автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему:
"Чихил хадис" Абдуррахмана Джами и традиция написания сорока хадисов в персидско-таджикской литературе (до XV) века

  • Год: 2012
  • Автор научной работы: Камолов, Фарухджон Абдукодирович
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Худжанд
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.03
Диссертация по филологии на тему '"Чихил хадис" Абдуррахмана Джами и традиция написания сорока хадисов в персидско-таджикской литературе (до XV) века'

Текст диссертации на тему ""Чихил хадис" Абдуррахмана Джами и традиция написания сорока хадисов в персидско-таджикской литературе (до XV) века"

МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ХУДЖАНДСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ АКАДЕМИКА БАБАДЖАНА ГАФУРОВА

04 2 01 2 6 7 9 56 " На пРава*рукописи

КАМОЛОВ ФАРУХДЖОН АБДУКОДИРОВИЧ

«ЧИХИЛ ХАДИС» АБДУРРАХМАНА ДЖАМИ И ТРАДИЦИЯ НАПИСАНИЯ СОРОКА ХАДИСОВ В ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЕ (ДО XV ВЕКА)

Специальность: 10.01.03. - Литература народов стран зарубежья (таджикская литература)

ДИССЕРТАЦИЯ

на соискание ученой степени кандидата филологических наук

Научный руководитель: доктор филологических наук, профессор Гафарова У.А.

Худжанд -2012

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМДУРИИ ТО^ИКИСТОН ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ХУЧДНД БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ГАФУРОВ

Х,укми дастнавис дорад

Камолов Фаррухчон Абдуцодирович

«Чи^ил хадис»-и Абдуррахдоони Ч,омй ва анъанаи чи\ил\адиснависП дар адабиёти форсу точик (то асри XV)

1

10.01.03 Адабиёти халкдои мамолики хоричй (адабиёти точик)

Рисола барои дарёфти дарачаи номзади илмхри филологй

Родбари илмй: доктори илмх^ои филологй, профессор Умеда Гаффорова

ХУЧДНД-2012

МУНДАРИЧ.А

Мукаддима...................................................................................3

Боби I Чихилхадиснависй дар фарханги арабй-исломй ва

адабиёти форсу тоник то асри XV......................................13

1.1. Ташаккул ва тахдввули арбаинот дар фарханги арабй-исломй..........................................................................13

1.2. Пайдоиш ва густариши анъанаи чихил-хадиснависй

дар адабиёти форсу точик то асри XV.................................46

Боби II «Чи^ил хадис»-и Абдуррахмони Ч^омй ва арзиши

адабии он........................................................................70

II. 1. Чрйгохд аходиси набавй дар эчодиёти Абдуррахмони

Ч,омй.............................................................................70

II. 2. Нусхашиносй, нашрхо ва тарчумахои «Чихил х,адис»-и

Абдуррахмони Чрмй........................................................90

II. 3. Сохтор ва мухтавои «Чихил хадис»-и Абдуррахмони

Ч.ОМЙ.............................................................................99

II. 4. Истифодаи саноеъи бадей дар «Чихил хадис»-и

Абдуррахмони Ч,омй...................................................129

Хулоса....................................................................................139

Фехрисги кутуби «Арбаин»-и арабии мутафаккирони

эронитабор...............................................................................144

Фехристи «Чихил хадис»-хои форсй.............................................147

Адабиёти истифодашуда............................................................149

