автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему:
Персидская поэзия XX века

  • Год: 2006
  • Автор научной работы: Сафаров, Умарходжа Рахимович
  • Ученая cтепень: доктора филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.03
Диссертация по филологии на тему 'Персидская поэзия XX века'

Текст диссертации на тему "Персидская поэзия XX века"

Республика Таджикистан

ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ

УНИВЕРСИТЕТ

Сафаров Умарходжа Рахимович

Персидская поэзия XX века (эволюция содержания и формы)

10.01.03- Литература народов стран зарубежья (персидская литература)

Диссертации

на соискание ученой степени доктора филологических наук

Научный консультант: доктор филологических наук, .....Холгжямурадов ОХ

Президиум ВАК Минобрнауки Росси

200_£/г, №

Душанбе -

решил выдать диплом ДОКТ

/ наук

»ела

Ч,умхурии Точикистон Донишго^и давлатии миллии Точикистон

Шеъри форси дар асри XX (тахдввули мазмун ва шакл)

Рисола барои дарёфти дарачаи илмии доктори илмхои филология ихтисоси 10.01.03 Адабиёти халкхои мамолики хоричй (Адабиёти форси)

Мушовири илмй: доктори илми филология Хочамуродов Олимчон Х,амроевич

Душанбе 2006

Мундарича

сад

Мукаддима.................................................................... 3-14

Боби I. И н кил оби Машрута ва огози ахди чадид дар шеъри форси

1.1 Вазъи сиёсй- ичтимоии Эрон дар ибтидои асри

XX ва болоравии афкори ичтимоии эрониён.............15-41

1.2 Шеъри форси дар давраи шщилоби Машрута...................41-56

1.3 Шоирони маъруф ва эчодиёти ондо................................56-100

Боби II. Нимо Юшич ва тахдввули шеъри форсй

2.1 Мухтасар дар бораи Нимо ва фаъолияти эчодии у............101-114

2.2 Мушаххасоти шеъри Нимо аз дидгох,и адабй -

эстетикии муаллиф.....................................................114-141

2.3 Вижагих,ои шеъри Нимо Юшич....................................141-159

2.4 Таъсири Нимо дар арзёбии шеъру абзори шеърй...............159-215

Боби III. Маъруфтарин давомди^андагони мактаби Нимо.

а) Адмади Шомлу......................................................... 216-238

б) Хушанг Ибтихрч, Соя................................................. 238-262

в) Сиёвуши Касрой........................................................ 262-300

г) Махдй Ахавони Солис............................................... 300-308

Боби IV. Шеъри форсй дар ахди чадид ва даврабандии он.

(Чараёнхои шеър бар мабнои суннат ва навоварй )................ 309-319

4.1 Ч,араёнх,ои шеъри форсй дар ахди чадид....................... 319-342

Хулоса......................................................................... 343-348

Руйхати адабиёт............................................................ 349-366

Мукаддима

Зимни арзёбй аз даврах,ои чудогонаи шеъри форси нахустин омиле, ки пажу^андаро ба тааммулу андеша вомедорад, буъду густурдагии мавзуъ, касрати а^ли сухан, танаввуи фунуни шеърй, вучуди равишу шевах,ои адабй, ороишх,ои адабй ва дигар вижагих,ои махсуси шеър аст, ки дар тули умри беш аз х;азорсолаи адабиёт дар масири рушду камолаш хдмрох, бо тахдввулу навасонх,о будааст.

Албатта, перомуни адвори шеъри форси, чараёну мактабх,ои адабй, осори шоирони хдр давра адабиёти тахдик;й фаровон аст. Адабиёти тахдщии мавчудро метавон ба ду к;исм чудо намуд: Нахуст осоре, ки хдмсолу хдмзамони давраи мавриди назар аст ва дуввум осоре, ки дар замонх,ои пасин, бахусус дар асри х,озир таълиф гардидааст. Тафовути замонй дар арзёбии дидгохдои мухдк;к;ик;он омили дигарест, ки барои пажухднда мушкил э^од мекунад.

