автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.02.22
диссертация на тему:
Категория вежливости в таджикском языке

  • Год: 2001
  • Автор научной работы: Бободжонова, Бунафша Шарофиддиновна
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.02.22
Диссертация по филологии на тему 'Категория вежливости в таджикском языке'

Текст диссертации на тему "Категория вежливости в таджикском языке"

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМДУРИИ ТОЧИКИСТОН ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ОМУЗГОРИИ БА НОМИ КАНДИЛ ЧУРАЕВИ точикистон ДОНИШГОХИ ДАВЛАТИИ ХУКУК, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОЧИКИСТОН

о.,' > , •) л ■ : " = г- Дорой хакки дастнавис

г) ■ "г ;

БОБОЧОНОВА БУНАФША

А '

/

КАТЕГОРИЯМ ЭХТИРОМ ДАР ЗАБОНИ ТОЧИКЙ

у

10.02.22,- ЗАБОНХОИ ХАЛКХОИ КИШВАРХОИ ХОРИЧИИ АВРУПО, ОСИЁ, АФРИКО, СОКИНОНИ МУ^ИМИИ АМРИКО ВА АВСТРАЛИЯ (ЗАБОНИ ТОЧИКЙ)

Р И С О Л А

БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАЧАИ НОМЗАДИ ИЛМИ ФИЛОЛОГИЯ

Рохбарони илмй - доктори илми филология Д.Саймиддинов, номзади илми филология, ходими пешбари илм С. Холматова

ДУШАНБЕ - 2001

Мундарича

Мукаддима _ 3-25

Боби якум Ифодаи лугавии эх;тиром_ 26 - 57

Боби дуюм Ифодаи сарфии э^тиром__58-77

Боби сеюм Ифодаи нахвии эхтиром_ 78-132

Хулосахо ___133 - 141

Фе^расти адабиёти илми ва маъхаз_142 — 150

Адабиёти илми _____142 - 145

Адабиёти бадей ва матбуот_148 - 150

МУК.АДДИМА

Замони Истиклол дар назди ахли мактабу маориф ва илму фарханги Чумхурии Точикистон вазифахои нав ва чиддй ба миён гузошт. Вазифахои нав ба тарбияи ватандустиву худшиносии чомеа, махсусан мактабиёну донишчуён, тамоми кудакону наврасон ва чавонон нигаронида шудааст. Дар асоси ин талаботу вазифахо ва дастурхои Президенти Точикистон Эмомалй Рахмонов дар кудакистонхо, мактабхои хамагониву касбй ва донишгоху донишкадахо фанхои нав, масъалахои бикр ва мавзуъхои тоза чорй гардиданд. Дар байни ин масъалахо баланд бардоштани маърифати чомеа, тарбияи ахлоки хамида, одоби муошират ва хусни сухан чойи асосиро ишгол менамоянд. Баррасии категорияи эхтиром дар забони точикй кисми таркибии гахкики ин масъалахо буда, ахамияти илмиву амалии он дар замони мо барчастатар намоён мешавад.

Забони точикй аз забонхои кддимхати чахон ба шумор меравад. Дар таърихи пуршарафи амали он дар хамаи сохахои хаёти фарханги ва иктисодиву ичтимой асархои бешумори сиёсй ва илмиву адабй офарида шудаанд, ки дар ганчинаи фархангистони чахон мавкеи махсусро ишгол менамоянд.

Халкхое, ки таърихи кадим доранд, бо анъанахои ибратангези хеш ифтихор менамоянд, ба онхо бо дидаи ибрат менигаранд, онхоро хифз менамоянд ва ба мерос мегузоранд.

Одобу ахлоки хамида аз чумлаи анъанахои таърихи буда, аз маданияти халк ва фард башорат медихад. Оинаи оламнамои одобу ахлок забон аст. Ope, одобу ахлок, фазлу дониш ва умуман сиришти инсон ба воситаи забон ифода мешавад.

Категорияи эхтиром аз рукнхои асосии одобу ахлок ба шумор меравад. Ин масъала дар омузиши адабиёт васеътар баррасй мегардад. Вай хангоми тасвири хар як чехраи адабй мавриди омузиш ва таъкид кдрор мегирад, мактабиён шеърхои зиёдеро дар

ин мавзуъ аз бар менамоянд ва мувофики он кору рафтор мекунанд. Дарачаи таъсир ва бахрабардории хар шахсро забони у нишон медихад.