МУЦАДДИМА

Ахамияти омузиши мавзуъ. Таъсирпазирии адабиёти форсу точик аз сарчашма ва аркони исломй аз мархалахои нахустини вуруди ислом ба каламрави забон ва адаби форси шуруъ гардидааст. Ба хайси меъёр ва асосхои ичтимой, сиёсй, иктисодй ва фархднгиву маънавй пазируфта шудани дини мубини ислом боис гардид, ки адабиёти бадей хдмчун василаи бехтарини тавзеху ташреди матолиби диниву мазхабй шинохта шавад. Ба таъбири академик Носирчон Салимов «дар заминаи таъсири фарханги исломй насри ахлокии форсу точик кавй гардида, осори мутааддиде дар пояи таъсири ислом ба насри ахлокй ба миён омаданд» (154, 147). Аз суи дигар, барои халкдои эронитабор, ки баъд аз зухури ислом забону фарханги худро то чое хифз намудаанд, адабиёт ба дастгохи маърифатии таргиби гояхои ахлокиву фархангй пазируфта шуд. Аз замони Рудакй то кунун корбаст гардидани оёти куръонй, аходиси хазрати Мухаммад (с) ва мачмуи суннату оин ва фаризахои дини мубини ислом дар адабиёт роич гардида, дертар равиши истифодаи гунаи арабии оёту аходис дар адабу суханварй хамчун падидаи хунари шоирй ё нависандагй марсум гардид. Баъдтар зухури тасаввуф ва садхо равияву мазохиби ирфонй, падид омадани шахсиятхои барчастаи мазхабй, машоихи сохибкутуб, манокиби суфиён, фарханги ирфонй бо андешаву афкори собиту мустакили хеш, ки дар осори мухталифе тачассум пайдо намудаанд, мачмуан гувох бар онанд, ки мабонии исломй дар тахаввули адабиёти форсу точик таъсири амик гузоштааст.

Дар замони шуравй гароиш ва хам таваччух ба аркони дини ислом махдуд гардида, ниёзхои махдуди фикрии тобеъ ба гояи ягонаи хизбй адабиётро то андозае аз фархангу тамаддуни исломй канор гузошт. Ин амр хатто боис бар он хам шуд, ки баррасии андешахои диниву мазхабй, тахдили сабабхои корбурди оёту аходис дар назму наср на танхо аз тадкик берун монад, балки ба аглаби шоирон аз диди танокузи фикрии онхо ба дину оин таваччух зохир гардида, чусторхои илмй дар заминаи пажухиши афкори зиддидинй сурат бигирад. Х,атто бар ин асос китоби маъруфе бо

номи «Акидахои зиддидинй дар адабиёти форсу точик» хам ба калам омадааст, ки ин раванди фикри носолимро дар шинохти чавхари адабиёт тавзех медихад. Бо вучуди он ки китобу рисолахои зиёди илмй перомуни осори ин ё он шоирону нависандагон навишта мешуданд, ки цо - цо тафсири акоиди диниву мазхдбии онон наздик ба асли матолиб ташрех ёфтаанд, аммо тадкикоти комилеро дар робита ба ин мавзуъ наметавон ба даст овард.

Дар даврони Истиклолияти давлатй бошад, таваччух ба ин чанбаи осори суханварони гузашта тамоюли тоза касб кард ва ташрехд роху васила, зарурат, мавкеъ ва сабабхои истифодаи оёту аходис ба як чузъи тадкикоти филологи мубаддал гашт. Ба акидаи адабиётшинос Худой Шарифов «Иктибоси оёту аходис дар шеъру адаб аз лихози мавзуъ такрибан худуде надорад. Онх,о монанди маъхази худ - Куръон ва суннат номахдуд ва дар атрофи такрибан тамоми масоили маънавии зиндагии инсон бах,с мекунанд» (165, 46). Зухури густардаи пажухишоти марбут ба таъсири Куръон ва аходиси набавй ба адабиёти форси омили мухими таваччухи мухдккикон ба чанбахои мухталифи ин таъсир, равандхои адабии марбут ба тамаддуни исломй ва пайдоишу ташаккули осори мухталифи адабии мутаассир аз тамаддуни исломй гардид, ки яке аз онх,о чихллхддиснависй хамчун як анъанаи адабй ба шумор меравад.

