автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.08
диссертация на тему:
Вопросы поэтики газелей Фарид ад-дина Аттара

  • Год: 2002
  • Автор научной работы: Низомов, Мухриддин Зайниддинович
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.08
Диссертация по филологии на тему 'Вопросы поэтики газелей Фарид ад-дина Аттара'

Текст диссертации на тему "Вопросы поэтики газелей Фарид ад-дина Аттара"

РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН

Таджикский государственный национальный университет

На правах рукописи

НИЗОМОВ МУХРИДДИН ЗАИНИДДИНОВИЧ

ВОПРОСЫ ПОЭТИКИ ГАЗЕЛЕЙ ФАРИД АД-ДИНА АТТАРА

10.01.08 - Теория литературы. Текстология

ДИССЕРТАЦИЯ на соискание ученой степени кандидата филологических наук

Научный руководитель - доктор филологических наук, профессор Шарипов Худой

ДУШАНБЕ - 2002

МУНДАРИ^А

МУЦАДДИМА ............................................................... 3-11

Б о Б и 1. Газал дар эчодиёти Аттор

1. Суннат^ои газалсарой то замони Аттор............................... 12-33

2. Газалиёти Аттор ва такомулоти жанрии онх,о......................34-71

Б о Б и п. Вазн ва цофия дар газалиёти Аттор

1. Вазни газалиёти Аттор......................................................72-92

2. Крфия ва радиф дар газалиёти Аттор

2.1. К^офия дар газалиёти Аттор..............................................93 -110

2.2. Радиф ва накши он дар газалиёти Аттор............................110 -116

Б О Б И III. Хусусиятхои бадеии газалх,ои Аттор

1. Газалиёти ирфонй ва рамзиёти бадей.............................. 117 -149

2. Тасвирх,ои айнию вокей ва бадеиёти оюф ...................... 150 -180

X У Л О С А......................................................................... 181-185

КИТОБНОМА................................................................... 186-208

МУКАДДИМА

Мухимияти мавзуъ. Омузиши масъалах,ои поэтикаи шеъри форси -тоники дар шароити кунунй аз масоили мубрам ва рузмарраи адабиётшиносон мебошад. Перомуни масоили умумии поэтика дар мархалах,ои муайяни таърихй тахкикоти зиёде анчом ёфта бошад хам, поэтикаи эчодиёти адибони аловдда кам тадккиц шуда, ашъори шоирони ориф аз назари мухдщ^щон дур мондааст. Таърихи пайдоиш ва инкишофи жанр^ои адабй, аз чумла газал,та^аввули поэтикаи он, новобаста аз тадк;ик;оти зиёди олимони бумиву хоричй, пажухдши дакдк ва чамъбасткунандаро так;озо мекунад. Олими маъруфи рус М.М.Бахтин таъкид кардааст, ки жанр шакли ягонаи композитсионй ва архитектоники мах,суб мешавад ва дар бораи тамоюли ягонаи дутарафаи он бах,с намудааст, ки дар он(жанр-М.Н.) хддаф(объект)-и эстетикй ва зо^ири асар бо хдм пайваст мешаванд. Аз ин ру, ма^з "жанр баёни хосу комили адабй, илова бар ин, во^еан комилу тамомиятёфта аст, пас, маълум мешавад, ки асоси поэтикаро жанр ташкил мекунад"(174,328). Аз ин мавкеъ омузиши масоили асосии поэтика дар доираи эчодиёти шоирони алохдда бедтар сурат мегирад ва ин имкон медихдд, ки татбик;и масоили назарй дар амал санчида шуда, ба баъзе мавозину маъойир тачдиди назар шавад.

Шайх Фаридуддин Мухдммад ибни Абубакр Аттори Нишопурй аз

шоирон ва урафои со^ибэътибори нимаи дуюми асри XII ва ибтидои

асри XIII аст, ки дар радифи ричоли бузурги ирфону адабй форсй-

точикй шу^рати ча^онй дорад. Ин орифи комил бо эчоди осори мутааддиди манзум, аз чумла маснавию рубой, касоиду тарчеот ва махсусан газалиёти дилангез хазинаи адабиёти форс-точикро ганй гардонидааст.

