автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Источники и мировое распространение персидских и арабских версий книги "Калила и Димна"
Текст диссертации на тему "Источники и мировое распространение персидских и арабских версий книги "Калила и Димна""
ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИ-КООПЕРАТИВИИ ТИЧОРАТИ
1 точикистон
АФСАХЗОД АББОСИ АЪЛОХОН
МАНБАЪ ВА ГУСТАРИШИ ЧАДОНИИ РИВОЯТХОИ ФОРСИ ВА
АРАБИИ "КАЛИЛА ВА ДИМНА"
ИХТИСОСИ: 10.01.03 - АДАБИЁТИ ХАЛКХОИ ИДМ (СНГ) 10.01.06 - АДАБИЁТИ ХАЛКХОИ ОСИЁ ВА АФРИКО
Р И С О Л А
БАРОИ ДАРЁФТИ УНВОНИ НОМЗАДИ ИЛМХОИ ФИЛОЛОГИ
ДУШАНБЕ - 1999
НАКШАИ КОР:
Сах;.
МУКАДДИМА 3—7
БОБИ I. АБДУЛЛОХ ИБНИ МУКАФФАЪ ВА «КАЛИЛА 8-71
ВА ДИМНА»-И У 8 - 13
1. ШАРОИТИ ТАЪРИХИИ БА МИЁН ОМАДАНИ
«КАЛИЛА ВА ДИМНА»-И ИБНИ МУКАФФАЪ.
2. АБУМУХАММАД АБДУЛЛОХ ИБНИ МУКАФФАЪ В А
ШАХСИЯТИ У: 13 - 24
1) ШАХСИЯТИ ИБНИ МУКАФФАЪ 13 - 19
2) ОСОРИ ИБНИ МУКАФФАЪ 19 - 24
3. БАХС РОЧЕЪ БА ИНТИКОЛИ «КАЛИЛА ВА ДИМНА», • 24 - 51
4. МУХТАВИЁТИ «КАЛИЛА ВА ДИМНА»-И ИБНИ
МУКАФФАЪ:
МУХТАВИЁТ ВА КИШРИ ХИНДИВУ ФОРСИИ
"КАЛИЛА ВА ДИМНА" - И ИБНИ МУКАФФАЪ. 52 - 71
БОБИ II. «КАЛИЛА ВА ДИМНА»-И БАХРОМШОХЙ» 72 - 127
1. ШАРХИ ХОЛ В А МЕРОСИ АДАБИИ АБУЛМАЪОЛИ 72 - 74
НАСРУЛЛОХ-
2. «КАЛИЛА ВА ДИМНА»-И БАХРОМШОХЙ, ШЕВАИ
ТАРЧУМА ВА ПАДИДАХОИ ХИНДИ, ФОРСИ ВА 74- - 127
АРАБИИ ОН.
БОБИ Ш. ГАРДИШИ ЧАХОНИИ «КАЛИЛА ВА ДИМНА» 128 - 157
1) ТАРЧУМАХОИ АРАБИ 128 — 135
2) ТАРЧУМАХОИ ФОРСИ-ТОЧИКИ 135 - 157
ХУЛОСА 158 - 160
ЗАМИМА 161 - 171
МУКАДДИМА Адабиёти ку^ани форсу точик дар ганчинаи гаронбахои худ дурхое дорад, ки то ба имрУз аз чониби ах ли башар чун мучаллотарину олитарин дастоварди инсонй хифзу пуштибонй карда шуда, дар шохкулохи фарханги чахонй сахт махкаманд. Дар ин макоми воло "Калила ва Димна", ки аз огози пайдоиши худ то ин дам даст ба даст гашта, мавриди хонишу хифзу пажУхиш карор гирифтааст, хамтои худро надорад ва халке нест, ки ло а^ал боре аз бархУрдории худ бо он ифтихор накарда бошад. Ин аст, ки хатто бо вучуди эътирофи умуми уламову фузало хакикати «фарханг комгори халк асту шохкорй (шедевр) марзу бум надорад» - дар мансубияти он ба халку кавму миллати худ то хол талошхо намуда, санадхо меоваранду баъзан ба ифрот хам расидаанд.