Мусаллам аст, ки аслу мохияти ба миён омадани ин навъи осор корбандии аходиси набавй дар оинаи бадеият мебошад. Дар ин 40 метавон аз кутуби манзуму мансури «Арбаина фи-т-тасаввуф»-и Абуабдуррахмони Суламй (58), «Арбаин»-и Хоча Абдуллохи Ансорй (31), «Арбаина ан машоих-ис-суфия»-и Абусаиди Молинй (119), «Арбаин»-и Абухафси Насафй (96), «Китоб-ул-арбаин»-и Абухомид Мухаммади Еаззолй (76), «ар-Рисолат-ул-алийя фй аходис-ин-набавийя»-и Х^сайн Воизи Кошифй (118), «Чихил хадис»-и Абдуррахмони Ч,омй (109) ва дигарон ёд кард, ки аз намунахои барчастаи ин навъ осор дар идомаи анъанаи чихилхадиснависии адабиёти форсу точик махсуб меёбанд.

Мухавдики точик Носирчон Салимов насри классикии форсу точикро аз диди арзишхои хирфаии хунарй ва василахои ифодаи матлаб ба якчанд навъ табацабандй карда, яке аз намудхои сабки таълифро насри динй ва тасаввуфй номидааст (154, 297). Ба андешаи у «насри динй амсоли насри хикмати амалй аз гузоришу тафсири цуръони мачид, ил,ми хадис, таълифот дар илми калом ва милалу нихал, фикх ва кисасу ахбори динй фарохам омадааст» (154, 210). Бо такя бар ин меъёрхои шинохти анвои наср метавон кутуби «Чихил хадис»-ро аз чумлаи осори насри мазхабиву тасаввуфй махсуб донист, ки то ба хол ба таври бояду шояд омухта нашудааст. Нокофй будани чараёни тахкик; ва ба муомилоти илмй ворид сохтани ин навъи осор зарурати пажухиши амики илмиро такозо мекунад. Фузун бар ин, осори Абдуррахмони Ч,омй ба таври шоиста чи дар адабиётшиносии ватанй ва чи дар адабиётшиносии хоричй тахкдк шудаанд, аммо «Чихил хадис»-и у то кунун дар адабиётшиносии точик мавриди баррасии хамачониба кдрор нагирифтааст.

Мурур ба каламрави адабиёти форсу точик бозгуй аз ин хол аст, ки кутуби «Чихил хадис»-и бисёре таълифу тадвин ва ташрех шудаанд. Ба андешаи мухакк,ик,и ин навъ осор Зохид Вайей «хамин амр эчоб мекунад, бояд бо диккати бештаре ба ин хавза пардохт ва дар лоихахои тудартуии он ковишу кушиш кард, то монанди соири сабкхои хадией, монанди сахехнависй, муснаднависй ва... битавон бо котеияти бештаре дар ин бора сухан гуфт» (123, 35). Ин зарурат дар адабиётшиносии ватаниву хоричй махим будани тахкдку баррасии сохтору мухтаво ва арзиши адабии «Чихил хадис»-и Мавлоно Ч,омй ва таърихи анъанаи чихилхадиснависиро ба миён овард, ки мавзуи мазкур дар мехвари пажухишоти ин рисолаи илмй карор гирифтааст.

Даранаи омухташавии мавзуъ. Тахкики чараёни таърихии чихилхадиснависй дар адабиёти форсу точик, бахусус, «Чихил хадис»-и Абдуррахмони Ч,омй аз масоили умдаи адабиётшиноей ба шумор меояд. Мухакдикон, ба вижа, онхое, ки ба омузиши таърихи адабиёт ё офаридани зиндагиномаву осори адибони мутасаввифа машгул гардидаанд, бо такозои

