автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.09
диссертация на тему:
Приметы как жанр таджикского фольклора

  • Год: 2003
  • Автор научной работы: Рахимов, Дилшод
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.09
Диссертация по филологии на тему 'Приметы как жанр таджикского фольклора'

Текст диссертации на тему "Приметы как жанр таджикского фольклора"

Академияи илмхои Чумхурии Точикистон Институти забон ва адабиёти ба ном и Рудакй

На .\-уклш дастнавис

Рахимов Дилшод

Шугун хамчун жанри фолклори тоник

10.01.09 - Фолклоршиио си

Рисола барои дарёфти унвопи номзади илми филология

Устоди разнимо: доктори илми филология, профессор Равшан Раумоиов

Душанбе - 2003

Академия наук Республики Таджикистан Институт языка и литературы им. Рудаки

На правах рукописи

f\ Рахимов Дилшод

у

Приметы как жанр таджикского фольклора

10.01.09 - Фольклористика

Диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук

Научный руководитель: доктор филологических наук, профессор Рахмонов Равшан

Душанбе - 2003

Мундарина

МУНДАРИЧА................................................................................1

МУКАДДИМА...............................................................................4

БОБИ ЯКУМ. Хусусиятхои жанрии шугун..............................14

а) Бахе дар масъалаи истилох........................................................14

б) Хусусиятхои жанрии шугун.......................................................23

в) Функсияхои шугун.....................................................................26

г) Навъхои шугун..........................................................................37

Анвои шугунхо вобаста ба мундаринаи онхо.........................37

Шугунхои мушохидавй.............................................................40

Шугунхои табий-вокей..............................................................40

Шугунхои хурофй......................................................................46

Шугунхои амалй........................................................................48

Мамнуъ.......................................................................................49

Шугунхои асотирй.....................................................................51

Анвои шугунхо вобаста ба шакли онхо....................................56

Шугун-нишонахо.......................................................................56

Шугунхои манзум......................................................................59

Ч,уфтшугунхо..............................................................................61

БОБИ ДУЮМ. Ч,ойгохи шугун дар миёни жанрхои хурди

фолклорй ва маросимхои мардумй.........................................67

а) Тафовут ва умумияти шугун бо навъхои дигари паремиологияи

тоник...........................................................................................68

Шугун ва зарбулмасал..............................................................70

Шугун ва макол..........................................................................72

Шугун ва таъбири хоб...............................................................74

Шугун ва маслихат....................................................................76

Шугун ва касам..........................................................................78

Шугун ва дуо..............................................................................80

Шугун ва афсун..........................................................................82

Шугун ва панд............................................................................85

Шугун ва велеризм.....................................................................87

Гузариши як паремия ба паремияи дигар..................................89

б) Шугун ва анвои фолгирй...........................................................93

Маросими фолгирй....................................................................95

Фолгирй аз руи мучал................................................................96

Хиромантия................................................................................98

Чехрашиносй..............................................................................99

Библиомантия............................................................................99

Фол аз руи картахо....................................................................101

Фол аз руи бурчхои дувоздахгона............................................101

в) Шугун дар рузгори мардум......................................................103

Шугун дар чашни арусй............................................................105

Шугун дар маросимхои мотам.................................................109

Чашни Шогунй дар Бадахшони Точикистон.........................112

г) Чораи пешгирии фоли бад дар шугунхо.................................117

д) Шугунхои нав...........................................................................119

БОБИ СЕЮМ. Поэтикаи шугунх.0...........................................125

а) Сохтори забонии шугунхо.......................................................125

Лексикаи таркиби шугунхо......................................................129

Хусусиятхои морфологи...........................................................132

Хусусиятхои синтаксисй..........................................................137

Вариантнокии шугунхо............................................................140

б) Воситахои тасвири бадей.........................................................143

Персонажу образхо..................................................................144

Санъатхои бадей.......................................................................146

Хусусиятхои назмии шугунхо..................................................153

в) Таснифи мавзуии шугунхо.......................................................157

ХУЛОСА.......................................................................................161

АДАБИЁТ..................................................:..................................169

Ба забони точикй.....................................................................169

Ба забони русй..........................................................................174

Ба забонхои хоринй..................................................................180

