автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему:
Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков

  • Год: 2006
  • Автор научной работы: Казакова, Умринисо Санговна
  • Ученая cтепень: доктора филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.03
Диссертация по филологии на тему 'Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков'

Текст диссертации на тему "Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков"

I 71 07-10/247

МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ ПЕДАГОГИЧЕСКИЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМ.К.ДЖУРАЕВА

На правах рукописи

КАЗАКОВА УМРИНИСО САНГОВНА

КАСЫДА И ЕЁ ТРАДИЦИИ В ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ ПОЭЗИИ

ХП1-Х1У ВЕКОВ

10.01.03 - Литература народов стран зарубежья (таджикская литература)

ДИССЕРТАЦИЯ на соискание ученой степени доктора филологических наук

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ^УЩУРИИ ТО^ЩКИСТОН

ДОНИШГЩИ ДАВЛАТИИ ОМУЗГОРИИ ТОЩКИСТОН Б А НОМИ

КАРАЕВ

Ба дами дасшавис КАЗАКОВА УМРИНИСО САНГОВНА

^АСИДА ВА СУННАТДОИ ОН ДАР ШЕЪРИ АСР^ОИ ХШ-Х1У

ФОРСУ ТО^ИК

10.01.03 - Адабиёти халвой мамолики хори^й (адабиёти то^ик)

РИСОЛА

барои дарёфти дара^аи илмии доктори илми филология

Президиум ВАК Минобрнауки России (решение от« Ж /I 20(Л. П^/Щ решил выдать диплом ДОКТОРА

наук

Начальник отдела

МУНДАРИЧ.А

Мукаддима..............................................................................3 - 12

БОБИI. ХДЕТИ СИЁСИВУ ИЦТИМОИИ МОВАРОУННАХ,РУ ХУРОСОН ДАР АСРХ.ОИ XIII - XIV ВА ВАЗЪИ КДСИДАСАРОЙ

1. Авзои ичтимоиву сиёсй ва таъсири он ба хдёти адабй...........V. 13-46

2. Ацсоми шеърй ва макоми касида дар он...............................46-72

БОБИ II. МАРКАЗХ,ОИ АДАБЙ ВА СУННАТХЩ КДСИДАСАРОЙ

1. Марказ^ои адабй..............................................................73-110

2. К^асидасароёнимапдур васуннат^оикасидасарой...............110-158

БОБИ III. ХУСУСИЯТХРИ" ЖАНРИИ ЬуАСИДА ДАР АСРХЩ XIII-XIV..............................................................................159-163

1. К^асидаи мад^й...............................................................163-189

2. Кдсидаи ич,тимой ва сиёсй..............................................А 89 - 214

3. Кдсидаи ахлоцй ва мавъизат.............................................214 - 249

4. Хасидам мазадбй, тасаввуфй ва хдкимона...........................249 - 278

5. Навъхои дигари касида...................................................279-290

БОБИ IV. ХУСУСИЯТХ,ОИ ШАКЛЙ ВА УСЛУБИИ КДСИДА

1. Хусусият^ои услубй..............................................................291 - 314

2. Мухтассоти вазн, кофия ва радиф..........................................314 - ЗЯ6

Хулоса...................................................................................327 - 334

Фехристи адабиёт...................................................................^335 - 352

#

МУКДЦДИМА

Касида аз кадимтарин аксоми шеъри форсй-точикй буда, аз мархдлаи огози адабиёти форсу точик дар тули садсола^о макоми нахустро дар миёни аксоми дигари шеърй дошт ва бахши асосии девони шоирони асрхои Х-ХИ-ро дар бар мегирифт. Гарчанде ки аз асри XIII ба баъд касида тадричан макоми худро дар миёни аксоми шеърй аз даст дод, вале дар карщои минбаъдаи тадаввули адабиёти форсу точик аз зумраи колабх,ои роичи шеърй буда мавриди табъозмоии шоирон карор дошт ва яке аз василах,ои нишон додани кудрату тавоной дар шеъру шоирй махсуб мегардид.

