадеию услубии он.....118-144
Фасли 1. «Мотами сафед» ва тасвири рухиёти хал к дар он............119-126
Фасли 2. Тасвири рузгори фочиавии занони хунарманд дар
достони «Рухи урён»............................................................ 127-140
Фасли 3. Достони «Сипар» ва офариниши чехраи занони
сиёсатмадор дар он................................................................141-145
Хулоса................................................................................146-152
Фехрасти адабиёт..................................................................153-168
Замима. Чддвали нашри ашъори Гулрухсор
МУЦАДДИМА
Зарурати тахкики мавзуъ. Солхои 60-80-уми асри XX адабиёти тоник ба мархалаи нав дохил гардид, ки аглаби мухдккикон онро замони комёбих,ои сохторию сифатй номидаанд. Дар асархои илмй барои ифодаи вежаги^ои адабии ин замон бештар мафхум\ои «адабиёти навчуёна», «шеъри колабшикан», «шеъри рахкушо», «шеъри худшиканй» ва гайра истифода мешавад. Дар радифи аввали адабиёти ин давра нависандагону шоирони баркамол Мирзо Турсунзода,Ч,алол Икромй, Рах^им Ч,алил, Фазлиддин Мухаммадиев, Муъмин К^аноат, Иаффор Мирзо, Кугбй Киром, Лоик Шералй карор доранд. Муъмин Кдноат дар хдмосагуй, Иаффор Мирзо дар сурудани шеъри ичтимой, Аминчон Шукухй дар сароидани ашъори ошикона шухрат пайдо карда, як зумра шоирони чавон дар пайравии он\о шеърхо сурудаанд.
Аз охири солхои 60-уми садаи мокабл Гулназар, Саидалй Маъмур, Бозор Собир ва Гулрухсор барин шоирони навчую навовар ба майдон омада, хдр кадом бо пайрахаи хеш кадам зада ва ба шеъри точик дороиву тозагй афзуданд, ки аз ин лихоз тахкику баррасии осори Гулрухсор ва макоми у дар тахаввули назми муосири точик аз чанд чихдт мухим мебошад. Зеро ин суханвари тавоно дар чараёни адабии ин давр дар катори он шоирони навпардозе чой гирифт, ки хидматашон дар рох,и рушди шеъри муосири точик камназир буд. Шеъри Гулрухсор дар чомеаи шуравии точик (солхои 70-80-ум) чун омили аслии худшиносии миллй шинохта шуд. Вай чун дигар намояндагони маъруфи адабиёти точик барои тагйироти сифатию сохтории шеър пайваста кушиш карда, бо эчодиёти рангину пурмояи хеш ба рушди худогохии адабии наели ин солхо зиёда мусоидат кард.
Аз нимаи дувуми солхои 80-уми асри XX вобаста ба фаро расидани бозеозй ва ошкорбаёнй дар хаёти сиёсии собик Иттиходи Шуравй мархалаи нави фаъолияти ичтимоиву адабии шоира огоз ёфт. Гулрухсор
дар ин давра ба сангари муборизаи сиёсй кашида шуд ва шеъри у дар хидмати сиёсат ва мухити ичтимой карор гирифт. Идомаи ин муборизахо ба фаро расидани давраи истиклолият дар чамохири собики шуравй, мунокишахои дохилй, чанги бародаркушй, хамзамон фарорасии фазой оромй, осоиштагй, истикрори сулх, тахкими фазой вахдат ва хамдигарфахмии миллй пайванд гардид. Шеъри Гулрухсор намунаи хуби шеъри муковимат дар адабиёти муосири точик мебошад, ки такрибан тамоми равандхои сиёсиву ичтимоиро дар худ тачассум мекунад.
Зикри ин чанд хулоса дар давраи нави рушди Ч,умхурии Точикистон, давраи истиклолият ва зинаи дигари худшиносии миллй, тагйири хаёти сиёсиву ичтимой ва адабии кишвар, тахаввули адабиёт дар партави дигаргунихои замони нав ва афзоиши сифатии он моро водор мекунад, ки хидмати як нафар чехраи дурахшони сухан ва суханвариро дар мачмуи сайри тахаввули шеъри муосири точикии нимаи дувуми асри XX ва ибтидои асри XXI муайян намоем.