Агарчи перомуни пахдухои мухталифи рузгору осори Аттор асару маколах,ои судманде таълиф ёфтаанд, газалиёти у, бахусус масоили

поэтикаи газалиёти шоир мавриди тахдики чиддй кдрор нагирифтааст. Яке аз авомили камтавачдухди олимон ба поэтикаи газалиёти шоир шояд машраби суфигии у ва маърифати мо^ият ва вазоифи шеър аз мавдеи ирфон бошад. Зеро назари Аттору Мавлавй барин орифон ба шеъру шоирй дар мавриди таъриф ва мохдяти шеър наздик ба к;авли хукамо буд ва мисли онх,о асоси шеърро тахайюл (маънй) медонистанд ва аносири шаклии он (арузу к,офия) назди онх,о кам эътибор дошт. Чунончи, донишманди зиндаёд Абдул^усайни Зарринкуб дар ин бора навиштааст: «Назди касоне, мисли Аттору Мавлавй, ки асх,оби сукр буданд, шеър ба мафхуми хукамо наздик буд, ки онро баёни хавотир ба сурати хаёлангез таъриф менамуданд. Ин тоифа мавозеот ва таколифи удаборо ба чизе намешумурданд ва ^ангоми зарурат аз накзулагви 0HX.0 ибое надоштанд. Арузу кофияро барои санчидани маънй вофй намедонистанд ва бинобар ин, дар накду шинохти шеър мутобеат аз кавоидро лозим намешумурданд» (243, 422).

Шояд ба хдмин сабаб аст, ки дар асархои назарии адабиётшиносони асримиёнагй, ба ч;уз чанд нуктаи танкидй, дойр ба мухассаноти суварй ва бадеии ашъори хеч яке аз шоирони ориф сухан ба миён наёмада ва ^атто кариб, ки шавовдди шеърй аз эчодиёти онх,о оварда нашудааст. То солкой наздик адабиёшиносону ховаршиносон ба омузиши поэтикаи шеъри суфия эътибори ч;иддй надодаанд ва агар гох,е баъзе масъалахои поэтикаи шеъри суфия мавриди та^кдк, карор гирифта бошад, дар радифи шоирони дигар шеъри онх,о хам ба доираи бах,с кашида шудааст, ки чандон конеъкунанда нест.

Хдтто дар мавриди арзёбии мухассаноти адабй ва аносири шаклии шеъри суфия машраби ирфонй ва андешахои роч;еъ ба шеър доштаи онхо ба хдйси меъёр хизмат кардаанд. Чунин муносибатро ба газалх,ои Аттор низ мушохдда кардан мумкин аст. Аз чумла, Дориюши Сабур дар мавриди баррасии к,офиях,ои дохилии шеъри Аттор менависад: «Агарчи наметавон макоми ин шоиронро бо тавачду* ба шеваи андешае, ки дар

онон мавч мезанад, дар пояе донист, ки дар банди санъати калом ва муносибати к;офия бошанд, вале дар бештари ашъори Аттор риояти вазну кофия хдтто дар масореъ ва ач,зои бухури он ба чашм мехурад» (238, 206). Х,ол он ки Аттор, новобаста аз машрабу маслаки ирфонй, пеш аз хдма, шоир аст ва аз ин ру риояти вазну к;офия ё истифодаи саноеи бадей лозимаи дунар ва фаъолияти эчодии уст ва набояд хдмчун пойбанди санъати калом будани у талаккй шавад.

Дар мавриди бадеиёти газалхои Аттор низ ба хдмин монанд авддах,о хает. Чунончи, Ризозода Шафак; хангоми баррасии газалхои Аттор навиштааст: «Бояд донист, бо ин ки сухани Аттор содда аст ва печидагие надорад ва алфоз дар баробари маонии маълум ба кор рафта, боз гохе дар мавориди ташбех аз саноеъи шеърй ва кдёси хаёлй ва нуктапардозй намунахое ба даст до да...» (240, 129).