Аз ин чост, ки касида чун колаби шеърй хануз аз асрхои XI-XII таваччу^и муаллифони осори адабиётшиносй ва тазкираву лугатномадоро ба худ чалб намуда буд ва нахустин мулохизот дойр ба мо^ият, маънии лугавй ва истилохии он дар «Тарчумон ул балога-и Родуёнй, «Хддоикус сехр»-и Рашидаддини Ватвот, «Алмуъчам фи маъойирашъорил Ачам»-и Шамси Кдйси Розй издор гардиданд. Дар асрх,ои минбаъда хам мулохизоти чудогона дойр ба касида ва мухтассоти касоиди баъзе шоирон дар осори адабиётшиносй ва тазкирахо, аз кабили «Бадоеъуссаноеъ»-и Атоуллох Мащуди Хусайнй, «Дакоикушшеър»-и Точулхдловй, «Мачолисуннафоис» - и Алишери Навой, «Х,абибуссияр»-и Хондамир, «Мунисул ахрор -и Бадри Чрчармй ва дигарон баён карда шудаанд.

Бо ин хама, тадкикоти илмй дар бораи касида дамчун колаби шеърй ва хусусиёти жанриву услубии он аз асри XIX огоз мегардад. Донишмандони рус, Эрон, Х,инду Покистон ва мамолики Аврупо чун А. Арберри, Р. Николсон, Э. Браун, А.Е, Кримский, И.Ю. Крачковский, В;А. Жуковский, Шиблии Нуъмонй ва дигарон андешахои судманде рочеъ ба таърихи ташаккули касида, мардаладои тахдввули он, мухтассоти касоиди намояндагони чудогонаи адабиёти форсу точик мулохдзоти худро баён кардаанд. Аз чумла Шиблии Нуъмонй яке аз нахустин му^аккикони Шарк аст, ки мархаладои тахаввули касидаро ба се давра дастабандй карда, дар

бораи хусусиятдои хоси хар як маршалам тахаввули он изх,ори андеша намудааст /37/. Шиблии Нуъмонй дар китоби арзишманди худ «Шеърулачам» дар бораи хусусиятхои сабкиву хунарии касоид» Рудакй, Унсурй, Манучехрй, Фаррухй, Анварй. Муиззй, Саъдй, Амир Хусрав, Ибни Ямин ва дигарон мулохизахои судманд изхор намудааст. Аз ин лих,оз китоби Шиблии Нуъмонй нахустин тадкикоти нисбатан мукаммал дар Шарк аст, ки дар он мар^алахои инкишофи касидаи форсй ва сахми касидасароёни маъруф дар хдр як мархалаи муайян мавриди баррасй карор дода шудааст.

Дар асари донишманди эронй Зайнулобиддини Муътаман «Шеър ва адаби форсй» дар баробари тахдики масъаладои зухури тасаввуф ва таъсири он ба шеъру шоирй, даврахои тахаввули шеъри тасаввуфй, ахлокй, дар бораи хусусиятхои кдсоиди ирфонй, фалсафй ва ахлокди Кисоии Марвазй, Носири Хусрав, Саной, Анварй, Аттор, Саъдй ва дигар намояндагони маъруфи адабиёти форсу точик ба таври мухтасар тавакдуф карда шудааст./110/.

Дар асари дигари Муътаман «Тахдввули шеъри форсй» масъалах,ои марбут ба касоиди ахлокиву динии Кисоии Марвазй, Носири Хусрав ва хусусиятхои сабку равиши кдсидасароии Хоконй, Камол Исмоил, Саъдй, Амир Хусрав, Салмони Совачй ва дигарон муайян карда шудааст./109/.

