автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему:
Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи

  • Год: 2003
  • Автор научной работы: Ахмедов, Мирзо
  • Ученая cтепень: доктора филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.03
Диссертация по филологии на тему 'Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи'

Текст диссертации на тему "Этическая художественная проза Хусайна Ваиза Кашифи"

71:V4-10/113

Донишгох,и Давлатии Омузгории Точикистон ба номи Ш. Чураев

Ба хукми дастнавис

/ Ахмедов Мирзо

Насри ахлоцй-бадеии Х,усайн Воизи Кошифи

Ихтисос: 10.01.03.-Адабиёти халкхри кишвархри

хорича(адабиёти форсу точик)

Рисола барои дарёфти дарачаи илмии доктори илми филология

Мушовири илмй: доктори илми филология, профессор, Ходими шоистаи илми Точикистон Х,одизода Р.Х,.

Таджикский государственний педагогический университет им. К.Ш.Джураева

Этическая художественная проза Хусайна Воиза

Кашифи

Специальность: 10.01.03.-Литература народов стран зарубежья

(персидско - таджикская литература)

Диссертация

на соискании ученой степени доктора филологических наук

Ю 5 2 0.0 400994 "

На правах рукописи

Ахмедов Мирзо

Научный консультант: доктор филологических наук, профессор, Заслуженный деятель науки Республики Таджикистан

Хади-заде P. X.

Мундарича

Мукадцима ..................................................................4

Боби 1. Тарчумаи х,оли илмй ва мероси ахлокд-бадеии

Х,усайн Воизи Кошифй ........................................ 18

к <

а) Тарчумаи холи Хусайн Воиз ...............................18

б) Мероси илмй, адабй ва ахлокди Х,усайн Воиз.........25

Боби 2. Чдх,онбинй ва масъалах,ои ахлок ва таносуби ахлок ва

i

тасаввуф дар осори Хусайн Воизи Кошифи...............29

а) Чд^онбинй......................................................29

б) Масъалахои ахлок .............................................31

в) Таносуби ахлок ва тасаввуф................................33

Боби 3. Масъалахои умдаи ахлокй дар насри ахлокии Хусайн

Воизи Кошифй..................................................35

а) Ахлоки ичтимой ва сиёсй....................................35

б) Масъала^ои ахлоки фардй..........■......................189

в) Этикет (одоби муошират)..................................238

Боби 4. Хусусиятх,ои ^слубии насри ахлокй-бадеии Хусайн

Воизи Кошифй.....................................................271

Хулоса .........................................................................292

Руйхати адабиёти истифодашуда ........................................297

V

f I

МУ^АДДИМА

Омухтани таърихи афкори маънавии халкхои эронинажод нишон медихад, ки таълифи китобхои ахлокд ва андарз аз кадим дар Эрон маъмул буда, эрониён пайваста ба ин навъ китобхо майл ва рагбати тамом доштаанд. Кддимтарин асаре, ки дойр ба панду андарз ва дигар масъалахои мухими ичтимоиву сиёсй таълиф туда, кдсми умдаи он то ба имруз омада расидааст, китоби мукаддаси оини зардуштй "Авесто" мебошад, ки ба давраи хазорсолаи пеш аз милод мансуб аст. Муборизаи Хурмузу Ахриман мехвари асосие буд, ки руи он назарияи ахлокди зардуштия кад афрохтааст. Мувофикл таълимоти дини Зардуштй зиндагй дар олами моддй аз хубу бад иборат аст. Инсон бояд аз бад худцорй карда, ба некию накукорй пардозад. Таълимоти ахлокии зардуштия дар хамин замина ба вучуд омадааст.

Рукнхои асосии таълимоти зардуштия аз се асли асосй - гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ташкил ёфтаанд. Инсон гуё махз ба воситаи хамин се сифати ахлокии зардуштия ба осоиши абадй мерасад. Зардушт мазхаби худро ойини ростй номидааст. Х,амин ростию хакик,атпарастии нажоди эронй такрибан аз даврони Х,ахоманишй cap карда, маслаки асосии ачдоди халкхои Осиёи Миёнаю Эрон б и шумор мерафт.