Ин довари низ дар холати тахдикд жарфи бадеиёти газалиёти Аттор кдмати худро аз даст медихад. Бинобар ин, масоили поэтикаи Аттор тахдик;и чиддй ва жарфбинонаро такозо дорад.

Шайх Аттор аз замони зиндагиаш cap карда чун шоири газалcapo шухрат пайдо карда буд ва шоирони зиёде ба пайравй аз у газал суруда, кисме газалхои уро сутудаанд. Чунончи, Мавлавй мегуяд: Ман он Муллой Румиям, ки аз нут^ам шакар резад, Валекин дар сухан гуфтан гуломи Шайх Атторам.(207,77)

Давлатшохи Самар^андй табак,и чоруми тазкираи хешро бо чунин чумлахо огоз мекунад: «Баъд аз ин зикри газалгуён сабт мешавад ва баъзе мувахдидон ва орифон, ки бо вучуди истигрок;у х,ол аз дарёи ирфон дурру донае берун овардаанд» (36, 207). Ва баъди ин му^аддима аввал ба шархи ахволу осори Аттор мепардозад. Маълум мешавад, ки дар асрхои миёна на танхо миёни орифону шоирон, балки назди адабиётшиносон низ Аттор яке аз возеъони газал эътироф шуда будааст.

Абдуррахмони Ч,омй дар «Нафохат-ул-унс» ба мазомини олй ва дарчи хак;оик,и ирфон дар газалиёти Аттор ишора карда менависад: «Ва

он кадар асрори тав^ид ва хакоики азвок; ва мавочид, ки дар маснавиёт ва газалиёти вай индироч, ёфта, дар суханони ^еч як аз ин тоифа ёфт намешавад» (2, 114). Дар дигар сарчашмахои асримиёнагй ба чуз ахбори муболигаомез рочеъ ба рузгор ва осори шоир сухани тозае дар бораи газалиёти шоир дарч нашудааст.

Аз асри XIV cap карда, газалхои шоир таваччу^и шорехонро ба худ чалб кардааст. Аз чумла, бар як газали Аттор се нафар донишмандони асримиёнагй шарх бастаанд, ки яке Шайх Сафиюддини Ардабилй (асри

XIV), дигаре Шайхи Озари (асри XV) ва саввумй шорехи номаълумест,

ки мархум Е.Э.Бертельс шархи навиштаи уро нашр кардааст (220, 123; 62, 122; 210, 483-491). Х,амчунин бо истиноди Шайх Озарй ба кавли

Сайид Алии Хдмадонй Мавлоно Рукниддин (асри XIV) ном шахсе низ ба ин газал шар^ навишта будааст (62, 122). Сафиюддини Ардабилй илова бар ин газал боз чанд газали шоирро шар^у тафсир кардааст, ки дар баъзе кутуб накд шудаанд (220, 107; 309, 28). Адамияти ин шурух дар он аст, ки дар фа^му дарки баъзе истило^оту румузи шеъри Аттор ба мо кумак мекунанд ва яке аз маонии рамзии ин газалх,оро, ки дар фархангх,ои истилохоти ирфонй наёмадаанд, мекушоянд.

Агарчи омузиши илмии рузгору осори Аттор чиддан аз нимаи

дуюми асри XIX шуруъ шудааст, ба тахкдкд газалиёти шоир ва масоили

поэтикаи он кадамхои нахустин дар миёна^ои садаи XX гузошта шуд.

Дар китобдои оид ба таърихи адабиёти форсй-точикй навиштаи ховаршиносони гарбию шаркй, чун Х,ермон Эте (соли нашри немисй 1896-1904), Эдуард Браун (соли нашри инглисй 1902-1924), Шиблии Нуъмонй (соли нашр - 1908, ба забони урду) бештар ба рузгору осор ва майую мундаричаи ашъори Аттор, аз чумла газалиёти у дикдат дода шудааст. Ин китобхо дар авосити садаи XX ба форсй тарчума шудаанд (205, 105-159;209, 810, 823; 319, 61-73).