Тахкикотхоеро, ки то ба имрУз ба майдон омадаанд метавон ба ду гурУхи калон чудо кард: Онхое, ки ба нусхахои арабй мансубанду ононе, ки ба нусахи форсй-точикй. Вале бо вучуди ин бахси асосй хамоно перомуни сарчашмаи асосй, мусаннифии Барзуяи пизишку Ибни Мукаффаъ, дарачаи духули онон бар тартибу таркиби ас ли асар аст.
Мукоисаву мушохидахо нишон доданд, ки бахси мазкур ба интишори "Калила ва Димна"-и Ибни Мукаффаъ, аз суханони «ва хиндувон бар он асос гузоштанд», такя намуда, тавассути боби «Барзуя ва сафари У ба Хинд», ки мутарчимии Уро гУё ба исбот мерасонаду та^вият меёбад, огоз мегирад.
Чуноне маълум гардид, аввалин нуктаи бахсй дар ин асос нисбат ба ас ли "Калила ва Димна" дар асари Абурайхони Берунй «Китоб фй тах^ики мо ли-л-Динд» дида мешавад. Дар он муаллиф мушохидаву мутолиъахои бевоситаи хешро рочеъ ба урфу одат, таъриху маданияти хиндувон гирд оварда, минчумла аз хусуси «Панчатантра», ки дар хоричи Хинд бо номи "Калила ва Димна" шУхрат пайдо кардааст,
изхори акида менамояд ва ба хусус тадвини арабии Ибни Мук;аффаъро бинобар вучуди бобхои фавказзикр ва санаду маводхои дигар чун «аз асл дур ва беэътимод», яъне на «Панчатантра» мехисобад.
Пасон мутарчамону мухаккикон бар ин гуфтахо такя намуда, бо пардози тозае онро та^вият додаанд. Тахкики чиддии асли пайдоиши "Калила ва Димна" бошад дар асри XIX бо интишори матни комили он аз тарафи барон Силвестер де Сасй (Calila et Dimna ou Fables de Bidpai en arabe; precedees d'une memoire sur l'origine de ce livre et sur les diverses traductions qui ete faites dans l'Orient. Paris, 1816) сурат гирифт. Мурратиб дар таздикоти худ, ки бар интишори матн зам гардидааст, рочеъ ба муносибати Барзуя ва Ибни Мукаффаъ ба "Калила ва Димна", дарачаи таъсирашон бар матн, руйнавису баргардонихои минбаъда бахси доманадоре пеш оварда, ба хусус асоси хиндй доштани асарро, ки дар тУли куруни устод аз чониби баъзе мухаккикину мутарчимин ба шубха гузошта мешуд, ба тасбит мерасонад.
Дар асоси тачмеъи хама нусахи "Калила ва Димна" соли 1897 В. Чайвин (Bibliographie des ouvrages arabes ou relatifs aux arabes publies dans l'Europe chrétienne de 1810 a 1885. Liege) тахкики хешро пешкаш намуда, мувофики онон таърихи сайри асарро то ин давр равшан намуда, дар боби манбаъи аслй бошад, хамоно гуфтахои Силвестер де Сасиро такфият медихад.
Матни интикодй ва таърихи мукаммали сайри таърихии "Калила ва Димна" соли 1905 аз тарафи Л. Шайхо (La version arabe de Kalilah et Dimnah d'après le plus ancien Manuscrit arabe date. Beyrouth) нигошта шуда, тахлили хамачонибаи матнхои арабии вучуддоштаро ба сомон мерасонад. Муаллиф асосан ба тахкики матн пардохта, дар боби асли асар аз мухавдикони собика пайгири намуда, хидмати Барзуяву Ибни Мукаффаъро чун мутарчимони хушзав^и боистеъдод ёд мекунад.
Натичаи ин хама пожухишхо бошад аз тарафи К. Брокелман (Enzyklopaedie des Islam, В. II.) чамъбаст гардидааст.