Бояд гуфт, ки тахкики касоиди адабиёти форсу точик аз нимаи дуюми асри XIX ва дар тули кдрни XX дар се самт чараён дошт. Самти аввал изгори мулох,изах,ои умумй дойр ба касида ва кдсидасароён дар китобхои таърихи адабиёт аст, ки осори Э. Браун, X, Эте, А. Арберри, Е.Э. Бертелс, Ян Рипка, Забехуллохд Сафо, Чдлолиддини Х,умой, Салими Найсорй ва Fañpa намунаи ощо мебошад /9.,89,94,104,223,103,99,114/. Самти дигари тавдщи кдсида таълифи шарххо бар касоиди шоирони чудогона буда, «Кошифуласрор»-и Гиёсиддин Мухдммади Ромпурй яке. аз намунахои онхост/53/, ки ба шарху тавзехи кдсоиди Бадри Чочй бахшида шудааст.

Самти сеюми тахкдки касида, ки аз нимаи дуюми карни XX вусъат меёбад, омузиши рузгору осор ва мухтассоти ашъори кдсидасароёни алохидаи адабиёти форсу точик ё масъалаи тахаввули касида дар мархалаи муайяни таърихй буда, дар ин самт кордой зиёде ба анчом расониДа шудаанд.

Аз зумраи мухаккикони точик И. Икромов, С. Имронов,, М. Муллоахмадов, А.Бобоев, У. Тоиров, А. Афсахов, С. Саъдиев, А. Абдуллоев, Ч,. Додалишоев ва дигарон зимни тахкдки масъалахои хаёт ва эчодиёти Анварй, Ибни Ямин, Фаррухй, Манучехрй, Сайфи Фаргонй ва соири онхо, дар бораи мухтассоти касоид ва равиши касидасарой низ маълумоти арзишманде додаанд.

Мухаммадвафо Бакоев яке аз донишмандонест, ки зимни тахкдки рузгору осори Амир Хусрави Дехлавй дар бораи касидахои шоир 6а макоми у дар идомаи анъанаи касидасарой маълумоти чолиб додааст. Дар китоби у «Хаёт ва эчодиёти Амир Хусрави Дехлавй» равиши касидасароии Амир Хусрав, накши касидасароии Хоконй, Саной, Захири Форёбй, Камол Исмоил ва дигарон дар эчодиёти шоир ва макоми у дар идомаи анъанаи касидасарой низ баррасй шудааст./188/.

Дар тадкикоти дигари донишманди тоник А. Афсахов сабабхои таназ-зули касида дар асри ХШ ва тахаввули кдсидахои шикоятй ва ахлокиву ичтимой ва таъсири вазъи сиёсии ахди мугул дар касидахои яке аз намояндагони бузурги ин давра Сайфи Фаргонй баррасй гардидааст./183А.

Дар байни донишмандони точик С. Имронов ягона мухаккикест, ки дар омузиши рузгору осори Ибни Ямини Фарюмадй сахми хеяе бузург дорад ва дар монографияи арзишианди худ «Ибни Ямини Фарюмадй» /Чдраёни зиндагй ва мероси адабй/ дар бораи касоиди шоир ва хусусият-хои гоявию хунарии оно низ мулохизоти чолиб изхор менамояд. /221/.

Дар бораи тахкики масъалахои марбут ба касоиди намояндаи машхури дигари адабиёти форсу точик-Анварй монографияи И.Икромов то имруз мукаммалтарин тадкикоти илмй хисоб мёбад. Хидмати бузурги муаллиф

дар он аст, ки бори нахуст дар Точикистон хусусият^ои сабкиву ^унарии касидахои Анварй, алалхусус касоиди ахлокиву ичтимоии шоирро мавриди баррасии муфассал карор додаст./219/.