Мавзуи рисолаи х,озир баррасии шеъри форсй дар асри XX аст. Мах,зи хотири ин, к;абл аз хдма хотирнишон бояд намуд, ки марзгузорй дар таъини даврах,о ва махсусан ахди чадиди шеъри форсй омили умдаест, ки бархурди андешмандонаро такозо мекунад. Зеро хдмон гуна, ки аз навиштах,ои мудаккикон равшан аст, даврабандии адабиёти форсй ва аз чумла назми форсй аз ч;ониби пажудишгарони дохиливу хоричй бор^о сурат гирифтааст. Аз ин руст, ки набудани назари ягона барои умури тахдикй дар ин замина душворй эч;од мекунад. Барои равшан шудани масъала дар чунин маврид лозим аст аз раванду рухдодх,ои таърихй- ичтимой кумак гирифта шаванд. Зеро тавре, ки аз тачриба бармеояд, накши падидах,о ва хдводиси таърихй дар зухуру рушди такомули даврах,о ва ч;араёнх,о, сабкх,ои адабй, фунуни шеърй них,оят муассир аст.

Эрон пас аз салтанати хонадони сафавй анкариб к;арору сукунро фаромуш карда буд. Пас аз вожгун гаштани ин сулола кишвар то истщрори комили хонадони кочор гиребонгири чднгу чидолх,ои пайдарпай ва ноамнй буд. Бар асари ин ^аводиси нохушоянд Эрон

кисмате аз сарзаминх,ояшро низ аз даст дод. Танх,о дар поёни хукмфармоии Фат^алихони к;очор буд, ки дар кишвар як фазой нисбатан орому сулх,омез падид омад.

Дар давраи салтанати кочория равобити фархднгиву сиёсии Эрон бо кишвардои урупой равнаку густариши чашмгире пайдо намуд. Давраи хукмронии Носириддиншод, ки цариб 50 сол тул кашид, заминах,ои лозимро барои хдводиси умдаи огози асри XX фародам сохта буд, ки зикрашон аз хдвсалаи ин рисола берун аст.

Аммо мах,з дар админ давраи кочория аст, ки шеъри форси вориди давраи тозае мешавад. Махсусан чах,оряки охири асри XIX шавох,иди бориз дорад. Перомуни ин масоил К. Чайкин эроншиносу донишманди факдди рус иттилоъ додааст. Номбурда зимни натичагирй аз вижагщои асосии шеъри давраи к;очор чунин менависад: «Адабиёт дар поёни аср (манзур асри XIX У.С.) на танх,о руди тоза, шакли нав, балки мазмуни навкасб мекунанд» [100, 35].

Арзёбии Ях,ёи Ориянпур рочеъ ба вижагидо ва мухдмтарин падидахои давраи нави адабиёт, замони шуруй надзати адабй дигаргуна аст. Номбурда акида дорад, ки чустучуи шевах,ои нав, ромои тоза дар миёни шоирон хеле барвакг шуруъ гардида буд. Ба нигоштаи у «Дар нимаи дуввуми к;арни дувоздах,ум, авохири давраи афшорх,о ва каме пеш аз он, ки Фатхдлишод гуяндагон ва суханваронро дар даргохд бошукух,и худ гирд овард, зехди мардум аз сабки мутакалифи давраи мугул ва темуриён ва иборатпардозщо ва нуктасанчих,ои сабки х,индй озурда ва малул гардид ва нах,зати нисбатан мудиме дар шеъри форси огоз шуд» [274, 13].

Манзур аз ин нах,зати адабй чараёни «бозгашти адабй» буд, ки дар адабиётшиносии дохиливу хоричй зикраш зиёд рафтааст. Иддае аз донишмандон бар ин акидаанд, ки чараёни «Бозгашти адабй» мах,сули андешаву тааммул ва ибтикори чанд нафар аст.