Хамчунин, дар паи тахки^и манбаъу маол ва баъзе чанбахои хоси матнхои дастёфтаи "Калила ва Димна" ва гардонишхову табъхои он ба беш аз 60 забон ва таблиги гояхои абадзиндаи асар хидматхои шоёни И. Чюдй, А. Кристенсен, М. Рябинин, Т. Бенфй, Г. Ричер, Т. Нелдеке, Э. Браун, И. Халавй, И. Шлайфер, Б. Владимиртсов, И. Крачковский, Р. Шор, Ф. Габриэлли, Ахмад Закипошо, Ш.А. Табора, Г. Клинге, А. Аззом, X. Язичй, А. Мунисй, М. Сабрй, A.M. Исмоъил, М. Гуфронй, Шакигапур, X. Фохурй, А. Кримский, В. Иванов, Е. Бертелс, Я. Рипка, И. Брагинский, Н. Чхеидзе, Х.А. Балох, A.B. Пайкова, И. Филштинский, Б. Шедфар ва дигаронро бояд зикр намуд.
Чизи дигар ва аз хама ачибаш ин аст ,ки миллату фарханги "Калила ва Димна" - ро ба чомеъаи башарй пешкаш намуд дар аксари холот накши мунозирро бозида, то солхои наздик дар тасдики мансубияти худ бад-он сахмгузорие нанамуд. Дар ин хисоб танхо асари М. Махчуб "Дар бораи "Калила ва Димна"-ро метавон истисно донист, ки дар паи тах^ики тарчумаи Ибни Мукаффаъ захматхои зиёди муаллифро нишон дода, бисёр нуцтахои мансубии онро бар дигарон ва хоса аъроб, ки асарро мояйи дастранчи тафаккури арабй медонанд, хувайдо намудааст. Хамчунин, асари мазкур ду боберо, ки Насруллохи Мунши аз арабй ба форсй тарчума накарда буд, ба забони шевову мизони воло ва килки гиро дар бар мегирад.
Дигар аз уламои ин фрханг, ба чуз номбурда, А. Кариб, М. Минавй, Маликушшуаро Бахор, С. Нафисй, Х- Котибй, 3. Сафо, А. Мирзоев, Р. Шафак, Р. Ходизода, X. БехрУз, А. Алимардонов, А. Афсахзод, У. Каримов, К- Чиллаев, С. Махдиев, М. Мухаммадй ва дигарон бо он сару кор намуда, асосан, ба чуз ахбороти информасионни тахаввулй, ба тахлили сабку услуб ва хусусиятхои жанрии баъзе
тарчумахои форсй, бештар тарчумахои Рудакй, Абулмаъолй, Хусайн Воъизи Кошифй ва Абулфазл ибни Муборак пардохта, мак;олахои чудогона ва ё маълумотномае дар рисолахои тахавдукии хеш пешкаш кардаанд.
Як навъ чамъбасти пажУхиш перомуни муносибати асархои Абулмаъолй Насруллох ва Хусайн Воъизи Кошифй дар рисолаи номзадии М. Солехов, ки ташрехи хасоиси жанриву бадеъии ин ду тарчумаро дар бар мегирифт, тахти унвони «ПажУхиши киёсии "Калила ва Димна"-и Абулмаъолй Насруллох ва «Анвори Сухайлй»-и Хусайн Воъизи Кошифй» оварда шуда буд, ки мутаассифона то ба ин вакт руйи нашр наомада.
Пас чунин ба назар мерасад, ки тахкики дакики асолати "Калила ва Димна", дарачаи таъсиру бархурдории он бо адабу фарханг ва урфу одоти Машрикзамин, таъйни амики услубу макосиди пешгирифтаи мусаннифу мутарчимон, мизони каробату буъди матнхои Ибни Мукаффаъу Насруллохи Муншй, боздошту тазйиди саноеъи охирй дар баргардон, теъдоди ба имрУз маълуми тарчумахо, сифоти маоди онон дар як рисола дида баромада шавад.
Аз ин хотир, бо истифода аз тавсиъаи имконоти истифодаи адабиёти гуногунпахлу ва хоса дар ин боб дастачамъии маводи мухталифи илмии хилофи хаму мубхам моро во дошт, ки бори дигар бар таърихи тадвини вариантхои арабиву форсй-точикии "Калила ва Димна" ворид шуда, фикри худро рочеъ ба онхо дар асоси асноди наву киёс арз намоем. Дар ридифи ин навихо метавон тарчумахои солхои охири «Махабхарата»-ву «Панчатантра», бозёфти варианти сугдии «Се мохй», тарчумаву тазйинхо ва содданависихову интишори варртнтхои "Калила ва Димна" ва гайраро ёд кард, ки то ин замон ба якчоягй фаро гирифта нашуда, тахкик нагардидаанд.