Дар асри Нушервон бошад, таълифи китобхои ахлокй ва андарз ба забони пахлавй боз хам бештар мавриди тава^чух карор гирифтааст. Дар баробари он китобхои ахлокие, ки дар Эрон таълиф карда мешуданд, баъзе аз осорхои хиндй ва юнонй низ ба забони пахлавй тарчума карда мешуданд, ки китоби "Калила ва Димна" яке аз онхо мебошад. Эрониёни давраи сосонй аз осори ахлокии юнонй низ огохй ва ошной доштаанд, ки дар китобхои ахлокии эрониён ривоятхои зиёде аз осори хакимони Юнон, монанди Арасту Ф"оогурис ва гайра рох ёфтаанд ва чунин ривоятхои юнонй нахустин бор ба

воситаи хамин китобхои эронй дар адабиёти араб ва исломй род * ёфтаанд.

Ибни Надим дар "Фех,рист"-и худ китобхои зиёда* панду ахлокдро аз кдбили "Андарзи озарбомдор"-и Сипандон, "Панднома"-и Анушервон, "Панднома"-и Бузургмехр, "Мехрозари чашниз"-и Муъбадони Муъбад ба Бузургмехр, "Ахди Ардашер"-и Ардашер ва гайра, ки аз 44 асар иборат буда, ба забони форсй, юнонй, диндй ва арабй таълиф шудаанд, зикр кардааст, ки кдсмати зиёди ощо тарчума ё ик,тибос аз осори ахлокии пахлавй будаанд.

Асархои ахлокй ва панду андарз дар адабиёти пахлавй дар шаклхои мухталиф, ба мисли "Васоё", "Ухуд", "Мукотибот", "Тавцеот", "Хитобахо"-и точгузорй, "Расоил", "ГТанднома" -и Бузургмехр, "Чрвидон хиради сосонй" ва гайра вучуд доштаанд, ки дар асархои баъд аз тарафи бузургони адабиёти классикии форсу точик ба як равняй хоси панду ахлокд табдил дода шуд.

Яке аз симодои маъруфи давраи ибтидои исломй, ки аксар риштахои илмй ва фаннии асри худ, аз кдбили таърих, адаб, ахлок,, фалсафа, мантик, афсона, достон китобхое аз забони пахлавй ба арабй тарчума кардааст, Ибни Мукаффаъ (с.721-757) буд, ки баъзе аз осори - А тарчума кардаи у, монанди тарчумаи "Калила ва Димна" то имруз бокй мондааст. Ин нависанда гайр аз тарчума китобхои дигаре хам дар мавзуи адаб ва ахлок;, аз кабили китобхои "Алодобулкабир", "Алодобуссагар валятима" ва гайра аз худ ба мерос гузоштааст.

Анъанаи таълифи асархои ахлокД, вале асосан назм дар адабиёти асри X идома ёфт. Дар назми ин аср хеч як аз шаклхои шеърй нест, ки мо дар он каму беш мазмунхои ахлокд-тарбиявиро дида натавонем. Хусусан "Калила ва Димна" аз он асархои бузурги ахлоцй-тарбиявй мебошад, ки асосгузори адабиёти классикии точик Абуабдулло Рудакй

ч

онро дар шакли маснавй ба назм даровардааст. Мутаассифона, аз ин

асари нодир гайр аз якчанд байти пароканда дигар осоре боки намондааст.