Нахустин мухаккиде, ки аввалин бор асари алохидае перомуни рузгору осори Аттор нашр кардааст, (соли 1330 х.ш.-1941-42м.), Сайид Нафисй мебошад (312). Асари у, мутаассифона, ба мо дастрас нашуд, вале аз мундаричди баъзе асару мак,олахои баъди ин китоб навишташуда бармеояд, ки мархум Сайид Нафисй дар ин асар бештар ба мабохиси марбут ба зиндагиномаи шоир, тарикдт ва пирони у, осори мусаллами Аттор дахл намудааст. Баъди нашри тахди^и судманди Бадеъуззамони Фурузонфар бо унвони «Шархи ахвол ва накду тахлили осори Шайх Фаридуддин Мухаммад Аттори Нишопурй» (с.1339-40х.ш.-1960-61м.) дар асару маколахои баъди солхои шастуми асри XX таълифшуда ба китоби Сайид Нафисй истинод камтар шудааст. Хизмати арзандаи Сайид Нафисй дар атторшиносй хамоно нашри девони шоир аст, ки бори аввал соли 1319х.ш. (1940-41м.) дастраси ахди адаб шуда буд. Ду бори дигар низ Сайид Нафисй (1336х.ш. - 1958м.; 1339х.ш. - 1961м.) девони шоирро бо иловаи газалхои нав нашр кардааст, ки тахкидоти дар он солхо анчомдодаи баъзе мухаадик,он (205, 235) аз руи хамин нашрхои девони шоир сурат гирифтаанд.

Аввалин икдоми чиддй дар омузиши масоили поэтикаи газалиёти Аттор, бахусус вазн ба Парвиз Нотили Хонларй тааллук, дорад. Вай дар китоби «Тахкики интик,одй дар арузи форсй ва чигунагии тахаввули авзони газал» (1327х.ш.-1949м.) дар радифи дигар шоирони газалсаро басомади авзони бистгонаи маъмул дар газалро дар девони Аттор муайян ва баррасй кардааст, ки агарчи имруз он басомад ба микдори нихоии газалхои дастрасшудаи шоир мувофик, нест ва тахкдку такмил мехохад, ахамияти худро аз даст надодааст (235, 158-199).

Китоби пуркимати Бадеъуззамони Фурузонфар, ки ба шархи ахволу осори Аттор бахшида шудааст, низ аз мухимтарин осорест, ки дар авосити царни XX дар бораи шоир ва газалиёти у ахбори тозае ба даст медихад (207). Бадеъуззамони Фурузонфар як бахши кучаке ба газалиёт чудо карда, перомуни микдори газалхо, камияти аркон ва микдори ощо

(мусаддас ва мусамман), газалх,ои радифдор мулохиза ронда, бори аввал газалх,ои шоирро аз руи се хати мундаричавй (маъмулй, ирфонй, каландарй) ба гурухдо чудо кардааст (207, 80-82). Ин мулохизахои мухтасари Бадеъуззамони Фурузонфар дорой ахамияти зиёди илмй буда, махсусан ба таснифи мундаричавии газалх,ои шоир то имруз олимон истинод мекунанд. Вале мабохдси суварии газалиёти шоир, аз чумла вазну кофия ва радиф бо ин маълумотномаи Фурузонфар анчом наёфта, тах^икоти тоза маводи дигареро дастраси мо мекунанд. Андаке баъд аз ин китоб бо кушиши Так,ии Тафаззулй нашри интикодии девони Аттор (1341х.ш.-1963м.) анчом ёфтааст, ки шомили 873 газал буда, барои омузиш ва тахкикоти чадид заминаи мусоид фарохдм овард (44).

Дар китобх,ои дойр ба таърихи адабиёт навиштаи шарщпиносон ва адабиётшиносони эрониву точик, ки баъди солхои шастум нашр шудаанд, муаллифони онхо Е.Э. Вертел с , Ян Рипка, Забехулло Сафо, Холик Мирзозода ва дигарон бештар ба мавзую мундаричаи газалхои шоир дик;к,ат додаанд (95; 156; 264; 265; 130). Вале Ризозода Шафак, илова ба тахдили мундаричаи газалхои шоир, мухтасар перомуни авзони хушоянду истифодаи радиф ва саноея бадей дар газалхои Аттор мулохдза рондааст (240, 129-130).