Ammo бархилофи аглаби адабиётдощо устод А.Зарринкуб муътак;ид аст, ки зух,ури «бозгашти адабй»-ро набояд хдргиз кори як руз, ду руз ва косили хостах,ои касони чудогона донист. Мунак;к;иди мудтарам баъд аз баррасии муфассали ин чараён чунин натича мегирад: «Бо он ки масъули вокеии ин чараёнро наметавон он гуна, ки баъзе мунтакидон пиндоштаанд, танх,о завку саликаи амсоли Муштоку Озару Сабодй донист, албатта, накдш онхо дар тамдиди мабонии ин на^зат, ки Сабох,й онро ик;тифои устодон мехонад, добили мулох,иза буд» [188, 481].

Кдйсари Аминпур дар рисолаи худ зимни баррасй ва арзёбии меросу корномаи бозгаштиён амали ондоро бесуду бархадар медонад. Аз дидгох,и у дар кори онх,о аз ибтидо аз навоварй нишоне нест, «Шоирони давраи бозгашт на тащо иддаои навоварй надоштанд, балки худ ва истеъдоди худро фидо кардаанд, то ин чараёни индирофиро ба заъми худ ба сарчашмаи аслй баргардонанд, гофил аз он ки«наояд ба чу боз обе, ки рафт». [129,272].

Нуктаи дигар ин аст, ки аз миёни хамаи шуарое, ки аз чараёни «Бозгашти адабй» пайравй менамуданд, танх,о ду нафар дар ашъори худ ба масоили ичтимоии замони худ таваччух, доштанд: Ягмои Чдндак;й ва Фатхалихони Шайбонй. Адибони мазкур дар радифи таваччух ба суннатх,ои мавчуди адабй, ранчхову дардхои ичтимоии хешро дар ашъорашон инъикос менамуданд.

Дар х,оле, ки пайравони дигари ин надзати адабй ба чуз такдиди мазомину мух,таво ва ^олабх,ои шеърии шоирони пешин хдрфи дигаре надоштанд ва наметавонистанд ба таври ростин огозгари давраи нави шеър бошанд. Давраи чадиди шеъри форсй марбут ба тагйироти авзои ичтимой буд, ки бо вукуи Инк;илоби Машрута ибтидо ёфт.

Мах,зи хотири ин, боби аввали рисоларо, ки «Ищилоби Машрута ва шеъри муосири форсй» номгузорй шудааст, ба тахдилу

арзёбии та^аввулу тагйиротх,ои бунёдй дар шеъри ибтидои аср ихтисос додем. Зеро бо зухури Инвдюби Машрута дар таърихи сиёсй-ичтимой ва фархангиву адабии Эрон са^ифаи тозае боз гардид. Дар боби мазкур сайъ намудем вазъи Эронро дар абъоди мухталиф: сиёсй-ичтимой, фархднгй тарсим намоем.

Тахаввулу дигаргунй дар авзои ичтимой ба гунае муассир буд, ки раванди шеъри форсиро комилан дигаргун сохт. Эхтиёчоту ниёзмандих,ои замон так;озо менамуд мазомину мафохдми шеър тагйир намояд. Забони шеър вориди мачрои нав гардад. Дар забони шоирон вожагони чадидбуруз намоянд.

Дар давраи аввали ищилоб, тавре ки дида мешавад, шеъри аглаби шоирон аз нигох,и мух,таво, мазмуну мундарича тагйир ёфта буд, к;олабх,о бошанд, ба таври комил муроот мешуданд. Дар чомеаи онрузй бо пирузии Инкилоби Машрута чунин як вазъе саррасида буд, ки тамоми масоил ба гунае ба мардум ва ичтимоъ иртибот мегирифт. Инкдлоби Машрута шоиру шеърро аз дунёи пуршукуху мучаллале, ки мутааллик; ба дарбору дарбориён, ё ба к;авли дигар, марбут ба гуруди хосе буд, чудо намуд.