Ахли фазл аз руи забон дониш, маданият, касбу кор, савияи маърифати оила, ният ва шахсияти хамсухбатро муайян мекунанд. Талабагон ва донишчуёни хушодоб дар мактабу донишгохдо ба хамдигар унс мегиранд ва аз беадабон канора мечуянд, устодон барои ба сафи хушадабон дохил гардидани дигарон мусоидат менамоянд. Хдмаи ин чараёни омузиш ва тарбия ба воситаи забон сурат мегирад.

Инсон тамоми умр дониш меомузад ва тарбия мегирад. Олитарин ва пуртаъсиртарин омили тарбияи эхтиром намуна будани шахси тарбиятгар - калонсолон, падару модар, хешу табор, омузгор ва ахли диёр аст. Инсон табиатан таклидкор аст, аввал чун тутй, сипас шуурона пайравй мекунад. Агар ягон касро ту гуй, ту мегуяд, шумо гуй, шумо, яъне эхтиром кунй, эхтиром мебинй, эхтиром накунй, эхтиром намебинй, хар чй киштй, хамонро медаравй, чав киштй, чав медаравй, гандум киштй, гандум.

Забони точикй аз забонхои бойтарини чахон ба шумор меравад. Бо ин забон хама гуна фикру ният ва муносибатро ифода кардаанд. Ин кудрату тавони забонро аз навиштахои ахли илму адаб ва сухбати мардум дармеёбед.

Эхтиром натичаи вокеии маърифати инсон аст. Дарачаи маърифат, одобу муомилаи инсон дар забон ифода мешавад. Забон оинаест, ки ахлоку одоби шахсро бо хамаи нозукихояш ба чахониён намоиш медихад. Аз ин оинаи ахлокнамо гила кардан дуруст нест, чунки барои вай хама: шоху гадо, дусту душман, хубу бад баробар аст, ба хамаи онхо як хел хидмат менамояд ва хамаи онхоро як хел, чунон ки хает, намоиш медихад.

Оина чун накдни ту бинмуд рост, Худ шикан, оина шикастан хатост.

Забон ба тафовут аз оина рохи ислохи нуксонро бо хамаи нозукихояш нишон медихад ва ин сабаки худро ба таърих барои наслхои оянда низ ба мерос мегузорад. Забонхои кддимхат ин вазифаи мукддцаси таърихиро сарбаландона ичро менамоянд. Забони точикй ба хамин гурухи забонхои кддимхат ва пурсарват дохил мешавад. Ин сарвати беназири таърих, ба гуфти устод Рудакй, сарчашмаи асосии омузиш ва такмили одобу эхтиром ва умуман маърифат аст.

Тарафи дигари насихати омузиш аз гузашти рузгор ин аст, ки таърих бузурггарин устод аст, аз он наомухтан ва муста^илона хулоса набаровардан ва дар асоси нишондоди он амал накардан бемаърифатист. Омузгор рахнамост, вале у таърих нест, шахе аст. Таърих забон аст. Забон ягона воситаест, ки касро аз асрори олам огох менамояд. Чй хуб гуфтаанд: Забон донй - чахон донй.

Махз ба воситаи забон мо дарак ёфгем, ки точи кон дорой таърихи бой, анъанаи ибратбахши давлатдорй, фарханг, ахлок, ва одобу эхтиром будаанд. Таълимоти ачдоди мо, ки чандхазорсола таърих дорад, бубинед, чй хел суфтаву рехта ва пандомез аст: Пиндори нек. гуфтори нек. рафтори нек. Категорияи эхтиром дар забони мо аз хамин сарчашмаи маърифат файзёб гардидааст.

Эхтиром категорияеет, ки танхо ба шахе нигаронида шудааст. Аз ин чихат хама и восита ва роххои ифодаи он ба категорияи шахе мансубият дорад. Дар забоншиносии мо то солхои хафтод ин гуна гурухбандй ба назар намерасид. Вале аз хамон давра сар карда ба категорияг хои модалият, модалияти объективию субъективй (Истилохи "модалияти вок,еию кайривокей" ин маъниро пурра ифода намекунад, чунки модалияти субъективй низ ба таври реалй вок,еъ мегардад, ба шахе мансубият дорад, шахе субъект аст, вале мисли предметхои гайришахс низ арзи хастй мекунад) беиггар эътибор доданд, хатто, таркиби лутавии исми забони точикиро ба ду гурухи калон: иемхои шахе ва райришахс чудо намуданд. Катеорияи

эхтиром ва роххои ифодаи он дар забони точикй ин хулосаи олимони точикро бо далелхои тоза кувват медихад.

