автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.02.08
диссертация на тему: Глагольная лексика в "Гаршасбнаме" Асади Туси
Текст диссертации на тему "Глагольная лексика в "Гаршасбнаме" Асади Туси"
академияи илмхои чумх,урии точдкистои
института ЗАБОИ ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РУДАКЙ
Дорой %ащи дастнавис
АЛИЕВ БАХ,РИДДИН ТУЙЧИЕВИЧ
I . '■'. 'V? С? ¡' '' ,'(' /'}
^ /7 ч - -
ЛЕКСИКАИ ФЕЪЛ ДАР "ГАРШОСБНОМА"-И АСАДИИ ТУ СИ
Ихтисос -10.02.08 - Забонх,ои эронй
Диссертатсия '
барои дарёфти дарачаи илмии номзади илми филология
Рох,бари илми: номзади илми филология Саймиддинов Д.
Душанбе -1999
Ф Е X, Р И С Т
Пешгуфтор......................................................................................3
Боби I. Феълх,ои содда..................................................................19
1.1. Феълдои содда аз ниго^и маънй............................................19
1.1.1. Феълх,ои хдракат.................................................................20
1.1.2. Феълх,ои амал...................................................................... 24
1.1.3. Феъл^ои х,олат.....................................................................32
1.1.3.1 Феълхри вобаста ба гуфтор ва садохои
гуногун............................................................................35
1.1.3.2. Феъл^ои вобаста ба андеша ва холат^ои ру^й................37
1.1.4. Феълх,ои дорой маънии омехтаи амалу х,олат....................39
1.2. Шаклдои гуногуни феъл........................................................40
1.2.1. Гуна^ои овоии чанде аз феъл^о..........................41
1.3. Феълдои соддаи дорой пешвандх,ои таърихй.:......................46
1.4. Шаклх,ои номии феъл.............................................................56
1.4.1. Шаклх,ои номии вобаста ба х,олатх,ои
гуногуни инсон...............................................................57
1.4.2. Шаклх,ои номии вобаста ба гуфтор ва садо.......................58
1.4.3. Шаклхри номй аз исмх,ои гуногун......................................59
1.4.4. Шаклхои номй аз сифат......................................................59
1.5. Пасвандхри феълсоз...............................................................60
1.5.1. Аз исмдои гуногун + ïdan....................................................60
1.5.2. Аз асоси замони ^озира + ídan...........................................60
1.5.3. Феыщои сохта бо пасванди -istan......................................61
1.6. Шакли бавоситаи феъл (Causative)........................................61
Боби И. Феълх,ои сохта.................................................................64
2.1. Пешвандх,ои феълй.............................................................,...64
2.2. Пешванди bar-.......................................................................65
2.3. Пешванди dar-//andar-..........................................................73
2.4. Пешванди bäz-.......................................................................76
2.5. Пешванди furüd-//furü-.........................................................77
2.6. Пешванди faräz-.....................................................................80
Боби III. Феълх,ои таркибии номй...............................................85
3.1. Баррасии мавзуъ....................................................................85
3.2. Феълх,ои таркибии номй........................................................86
Феъли ёвари kardan "кардан"...............................................87
- sudan "шудан"...................................................97
- giriftan "гирифтан".........................................103
- gastan "гаштан"..............................................105
- säxtan "сохтан"...............................................107
- dädan "додан".................................................107
- zadan "задан"..................................................108
- dästan "доштан"..............................................109
- bardästan "бардоштан.....................................109
- nimüdan "намудан".........................................109
- mandan "мондан"............................................110
- burdan "бурдан"..............................................111
- yäftan "ёфтан".................................................112
3.3. Муродифоти феълх,о............................................................116
3.3.1. Муродифоти феълх,ои содда......................................116
3.3.2. Феълх,ои содда ва муродифоти таркибии онх,о.........118
3.3.3. Муродифоти гуногуни феълдои таркибй ва
феълх,ои соддаи гуногун........................................122
Хулоса ......................................................................................125
Фехристи феыщш соддаи «Гаршосбнома»...............................129
Фех^ристи манобеъ ва осор.........................................................133
Фехристи ихтисорот...................................................................138
ПЕШГУФТОР
Омузиш ва пажу^иши осори гузашта барои шинохти вазъи кунунии забон ва рушди ояндаи он арзиши фавкулодда мух,им дорад. Ин кор имкон медщад, то сайри таърихии забонро дар мархдлах,ои муайяни таърихй дуруст бишиносем ва падидадои забониро дар замощои гуногун давра ба давра му^оиса ва баррасй намоем.