Адабиёт аз сахифахои Интернет..............................................182

РУЙХАТИ ГУЯНДАХР...............................................................183

Мукаддима

Дар фолклоршиносии точик бисер масъалахои умумй ва жанрхои адабиёти шифохй аз тарафи пажухандагони дохилию хоричй то хадде тахкику баррасй гаштаанд. Махсусан баъзе масоили назариявии назму насри шифохй, драммаи халкй ва намунахои гуногуни фолклори маросимии охири садаи XIX, нимаи аввал ва солхои 60-70 садаи XX бо методхои фолклоршиносии шуравй тахкик шуда, натичахои назаррасе додаанд. Аммо дар замони шуравй як бахши мухимми фолклори точик, ки аслан вобастагй ба дин, боварй, эътикод ва хурофот дошт, гирдоварй ва тахкику тахлил нашудааст. Акнун аз як тараф пас аз истиклолияти Точикистон барои омухтани хамачонибаи тамоми суннатхои мардумй аз чумла осори фолклорй рох боз шуда бошад, аз тарафи дигар бухрони шадиди иктисодй мамониат мекунад, ки фарханги мардумй худро бештар ва хубтар мавриди баррасии чиддй карор дихем. Бо вучуди ин хама дар 1012 соли охир он мардумшиносоне, ки ошики фарханги мардумй худ буданд, ба таври алохида корхоеро ба анчом расонидаанд ва аз чумла он жанрхои адабиёти шифохиро, ки дар гузашта ба мавчудияти онхо чандон таваччух надоштанд, гирд оварданд ва дар бораи онхо ба таври мухтасар бошад хам, ибрози назар карданд. Масалан, рочеъ ба дуо, фол, шугун, касам ва дигар анвои бовархои мардум [ниг.: Наимбоев, 1989; Муродов, 1990; Фолнома, 1992; Рахмонй, 1993; Тилавов, 1994; Рахмонй, 1998].

Маълум аст, ки хурофот тафаккури инсонро махдуд сохта, ур° аз мустакил андеша кардан ва фаъолият намудан бозмедорад, чуноне ки ин падида дар замонхои кадим буд. Имрузхо дар чомиаи мо шахсони зиёде хастанд, ки ба акидахои хурофии беасос бовар карда, онхоро густариш медиханд. Тафаккури ин кабил одамон бо пардаи хурофот печонида шуда, онхо худро хеч гох озод хис намекунанд ва аз хурофотписандии худ

хамеша дар тарсу биманд. Чунончи, сахаргох агар гурбае рохи муътакидонро убур кунад, онхо ё аз рохи худ бармегарданд, ё дилсардона аз паи кори хеш мешаванд. Дар натича чунин шахсон он руз рухан музтариб буда, ба касбу кори худ дилсардона машгул мешаванд. Хамаи инсонхо дар хуни худ тарси генетики доранд, ки аз ачдодон, аз одамони ибтидой наел ба наел интикол ёфтааст ва ин тарси ирей сабаби пайдоиши як катор беморихои рухй шуда метавонад. Аз ин ру яке аз ахамиятхои риеола дар он аст, ки мардум бояд бо донишхои вокей ошно шаванд ва хакикатро бар аеоси гуфтахои илмй бифахманд.

Шугун яке аз чунин жанрхои хурофотй мебошад, ки то ба имруз дар зиндагии ичтимоии мардум фаровон ба кор рафта, вале он гирдоварй ва тахкик нашудааст. Аз ин ру мо таемим гирифтем, ки дар рисолаи худ дар бораи ин жанр сухан ронем ва мавкеи онро дар байни жанрхои дигари фолклорй муайян намоем ва мохияти онро дар таърихи фарханги суннатии мардуми точик нишон дихем.

Вокеан хам ин жанр моро водор месозад, ки ба решахои асотирии мардуми худ бештар таваччух намоем. Х,амчунин дар пайванди имрузу гузашта чи накше доштани онро муайян кунем. Чунки махз шугун чун эътикод ва бовари мардум барои бештар ва дакиктар омухтани ин ё он ходисаву падидахои зиндагй ва табиат ёрй мерасонад. Ин жанр дарбаргирандаи нишонахое аст аз таърихи шифохии гузаштаи дур ва баъдии мо.