Муаррифй, тахкик ва накду баррасии макоми Гулрухсор дар инкишофи шеъри муосири точик, чустучуи вежагихои сифатй дар осори манзуми у аз чониби мунаккидону адабиётшиносон такрибан 35 сол пеш шуруъ шудааст. Осори тахкикотй оид ба Гулрухсор ва макоми у дар шеъри муосири точикро ба чанд гурух чудо кардан мумкин аст:
1. Китобу маколахои нудогона, пешгуфтор, охирсухан дар мачмуахои ашъор ба забонхои точикиву русй ва хуруфоти кириливу форси, ки ба пахлухои мухталифи эчодиёти шоира ва ё арзиши асархои чудогонаи вай, дар мачмуъ макоми адиб дар шеъри муосири точик бахшида шудаанд. Дар ин чода каблан пешгуфтор ва охирсуханхои Б. Рахимзода, Р. Гамзатов, Ч. Айтматов, Т. Атобакй,Носир Сармади Порсо, Т.Бек, М.Мирзоюнусро дар мачмуахои «Бунафша», «Откровение в полдень». «За солнцем вслед», «Шабнам», «Зодрузи дард» (чанд нашр), «Зеркало дня», «Ояти ишк», «День рождения боли», «Гулчине аз ашъори Гулрухсор Сафиюво», «Туфон дар гунча», «Солнце без Моне», «Ашки
туфон», «Девон» ва «Сад барги газал» метавон зикр кард. Дар баробари ин, чанде аз бузургони адабиёти Гарбу Шарк - Леопольд Момонсоно, Файз А\мади Файз, Сиёвуши Касрой, Симини Бех,бахонй, Андрей Дементьев дар бораи Гулрухсор андешахои муфид баён кардаанд.
Пешгуфтор ва охирсухани мачмуахои осори Гулрухсор голибан аз чониби муаллифони хоричй - шоирону адибон ва мухаккикони маъруфи рус ва эронй навишта шуда, ин далели мавриди писанди ахли завки кишварх.ои хоричй карор доштани ашъори у мебошад.
Яке аз таълифоти нахустини чудогона дар бораи Гулрухсор ва шеъри у макола-таассуроти адабиётшинос Со^иб Табаров «Сохибэъчоз» мебошад (176, 217-222). Дар маколаи Абдурахмони Абдуманнон «Шеъри эхсоспарвар» пахлух,ои мухталифи шеъру достонхои шоира тахкик шудааст (84, 114-126). Ин муаллиф дар чилди аввали «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик» ва чанд нашри китоби тарчумаихолии «Адибони Точикистон» низ рузгор ва махсусияти осори Гулрухсорро муаррифй кардааст.
Баъзе таълифоти мунаккидон ба баррасии асархои чудогонаи Гулрухсор ва а^амияту макоми онхо дар раванди шеъри муосири точик бахшида шудаанд. Аз чумла, дар маколахои адабиётшиносон Сохиб Табаров «Такдири шахе, халк, ватан» ва Атахон Сайфуллоев «Достони му^аббат ва газаб» сохтори адабй ва чанбахои эстетикии балладаи «Шабдарав» ва достони «Мотами сафед» мавриди гуфтугу карор гирифта, х,унари адиб дар ташаккули шеъру достон, образофаринй, сужетсозй, истифодаи рамзу самбул ва расму оинхои миллй ба мизони санчиш омадааст.
Маколаи шоир ва нокиди хушеалика Мухаммадалии Ачамй «Мо завки худодод ба хар бод набахшем» аз китоби «Тафаккур ва хис дар шеър» низ ба накду баррасии шеъри Гулрухсор оид буда, он дар партави накди адабии х,озира таълиф шудааст. Муаллиф доираи мавзуъ, мохияти
тасвир, мунтахои дарунандешй, махсусияти забон, саб к ва баёни шоираро муайян менамояд (106).