Тахкики масъалах,ои назариявии марбут ба касида, марх,алах,ои тахаввули таърихии он, суннатхои касидасарой ва мухтассоти касоиди шуарои алохдда аз нимаи дуюми карни XX дар тадкикоти донишмандони Эрон Сайд Нафисй, Рашид Ёсимй, Гуломхусайни Юсуфй; Алии Дашти, Бадеуззамони Фурузонфар, Махдии Му^аккик ва амсоли онх,о низ мавриди баррасй карор гирифтааст. Махдии Мухдккик аз зумраи он донишмандонест, ки дар тахкики касоиди Носири Хусрав, таъйини хусусиятхои гоявию бадей ва шарх,у тавзехи касоиди шоир хидмати шоёне кардааст/117/. Донишмандони дигари эронй Бадеуззамони Фурузонфар, Рашид Ёсимй, Сайд Нафисй, Алии Даштй, Руломхусайни Юсуфй ва дигарон дар бораи мухтассоти касоиди Амир Хусрави Дехдавй, Салмони Совачй, Хочуи Кирмонй, Саъдй зимни тадкикоти худ изхори мулохиза намуда, дар бораи сабку хунари касидасароии ин шоирон низ маълумоти арзишманд додаанд.

Навиштах,ои донишмандон Абдулмухдммади Оятй, Зайнулабиддини Муътаман, Абдулхусайни Зарринкуб, Мазохири Мусаффо, Х,усайни Размчу, Сируси Шамисо ва дигарон бештар дар бораи масъалах,ои умумии касидасарой аз кабили анвои касида, чих,ат^ои сабкиву услубй, сохтору мундарича, мардалахои тахдввули касидасарой ва амсоли онхо бахс мекунанд.

Аз чумлаи донишмандони Эрон Мазохири Мусаффо дар таадики касида сахми назаррас гузоштааст. У дар асари пурарзиши худ «Посдорони сухан», ба масъала^ои назариявву таърихии касида дахл намуда, пайдоиши ин жанрро аз адабиёти араб донад хам, хусусиятх,ои хоси касидах,ои форсиро нишон додаст. /143,37/. Х,амчунин у оид ба касида дар адабиёти араб, нахустин касидасароёни форсии «ахди Рудакй»: Рудакй, Хусравй, Хусравонй, Робиа, Мусъибй, Мантикй, Мунчик, Дакикй,

Бушакур, Кисой ва «ахди Фаррухиву Манучехрй»: Унсурй, Фаррухй, Манучехрй, Масрур, Бахромй, Лабибй, сухан ронда, намунахои касидахои онхоро низ меорад. Дар бораи хусусиятхои шаклй ва имкониятхои*дохилии касида сухан ронда мефармояд, ки : «Шакли хасида ба иллати соддагй ва якнавохтии кофия годе род бар баёни гуянда мегирад ва дасту пойи такрири уро мебандад, дар холе, ки дар навъи мусаммат ин махдуд будан ва гирифторй ва лакнати забон камтар эхсос мешавад. Баёни Шамси Кдйси Розй дар бораи чудо шудани мусаммат аз касида ин маъноро ба хубй дар бар дорад».../143, 48/.

Мухаккикони муосири рус низ дойр ба тахкикд касида ва касидасарой осори судманде таълиф кардаанд, ки яке аз онхо тадкикоти З.Н. Ворожейкина дар бораи шоирони мактаби адабии Исфахон дар мархалаи то истилои мугул мебошад/204/. Муаллифи мазкур зимни тахкики масъалахои марбут ба мактаби адабии Исфахон дар асрхои XII-огози XIII ва мухтассоти эчодиёти намояндагони он дар бораи хусусиятхои касидаи ин давр низ таваккуф менамояд ва дар бораи сабки касидасароии мактаби адабии мазкур ва хусусиятхои гоявию бадеии касоиди намояндагони он, аз чумла Ч,амолиддин Исмоили Йсфахонй ва фарзанди у Камолиддин Исмоил мулохизоти судманд изхор менамояд.

Яке аз тадкикоти арзишманди дигаре, ки дар интихои дахсолаи охири карни XX б а анчом расидааст, рисолаи доктории мухаккики рус. Рейснер М.Л. мебошад, ки мавзуи бахси он аз тахлилу баррасии касидаи форси -точикй аз мархалаи огози он, яъне карни X то истилои мугул иборат аст /260/. Муаллиф дар ин тадкикоти худ сайри ташаккул ва тахаввули касидаро аз асри X то огози асри XIII мавриди баррасй карор дода, суннатхои касидасарой ва сабку равиши касидасароёни маъруфи ин давраро аз кабили Рудакй, Унсурй, Фаррухй, Манучехрй, Саной, Анварй, Хоконй ва амсоли онхо муайян намудааст.