Аз он замоне, ки мо ба омухтани хамачонибаи ин жанр шуруъ кардем ва ба таври чиддй ба гирдоварии он машгул шудем, худ аз худ саволхои зиёде пайдо шуданд: чаро мардум ба ин гуна хурофот бовар доранд? Чаро онро ба наслхои баъдй бо боварии комил интикол додаанд ва медиханд? Чаро ба ин нишонахои хурофотй ихлос мекунанд? Чаро гохе шахсони саводнок низ тибки гуфтаи шугунхо рафтор мекунанд? Сарчашмаи

шугунхо кадомхоянд? Ин ва садхо саволи дигаранд, ки мохияти омухтани шугунхоро бештар менамоянд ва пажухандаро водор месозанд, ки дар бораи ин матнхои хурофотй фикр кунад ва ахамияту мавкеи онро дар хаёти моддй маънавии мардум нишон дихад. Хамин гуна саволхо буданд, ки диккати фолклоршиносон, мардумшиносон, устурашиносон, номиашиносон ва солхои охир психологхо ва дигар пажухандагонро дар арсаи байналмилалй, дар канори жанрхои дигар, ба худ чалб намудаст [ниг.: Тайлор, 1989; Фрезер, 1986; Фрейд, 2001].

Точикон, ки яке аз миллатхои кухантарини дунё хастанд ва дар хар каломи шифохии онхо розхои чолибе аз зиндагии пешин нихон аст, пас бояд мо ба хар кадоми он ба таври чудогона бояд таваччух намоем. Махз аз хамин сабаб диккати моро жанри шугун ба худ чалб намуд.

Шугун матни муайяни шифохист, ки ба мисли зарбулмасалу макол шаклан хурд буда, хусусияти асосии он аз руи ягон нишона, ходиса, рафтори чонварон ва холатхои инсон фол гирифтан, пешгуй кардан аст. Масалан, вахты хамир кардан хамир паррад, мс.умип мсбияд[Ы 1]. Ё худ, аз щфои мс'^мои цорув занй, щдамаш аз холст канда мсшад [Р.П.]. Ин гуна матнхо дар байни мардуми точик аслан номи дакике надоранд. Дар манотики мухталифи Точикистон бо номхои ирим, гапои кул;иа, ацида (дар вилояти Сугд, н. Х,исор, н. Шахринав), эрум, эрим (н. Файзобод, н. Вахдат), ирум (н. Кулоб), шугун (шимоли Афгонистон) ва монанди инхо дучор мешавем, ки барои ифодаи мафхуми шугун ба кор мераванд. Инчунин лозим ба ёдоварй аст, ки истилохоти ирим, акцда, боварй, фол, кррина ва хосият-ро, ки баъзе фолклоршиносон дар мачмуахояшон ба кор бурдаанд, мафхуми аслии шугунро ифода намекунанд. Мо дар боби аввали рисола рочеъ ба масъала истилохи шугун муфассал сухан хохем ронд.

Пажухишгарони фолклори точик ба мавзуи шугуну бовархои мардумй камтар сарукор дошта бошанд хам, вале дар мавридхои муносиб ба ин

жанр таваччух. намудаанд. Бояд гуфт, ки мардумшиносони чи дохилй ва чи хоричй хангоми баррасии ин ё он масъалахои расму оинхои мардумй, чун эътикод ва боварии онхо ба шугунхо низ такя кардаанд ва намунахое аз ин жанрро оварда, дар кадом маврид истифода шудани онхоро ёдрас шудаанд [ниг.: Семенов, 1903; Андреев, 1923; 1927; 1953; Кисляков, 1959; Сухарева, 1975; Пещерева, 1927; Рахимов, 1957; Муродов, 1990; Бобоев, 1997; Неменова, 1998; Мардонова, 1981; 1998; Нумъаев, 2001 вадигарон].

Х,амаи ин пажухандагони дар боло номбаршуда кушиш намудаанд, ки як андоза мавкеи шугунро дар маросимхои арусй, мотам ва дигар расму оинхои мардумй нишон диханд. Вале хеч кадоми онхо дар бораи хусусиятхои жанрии шугун хамчун матни фолклорй, хусусиятхои шаклй ва бадеии он сухан нагуфтаанд.