Баъд аз Рудакй яке аз намояндагони пенщадами доираи адабии Бухорои замони Сомонй Абушакури Балхй дуввумин шоире мебошад, ки дар назми ахлокди асри X мартаба ва мацоми босазое дорад. Яке аз мухдмтарин асари нисбатан мукаммали ба назар намоёне, ки аз осори Абушакур то замони мо омада расидааст, маснавии "Офариннома" мебошад, ки оид ба х,икмат ва панду насшдт суруда туда, шояд баъд аз асари "Калила ва Димна" -и Рудакй аввалин маснавии мухимми ахлоки бошад.

Абдулганй Мирзоев дойр ба кимат ва макоми ин маснавии Абушакур навиштааст: "Ахдмияти "Офариннома" боз дар ин ноет, ки аз як тараф, агар он хеле фикрх,ои ахлоки пеш аз исломии гузаштагони моро дар бар гирифта бошад, аз тарафи дигар, дар таърихи минбаъдаи назми ахлокй таъсири мух,имме мерасонад" (57,57).

Аз баъзе ашъори парокандае, ки дар сарчашмах,о ба номи Абушакури Балхй нисбат додаанд, чунин бармеояд, ки шоир дар ба?фх,ои "хафиф" ва "хазачи мусадцас" ду маснавии дигар низ доштааст, ки масъалах,ои ахлокиро дар бар мегирифтаанд (57,57).

Маълум аст, ки нависандагони давраи Сомониён хеле зиёд будаанд ва аз тарзи нигориш ва пухтагии осоре, ки аз он ахд бокй мондааст, чунин бармеояд, ки насри дарй дорой собицаи тулонй буда нависандагони ин давра анъанаи сабки к,адимтареро, ки муддати он якчанд аср будааст, давом дода, аз забони арабй асархои зиёдеро тарчума карда, сабки кддимии нигоришро бо эх,тиё^оти нав татбик; кардаанд, чунки насри Абумансур ал-Муаммарй, Балъамй, Абулмуайяд ва дигарон насре нест, ки дар муддати як аср пайдо шуда бошад ва шубхае нест, ки пояи ин наср аз насри пахдавй шуруъ шудааст.

Вале афсус, ки дар бораи нависандагони асри X мо маълумоти бисёр нокдсу нокифоя дорем ва ба гайр аз чанд тан нависандагони машхур, ки аз онх,о осоре бокД мондааст, монанди Абумансур, Абулмуайяди Балхй, Балъамй ва чанд тани дигар, аз дигарон, ки бешак гурухд зиёдеро ташкил мекарданд, маълумоте надорем. "Шохнома" -и Абулмуайяди Балхй, "Шо*нома"-и Абуалй Мухаммад бинни Ахмада Балхй ва дигарон низ аз байн рафтаанд. Дигар аз ин цабил "Шохнома" -дои цабл аз Фирдавсй "Шох,нома"-и насрие будааст, ки бо фармони Абумансур Мухдммад, ки дар ахди Сомониён раёсати Туе ва Нишопур ба ухдаи у будааст, чамъоварй шудааст.

Мукадцимаи ин "Шохнома" то ба замони мо омада расидааст, ки аслан ба забони форей-точикй буда, кдматтарин ва бе^тарин намунаи насри дарй (точикй) мебошад. Фирдавсй "Шох,нома" -и бузурги худро низ асосан аз руи хдмин "Шо^нома"-и насрй ба риштаи назм кашидааст.

Аз асарх,ои насрии дар нимаи дуюми асри XI таълифшуда махсусан "Кобуснома"-и Унсурмаолй Кайковус ва "Сиёсатнома"-и Низомулмулк ба инкишофи минбаъдаи насри бадеии форсу точик ва барои ба вучуд омадани як зумра асарх,ои насрй сабаб шудаанд.

Дар "Сиёсатнома" асосан аз адаб, оини давлатдорй ва сайри подшох,он сухан меравад, ки тахминан дар охири асри V / XI м / таълиф туда, дар асл аз 54 бобу фасл иборат буда, холо мачмуъи он аз 50 фасл иборат аст.

yJU

"Kj06ycH0Ma"-H Унсурмаолй Кайковус мулаккаб ба Шамсулмаъоли, ки дар насихдти фарзанди худ Гелоншох, таълиф шудааст, аз бех,тарин китобх,ои насрй-ахлокдш асри ХП ва зеботарин насри форей ба шумор меравад.