Баъзе рафикон категория номидани ходисаи забонии эхгиромро хазм накарда истодаанд. Ин холати субъективй ба андешаи мо бояд ду сабаб дошта бошад. Аввало аз он чихдт аст, ки гадкики забои ва масъалахои забоншиносй дар Точикистон аз солхои бист дар заминаи таълими забои ба миён омад(48,7-8). Ин холат ахли зиёро ба он водор сохт, ки ба масъалахои амалии омузиши забон бештар маппул гарданд. Масъалахои чамъбастй ва назарй заминаи мусоиди баррасй надоштанд. Ин гуна замина дар солхои 50-60 каму беш пайдо шуд. Ва хамин холат имкон дод, ки аз солхои хафтод то имруз чандин рисолахои докторй аз забоншиносй дифоъ гардиданд ва хол он ки дар зарфи 30-35 соли пеш аз ин танхо ду нафар рисолаи докторй химоя карда буданд: Бобочон Ниёзмухаммадов (1948) ва Обид Чдлолов (1961). К^сми якуми грамматикаи забони точикй (фонетика ва морфология) барои мактабхои олй солхои панчох (1956), кисми дуюми он соли 1963 чоп шуд. Грамматикаи академики танхо солхои хаштодум интишор ёфт.

Сабаби дуюм ин аст, ки дар таълим мафхуми категорияро хеле махдуд тавзех дода, мохияти онро пурра накушодаанд. Дар забоншиносй истилохи категорияро ба маънои категорияи грамматики махдуд намудаанд. Ин холат на танхо дар китобхои дарсии забони точикй барои мактабхои миёна ва олй, балки дар асархои илмй низ ба назар мерасад. Категория маънои басо васеъ дорад, категорияи грамматики як кие ми он аст. Маънои аслии категория гурух ва гурухбандист. Аз ин лихоз хамаи илмхо, масалан, илми фалсафа, мантик ва забон хар кадом категорияхои худро дорад.

"Х,ама гуна унсурхои забоние, ки дар асоси аломатхои умумиашон ба як гурух дохил мешаванд, категория номида мешаванд."(37-215). Категорияхои забон умумй ва чузъй мешаванд.

Категориями умумй хусусияти таснифй дошта, категориями чузьй як кисми гуруххои умумиро фаро мегиранд. Аломатми категориями чузъй дар муайян намудани категорияи умумй низ хидмат менамоянд. Масалан, чонишини шахси дуюми чамъ - шумо дар муайян намудани на танхо хиссаи мушаххаси нущ, инчунин категорияи эхтиром хидмат менамояд ва бо ин табиати худ ба чонишини шахси дуюми танхо - ту мукобил меистад, яъне чонишини шумо дар баробари ифодаи шахси дуюми чамъ шахси дуюми танхоро низ ифода мекунад: Падарчон, шумо вак,ти омадан аз мли холаам хабар гиред (87,177).

Дар забоншиносй хдтто хиссахои ташкилкунандаи категорияро бинобар аломатхои якхела доштанашон категория меноманд. Масалан, категорияи шумораи исм аз шаклхои танхову чамъи исм ташаккул меёбад, вале худи кисмхои онро бо истилохи "категорияи чамъ" ва "категорияи танхо" низ ном мебаранд. Ин холат дар категорияи муайяниву номуайянй бештар ба назар мерасад, истилохи "категорияи номуайянй" ба дарачае маъмул аст, ки гом шакли муайяни он аз эътибор со кит мегардад. Хдмин тавр, хам ба маънои умумй ва хам ба маънои мушаххас категорияи эхтиром сазовори истифода аст. Ин истилох,ро ахда илм истифода намудаанд. Дар забони точикй ва маърифати точикон эхтиром вочиб аст. Эхтироми шахе пеш аз хама вобаста ба синну сол зохир мешавад. Мувофики расму оин ва анъана хурдсолон калонсолонро эхтиром менамоянд, ки он ба тарзхои гуногун вокеъ мегардад ва шаклми зиёде дорад. Аввал салом додан, аз калонсолон пеш нагузангган, дар хама кор онхоро мукдддам донистан, дар хидмати онх,о омода будан ва монанди инм. Х,амаи ин муомилот ва эхтиромот ба воситаи забои ифода меёбад.