Чунон ки аз пажу^ишх,ои эроншиносй бармеояд, давраи ав-вали рушди забони тоники, (New Persian, новоперсидский язык -дар истилохд эроншиносй) (асрх,ои IX-XIII) - замони ба к;удрат расидани баъзе хонадощои махдллй, махсусан замони ^укумати хонадони сомонй давраи шукуфоии забон ва адаби он давра ма^суб мегардад. Дар ^амин давра буд, ки ашъори зебои устоди шоирони форсигу Абуабдуллох^и Рудакй ва хдмасрони у, шохдсори хамосаи чах,онй - "Шох,нома"-и Хаким Абулкосими Фирдавсии Туей ва бисёре аз шо^кор^ои назму наср таълиф шу-данд ва такдири забонро барои хдмеша муайян намуданд.
Хамон гуна ки Оранский И.М. [Оранский 1988, 260-272] к;айд мекунад, ташаккули давлат^ои феодалии новобаста аз хилофат ба монанди Тодириён (821-873), Саффориён (873-903), Сомониён (875-999) дар к;аламрави Хуросон, Систон ва Мовароуннадр боис гардид, ки забони точикй о^иста-ох,иста чои забони арабиро танг намуда, дубора ба осори хаттй рох, ёбад.
Дар ин давра осори зиёди динй ва илмиву адабй аз забони арабй ва баъзе китобх,о аз забондои дигар ба забони точикй тарчума шуд. Ба сухани дигар, суннат^ои хаттиву китобии ин забон дар замони дигар бунёдгузорй шуд.
Пас аз сукути давлати Сосониён ва зухури фарх,ангх,ои бего-на ба сарзамини зисти кавмх,ои гуногуни эронй дарачаи
тахаввулоти сиёси, мухочиратхои дохили бенихоят пуршиддат
^ - -
гардид. Бархурди фархангхои гуногун, аз як тараф фарханги к;авмх,ои сомй, аз тарафи дигар фарханги хиндй, аз чониби дигар фарханги к;авмхои мугулу чин ва дар миёна к;арор гирифтани фарханги ориёй, шиддат гирифтани мухочиратхои дохилй дар миёни кавмхои эронй, густариши бештари забони тоники дар 1<аламрави Сугду Бохтар, Хоразм ва минтак,ах,ои дигар мавкеияти забони точикиро комилан дигаргун сохт. Ба тадрич забонхо ва гуйишхои гуногуни эронй ё махдуд шуданд ва ё аз миён рафтанд ва чои онхоро забони точикй гирифт. Дар бахши Мовароуннах,р, ки собик; макони густариши забонхои шаркии миёнаи эронй ба монанди сугдиву бохтарй, хоразмй ва забонхои сакой ба шумор мерафт, ба тадрич забони точикй интишор пайдо кард, аммо дар кдрнхои аввали нуфузи ислом хамчунон ки таърихнависони форсу араб (хамчун Наршахй, Истахрй, Мукдддасй, Ибни Хавк;ал ва дигарон) овардаанд, дар ин сарзамин бозмондахои ин забонхо вучуд доштаанд. Хамчунин осори ин забонхо дар матнхои давраи аввали шуарову нависандагон фаровон ба мушохида мерасад, ки бархе аз ин лугот баъдан аз меъёри давраи аввали забони точикй хорич шуда, дар лахчахои гуногуни забони точикй бар чой мондаанд.