Шоир эхсос менамуд, ки мухотабони у дигар теъдоди маъдуде аз одамон нестанд, балки бо чомеа, бо мардум сару кор дорад.

Хусусияти дигари ин давра аз он иборат буд, ки нигориш ва диди шоирон нисбат ба чах,он дигаргун шуда буд. Шоирони давраи Машрута аз эчоди ашъори хеш аз нигохи сохти фаннй, яъне забону мусикй ду родро баргузида буданд. Яъне, шоирони давраи Машрута ба ду гурухи ало^ида чудо мешаванд. Нахуст адибоне, ки пайравони сарсахти анъанахову суннатх,ои шеъри к;адим буданд.

Бар хилофи ин гурухд дуввуми шоирон ба майдон омада буданд, ки ба к;арору мавозини шеъри форсй пойбандиву дилбастагй надоштанд. Алорагми гурухи аввал, ки таркиботу иборот ва забони фохиру пурсалобати шеъри кдцимро муроот

менамуданд, дуввумй ба таври вофир аз забони кучаву бозор кор мегирифтанд.

Дар фаслдои баъдии боби ёдшуда кушиш намудаем, то ба максади равшан шудани масоили мавриди тадкик; таваччу^и гузаро ба замина ва сабабдои даврони тадаввули фикрй, ё бедории фикрии мардуми Эрон дар ибтидои асри XX мабзул дорем. Зеро ошной ва тадк;ик;и андешаву акоид ва пажудишдои донишмандону мутахассисон, таърихшиносоне, ки шуморашон ру ба фузунист, касро ба чунин натичд мерасонад, ки дар бедорй ва тадаввули маънавии эрониён дар радифи авомили зиёд чанд омили созанда ва калидй вучуд дошт, ки бе хузури ондо шояд деч гуна тагйире дар зеднияту айнияти чомеа сурат намегирифт. Омилдо, ё заминадои муассиру коргар дар тагйири фазой фардангй, ик;тисодй ва сиёсии кишвар к;абл аз дама густариши иртибот бо дамсоягони дуру наздик, вуруди намояндагони кишвардои пешрафта ва аксар давлатдое, ки инк;илоби буржуазиро пушти cap намуда буданд ва дар зиндагиашон даврони шукуфони сармоядорй огоз гардида буд, мадсуб мешаванд. Дар ин миён эъзоми донишчуён ба кишвардои гарбй, донишандузй дар риштадои мухталиф низ барои рушду нумуи сареи чомеа муассир буд. Зеро ошной ба тадаввулоти чадиди илмй-ик;тисодй ва сиёсии магрибзамин чашмдоро боз мекард ва ва ононро нисбати пешрафту инкишофи кишвар ба тааммул вомедошт. Ривочу равнаци чопхонадо, ки мудимтарин василаи густаришу интик;оли афкори навину пешрафта аст, ки дар тагйиру тадаввули чомеаи эронй нидоят корсозу коргар буд.

Гузашта аз дамаи ин, дар масири ёдшуда дар радифи дигар омилдо тарчумаи адабиёти фардангй, чи илмй ва чи адабй, нащпи нидоят чашмгир дошт, ки рочеъ ба мудимтарин шохисдои ин авомил дар зерфаслдои боби аввал сухан рафтааст. Нукгаи дигаре, ки дар боби нахуст ба таври чудогона атрофаш бадс шудааст, фунун ё жанрдои мустаъмали даврони Инк;илоби Машрута аст. Жанрдои

7

марсуми давраи иэдилоб хдрчанд тозагии зиёди мудтавой доранд, вале дар колаб дигаргуних,ои боризе надоранд.