Кайковус дар ин китоб аз овардани бисер масъалах,ои судманди ахлокй ва *икмат*ои амалй ба мисли шинохтани хукуки падару модар,

фурутанй, парвариши фарзанд, дар фоидаи илм, тичорат, дехдониву хунармандй, оини чавонмардй ва гайра захмати зиёде ба хдрч додааст.

Илова бар он фоидаи бузурге, ки моро ба тамаддуни кадим, маишати миллй, илми зиндагй ва дастури хает шинос мекунад, он асарро мачмуъаи тамаддуни исломии пеш аз истилои мугул шуморидан мумкин аст. Ин китоб аз 44 боб ва хдр бобе аз хдкоёти дилпазир иборат буда, аз шугаи подшохд ва сипахсолори гирифта, то ба зироат, айёрпешагй ва дарвешй суханро ба хадци баланд расонда, ба хонанда рохи росту дурустро нишон додааст.

Азбаски у шоир хам буд, дар мавкеъхои муносиб аз худ шеър меорад, ки насрро бисёр рангину дилкаш ва латифу зебо месозад. Ба кавли Маликунпнуаро Бахор у дар овардани шеър дар миёнаи наср мукаддам аз Крзй Хдмиддуддин (муаллифи «Макомоти Х,амидй») ва шайх Саъдй дар «Гулистон» будааст (22.119). ;

Таълифоти дигари мухимми насри адабй-ахлокди асри XI китоби «Кимиёи саодат» -и Имом Абух*мид Мухаммад бинни Мухаммад бинни Ахмад Еаззолии Туей (тав.450х. - 1058м.- ваф. (505 х-1111 м) мебошад, ки аввал онро ба унвони «Эхё-ул-улум» ба забони тозй навингга, баъд дар охирхои умр худаш онро мухтасар карда, «Кимиёи саодат» ном гузоштааст. Газзолй аз бузургтарин уламои дин ба шумор рафта, таълифоти зиёде ба забони тозй ва форей аз худ бокй гузоштааст ва чунон ки зикр ёфт, бузургтарин ва маъруфтарин таълифоти у хамоно «Кимиёи саодат» мебошад. Ин китоб аз китоби илмй дида ба китоби адабй монанд аст ва мундаричаи он, ки аз масъалахои фаровони фалсафию динй ва панду ахлокй иборат аст, ба ин шаходат медихад. Чунончи, андешахои ахлокии у, ки дар талаби илм, дар илочи шахват, шикам, хашм, хасад, кибр, Fypyp, одоби таом

>

хурдан, одоби никох, одоби касбу тичорат, талаби рузии халол, одоби сухбат, одоби сафар ва гайра ном доранд, дар эчоди асархои ахлокии аерхои минбаъда, аз чумла «Футувватнома»-и Хусайн Воиз бетаъсир

намондаанд. У бунёди насри кддимро на ба тарики Абулмаолй, ки калимаву ибора, далелхои куръонй ва шеъри арабиро дар матни «Калила ва Димна» ба тарзи фаровон меорад, балки ба чумлабандихои соддаву равони форсй ва оммафахм зебу зиннат додааст.