Дар равиши хамин тадаввулот баъзе калимахои забонхо ва лахчахои махаллй, махсусан сугдиву бохтарй бештар ва забонхои хоразмиву бохтарй ва бозмондахои забонхои дигар кам-тар, ба забони точикй дохил шуданд. Албатта, решай аксари ка-лимахо дар забонхои эронй муштарак буд. Агар мо се маркази фархангиро дар ин замон ба назар гирем, масъала то андозае равшан мешавад: Нишопур (аз чумла Туе), ки ба хадде тахти нуфузи забони порти буд; Бухоро, ки то хадде дар нуфузи забони сугдй ва Балх, ки замоне тахти таъсири забони бохтарй ва каму
беш х,индй буд. Ин се сарзамини ^аль^аи пайвасти Мовароун-нах,ру Хуросон, фархднгхои гуногун ва маркази ташаккули за-бону фархднги нави форсиву тоники гардид.
Як чизро набояд аз ёд бурд, ки пеш аз истилои араб дар да-воми чандин садсола^о забони сугдй дар давзаи Бухорову Самарканд, так;рибан дар тамоми сарзамини Осиёи Марказй то марзх,ои Чин забон и байналмилалй буд. Ин забон мисли баъзе забощои эронй забони махдуди хонаводагй ва гуфтугуй набуд. Осори ёфтшуда дар Турфони Чин (огози асри ХХ)ва санад^ои пайдошуда дар кух,и Муг (солх,ои 30-юми асри XX) гуво^й ме-ди^анд, ки ин забони эронй забони хат ва забони коргузорй буд. Бинобар натичагирии донишмандон то асри X дар рустох,ои ат-рофи Бухоро ба сугдй гаи мезаданд ва яке аз гуишх,ои кухдстонии он ба шакли мавдуд (гунаи гуфтугуй ва хонаводагй) дар водии Ягноб то имруз бок,й мондааст. Вучуди гуиши сугдй дар Ягноб ва забондои помири дар Кудистони Бадахшон як да-лели раднопазири сукунати мардумон ва забонх,ои шарк;ии эронй дар Осиёи Марказй мебошад. Бисёрих,о забони сугдиро як забони комилан муста^ил ва чудо аз забон^ои дигари эронй ба хусус
)
забони форсии миёна мефадманд. Дар вок;еъ аксарияти кали-мах,ои сугдй ва форсии миёна ва дигар забон^ои хонаводаи эронй ё муштарак хдстанд ва ё решай муштарак доранд.
Бо назардошти сухащои боло дар осори адибони пуршумо-ри во^аи Бухорову Самарканд, Тирмизу Марв ва умуман Мова-роунна^р бисёр вожадои мадалливу сугдй ба назар мерасанд. Бо ин х,ол, вак;те осори онон ба дигар минта^ахри форсигу монанди Тусу Нишопур ва Исфах,ону Табрез мерафт, ин вожах,о ба назари онон ношинохта метофт. Хуб мебуд дар ин бора ба х,икояти машх,ури Носири Хисрав таваччух кунем: "Дар Табрез патрон ном шоиреро дидам, шеъре нек мегуфт, аммо забони форсй неку
намедонист. Пеши ман омад, девони Мунчдк ва девони Дак;ик;й биёвард ва пеши ман бихонд ва хдр маънй, ки уро мушкил буд, аз ман пурсид. Бо у бигуфтам ва шарх,и он бинавишт ва ашъори худ бар ман хонд..."[Носири Хисрав 1970, 11].
Аз ин ру, фарзонагоне мисли Асадии Туей - лугатшинос ва шоири гаронмоя, фархангномадое мисли "Лугати Фуре" мена-виштанд ва вожах,ои ношиноси Мовароуннахрро бо овардани шохвддо аз ашъори шоирони ин хитта шарх медоданд. Ба саба-би ходисадои шуми замонадо ашъори зиёди Рудакй, Мунчики Тирмизй, Абушакури Балхй ва бисёр шоирони фарх,ехта аз миён рафтанд, вале танх,о ба хотири фархднгхое чун "Лугати Фуре" ашъори парокандае аз онон бок;й мондааст.