Китоби «Хдмзоди туфон»-и профессор Матлубаи Мирзоюнус дар силсилаи «Хубони порсигу» то хол ягона тахкики комилтаре дар бораи рузгору осори Гулрухсор хисоб меёбад. Ин рисола дар асоси «Девон»-и Гулрухсор таълиф гардида, «танхо дар мавридхое, ки тахаввули хунар. чахонбинй ва захмати тахрир чихати таъйини фасохати сухан ва салосати баён пеш омада» (149, 22), ба дафтархои шеъри солхои пеш таваччух шудааст. Сабаби асосии ин амал аз ишораи худи Гулрухсор бармеояд, ки дар «Девон» гуфтааст: «Ба онхое. ки ба осори камина руй хоханд овард, тавсия мешавад, минбаъд ашъори тахриршудаи ин Девонро мавриди истифода карор бидиханд» (22, 936).
Рисола аз хафт фасли мукаммал фарохам омада, муаллиф кушиш ба харч додааст, ки рузгор ва вежагии адабиву хунарии осори шоираро ба таври мукаммал пеши назар оварад. Вай пеш аз хама «ба зиндагии Гулрухсор аз даричаи шеъри у» дохил шуда (фасли аввал), «зиндагии пур аз бурду бохт, чазову чоиза, захру шахд, нокомиву комёбй, шикасту пирузии шоир»-ро чилвагар кардааст ва бо «тааммуле дар анвои шеъри Гулрухсор» (фасли дувум) «мухимтарин санахои зиндагии як хунарманди пурдидаву пуркор ва лахазоти шодибахшу гамангези як адиби дардошно» ва тахаввули шеъри уро аз мачмуаи нахустини «Бунафша» (1970) то «Девон» (2004), яъне дар фосилаи кариб 35 сол дар се зина нишон додааст.
Сипае, муаллифи рисола ба муайян кардани «омилхои охангсоз дар ашъори Гулрухсор» пардохта, истифодаи ин авомилро аз вежагии мухими шеъри у ба хисоб меоварад. Баъдан бо таваччух ба «дарунмояи шеър»-и Гулрухсор ба муаммои нозуку дандоншикани хаёти инсонй -ишк, шеър, танхой. фалсафа, рухи замон. ватан. зан ва хукуки чинехо посух мечуяд(147, 116).
Хдмин тавр, мухаккик ба ошкор кардани чойгохи «хунари шоирй» ва «вежагихои тасвир»-и Гулрухсор пардохта, чехраи уро ба сифати яке аз «шуарои навгаро ва чараёнсози шеъри муосири точик» муаррифй мекунад ва истикболи уро аз ашъори шуарои гузаштаву муосир -Фирдавсй, Мавлоно, Бедил, Лоик нишон додааст. Рисолаи М. Мирзоюнус дар тахкики макоми як нафар чехраи равшани шеъри муосири точик накши муайян дошта, барои кашфи розхои нохондаи рузгору осор ва шахсияти шоираи точик заминаи зарурй ба вучуд меорад.
2. Такризхо ба мачмуахои ашъори Гулрухсор кисмати дигари осори тахдикотй оид ба эчодиёти шоира махсуб мегарданд. Дар такризхои X,. Мухаммадиев «Файзи олами кудакй» ба мачмуаи «Хонаи падар», Н. Файзуллоев «Тухфаи шоира» ба мачмуаи «Шабдарав», К. Насрулло «Давида аз кафои кафтарон» ба мачмуаи «Дунёи дил», Х- Шодикулов «Ихлоси пок ба оташи меросй» ба «Ихлос» ва «Оташи Сугд», А. Абдуманнонов ва С. Давронов «Оташи Сугд» ба мачмуаи хамном, Р. Вахлобов «Арсаи аздод» ба мачмуахои «Оинаи руз» ва «Шабнам», Ю. Акбаров «Андухи дили сухта» ба мачмуаи «Кдсидаи кухистон», У. Тоиров ва М. Солехов «Андар сулуки шеър» (2005) ба «Девон»-и Гулрухсор ташаккул ва такомули тадричии хунари шоирии мавсуф зикр шудаанд.