Дар тахкики касида, мархалахои тахаввули он ва хусусиятхои сабкиву хунарии касоиди намояндагони чуцогонаи адабиёти форсу тоник

тадкикоти адабиётшиносони точик М.Рахмонов ва Ф. Гайдаров, ки дар тули дахсолахои охир анчом дода шудаанд, падидаи чолиб ва арзишманд

мебошанд. Хидмати назарраси адабиётшинос М. Рахмонов дар он аст, ки у

*

дар монографияи худ бори нахуст касидахои хикматй, ахлокй, зохидона ва ирфониро мавриди тахкик гузошта, мархалахои ташаккул ва тахаввули онхоро дар фосилаи замонии аерхои Х-ХУ ба таври муфассал^ барраей намуда хусусиятхои умдаи х,ар як мархалаи тахаввули анвои мазкури касидаро дар мисоли эчодиёти Рудакй, Кисой, Носири Хусрав, Саной, Аттор, Амир Хусрави Дехлавй,Ч,омй ва дигарон муайян намудааст.(256)

Дар рисолаи Ф. Гайдаров зимни тахдики рузгору осори яке аз касидасароёни тавонои охири асри ХШ ва нимаи аввали асри Х1У Бадри Чочй, дар бораи мавзуву мундарича, хусусиятхои сабкиву бадеии касоиди шоир, таъсири сабки маснуъ ва истифодаи истилохоти илмй дар онхо ва дигар масоили марбут ба касоиди Бадри Чочй мавриди барраей карор дорад.(71)

Аз ин назари мухтасар ба таърихи тахкикд касида ва масъалахои сайри ташаккулу тах,аввули он дар адабиёти форсу точик маълум мегардад, ки бо саъйу захмати мухаккикони Россия, Точикистон, Эрон, Афгонистон, Х,инду Покистон ва мамолики Аврупо корх,ои зиёде ба анчом расидаанд ва баъзе аз масоили мудими касида аз кабили мафх,уми лугавию истилохии он, хусусиятхои шакливу жанрии он, мархалахои ташаккул ва тахаввули он ва амсоли онхо асосан халлу фасли худро ёфтаанд.

Бо вучуди ин, хануз баъзе масоили марбут ба касида ва мархалахои тахаввулоти он дар адабиётшиноей хал нашудааст ва ниёз ба тадкикоти махсус дорад. Аз чумлаи ин масъалахо тахкики суннати касидасарой дар ахди мугул мебошад, ки хануз дар ин мавзуъ тадкикоти чудогонаи монографй ба анчом нарасидааст.

M.JI. Рейснер дар тадкикоти илмии худ сайри таърихии ташаккул ва тахаввули касидаро дар аерхои X-XII, яъне то истилои мугул мавриди

барраси кдрор медихад. М. Рахмонов бошад, танхо касидахои ахлокии ахди мугул, яъне асрхои XIII-XIV-po мавриди тахкик карор додааст.

К^обили зикр аст, ки дар бораи баъзе намояндагони адабиёти ин ахд аз кабили Саъдй, Салмони Совачй, Хочуи Кирмонй, Сайфи Фаргонй, Бадри Чочй, Амир Хусрави Дехлавй ва дигарон осору маколоти чудогона низ

таълиф гардидаанд. Вале, мархалаи тахаввули касида дар.ахди мугул, ки як

*

давраи дорой хусусиятхои хоси ичтимоиву сиёсй ва адабиву фархангй махсуб мегардад, хануз мавриди тадкики махсус кдрор нагирифтааст ва хануз асари тадкикотии монографие ба вучуд наомадааст, ки вйжагихои хоси касидасароии даврони мазкур, марказхои адабй ва нащии онхо дар тахаввули касидасарой, шахсияти касидасароён ва равишхои касидасарой, хусусиятхои гоявй, жанрй ва бадеии касоиди давр ва амсоли онхо хамачониба тахдилу тадкик гардида бошанд.