Дар забони точикй ба шахе бо номаш мурочиат кардан маврид дорад. Ин тарзи муомила дар байни кудакон, наврасон ва чавонони хамсинну сол ва дар муомилаи калонсолон ба хурдсолон раво дониста мешавад. Дар ин маврид муносибати муътадил ва баробари

вок,еъ мегардад, хеч гуна эхтиром ва ё беэхтиромиву нописандй эхсос намешавад. Вале ба одами аз худ калон ва умуман ба калонсолон ва муътабарон бо ном мурчиат кардан аломати эхтиром нест, балки нописандй ва тахкир аст. Бо ном одатан кудакон, наврасон ва чавонон ба якдигар, калонсолон ба хурдсолон мурочиат мекунанд. Вале агар ба кудакон номи падару модар ва бобову модаркалон ва ё ягон шахси бузурги авлод гузошта шуда бошад, ба эхтироми онхо ба хурдсолон на бо номашон, балки ба баёнияи он шахсони бахурмат мурочиат менамоянд. Бинобар ин як шахсро бо чандин унвон ном мебаранд. Масалан, ба кудак номи рахматй Каримро ниходанд. Уро фарзандони рахматй додо, наберагон бобо, додарзодахо амак, хохарзоддхо таго; агар он кудак духтар бошад, бибй, оча, хода, амма, ада гуён мурочиат менамоянд.

Чунон ки мебинед, ин холат мураккаб ва ачиб менамояд. Вале чун раем аст, хама ба ин тарзи эхтиром одат мекунанд ва хамчун ходисаи мукаррарй кабул ва риоя мекунанд, на сохибном ва на хешу табор душворие намекашад, баръакс эхтиром таъкид меёбад. Ин ходисаи таърихист, масалан, дар ахди Сомониён чанд нафар Ахмад, чанд нафар Наср ва чанд нафар Нух ном доштаанд, хатто чандгои онхо вазифаи амириро адо кардаанд, аз чумла Ахмад номи хам падар ва хам писари Исмоили Сомонист, ки хар ду низ амир буданд.

Ифодаи фикр дар шаклхои гуногун вокеъ мегардад. Хангоми тасвир нависанда комилан озод аст, у ба хама ба тарзи маъмули нигориш муомила мекунад. Дар ин маврид хама як хел номбар мешаванд, тасвир меёбанд. Азбаски дар ин тасвир кдхрамонхо гоибанд, муаллиф хамаи онхоро як хел ном мебарад. Дар ин маврид категорияи модалияти вокей риоя мешавад. Ба ин хулоса осори устод Айнй мисол шуда метавонад. Нависанда хангоми тасвири озод хамаро бо ному насабашон зикр менамояд, хангоми тасвири онхо сохибэхтиром будан ё набудани онхоро таъкид намекунад. Дар ин маврид к,оидаи умумии тасвири вокей риоя

8

мегардад. Ин гуна тасвиротро ба категориями модалии объективию субъективй чудо кардан мумкин нест. Ин но мавриди одоби тасвир аст, на одоби муошират. Аз хамин сабаб дар тасвири устод Айнй хешу акрабо, хатто падару модар, шахсони муътабар ва мардуми дигар, хатто рораттарону авбонщо як хел номбар мешаванд, хангоми ба вазифаи мубтадо омадани хамаи онхо хабар дар шакли танхо меояд:

Бобоям масчидро бо зебой таъмир намуда, дар сутуни он бо хати худ калимахои "амали Саидумархочаи соктарегй"-ро кандакорй кардааст (76,12). Падарам ба онхо баъд аз он ки як назари нимгазаболуду нимистехзокорона андохт. гуфт...(76.15). Падарам ба ин сухани ман хандид ва баъд аз он вазъияти чиддй шрифта гуфт ... (76,140). Модарам ин хабарро дар бистари бемориаш шунида, гуфт... (76,171).

Аз хамин нихат шаклхои танхову чамъи хабархо ва мубтадои шаклан танхо далели беэхтиромй будд наметавонанд. Категорияи эхтиром аломати асосии одоби муошират мебошад, ки хангоми сухбат, гуфтугуи одамон вок,еъ мегардад. Албатта, гуфтугу ва сухбат шаклхои гуногун дорад, ки навъи асосии он бевосита, ру ба ру сурат мегирад, тарзи навишти муомила ва сухбат низ маъмул аст. Аз хамин дидгох ифодаи эхтиром асосан ба холати хозиру foh6 будани шахе вобаста аст, одоби муошират ва ифодаи эхтиром асосан дар сухбати хозирон комилан риоя мешавад. Дар ин боб як тасвири устод Айниро хамчун намуна айнан овардан мумкин аст, харчанд ки ин лавха бахри хачви эхтироми сохта офарида шудааст:

" - Фардои он шаб дар сари куча дар кдтори мардум Саидакбархоча хам нишаста буд, ки К,орй Махмуд омад ва аз Саидакбар сабаби дишаб ба ганггак нарафтанашро пурсида гуфт:

- Як мехмонхона одам аз ду соат зиёд ба шум о нигарон шуданд, аммо шумо нарафтед. Ин хуб нашуд.