Дар ин к;исмат назару дидгохдои пажухдшгарони гаронкадри адабиёти Эрон устод Абдулхусайн Зарринкуб, Мухаммадризо Шафеии Кадканй, Ризо Барохднй, Абдуалй Дастгайб, Мухдммад Х,ук;ук;й ваг., ба гунае чамъбандй шудаанд. [165; 188; 133; 234; 153;].

Равшан аст, ки маъмултарин к;олабе, ки зимни баррасии даврони Машрута чалби назар менамояд, газал ва газалворах,ост, ки бо саъю эх,тимоми адибоне мисли Маликушшуарои Ба^ор, Фаррухии Яздй, Орифи К^азвинй, Мирзода Ишк;й чах,ордевори худро ба шева^ои мухталиф аз мазомину мафо^ими гиной, иищй, гулу булбул поксозй мекунад. Дар забони пурсалобату пиростаи газали ку^ан рагах,ои тачдиду тачаддуд зухур мекунад. Рушду такомули зиндагии ичтимой, ниёз ба чалби назари мардум пайкари газалро моломоли андешаву мазомини нав, аз кабили эх,соси ватандустй, миллият намуд. Бо забони марсуми газали форсй вожагоне дохил гардиданд, ки то Машрута вуруди онх,о ба колаби газал гайри цобшш тасаввур буд. Ч,анбах,ои амрй-дархостй ва хитобй дар газали ин давра неруманд мегарданд. Вале руи^амрафта, дар газали Машрута кабл аз шеърият э^сосу андеша, ки печида ба хосту ак;оиди омма буд, афзалият дошт. Дар радифи газал дар даврони инкилоб жанр^ои тарона ва тасниф густариши крбили мулодиза пайдо намуд. Зеро таронаву таснифх,о бо доштани вазнх,ои чудогонаи содаву кутох, ва гушнавоз аз кддим миёни мардуми одцй маътуф буданд ва назари мардумро ба худ маътуф медоштанд.

Яке аз сабабх,ои маъруфияту мах,бубияти ин к;олаби мардумписанд, ба акидаи аксарияти пажух,ишгарони адабиёт, он буд, ки муаллифони таснифу таронах,о аглаб худ ба шахрх,ову рустох,о сафар намуда, миёни мардум намоишдои дунарй тартиб медоданд. Таснифу таронах,ояшонро бо овоз мехонданд, ки ин хеле

адамият дошт. Гузашта аз ин, чун ба завку салила ва табъу аздони мардум созгор буд, ба зуди миёни мардум падн мегардид ва дар них,оди он до чунбишу тадаррук, эх,соси худогохдву ватандориро эчод менамуд.

Ба чуз газалу таронаву тасниф дар замони шщилоб к;олабх,ои дигаре, ки мавриди назару писанди шоирон в;арор гирифтаанд, мустазоду мусаммат буд, ки перомуни собщаву авчу фуруди онх,о дар рисола муфассал сухан рафтааст.

Бахши охири боби нахусти рисола ба тахдилу баррасии корномаи машхуртарин намояндагони адабиёти даврони Машрута Маликушшуаро Бах,ор, Орифи Кдзвинй, Мирзода Иищй, Фаррухии Яздй, Саидашрафи Гелонй, Алй Акбари Дехдудо бахшида шудааст. Албатта, хдмрадифи ин шоирон адибони дигар низ буданд, ки дар замони инцилоб к;аламфарсой намуданд. Вале шеъри онх,о аз лих,ози шинохти раванддои сиёсиву фардангй-адабии чомеаи онрузй фарогири масоили х,одди аср, мазмуну мудтаво, тахдввулоти адабй, инъикоси нафасу рух,и замон, дар сатхд ашъори шоирони мазбур бар мардум таъсиргузор набуд.