Муаллифон асосан дар бораи пешрафти рохи эчодй, интихоби дурусти мавзуъ ва х,алли бадеии он, «хунари тасвиргарй», «зинда будани тимсолхо», «эхсоси ватандустона», «самимияти занона» ва «дарди ошик,она», «назари шоирона ба вокеият», «эхсоси баланд ва мухаббати пок ба зиндагй», «шидцати сухан», «харорати баланди суханронй», «накши тазод», «имконоти аруз», «шаклхои мухталифи шеърй», «хунари ибораорой» ва гайра сухан ба миён овардаанд.
Такризи У. Тоиров ва М. Солехов «Андар сулуки шеър» нуктахои чолиберо дар шинохти шеъри Гулрухсор дар бар мегирад. Муаллифон
ба хунари суханварии шоира дар интихоби мавзуъ, тасвирсозй, корбурди алфоз, татаббуъ ба шуарои классик ва гайра таваччух карда, ба чанд нуксони он, хусусан номгузории китоб («Девон») ва чавобгуи усулхои тадвини девонхои классикй набудани он ишора кардаанд (179, 12).
Дар такризхо муаллифон ба чанбаи интикодии асари мавриди бахс низ диккати хос додаанд. Хусусан, ифшои норасой, нокомилй ва нопухта будани ашъори давраи аввали шоира ахамияти интикодии такризхоро баланд бардоштааст. Масалан, дар такризи Х- Мухаммадиев норасоии «хулосабарории амик ва нуктаи назари фалсафиву ичтимой» дар ашъори шоира нисбатан амиктар шарху тавзех ёфтааст (152, 142).
Фасли «Гулрухсор Сафиева» аз китоби «Адабиёти точик дар садаи ХХ»-и профессор X. Асозода низ нуктахои мухими рузгору осори шоираро дар бар мегирад (103, 392-407).
3. Накду тахлили чойгохи Гулрухсор дар китобу маколахо оид ба масоили шеъри муосири точик ва китобхои гаърихи адабиёти асри XX. Накди шеър аз солхои 70-уми асри XX ба мархалаи сифатан нав ворид шуда, дар тули кариб 40 соли охир дигаргунии куллй ёфт. Хусусан, бахси шеър аз чопи маколоти мубохисавии мачаллаи адабии «Садои Шарк» мазмуну мохияти чиддие пайдо кард. Мунаккидон аз чашмандози шеъри шоирони замон ба муаммохои мухими зиндагй чавоб чу ста ни шуданд. Махз аз хамин давра ба шеъри Гулрухсор диккати хос ва васеъ зохир гардид. Дар бештари асархо оид ба тамоюлоти шеъри муосири точик -маколахои адабиётшиносону мунаккидон М. Шукуров, С.Табаров. А.Сайфуллоев, Ю.Бобоев, X.Асозода, М.Мирзоюнус, Ю.Акбарзода, А. Сатторов, А. Набиев, А.Х,аким, ^.Бак;озода, Х.Шодик;улов, Х.Шарипов, А. Абдуманнонов, А.Давронов, С.Аъзамзод ва дигарон макоми Гулрухсор хамчун шахсияти гуё, равшан ва чаззоб бо хама сифоташ таъкид шуда, шеъраш бо диду назари васеи олимона ва савияи хуби шеършиносй ба доираи тахкик даромадааст.
Дар аксари ин таълифот симои Гулрухсор хдмчун шоири навчуву тозакор дар радифи пешбарандагони назми муосири точик карор гирифта, хусну кубхи ашъори у мавриди арзёбии илмй карор гирифтааст. Аз чумла, мунаккид ва адабиётшинос А. Сатторов «дар эчодиёти шоирони точик торафт бештар маъмул гардидани тарзи тафаккури бадеии эхсоси мусалсал ва номуттасил», «маъмул гардидани монологх,ои шоирона ва шеър-драма»-ро таъкид карда, хидмати Гулрухсорро дар «инкишофи лирика ва вусъати тафаккури лирики» ба таври равшан нишон медихад (169, 116-136).