Асархои насрии дигари асрхои X-XII «Наврузнома» -и Хайём, «Кашфулмахсуб» -и шайх, олими ориф Абулхасан Алй бини Усмони Газнавй (вафоташ с.465 х. 1072-73м), «Асроруттавхид»-и шайх Абусаид Фазлуллох бинни Мухаммад Абулхайр (таваллудаш 357 х.967-968м. вафоташ с.440х. 1048м), «Тазкиратулавлиё»-и шайх Аттор, «Нурулулум»-и шайх Абулхасани Хдракони ва гайра мебошанд, ки асосан мазмун ва мундари^аи онхо аз масъалахои тасаввуфй иборат буда, хамчун сарчашма ва маъхази муфид барои омухтани пайдоиш ва инкишофи тасаввуф хизмат хоханд кард. Вале дар баробари >» масъалахои тасаввуфй панду андарзхои муфиду хаётиро низ таргибу ташвик кардаанд, ки дар хаёту зиндагй хамчун дастур хизмат хоханд » кард.

Дар дунёи илму адаб хеч китоберо пайдо карда наметавонем, ки монанди «Калила ва Димна» дар тули асрхои зиёд то ба ин андоза давом карда, матлуб ва махбуби хамагон бошад. Он хамдам ва кабули мулуку уламо, махбуби халк, дастури зиндагй, сарманщи ахлоку рахнамои хаёт буда, хануз хам баъди сездах, чордах асри хичри, ки аз пайдоиш ва шухрати он мегузарад, писандтарину махбубтарин китоби панду ахлокй аст, ки мо дар чои дигар дойр ба мазмуну мундаричаи он васеътар таваккуф хохем кард.

Макоманависй низ яке аз шаклхои насри бадей буд, ки дар асрхои 4-5 х/x-xi м/ вучуд надопгг ва китобхои илмй, адабй, таърихй дар мудцати мазкур хама ба як сабку шева иншо мешуданд. Лекин дар асри шашуми хичрй /XI1 м/ «Макомот»- нависй бо тамоми хусусиёташ дар насри форсй ба вучуд омад,ки «Макомоти Х^амидй» машхуртарини

онхост / ваф. Хдмидй с. 559 х- 1163 м/. Ин асар аз осори насри бадеии асри XII форсу точик оид ба макоманависй мебошад. Он аз як мукаддима ва 24 макома ва хотима иборат буда, як катор масъалахои фалсафй, динй, ахлокД, ичтимой, ишкй ва гайраро дар бар мегирад. Дар макомахо барои ороиши сухан ва таквияти фикр порчахои шеърие оварда мешавад, ки такрибан хамаи онхо ба калами худи муаллиф тааллук доранд. Ин асар дар ривоч ва такомули минбаъдаи насри бадеии форсу точик таъсири муайян расондааст.

Абулмаоли Насруллох агар хамаи ашъори китоби «Калила ва Димна» -ро аз мероси адабии Унсурй, Масъуди Саъди Салмон, Абулфарач, Саной ва дигарон гирифта бошад, Хдмидй кариб аксари шеърхоро худаш эчод кардааст, ки дар ин бора гуфтааст: Бо мояи худ бисозу чун бехунарон, Сармоя ба орият махох, чун дигарон. (22, 334).

Маликушшуаро Бахор ба тарзи хакконй ин андеша ва акидаи бечои Абулхамидро эрод гирифта мегуяд, ки ин шеър зулми фохиша аст нисбат ба салафи бузурги худ Абулмаолй. (22,334).

Яке аз роххои дигари инкишофи насри бадеии форсу точик дар асрхои XI-XII муросилотнависй буд, ки хануз дар асри Сосонихо дар ^ девонхои давлатй ва байнидавлатй ба расмият даромада буд. Мазмун ва мундаричаи муросилотнависии расмй ба адабиёти бадей дахл надошта бошад хам, аммо сабку услуб ва санъати ин муросилахо дар нихояти адабй буда, муншиёну сохибдевонхо шахсони фозилу адиб буданд ва дар муросилахои худ аз санъатхои лафзию маънавй ба таври фаровон истифода мебурданд (48-49). Китоби хеле мухимми дигари панду ахлокие, ки дар солхои 608-622 х (1211-1225 м) аз тарафи Саъдиддини Вароинй аз забони табарй ба форсй тарчума карда шудааст, «Марзбоннома» -и Исфахбади Марзбон бинни Рустам мебошад, ки аз шохзодагони Табаристони охири асри чахоруми хичрй буд. Ин китоб низ чун «Калила ва Димна» китоби тамсилй аст. Ва аз