Мухдкдщкони таърихи такомули газали форсй А.Мирзоев, Алессандро Баузани, Чдлолуддин Х,умой, Зайнулобидини Муътаман, Сируси Шамисо, Дориюши Сабур, Аълохон Афсах,зод, М.Л.Рейснер накши Атторро дар тахаввули газали форсй таъкид намуда, баъзе аз эшон газалиёти уро мархилаи камоли газали классикй мах,суб донистаанд (129; 325; 304; 229; 259; 238; 90; 155). Аз ин миён А.Мирзоев робитаи Атторро (хамчунин Саноиро) б а такомулоти шаклии газал таъкид намуда, Дориюши Сабур, Аълохон Афса^зод, М.Л.Рейснер ба таври мухтасар рочеъ ба баъзе хусусиёти жанрй, микдори абёт, сохти композитсионй, вазну кофияи газалх,ои Аттор бахс намудаанд, ки мулох,изах,ои онх,о бо вучуди кдмати баланди илмй доштанашон холй аз

нуксу нукоти бахсталаб нест. (129, 33; 238, 201-202; 90, 142; 155, 147152).

Дар солхои охир аз чониби баъзе олимони эронй рисолахое таълиф ва нашр шудаанд, ки марбут ба поэтикаи сухани шоир мебошанд. Дар асари Ризо Ашрафзода «Тачаллии рамз ва ривоят дар шеъриАттори Нишопурй» рамзу тамсилоти ашъори шоир ба тахкик, гирифта шуда, дар баробари маснавихо баъзе румузи газалиёт низ баррасй шудаанд (200). Дар асари дигари ин мухаккик, «Фарханги наводири луготу таркибот ва таъбироти осори Аттори Нишопурй» луготу таркиботи шоиронаи осори манзуми Аттор гирдоварй шудаанд, ки аз ин миён шавохиди зиёде аз таъбироту киноёти газалхои шоир дарч гаштааст (201). Дар асари Сухайло Соримй «Мусталехоти ирфонй ва мафохими барчаста дар забони Аттор» низ мисолхои зиёде аз газалиёти шоир сабт ва тахлил шудаанд (253).

Баъзе донишмандон зимни бахс дар бораи рамзиёти ирфонй рочеъ ба шурухи баъзе газалхои Аттор ва сахми у дар ташаккули рамзхои ашъори суфия ба таври мухтасар бахс кардаанд (210, 483-491; 220, 103107; 309, 27-28).

Дар китоби Сайидчафари Саччодй «Фарханги истилохот ва таъбироти ирфонй» шавохиди бисёр аз газалхои Аттор оварда шудааст, ки бехтарин мифтох барои кушодани румузи шеъри Аттор ва фарханги нисбатан комилест барои чамъоварии рамзхои газалиёти шоир (250).

Дар рисолаи номзадии Ш.Исрофилов «Тасвири май дар ашъори Х,офиз» зимни баррасии тасвири рамзии май дар шеъри форсй дойр ба таркибот ва румузи марбут ба хамриёти газалхои Аттор низ бахс шудааст (114, 56-59).

Дар охири китоби «Офоки газали форсй»-и мухаккики эронй дуктур Дориюши Сабур рисолаи мунташирнашуда (омодаи чоп)-и ин олим бо номи «Пири Нишопур (Баррасии интикодии касоид, газалиёт ва дигар

осори Аттор)» зикр шудааст, ки мутаассифона аз такдири минбаъдаи он огохд надорем (238, 611).

Тавре ки маълум шуд, тахдикоти сомондодаи олимон дар бораи баъзе масоили поэтикаи газалиёти Аттор нопурраанд ва ба тачдиди назару чамъбаст ниёз доранд. К^исме аз ин тахдик,от фарогири хдмаи газалх,ои шоир (873 газал) нестанд, балки пеш аз нашри инпщодии девони Аттор (1341х,.ш.-1962м.) руи кор омадаанд (207, 235). Дар кисми дигар ба таври умумй баъзе хусусиёти жанрй, вазну кофия ва бадеиёти газал^ои Аттор кайд шудаанд (90; 108; 114; 129; 135; 142; 155; 200; 201; 216; 220; 238; 240; 244; 253; 284; 309; 316; 319). Бинобар ин, поэтикаи газалиёти Аттор тадк,ик,оти чиддй ва чамъбасткунандаро такозо мекунад.