Барои комгорй аз ин максади пешгузошта вочиб донистем корро дар пояйи тахкики шароиту авомили таърихй ва заминахои пайдо шудани асар дар адабу Ачаму Араб, асолати он, сабабу дарачаи пазирой ва гиромидошташ, мухтавиёти китоб, гаразхои вокеъиву тахайюлии мутадаввинон, мубохисоти олимон перомуни ину интиколи он (асар), шеваи нигоришу андозаи таъсири а^шор дар тадвину тарчумаи асар, маокму мартабаи "Калилаву Димна"-и Бахромшохй», хадду худуди Каробати ин тарчума, услуби мавриди истифода ва дарачаи пайгирй аз анъанаи кабулшуда, завку махорати гардонанда, малому манзалати ин тарчума, гардиши чахонии "Калилаву Димна", теъдоди тарчума аз нусхаи форсиву арабй бо тазйидкорихои минбаъда анчом бидихем. Хамчунин, дар аснои кор таъкиди маокму манзалат ва мероси адабии мусаннифон, бинобар парешонй, амри маъруф дониста шуд.
Бояд таъкид кард, ки дар ин кор бори авва л дар адабиётшиносии точик мукоисаи сатрии "Калила ва Димна"-и Ибни Мукаффаъу Абулмаъолй Насруллох сурат мегирад, ки то чое ба пайравй аз мухавдини варзидаи форсу точик С. Нафисй (122), А. Мирзоев (56; 57) ва ховаршиноси гурчй Г. Алиев (31) дар муносибати абёти бокимондаи устод Рудакй бо "Калила ва Димна"- и арабист.
Барои пешбурди кор ба вакти мукоисаву такя асосан аз табъхои шинохтаву писандидашудаи Форук Саъд (Бейрут, 1979) ва Мучтабои Минавй (Техрон, 1343) истифода карда шуд.
Хамчунин, ин чо таъкид кардан зарур аст, ки барои пешгирии яккатозии баъзе мухаадикини гайри эронй ва як навъ бегаразии тахки^ ба вакти тасбити маншаъу манбити асар, бинобар зодаву парвардаи ин фарханг будан, аз далоили барон Силвестер де Сасй аз андоза бештар истифода карда шуд, ки иллати маълум бояд бошад. Дар интихои кор чадвали «Сайри таърихии "Калила ва Димна" аз ибтидо то ин дам оварда мешавад, ки соби^а надорад.
БОБИ I. АБДУЛЛОХ ИБНИ МУКАФФАЪ ВА "КАЛИЛА ВА ДИМНА"-И У 1. ШАРОИТИ ТАЪРИХИИ БА МИЁН ОМ А ДАНИ «КАЛИЛА ВА ДИМНА»-ИИБНИМУКАФФАЪ. Тамаддуни башар аз огоз пайваста пеш рафта, мураккабтару сермухтавотар гардид. Дар аснои ин тахаввул чанбаи идроку фахмиш, сахорати лафзии он ба булуг расида, вобаста ба шароити таърихии вокеъй камолоту гановати хар 1<авму нажодро ба ма^оме биёвард. Маълум аст, ки олитарин меъёри булуги миллату миллият, маданияти у, дарачаи нафосату салосат ва умь;у асолати гуфтори у, нихояти истифодаи санъатхои олии шпора, рамзу киноя, ташбеху истиора, тачнис, лурзу муаммо ва албатта, тамсилу масалхост, ки дар натичаи тачрибаю тачзои муаммохову дарбоистхои дунё ба вув;уъ пайвастаанд. Аз ин хотир, дар ин чода кавмеву нажоде бурду бохтхоеро паси cap карда, хамвора пеш мерафт ва ягонагиву асолати хуввияти худро дар муборизаву чидол собит менамуд, ки аглаб аз он дифоъ намуда, ба харобиву махлутй рох надода, дар нихояти кор боз хам ягонагии умумии худи инсону инсониятро дарк намуда, бар тарбияи хакикати илохй, баробариву бародарй, масъулиятшиносиву кадршиносй, накукориву самимияту каромат мепардохт. Намунаи хубу барчастаи ин гуфтахо дар мисоли "Калила ва Димна" ва хаёту фаъолияти илмиву адабии Ибни Мукаффаъ - забардасттарин мутарчими он дида мешавад. Максади мо аз ин рисола бахс рочеъ ба асолати "Калила ва Димна", омилу дарбоистхои замониву маконии пайдоиши он ва ма^саду маромхои муаллифон мебошад.