кадимулайём чунин расме будааст, ки пандгуёну насихдтгарон дар панду насихдт додан ба хукмронону бузургон суханро пустканда ва руйрост гуфта наметавонистанд. Чунки хуб медонистанд, ки суханонашон беасар мемонд. Бинобар ин, онх,о саъй мекарданд, ки панду насихдтро ба воситаи киноёту истиорот ва тамсил ё аз забони дигарон, хусусан чонварон адо кунанд, ки ин раем дар миёни донишмандони Хдшду Эрон х,одисаи мукаррарй буд ва донишмандони Эрон баъд аз ислом низ ин шева ва тарикдтро давом доданд.

«Марзбоннома» низ дар радифи «Калила ва Димна» яке аз осори нодири адабй буда, муцадцимаи он як андоза а^амияти тарчумаи^олй ва таърихй дорад. «Марзбоннома» аз чихати жанр, кдсса дар кисса буда, мазмуни он «Калила ва Димна»-ро ба хотир меорад. Сух,бат^ои байни шох,у шохзода дар мавзуъх,ои панду ахлокй бо овардани масалхо ва ривоят^ои гуногун таквият дода мешавад.

Дар охирх,ои асри хдфтум /ХШм/ рафта-рафта дар насри форей шеваи тозае пайдо шуд, ки онро ба ду кием чудо кардан мумкин аст. Яке шеваи хоси Саъдй ва насри «Гулистон», ки пайравии мухтасаре аз мутакаддимин дар он дида мешавад. Дигар шеваи насри содца ва холи аз ибороти пухта.

Саъдй гайр аз «Бустон» ва «Гулистон» асарх,ои зиёде таълиф намудааст. Аммо аз байни мероси адабии Саъдй асари«Гулистон» ба тозагй ва навоварих,ои худ фарк; мекунад. Максаду мароми Саъдй аз таълифи ин асар он будааст, ки китоби ахлокй ва ич;тимоие иншо кунад, ки хонандаро аз печу тоби зухди хушк ва андарзхои мутаассибони онх,о рах,о сохта, ба рох,и дурусти зиндагй равона кунад, табъи мутоилакунандаро хаставу малул насозад, инчунин аз чи^ати лафзу услуби иншо аз иншои кадим фарк, донгга ва онро ба санъатхои тару тоза ороставу пероста гардонад.

Чунон ки маълум аст, «Гулистон» дорой дебоча ва хдигг боб аст. Бобх,ои асар аз х,икоятх,ои хурду калон иборат буда, панду х,икмат

асоси гоявии онро ташкил мекунад. Чунончи ганимат донистани умр, некй ва фонда расонидан ба мардум, самаранок истифода бурдани он аввал андеша,баъд гуфтор ва сухани неку босавод гуфтан,аввал чои худро дида, баъд пой гузоштан, фуру бурдани хашм,бахшида1ш гунох, мазаммати харисони молу чох, хайру эхсон кардан, далери, корнамои дар майдони чанг, ситоиши хунармандон,мазаммати бехунарону хасудон, мазаммати шохони истилогар ва шахсони пасту разил, хакир нашуморидани душман, ба лутфу эхсон парвариш кардани лашкар, мазаммати подшохони золим,хамдардй ба мардуми бечораву афтода, покиву ростй, таргиби шохи одил, бо мехнати халоли худ зиндагй кардан, гиромй допггани бузургон ва тарбияи олимон, мазаммати суханчинон ва зохидону воизоне, ки гуфторашон ба кирдорашон мувофикат намекунад, таргиби фурутаниву хоксорй, саховатмандй; дар фазилати каноат, изхор накардани андухи хе