МАКСАД ВА ВАЗИФАИ ТАХКИЦ. Максади асосии тахкик пажух,иши хдмачонибаи масъалах,ои асосии поэтикаи газалиёти шоир мебошад. Барои хдлли пурраи мавзуъ масъалах,ои зерин мавриди омузиш ва баррасй карор гирифтаанд: пайдоиш ва тах,аввули жанри газал то замони Аттор, сохту композитсияи газалх,о, такомулоти жанрй, вазни газалх,ои шоир, кофия ва радиф, рамзиёти бадей, тасврих,ои вокей ва бадеиёти онх,о дар газалиёти Аттор.

АСОСХ,ОИ НАЗАРЙ ВА МЕТОДОЛОГИИ ТАХКИЦ. Рисола дар асоси принсипи мук,оисавй-таърихии адабиётшиносй, хусусан назарияи адабй, омузиши типологияи жанрх,о ва сохтори осори адабй навишта шудааст. Муаллиф дар пажух,ишх,ои худ ба дастовардх,ои илмии назариётчиёни барчастаи адабиёти бумиву хоричй, махсусан, асару маколах,ои олимоне чун А.И.Веселовский, Б.В.Томашевский, М.М.Бахтин, О.М.Фрейденберг, Ю.М.Лотман, А.Ф.Лосев, Е.Э.Бертелс , М.Л.Рейснер,М.Н.О.Османов,Л.И.Тимофеев,Р.О.Якобсон,В.М.Жирмунский,Р.А.Николсон, А.Корбэн, Карл Густав Юнг, Бадеъуззамони Фурузонфар, Абдулх,усайни Зарринкуб, Ч,алолуддин Х,умой, Мух,аммадризо Шафеъии Кадканй, Так,ии Вах,идиёни Комёр,

11

А.Афсахзод, Р.Х,одизода, Р.Мусулмонкулов, Х.Шарифов ва дигарон такя кардааст.

САРЧАШМА^О ВА ЗДЦАФИ ТАХКИК- Рисола дар заминаи зиёда аз 80 сарчашмаи адабй, аз чумла чор нашри девони Аттор, чор шарх бар се газали Аттор, тазкирах,ои асримиёнагй, осори назарии адабй

ва ирфонй, давовини шоирони то асри XIII навишта шудааст.

БОЗЁФТИ ИЛМЙ. Рисолаи мазкур дар адабиётшиносии точ;ик нахустин тадкдкоти мукаммал дар мавриди масоили поэтикаи газалиёти Аттор мебошад. Бори аввал, ба таври муфассал, сохти композитсионй, такомулоти жанрй, вазну кофия, рамзиёт ва саноеи бадеии газалх,ои Аттор баррасй шудаанд.

АРЗИШИ ИЛМЙ ВА АМАЛИИ РИСОЛА. Мавод ва хулосах,ои рисоларо хднгоми тахди^и маосили поэтикаи шеъри форсй-точикй, образ ва хунари шоирии Аттор, хондани лексиях,о аз таърихи адабиёти классикии форсу точик ва курсх,ои махсус дойр ба адабиёти суфия дар факултах,ои филологияи тоники донишговдои олии кишвар, навиштани китобх,ои дарсй ва асарх,ои илмй истифода бур дан мумкин аст.

СОХТИ РИСОЛА. Рисола аз мукаддима, се боб ва хулосаю китобнома иборат аст.

БОБ И I. FA3AJI ДАР ЭЧОДИЁТИ АТТОР

1. СУННАТ^ОИ ГАЗАЛСАРОЙ ТО ЗАМОНИ АТТОР

Газал аз колаб^ои маъруф ва сермуштарии шеъри форсист. Масъалаи пайдоишу