Бо гуфтадои боло вазъи забониву фардангии ь^арщои авва-ли давраи аввали забони точикй то андозае равшан мешавад.
Китоби "Гаршосбнома"-и Асадии Туей аз осори гаронбах,о ва арзишманди таърихй хдсоб мешавад, ба вижа ки он дар к;арнх,ои нахустини ташаккули забони точ;икй навишта шудаает". Дар бораи арзиши ин асар бедтар аст ба мук;аддимаи Хабиби Ягмойй дар "Гаршосбнома" [G., 2] руч;уъ кунем: "Гаршосбномаи Хаким Асадии Тусиро баъзе арбоби тазкира аз "Шохнома"-и Фирдавсй бартар, бархе бо он баробар шумурда ва гуфтаанд: "Тавонад буд, ки Асадй фй хадди зотах,у дар маротиби шоирй балегтар аз Фирдавсй бошад, вале руъят (зебой) ва инсичоми (ихчамии) баёни Фирдавсй дар таййи хикоёт бех,тар намояд. (аз "Мачолис-ул-муъминин", "Мачмаъ-ул-фусадо") маъалвасф ба иттифок;и суханшиносон бузургтарин манзумаи дамосии миллй аст, ки ба равиш ва сабки "Шоднома" суруда шуда ва агар аз шевойй ва фиребандагй ба пояи "Шохдома" нарасад, аз пур-магзй ва истехдом бартар, ки набошад, хдмпоя аст. Гуяндаи ин ду китоб ду хдкиманд шоир ва олим х,амон к;адар, ки дар
"Шоднома" шурангезй ва даячону гирандагист, дар "Гаршосбнома" лутфу диктат ва матонату устуворист".
Мо меходем ба навиштадои Хабиби Ягмойй даминро афзо-ем, ки "Гаршосбнома" бо он, ки дамсанги "Шоднома" даст ё нест, як асари содда дам нест. Мантикан агар бигуем, ки он аз "Шоднома" бартар аст, аввал беэдтиромй ба Хакими бузургвори Туей мешуд, дуввум дар во^еъ ин тавр нест; агар бигуем он ба дарачаи "Шоднома" намерасад, ин дам сухани гайриокилона ва ноинсофй ба Хакими дигари Туей Асадй мешуд. Ба ибораи дигар дам "Шоднома" мак;оми худро дорад ва дам "Гаршосбнома" чои худро ва чунин мук;обилагузоридо кори оцилона нест. Ба дар дол, гайр аз арзиши адабй, таърихй ва ахло^ии ин китоб чизе, ки барои мудавдщи забон адамият дорад, ин аст, ки он дар карни XI таълиф шудааст ва вожадои он вожадои зиндаи он давра ме-бошанд.
Хамон гуна ки маълумоти муфассале дар бораи зиндагино-маи худи Асадии Туей дар даст нест, дамон гуна чузъиёти таъли-фи "Гаршосбнома" дам дар даст нест. Вале дар бораи замони итмоми достон Асадй дар хотимаи китоб мегуяд: Sud In dästän i buzurg isparl, Ва pírüzl vu rüz i nekaxtarl. Zi hijrat bar ü bar sipehre ki gast, Suda cärsad sal u panjäh u hast [G., 476].
Яъне таълифи acap соли 458 д.ш. (баробар бо 1080 милодй) ба поён расидааст.
Дар нусхаи "Гаршосбнома"-и мадфуз дар "Остонаи Раз-авия", ки Хабиб Ягмойй онро нусхаи камэътибор хондааст [G., 18], ин байт омадааст:
Buvad bayt i man sar ba sar nuh hazär, Se säl andar In kär sud rüzgär [G., 477].