Аз ин лихоз мо тасмим гирифтем, ки дар ин рисола бори нахуст

масъалаи тахаввули касидаро дар ахди мугул, яъне дар асрхои XIII-XIV

*

мавриди тадкики махсус карор дихем. Ин бесабаб хам нест, зеро давраи мавриди бахси мо мархалаи таърихиест, ки дар равишхои касидасарой аз лихози мавзуву мундарича, сохтору устухонбандй, хусусиятхои жанрй ва услубй, мохият ва мак,оми касида дар миёни колабхои дигари шеърй ва гайра тагйироти чиддй ба вучуд омаданд. Бо сабаби бархам хурдани хукуматхо ва дарборхои бузурги эронй ва беэътиноии хокимони мугул ба шеъру адаб касида ва мавзуи асосии он-мадх ахамият ва макоми аввалаи худро гум намуд. Навъхои касоиди ахлокй, ирфонй, мавъизатй, шиквой вусъати зиёд пайдо намуданд. Ин чихатхои хоси равиши касидасароии ахди мугул, ки мархалаи дигаре дар тахаввули касидасароии форсу точйк махсус мегардад, тадкикоти илмии алохидаро такозо доранд.

Аз ин хотир мо дар ин рисола карор додем, ки масъалахои тахаввулоти ичтимой-сиёсии асрхои XIII-XIV ва накши онхо дар равиши касидасарой, макоми касида дар миёни аксоми дигари шеърй, шахсияти касидасароён ва суннатхои суханварии онхо, марказхои хурди навтаъсиси адабй ва мавкеи

онхо дар ривочи касидасарой, хусусиятхои жанрй ва услубии касоиди асрхои ХШ-Х1У ва амсоли онхоро мавриди тахлилу тадкик карор дода, тадкикоте дар ин мавзуъ ба анчом расонем.

Барои халли масъалахои илмии дар рисола матрахшуда дар назди худ вазифаву максадхое гузоштаем, ки ба таври мачмуъ аз баррасии мушкилоти зайл иборатанд:

- авзои сиёсй - ичтимоии асрхои ХШ-Х1У ва таъсири он ба касидасарой;

- марказхои адабй ва суннатхои касидасарой;

- шахсияти шоирон ва суннатхои касидасарой;

- вазъи касидаи мадх,й ва мухтассоти он дар ахди мугул; ^

- касидаи ичтимой ва шикоят;

- касоиди ахлокй ва мавъизат;

- касоиди мазхдбй, тасаввуфй ва дакимона;

- мухтассоти анвои дигари касида;

- хусусиятхои услубии касида дар асрхои ХШ-Х1У;

Зимни тахдики масъалах,ои гузошташуда, мо усулхои тахкики таърихй - киёсй, назари объективй ба маводи адабй ва таърихиро ба рох,барй гирифтаем ва аз тачрибахои илмии донишмандони варзидаи Россия, Точикистон, Х^инду Покистон ва мамолики Аврупо чун А.Е Кримский, В.А. Жуковский, Е.Э. Бертелс, М.М. Бахтин, Д.С. Лихачев, В.М. Жирмунский, А. Арберри, Э. Браун, Р. Николсон, А. Мирзоев, Р. Хрдизода, А. Афсахзод, X. Шарифов, Шиблии Нуъмонй, Сайид Нафисй, Зайнулобиддини Муътаман, Забех,уллох,и Сафо, Махдии Мухаккик ва дигарон истифода намудаем.

Ба хайси маводи адабй ва маъхазх,ои адабй - таърихии рисола куллиёт ва девонхои Рудакй, Унсурй, Фаррухй, Манучехрй, Задири Форёбй, Саной, Носири Хусрав, Анварй, Хоконй, Авх,адй, Саъдй, Сайфи Фаргонй, Салмони Совачй, Ибни Ямин