мавзуот ва нукоти умумии ин ё он давраи адабй ё мероси адибони мухталиф ишорахои кутохе ба хастии ин анъана ва кутуби «Чихил хадис» кардаанд. Аммо дар аглаби пажухишоти анчомёфта тадкики ин мавзуъ асосан дар робита ба масъалаи иктибос, истифодаи оёти куръонй ва аходиси набавй аз чониби шоирону нависандагон сурат гирифтааст. Ба назар мерасад, ки ин мавзуъ ба кадри имкон дар адабиётшиносии аврупой ва эронй мавриди баррасй карор гирифтааст. Олимоне, мисли Карл Броккелман перомуни арбаиннависй дар таърихи адабиёти араб (171), Ч,. Робсон оид ба хадисшиносй (192), Е.Э. Бертелс дойр ба илми тафсир ва аходиси набавй (131, 94-98), Алиакбари Дехдудо перомуни таъсири хадис дар «Амсол ва хикам» (112), Алиасгари Х,алабй дойр ба таъсири Куръону х,адис дар адабиёти форсй (173) тахдикот бурдаанд, Бадеъуззамони Фурузонфар рисолаи «Аходиси Маснавй» (186), Алимухаммади Муаззинй «Дар каламрави офтоб» (191), Сайидмухдммади Ростгу «Тачаллии Куръон ва хадис дар шеъри форсй» (178), Козим Мудиршоначй «Арбаини Ч,омй» (109), Абдулкодири Куррахон «Чихдлхадиснависй дар адабиёти форсй ва таъсири он дар адабиёти туркй аз тарики тарчмаи ин осор» (187), Зохид Вайей «Чунин гуфт Пайгамбари ростгуй» (123), Ойдин Начафов «Тухфа ба чихилсолагй (тачрибаи тахкикд тафсири манзуми хадисхои Ч,омй ва Навой)» (149) ном асарх,о ба калам оварда, дар таълифоти хеш чойгохд аходиси набавиро дар осори адибон мавриди баррасй карор додаанд.

Козим Мудиршоначй анъанаи мазкурро ба таври васеъ наомухта, танхо рочеъ ба баъзе аз асомии кутуби «Чихил хадис» иттилоъ додааст (109, 13). Мухаккдки эронй аввалин муаллифи китоби «Чихил хадис»-ро бар галат Ибни Аслами Туей махсуб дониста (109, 13), дар таълифи «Чихил хадис» Ч,омиро пайрави Х,иравй мешуморад. Ба назар мерасад, ки мухаккикд номбурда аз «Арбаин»-х,ои Абдуллох ибни Муборак ва Ахмад ибни Хдрб бехабар аст ва осори бисёре аз кутуби «Чихил хадис»-ро, ки то замони Мавлоно Чрмй таълиф шудаанд, зикр накардааст (110, 128). Х,амзамон, дар пажухиши мазкур аз нигохи таърихй марохили тахаввули чихилхадиснависиро хамчун анъана тахкик нанамудааст.

Мухдккдкд туркй Абдулкрдири Куррахон дар макрлае ба унвони «Чихилдадиснависй дар адабиёти форсй ва таъсири он дар адабиёти туркй аз тарикд тарчумаи ин осор» кушиш ба харч; додаст, ки перомуни баъзе аз кутуби «Чихдл х,адис»-и форсй тахкдкоти хешро ба миён оварад. Мухдкдики номбурда хдни баррасй иштибодан аввалин нигорандаи «Чидил хадис»-и форсиро ба калами Мухдммади Фаровии Х,аримй адиби охири асри XI ва аввали асри XII мах,суб донистааст. Аз рафти баррасии мухдкддк, пай бурдан мумкин аст, ки вай аз кутуби «Чихдл хддис»-и Хоча Абдуллохд Ансорй ва Абухафси Насафй ва як зумра «Чихдл хадис»-хои дигар бехабар аст.

Мухакдик ДаР маколаи худ кушиш кардааст, ки перомуни як нусхаи «Чихдл х,адис»-и Абдуррахмони Ч,омй хабар дода, оид ба тарчумах,ои туркии он сухан кунад.