Дар маколах,ои дигари ин мунаккид «Шеър бояд шеър бошад», «Назми чавонон ва чавонии назм», «Номаи манзуми руз» хунари тасвиргарии Гулрухсор - образу маънихои шоирона, «эхсосу андешаи реалии одами заминй» дар шеър, ках,рамонони андешаманд, ки «гами имрузу фардои дунёро дар дил доранд, баду неки оламу одамро мулохиза менамоянд ва дар назди халку башар худро масъул мешуморанд», сах,ех муайян шудаанд (170-173).
Маколаву рисолахои А. Абдуманнонов «Сухан аз кахрамони лирикй», «Тахаввули шеър ва фардияти шоир», «Шебу фарози достони имруз», «Шеър чах,они шоир аст» (82-85), А. Набиев «Шеър агар эъчоз бошад» ва «Тазоди зиндагй дар таносуби шеър» (154-155), X. Мирзозода «Розхои мах,рамона ё сурудхои замонй?» (144), А. Сайфуллоев «Назаре ба таърихияти шеъри муосир» (165), А. Хдким «Бахе идома дорад», «Шеър ва замон», «Шеъри замонй ва чустучуйхои маънавию ахлокй», «Хдрфи хеш аз даври хеш», «Равандхои шеър ва худого\ии шоир» (188193), Ю. Акбарзода «Шеъри эхсос ва тафаккур», «Чустучуйхои эчодй ва ахлокй», «Тахкики шеър аз дидгохи нав», «Рисолати шоир ва шеър» (9298), X,. Шодикулов «Адабиёти точик дар соли 1979» (кисмати назм) (110), X. Шарифов «Ташаккули услуб ва камолот», «Мазмун ва ифода дар шеъри имрузаи точик», «Озодагон ва умедворон», «Шоир ва шеър» (205209), К. Шукруллоев «Ч,ахоне бар он чанг наззора буд» (217), Ю. Бобоев
«Нумуи дарахти шеър» (116) ва гайра дар омузиши макоми Гулрухсор дар шеъри точикй ахамияти махсусе доранд.
Дар ин асару маколахо зимни тааммул дар бораи барчастатарин сифатхои шеъри муосири точик инчунин аз табъи равон ва завку саликаи хуби Гулрухсор, шахсияти фаъоли кахрамони лирики дар ашъори у, эхсосоти баланду самимй, монологи пурэхтирос, драматизми пуршиддат, заминахои вокеии шеър, «хусусияти динамикй ва тунду тези хиссиёт», «эхсосу андеша, драма ва суз, мавкеи чамъиятии шоир, назари дилсузона ва хайрхохона ба таърих, санъати суханнигорй, рухи муктадиру исёнгар, дардошно», «рамзхои пургунчоиши бадей», «такомули назару диди эстетикй дар достонхо» ва, дар айни замон, «хиссиёти маъюсона, «шикоятхои махрамона, шеърхои талкинкунандаи хорй», гирифторию рухафтодагй, баъзан «номутаносибии сухан», «хатохо дар вазну кофия». истифодаи норавои баъзе вожаву тасвирхо, инчунин баъзе нишонахои худбиниву худхохй дар шеър сухан рафтааст.
Дар маколахои мубохисавй бахшида ба пленуму анчуманхои Иттифоки нависандагони Точикистон, бахсу мунозираи матбуотй оид ба масоили шеъри точик, сухбатхои гирдимизй дар мачаллаи «Садои Шарк» - «Барои шеъри асил» (1981), «Тамоюлхои шеъри имруз» (1994), маколаву китобхо оид ба масоили шеър - Гулназар «Вожаро бояд шуст» ва «Равандхои тоза дар шеъри муосири точикй», М. Шакурй «Шеъри худшиносй ва худшиканй», «Шеъри точикй ба кадом су меравад?». «Нигохе ба адабиёти точикии садаи бист», А. Абдусаттор «Асрори шеъри маргуб», М. Мирзоюнус «Чдраёнхои шеъри муосири точик ва масоили рушди шеъри сапед дар Точикистон», Н. Нуров «Суннатгарой ва тачаддуд дар шеъри имрузи Точикистон», Ч,. Бакозода «Андеша ва чехрахои адабй», Ш. Рахмонов «Тахкик ва накд»