Шоирони ёдшуда, ки дар рисола перомуни эчоду накдш осорашон муфассал сухан рафтааст, мазиятх,ои зиёде доштанд. Кору фаъолияти онх,о тандо ба сурудани шеъру тарона махдуд намешуд. Аксари онх.0 даргири фаъолиятх,ои сиёсй буданд. Имтиёзи рузномаву мачалладоро дар ихтиёр доштанд. Малому манзалати эшон дар адабиёти ахди чадид ва махсусан даврони инкделоб дар як поя нест ва мухдщсщон низ зимни арзёбих,ову к;азовати худ аз адабиёти Машрута бадон ишора кардаанд. Албатта, ин тамойизи хунариву адабй иллати дигаре хдм дошт ва он ин буд, ки сатди донишу иттилои 0HX.0 дар адабу фархднги пешин ва ба таври умда фархднги чах,он яксон набуд. Ч,ои басо афсусу дарег аст, ки замона, зиндагй низ бо ощо номехрубон буд ва аглаби онх,о бар асари

фаъолиятдои сиёсии худ ё сарбанест шуданд, ё ин ки хеле чдвон падруди зиндагй гуфтанд.

Нидоят, мазияти дигари эшон ин буд, ки ондо беш аз дар каси дигаре ба муцтазиёту ниёзмандидои миллату мамлакати худ пай бурда буданд, аз ак;ибуфтодагии кишвар ранч мебурданд. Эшон бо душу кдридадои сузоне, ки доштанд, дарк намуда буданд, ки Эрон ба хотири пешрафту таракдй, к;абл аз дама, бояд аз занчири бегонагон, аз зулму тааддии сардамдорони вак;т радой ёбад. Фикру андешаи радой, озодй барои онон мавзуи руз, масъалаи даёту мамот буд ва он мадз бо баракати ондо ба як дисси мардумй табдил гардида буд. Малому чойгоди ондо дар адабиёти адди чадид яксон нест. Вале садми дар яки ондо чи бешу чи кам ба тавре аст, ки бе зикри номи яке аз ондо тасвири вазъи адабии даврони мавриди назар номукаммал ходад монд. Мадзи хотири ин, дар ин бахш сайъ намудаем, то дидгоддову назариёти мавчуд перомуни ондо ба дам к;иёсу чамъбандй гардад.

Дар имтидоди.даврони Машрута дар паднои шеъри форсй ду чиноди адабй ба таври пайгир вориди саднаи мубориза шуда буданд, ки бадон дар боло ишора намудем ва ин мубориза махсусан баъд аз фуру нишастани чанги чадонии аввал шидцати махсус касб кард ва ба андозае ба пирузиву тавфики чиноди навгароён анчомид, вале чиноди суннатгаро низ б о адами эътинову боварй ба зиндагии пешини хеш идома медоданд. Ч,онибдорону сарсупурдагони тачаддуд ва навгарой кам набуданд, вале номдортарини ин чинод Такй Рафъат, Шамси Касмой буданд, ки аввалиро бузургтарин назарияпардозони тачаддудходй шинохтаанд. Шамси Лангрудй дар радифи ин пешгомони шеъри навпардозона аз Чдъфар Хоманай ва Абдулк;осим Лодутй низ ном мебарад ва ба ин авдда аст, ки нахустин шеъри навро дар Эрон Абулк;осим Лодутй соли 1288 дичрии шамсй сурудааст[245,49].

Шояд дамин тавр дам бошад, вале осори бокимонда аз ин чадор шоири ёдшуда ба деч вачх имкон намедидад, ки аз ондо дамчун бунёдгузори шеъри нав ном бурд. Шеъри нави форси ба номи Нимо Юшичи мозандаронй пайванд мегирад. Мадзи хотири ин, мо боби саввумро ба баррасии нак;шу чойгоди Нимо Юшич дар тадаввулу тагйири шеъри чадиди форси ихтисос додем.

Бояд гуфт, ки Нимо Юшич бе шакку шубда аз бунёдгузорон ва ба навиштаи мудаккикон «падари шеъри нав»-и Эрон мадс