Аммо мухаадик бо овардани се намуна аз «Чи*ил х,адис»-и Мавлоно Ч,омй иктифо варзида, сохтор, мазмуну мух,таво ва саноеъи бадеии «Чихдл дадис»-и шоирро мавриди баррасй карор надодааст. Инчунин нусхах,ову нашрх,о ва тарчумах,ои асари мазкури Нуриддин Абдуррах,мони Ч,омй, ки дар дигар манотику забонх,о дида мешавад, ба таври хамачониба тах,кдк накардааст. Мак,сади мухдккик, бо овардани намунах,о аз баъзе нусхах,ои кутуби «Чих,ил х,адис» ва тарчума^ои туркии онх,о нишон додани таъсири ин навъ осор ба воситаи тарчума ба адабиёти туркизабон ма^суб меёбад (187).

Аз ин чо равшан мешавад, ки макоми «Чихдл хддис» дар эчодиёти Абдуррах,мони Ч,омй аз доираи таваччух,и густурдаи олимону мухдккдкон берун мондааст. Танх,о шаркдпиноси рус Е.Э. Бертелс, мух,аккдк,они эронии осори Ч,омй Х,ошим Разй, Алиасгари Х,икмат ва бархе дигар номи ин асарро дар мачмуи осори Абдуррах,мони Ч,омй зикр кардаанд. Аммо аз байни мух,аккикон чомишиноси машх,ури точик профессор Аълохон Афсахзод оид ба мансубияти ин асар ба номи Ч,омй, мавчудияти нусхах,ои он дар баъзе аз китобхонах,о, тах,ияи матни точикии асар дар мукоиса бо нусхах,ои дигар ва нашри он, хдмчунин мухтасаран дар мавриди чигунагии

мазмуну мухтаво ва сохтори «Чих,ил хддис»-и Ч,омй нуктахои мухим баён кардааст (126, 54).

Х,арчанд Абдуррахмони Ч,омй дар мукадцима пайравии хешро дар навиштани ин рисола ба хддиси хдзрати Расули акрам (с) ишора кардааст, аммо Аълохон Афсах,зод сабаби таълифи «Чихдл х,адис»-ро дар осон баён намудани аходис ва шарху тафсири он таъкид доштааст. Аммо хдроина маълум нест, ки чаро устод Афсахзод рочеъ ба пайравии шоир ба анъанаи чихилхадиснависй мулохизоти хешро баён надоштааст. Бо вучуди ин, метавон изхор дошт, ки тахкику баррасии муфассали ин асар ба таври пурра ва хамачониба сурат нагирифтааст. Сабаби асосии аз мадци назар дур мондану хддафи пажухиши доманадор карор нагирифтани асари мазкур ба омилх,ои махдуд будани омузиши осори диниву мазхабии мо дар даврони Шуравй пайванди мухкам мегирад. Баъди фаро расидани истиклолият дар чумх,урих,ои шуравй ин махдудах,о бартараф гардида, фазой тозае дар чдцаи омузиши мероси диниву мазхабии гузашта, аз чумла «Чихдл х,адис»-х,о ба вучуд омад. Дар ин маврид аз тарчума ва нашри нахустини «Чих,ил хадис»-и шоир ва донишманди машхури халки узбек Мир Алишери Навой ба забони узбекй ва тахкикоти дар ин маврид бурдаи олими узбек Ойдин Начафов метавон ёдовар шуд, ки дар як вакт асари таълифнамудаи Абдуррахмони Ч,омиро низ х,адафи пажухиши у карор медихад. Кори анчомдодаи О. Начафов бо унвони «Тух,фаи чихилсолагй» маъруфият дошта, ин ном аз як рубоии Алишери Навой баргузида шудааст.Чунин ба назар мерасад, ки О. Начафов дар контексти асари Навой ба рисолаи «Чшдал хадис»-и Ч,омй низ руй оварда, баъзе чанбахои фарогири онро муайян намудааст. Дар канори корх,ои анчомдодааш ин пажухишгар асари мазкурро ба таври васеъ наомухта, факат рочеъ ба он иттилои умумй медихад. Мухимтарин кори у дар пажухиши асари Ч,омй тарчумаи «Чихил х,адис» ба забони русй махсуб мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар адабиётшиносии точик дар робита ба таъсири Куръон ва ах,одис ба адабиёти форсй чандин корх,ои судманде ба сомон расидаанд, ки ин чо метавон нахуст аз тахдикоти Расул Хрдизода