Дар 10-15 соли охир пажухандагони дигар намунахои шугунхоро нашр карданд [ниг.: Наимбоев, 1989; Чалишев, 1990; Обидов, 1992; 1994; Рахмонй, 1993; Крдиров, 2000] ва зимнан дар бораи баъзе чихатхои ин жанр назари худро низ ба таври кутох гуфтаанд. Масалан, Д.Обидов дар навиштахои худ ба баъзе чихатхои хоси ин жанр ишорат карда, дар китоби хурди «Фолнома», ки аз чониби у тахия шуда, шугунхои хамзабонони афгонии моро дар бар мегирад, мегуяд: «Шугунхо хамчун махсули тафаккури инсонхои даврахои кадим аксаран дорой истиноди тачорубй ва ахдофи ахлокию тарбиявй мебошанд. Таъсири шугунхо ба кас ба хадде шадид аст, ки осори он то охири умр аз ёд намеравад. Бинобар ин мардум дар лахзахои гуногуни зиндагиии худ манзури анчоми корхои нек ва савоб аз шугунхо бисёр истифода кардаанд ва мекунанд» [Фолнома, 1992, с.З].

Ахиран мо дар маколахои худ талош дорем, ки шугунро хамчун жанри фолклорй мавриди баррасй карор дода, онро аз хар нигох тахкик ва

тахлил намоем ва чихатхои назарраси онро аз кар чихат мавриди нажухиш карор бидихем [ниг.: Рахимй, 1998-2002; Рахимов, 2002; 2003].

Намунахои шугунро мухаккикони хамзабонони эронй ва афгонии мо низ то хадде гирд оварда ба нашр расонидаанд, махсусан, гирдоварии шугун ва дигар бовархо дар Эрон бештар сурат гирифтааст. Масалан, нависанда ва фархангпарвари Эрон Содики Хидоят дар китоби худ «Найрангистон» бештар ба ин жанр таваччух намудааст. У дар ин китоби худ на факат намунахои гуногуни шугунхоро ба нашр расонидааст, балки мавкеи истифодаи онхоро дар рузгори мардум то хадде нишон медихад [ниг.: Хидоят, 1342 ш.].

Хамчун бовари мардумй дар асархои пажухандагони дигари эронй низ намунахои шугун оварда шудааст, ки ин хама аз машхуру маъмул будани ин жанр далолат медиханд. Ин жанр, ки аслан ба эътикод ва ихлоси мардум робитаи наздик дорад, мухаккикони эронй дар пайвандии осори таърихй ва адабй ба монанди ривоятхо дар бораи Куруши Бузург ва фоли Хофиз низ мавриди омузиш карор додаанд [ниг.: Садокаткеш, 1380 ш.; Рухуламинй, 1369 ш.]. Зимни баррасии худ мо низ дар мавридхои муносиб ба ин гуна тахкикотхои хамзабонон низ такя карда, ибрози назар намудем.

Хамзабони дигари мо аз Афгонистон Равон Фарходй решахои амики таърихй доштани шугунхоро ёдрас шуда, пажухандагонро даъват менамояд, ки «дар бораи шугунхо тахикик бояд кард» ва ин жанрро ба таври нисбатан чиддитар гирд овард ва мавриди баррасии муфассал карор дод [ниг.: Фарходй, 1359 ш.].

Ногуфта намонад, ки дар фолклоршиносии кишвархои гуногуни олам низ ба ин жанр ахамият додаанд, намунахои онро гирд овардаанд ва дар мачаллахою мачмуахо нашр намудаанд. Хамчунин нуктахои назарраси

онро дар маколахо ва рисолахои илмии худ мавриди баррасй карор додаанд.