- Ман рафта будам,- гуфт Саидакбар,- аммо надаромада баргаштам.

- Чаро?- К,орй Махмуд таачубкунон пурсид.

- Зеро сохибхона ки савод надорад, маро номбар карда "фалонй то хол наёмад" гуфтанашро бо гуши худам щунидам. Номи маро, ки толибилми мадрасахои Бухоро мебошам, ба забои гирифтани як одами бесавод магар дар хавди май беодоби нест? Бинобар ин "Зиёфаташ сарашро хурад" гуёи аз паси дари мехмонхонааш баргашта омадам.

Кори Махмуд кахгкдхзанон хаидида гуфт.

- Барои хар кас ва хар чиз як ном лозим аст, ки хеч набошад дар гайби он кас ва он чиз номро ба забон гирифта аз вай ran зананд. Акнун ки шумо аз номи падаратон ба шумо дода ор мекарда бошед, ба шумо як номи бисьёр калон медихам, ки аз вай ор накунед ва бо гирифтани он ном шуморо фахмем. Ин ном ба фахми ман "Парвардигорхуча" аст, ки номи худост ва дар дунё аз ин ном калонтар ном нест. Азбаски ба "Парвардигор", ки номи худост, барои шумо як калимаи "хуча" хам хамрох мешавад, аз номи худо хам калонтар мешавад, ки ба шумо бисёр муносиб аст.

Х,ама дар ханда шуданд, Саидакбар шурид. Аммо дар чамоат чизе гуфта наметавонист. Ночор дар газаб шуда, аз чояш часта хеста, ба хонаи худ рафт ва чандин руз ба куча - ба миёни мардум набаромад, лекин унвони "Парвардигорхуча" ба у махсус шуда монд(76,137).

Дар ин тасвирот ду чизи мухим зикр шудааст, ки мавриди истифодаи ном ва эхтиромро нишон медихад. Саидакбар аз он ранчидааст, ки сохибхона "фалонй (яъне Саидакбар) то хол наомад" гуфтааст, яъне дар чамъият номи касеро гирифта, сухан гуфтан ифодаи беэхтиромй будааст. Вале аз тавзехи К,орй Махмуда хушгапу хушгуфтор маълум мешавад, ки дар гоиби одамон онхоро бо номашон ёдовар шудан, дар бораи онхо ran задан маъмул аст, хилофи одоб, бехурматй нест. Хдмин тавр, яке аз омилхои асосии ифодаи эхтиром хузур доштани шахси сохибэхтиром дар муошират мебошад. Аз ин чихат ибораи одоби муошират ба миён

омадааст. Дар одоби муошират омилхои асосй кдробати хамсухбатон, хешу таборй, мартаба, хираду фазилат ва синну сол ба шумор меравад. Ба падару модар, хешу акрабо, устоду муаллим, бузургони илму фарханг, сарони давлату мазхаб, калонсолон бо эхтиром муомила кардан асоси одоби муошират аст.

Тарзу усули ифодаи одоби муошират, роххои сурат гирифтани эхтиром дар забони точикй фаровон буда, аз гановату тавоноии он шаходат медихад.

ТАДКИКИ КАТЕГОРИЯМ ЭХТИРОМ ДАР ЗАБОНШИНОСИИ ТОЧИК

Ба тадкики категоряи эх,тиром дар забоншиносии умумй олимони забоншинос бавоситаю бевосита тадкикот бурдаанд. Вале забоншиносони точик ба тахкики категорияи эхтиром бевосита маннул нагардидаанд. Олимони точик хангоми тахкики масъалахои дигар, махсусан тахкики чонишин хамчун хиссаи мустакили нутк,, баёнияхо ба сифати як масъалаи боби нахв ва ё бандакхо, хамчунии хангоми таълифи китобхои дарсй, ба ин масъала ру овардаанд.

Дар рисолаи номзадии А.Л.Бухоризода "Вазифахои суффиксчоншинхо дар забони адабии хозираи точик", ки соли 1954 химоя гардидааст, дар ин боб ишорахо хает (10,17).

Масъалаи хурмат ва хоксорй хангоми баррасии боби чонишин дар нахустин Грамматикаи забони точикй барои мактабхои олй равшантару васеътар дарч шудааст. Муаллифи боби Ч,онишин С. Ч,. Арзуманов барои хурмат ва хоксорй кор фармуда шудани чонишинхои шахсии шумо ва мо ин тавр навиштааст: "Ч,онишини мо ба чойи чонишини ман дар забони хозира, бештар дар нутки гуфтугуй хамчун аломати хоксорй �