«Хдфт гуфтор дар бораи Куръон» ёдовар шуд, ки дар он партави оёти куръонй дар маснавих,ои ирфонй низ мабохдсе чой дорад. Адабиётшиноси точик Умеда Еаффорова дар рисолаи доктории хеш «К^исса^ои Куръон дар «Тарчумаи Тафсири Табарй» дар робита ба мавзуоти мавриди назар ба масъалаи истифодаи ах,одиси набавй изх,ори назар намудааст (135). Рисолаи илмии Низомуддини Муродй, ки «Ашъори ниёишй (муночоту наът) ва хусусиятх,ои он дар назми форсу точик дар асрх,ои IX-XIII» ном дорад (145), аз ишора^о дойр ба иктибоси оёту ах,одиси набавй холй нест. Х,амчунин, дар рисолах,ои номзадии мухдккикон Фахриддин Насриддинов, Садриддин Мирзоев, Фаррух Салимов ва дигарон масъалаи корбурди каломи куръонй ва аходис дар «Кашф-ул-асрор»-и Майбудй (151), дар осори Соинуддини Хучандй (144), «Кашф-ул-мах,чуб»-и Хучвирй (155) мавриди омузишу баррасй карор гирифтанд. Хдроина зикри тадкдкот маънии онро надорад, ки мухаккикони мазкур таърихи «Чих,ил хддис», ё масоили марбут ба онро мавриди тахдику баррасии алох,ида карор додаанд, балки дар зимни анчоми пажух,иш дамчунин ба матолиби пайванди Куръону аходис ба адабиёт изгори назар намудаанд. Баррасии чудогона ва ё мустакили анъанаи чих,илх,адиснависй ва чойгох,и «Чихдл х,адис»-и Абдуррах,мони Ч,омй аз чумлаи мухдмтарин ахдофи таълифи ин рисола аст ва метавон гуфт, ки он бори аввал бо чунин вусъат ва густардагй ба риштаи тахдик кашида мешавад.

Максад ва вазифахои рисола. Мох,ияти пажух,иши моро масоили марбут ба анъанаи чих,илх,адиснависй ва чойгохд «Чих,ил х,адис»-и Абдуррадмони Ч,омй дар адабиёти маз^абиву ирфонии форсу точик, тахкикд таърихи рушду такомул, омузиши махсусиятх,ои адабиву бадей, услубй, инчунин нусхашиносии ин навъ осор ба вучуд овардааст. Бо назардошти фарогирии масоили ёдшуда мух,имтарин х,адафх,ои нигориши рисоларо ба таври зайл мукаррар намудан мумкин аст:

-таъйини сарчашмадои пайдоиш ва тахдввули анъанаи чих,илх,адиснависй дар адабиёти форсу точик то асри XV;

- баррасии чойгохд ах,одиси набавй дар осори Абдуррах,мони Ч^омй;

- тавсифи умумии нусхахои асосии «Чихил хддис», ки айни х,ол дар китобхонахои чахон мавчуд буда, бар асоси онхо нусхахои чопии асар дар дохил ва хоричи кишвар чараён гирифтааст;

- пажухиши сабк ва сохтори «Чихил хадис»-и Абдуррахмони Ч,омй ва мукоисаи он бо «Арбаин»-и Х,усайн Воизи Кошифй;

- баррасии шевахои тадвини аходис ва усулхои интихоби мавзуии аходис дар «Чихил хадис»;

- ба муомилоти илмй кашидани анъанаи чихилхадиснависй, шевахои хоси корбасти аход