Пас аз хуручхои пай дар пай ба вилоёти сархадии Эрон дар соли 632 аъроб парешониву худхохии сарварони эрониро ба хубй дарк
намуда, соли 633 расман ба он чанг эълон карданд (52, 52-53)1. Аз ин сол фатхи империяи Эрон ва аз он пас мулки Турон ofo3 меёбад.
Дирафши ин истило хидоят ба дини мубини Ислом ва баробарии ах;ли он дар назди Павардигор бошад дам, максади асосии мунодиёнаш, хамоно фатхи молу мулк, "эмани худ аз душманони дохилй" (48;73) ва "забунсозии душмани мувавдат заифгаштаи хоричииЧ49;51) худ буд, ки минбаъд метавонист ба ин абаркудратии онхо зарар биёварад. Аз ин чо, ин истилоро метавон идомати сиёсати вокеъии горатгару торочгаронаи миллати навташкил донист (48; 72). Дар тУли таърихи начандон дароз, аъроб ба ин максадхо комёб гардида, тамоми империяи Эронро бо Хуросону Мовароуннахр забт карданд. Ин забти осон чанд сабаб дорад: Аввалан, маърифату маданият ба авци инкишоф расида, дар чорсУе боз монд, роху равиш ва як тозагие мехост. Сониян, мулк аз дасти тахтхохихову саркашихои мукаррабони сосонй ва саркардагонашон дар дуру наздик "хуноб" гардида, ахволи халк; нихоят бад шуд. Содисан, ин чохталабихо ба парешониву дилозурдагй оварда, шахрвандонро ба такдири Ватан бепарво сохт. Ва билохира, чун шиори арабхо, чуноне зикраш рафт, "баробарии ахли Ислом-уммат"-ро таргиб мекард (51а;242), шУълаи умеде дар дили ачамзодагон мепарварид. Дар кишвар инкирози сиёсиву маънавй, рукуди мутлак хукмфармо буд.
Вале, арабхо пас аз забти ин кишвари пахновар ас л и хешро зохир намуданд. Халки махаллй аз хар чихат тазйик дода шуда, тамоми бойгониаш бар абас рафтан гирифт. Ба болои дину оини нави зУровар, вусъати тахкири маънавиёти шахе, таъриху маданият ва гузаштаи тахчоиён ва тааддии барзиёд, аъроб ба чорй намудани забони худ пардохтанд. Хамаи ин "косаи сабри мардумро лабрез намуда", муташаккиливу якмаромиашонро охиста-охиста ба майдон оварда, миллати пахну парешони эрониро алайхи ачнабиён муттахид сохт.
1 Дар кавсайн - раками аввал - тартиб дар «Фехрист», раками дуввум - сахифаи асари номбурда.
Пешвову гояпардози ин раетохез чунбиши озодихохонаи сиёсй ва ичтимоиву фархангии Шуъубия буд.