Агар ин байтро фаразан ба назар бигирем, Асадй соли 455 д.ш. (баробар бо 1077 милодй) ба навиштани асар шуруъ карда, баъд аз се сол онро тамом кардааст. Зикри ду нукта дар ин чо аз ахдмият холй нест: нахуст он, ки дар х,ак,иь;ат теъдоди абёти ^ "Гаршосбнома" наздики 9000 аст; дуввум он, ки шоире монанди Асадии Туей - марди фозил ва донишманд дар се сол метавонист теъдоди чунин абётро бигуяд ва датто бештар аз он бигуяд.
Мавзуи "Гаршосбнома" мисли "Шох,нома" достонхои Эро-ни кадим аст. Тавре ки Хдбиби Ягмойй ишора мекунад [G., 3], дар "Бундах,ишн" ва дигар осори кудан дар бораи Гаршосб маълумоти зиёде дода шудааст ва саргузашти Гаршосб дар "Шохдома" ва "Гаршосбнома" сарфи назар аз баъзе тафовутдои чузъй яксон аст. Хдмчунин дар китоби мукаддаси зардуштиён дар бораи чангх,ои Гаршосб бо дадон ва девон ва саркашон ри-воятдое вучуд дорад, ки бо достонхои ин китоб мутобик; аст. Худи Асадй дар бораи сарчашмаи "Гаршосбнома" ва иртиботи он бо "номаи мех,он" "сароянда дехдони мубаднажод", "гуфти му-бадон", "достони бостон" ва "мубадони кудан" мегуяд: 7л kirdär i Garsäsb andar Jahän, Yake näma büd yädgär az mehän [G., 19]. Sarayanda dehqän i mübadnazäd, Zi guft i digar mübadän kard yad[G., 21]. Cunin amad az gufta i bastan, V-az an k-ägah az räz i In dästän[G., 43]. Mar In dästänrä saranjäm i kär, Nibistand har kas dar an rüzgär[G., 63]. Mus az hlrbad mübadän i kuhan, Zi Zahhäk rändand z-In sän suxan [G., 65]. Хдмчунин дар бораи Гаршосб дар "Таърихи Систон" маълумоти муфассал дода шудааст. Бо ин дол, "Гаршосбнома"
танх,о аз нак;ли ривоятдо иборат нест ва чунон ки худи Асадй мегуяд:
Cunin namaë säxtam pursigift,
Ki har dânisë zü tavän bargirift [G., 477].
Чунон ки аз номи худи муаллиф бармеояд, зодгохи у Туе бу-да ва тахминан дар х,удуди нимаи к;арни панчуми дичрй ба Нахч;увон рафта ва ба хидмати шод Абудалф дукмрони Нахчувон пайвастааст, зеро ба муносибати ошуби Хуросон ва аз дасти Разнавиён ба дасти Салч,ук;иён гузаштани хукумат бозори шеъру адаб дар Хуросон равнак; надоштааст, ба гуфтаи худи шо-ир:
Мага juz suxan säxtan kâr nëst, Suxan hast lëkln xarldär nëst. Zi rädän hamln sah mändast u bas, Xarïdâr az ü behtaram nëst kas [G., 470].
Асадии Туей дар соли 465 х,.ш. (баробар бо 1087 милодй) аз дунё гузаштааст.
Mo дар кори худ аз нусхаи тасх,ех,кардаи Хдбиб Ягмойй, ки дар соли 1354 х,.ш. (баробар бо соли 1976 милодй, чопи дуввум) дар Техрон чоп шудааст, истифода кардем. Мутобиьуи тазаккури худи мусавдед у аз бедтарин ва ^адимтарин нусхах,ои "Гаршосбнома" мах,фуз дар китобхонах,ои хусусй ва миллии Эрон ва Аврупо (аз чумла нусхаи музеи Британия тах,ти шумо-раи 11586, нусхаи Китобхонаи Разавия, нусхаи китобхонаи Миллии Эрон ба шумораи 11 ва тайра) истифода кардааст. Аз ин ру метавон гуфт, ки ин китоби тасдедкардаи Х,.Ягмойй аз бедтарин нусхах,ост. Вале дар баробари ин, ба нусхаи асл наздик кардани матн мутобщи нусхахри гуногун кори душвор ва баъзан гайримумкин аст.