Аз чумла аз чониби мухаккикони Руссия [Пермяков, 1988; Павлова, 1984; Христофорова, матн дар Интернет; Бурыкин, 2001], кишвархои Аврупо ва Амрико [Dundes, 1961; Wayland, 1992; Scheibe ва Sarbin, 1992; Otto Blehr, 1992; Harmening, 1992; Lutz Rzehak, 1995] ба ин жанр зимни тахкики хурофот, бовархои мардум, эъткоду ихлос ибрози назар намуда, ба таври чиддй таъкид кардаанд, ки барои омухтани таърихи мардумони гуногуни олам ин гуна мавод хеле муфид аст. Вале онхо низ рочеъ ба чихатхои адабии он камтар сухбат карда, ба масъалаи сохтор ва мавкеи шугунхо миёни мардум бештар ворид шудаанд. Аслан аз назари онхо чанбаи ичтимоии маводи фолклорй ва этнографй хеле мухим аст. Барой онхо забон ва бадеият матнхо гохе дар дарачаи дуюм карор гирифта, мавкеи матн дар рузгори вокеии чомиа ахамияти бештар пайдо мекунад. Инчунин онхо ба осори фарханги моддии мардум, ки дар анаъанаи онхо накши арзандаеро доро аст, диккати махсус медиханд.

Мо бо таъсири фолклоршиносии замони шуравй хангоми тахлили мавзуъ ба контексти ин ё он матн то андозае ахамият медихем. Вале худи контекстро ба таври муфассал, бо тамоми чузъиёт мавриди баррасй карор намедихем. Ва хол он ки бисёр масъалахои мухимми вобаста ба матн хангоми дар контекст дидани он бештар чилвагар мешаванд. Хамин чихати масъала дар фолклоршиносии Гарб бештар ба назар мерасад, ки мо низ дар раванди кори худ ба он ахамият дода, маводи худро бештар дар ин ё он контекст аз назар гузаронидем.

Ба хамин тарик барои халли мавзуи рисола дар пеши худ максад гузоштем, ки ин масъалахоро то хадди имкон мавриди тахкик карор бидихем:

to

- Масъалаи истилохи шугун дар манобеии китобй, шифохй ва тафовути он аз жанрхои хурди фолклорй;

- Тахкик ва тахпили шугун аз чихати шакл, мундарича, сохтори забонй, бадей ва дар иртибот бо маросиму лахзахои гуногуни зиндагии мардум;

- Вазифаи шугун дар зиндагии моддй ва маънавии мардуми точик;

- Муайян кардани худуди жанри шугун аз жанрхои ба он монанди паремиологии фолклорй точик дар асоси матнхои тахкикшуда ва тахкикнашуда, муштаракот ва фарки онхо;

- Ба таври мукоисавй баррасй намудани шугунхои точикй ва халкхои дигар дар асоси маводи дар Интернет мавчуд буда;

- Баррасии шугун дар контекстхои гуногун; Тахкики поэтикаи шугун аз чихати забон, услуб, персонаж, образ, вариантнокй ва монанди инхо. J

Рисола асосан бар пояи маводи гирдовардаи муаллиф. таълиф шудааст, ки дар солхои гуногун аз манотики мухталифи Точикистон -шахри Душанбе, нохияхои Хисор, Шахринав, Вахдат, Варзоб, ба номи Ленин, Файзобод, Кургонтеппа, Кулоб, Восеъ, Дангара, Хучанд, Ашт, Шахристон, Истаравшан ва навохии дигар бо чахор равиши илмй: 1) бо дафтару калам; 2) дар сабти магнитофон; 3) дар навори видео; 4) бо дастгохи аккосй гирдоварй шудааст.

Х,амин тавр холо дар дасти мо бештар аз 2800 шугун бо шарху эзох дар дафтархо; 52 навори аудио (овозй) бо сабти матнхои шугуну бовархо, ривоёту хикояхои асотирй ва мусохибахо бо гуяндагони гуногун; наздики 70 дона акси предметхову маросимхои марбути шугуну бовархо ва 2 видеонавор бо сабти объектхову маросимхои мансуб ба шугунхои амалию

бовархои дигар мавчуданд, ки бахше аз онхоро дар рузномахо, мачаллахо ва мачмуахои илмй ба нашр расонидем. Ногуфта намонад, ки хамаи маводи гирдовардаи мо бо равиши илмй дар шакли гуфтори омиёна сабт гардида, хусусияи ин ё он лахчаи махаллиро дар худ инъикос намудааст. Дар мачмуъ хангоми таълифи рисола дар ихтиёри мо беш аз 4200 адад шугуну бовархои мардумй карор дошт.

Бояд ёдрас шуд, ки хангоми баррасии масъала мо аз ганчинаи Шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакй ва бойгонии Институти таъриху археология ва этн