Пас аз даргузаштани хазрати Мухаммад (632) ва сипарй шудани рузгори хулафо (661) хукумат ба дасти умиавиён расида, дигаргунихои зиёдеро ба миён овард. Мусовоту бародарй, таквову пархезгорй ба куллй аз миён рафта, дар натичаи асабийяти арабй ва худхохии Бани уммия "бар ивази он зулму ситам ва шиканчаву озор, тахкиру тавхин ва билохира хазорон аъмоли норавову нописанд нисбат ба милали мусулмон, махсусан гайри араб" беш аз пеш зохир шуд (110; 188). Чун эрониён, чуноне ишора кардем, хама фарру шукУхи каёнии хешро аз даст дода, мусовоти ах ли Исломро таскине мепиндоштанд, аз рафтору кирдори онон дар ахкому му^аррароти мухаммадй ба ташвиш омада, ру ба киёму нахзати милливу сиёсй, бо максади барангехтани давлату саедати араб карданд, ки хар руз ба ранге зохир мешуд. Бузургтарин нахзати эрониён, ки пояи давлату саёдати аъробро ларзонид ва билохира максуд бирасид, нахзати Шуъубия буд. Ин нахзат "аз авоили карни дуввуми хичрй, балки пеш аз он шуруъ ва дунболаи он то карни шашуми хичрй кашида шуд" (115, 1250). Пайдоиши маслаки шуъубия чунбиши бузурге дар Олами Ислом ва араб эчод кард ва тагйироти амще дар куллияи шуъуни сиёсиву фикрй ва адабии араб падид овард ва кор ба чое расид, ки чамъи касире аз хар табакаву миллате, хатто аз чинси араб, ба ин фирка пайвастанд. Дар кутуби адабу таворих ба номи бисёре аз донишмандони машхур ва шуъарову нависандагони маъруф ва амирону вазирони номй бармехУр^ем, ки дорой акидаи шуъубй ва аз хавохохони чиддии ин мае лак буданд. "Шуъубия дар тамоми умур ва куллияйи шаъб ва фунуну маъорифи исломй духул доштанд вадар хар кисмат осори бисёре аз акоиди худ бокй гузориданд" (115; 1226).
Бахсу тахкик дар оини шуъубия ва кашфи румузи сиёсиву адабй ва илмии арбоби ин маслак барои таърихи умумии чй Арабу Ачам ва чй
Ислом беандоза муфид аст ва чуноне Х- Мумтахан таъкид мекунад, "арзиши фидокорихо ва талошхову азхудгузарихои коъидини ин нахзатро равшану ошкор бояд кард" (110, 197). Дар бораи маънои ин калима Чалолуддини Х^мойи мегуяд: "Калимаи шуъубй" - ба сигаи чамъ "мансуб ба лафзи шуъуб" аст ва "ё"-и нисбат мукайяди маънии вахдат буда, бинобар "Лисон-ул-араб", назири "мачус" - "мачусй" аст ва "шуъубия" монанди "ровандия", "хуррамия", "кадария" ва г. "фиркаи хосест" (115; 1258). Дар "Захия-л-Ислом" омада^ки "калимаи "шуъубия" аз "шуъуб", ки чамъи "шаъб" аст, гирифта шуда ва шаъб иборат аз гуру*, ё кавм ва миллат аст, ки шумулаш аз кабила ва тоифа ва ашира бештар аст (94,57). Умуман, дар ин бобат бахсу мунозйрахои
зиёде ба амал омада, дар ибрози акоид ихтилофхо ба назар мерасад,
S
вале назари сахех ин аст, ки «шаъб» маънии «кабилаи бузург» - «Абу-л-кабоил» аст. Ба хар хол, он чй машхур аст «вачхи тасмияи фиркаи мухолифи араб ба «шуъубия» ин аст, ки ин фирка да огози кор хохони мусовот миёни милал буданд ва чун истидлол ба ояти «ва чаъалнокум шуъубан ва кабоила» мекарданд аз ин ру ононро «шуъубия» номиданд» (110; 198). Дар хамин чо бояд таъкид кард, ки ин оятро ачамиён минбаъд барои ифодаи афзалияти хеш нисбат ба аъроб, ки хангоми нузули Куръон ва рисолати хазрати Мухаммад хануз дар пояи кабила буданду миллият надоштанд, мавриди истифода карор доштаанд. Баъзе муфассирон бар ин акидаанд, ки максуд аз «шуъуб» дар ин оят тавоифи Ачам ва максуд аз «кабалин» тавоифи Араб аст, «Ва кила аш-шуъубу бутуну-алъачам ва кабоъилу бутуну-алъараб» (Тафсири Байзовй) ва ё «ва кила аш-шуъубу мин-ал-ъачам кал-кабоъилу мин-ал-ъараб» («Мачмаъ-ул-бахрайн») (110, 198-199). Чунонки маълум шуд, иайдоиш ва такозо аз маънои он дар ибтидо факат баробарй буд. Вале охиста-охиста, бо шиддат гирифтани муковимат �