Масъалае, ки дар ин 40 ко б ил и таваччух, аст, тафовут дар нусхах,о мебошад. Албатта тафовут хеле зиёд аст ва ин тафовут на танх,о ба феъл, балки ба исму сифат хдм дахл дорад. Ба назари мо ин тафовутх,о ба чанд сабаби маълум сурат гирифта: хусуси-ятдои хатти ниёкон ва болову пойин шудани нуктаву дандонхри он; аз тарафи котибони гуногун ва дар замощои мухталиф ки-тобат шудани онхо; котибони замонхри баъдй баъзан мисрахоро ё партофта ва ё огох,онаву ноогодона ва бидуни масъулият боло - пойин ва ё иваз кардаанд, баъзан котибон ягон калимаро но-шинохта, онро ба таври худ хонда ва ё навиштаанд. Масалан ба ин байт таваччух, кунем:
Ва har näxsa bar cihil lad niz,
Zi jaz' u ruxäm u zi har güna ciz [G., 400].
Ин 40 дар калимаи "näxsa" "нохша" ё котиб нукта^оро боло пойин карда ва ё бо мурури замон нук;тах,о сутурда шуда ва ё тасх,ех,гар бо ин калима ошной надоштааст ва аз тарафи дигар, ин кори бисёр мушкил аст. Ба гумони мо ин 40 калимаи "нохша" нест, балки "похса" аст. Зеро дар фар^ашдо калимаи "нохша" вучуд надорад. Калимаи "похса", ки аз нигоди хатти ниёкон бо "нохша" яксон навишта мешавад, дар забони ин давра зиёд маъмул буда, дар фархангх,о ва осор забт шуда ва имруз хам дар Точикистон як истилох,и хонасозист. Хиштхри калон-калонро мо похса мегуем. Ва дар худи байт да.м фак;ат похса мумкин аст ба болои лод (фундамент) бошад. Ба таври умумй, ин тафовутх,о ба феълу сифат чандон таъсир накардааст ва фак;ат ба баъзе кали-мадое, ки як-ду бор ва бештар ба кор рафтаанд, мисли "похса" мумкин аст таъсири манфй дошта бошанд.
Феълх,ои маъмулй аз cap то охири "Гаршосбнома" ба такрор садх,о бор истифода шудаанд. Аз феълдои нодир фак;ат феъли msldan "рушидак" дар як 40 омадааст, феълхри дигар ду-се бор
ва бештар омадаанд. Чизи дигар, ки дар ин маврид нисбат ба тафовутдо мудимтар ба назар мерасад, омехта шудани абёти "Гаршосбнома" ва "Шоднома"-и Фирдавсй аст. Сабки нигориш ва вожадои ин ду асар ба дам монанданд. Ба к;авли Хдбиб Ягмойй дар баъзе ч;одо чунон ба дам монанд ва ё омехта шуда-анд, ки тафовути ондо гайримумкин аст.
Бояд ёдовар шуд, ки осори манзум ва мансури давраи аввал то андозае аз тарафи пажудишгарони дохиливу хорич;й мавриди тадкик; к;арор гирифтааст. Аз чумла феълдои нодир ва кудан аз дастнависдои давраи аввали забони тоники дар асари Лазар [Lazar 1963] оварда шудааст, ки ондо аз нигоди морфологй таджик; шудаанд. Дар рисолаи М.Давлатова бо унвони "Глагольная лексика и глагольное словообразование в "Зайн-ал-ахбар" Гардйзй" (XI в.) асосан ба падлудои морфологй ва кали-масозй таваччуд шуд а, ба вижагидои корбурди феълдо, баъзе ху-сусиятдои сабкй, м