автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Осафи Хирави и его творчество
Текст диссертации на тему "Осафи Хирави и его творчество"
КУРГАНТЮБИНСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
ИМЕНИ НОСИРА ХУСРАВА
на правах рукописи
04201002515 НАЗАРОВА САОДАТХОН МУСТАФОЕВНА
ОС АФИ ХИРАВИ И ЕГО ТВОРЧЕСТВО
Специальность: 10.01.03. - Литература народов стран зарубежья
(таджикская литература)
Диссертация
на соискание ученой степени кандидата филологических наук
Научный руководитель: доктор филологических наук, профессор Абдусатторов Абдушукур
Душанбе - 2009
ДОНИШГОХ,И ДАВЛАТИИ КУРЕОНТЕППА БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Ба хукми дастнавис
НАЗАРОВА САОДАТХОН МУСТАФОЕВНА
ОСАФИИ ^ИРАВИ ВА ЭЧОДИЁТИ У
Ихтисос: 10.01.03.-Адабиёти халкдои мамолики хоричи (адабиёти форсу точик)
Рисола
барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмхои филологй
Рохбари илмй: доктори илмхои филологй Абдусатторов Абдушукур
Душанбе-2009
МУНДАРИЧД
Мукадцима..............................................................................3
БОБИI. РУЗГОР ВА ОСОРИ ОСАФИИ Х.ИРАВЙ
1.1. Зиндагиномаи Осафй..........................................................11
I. 2.Мероси адабй....................................................................35
I.3. Анвои шеъри девони Осафй ва мавк;еи газал дар эчодиёти у.......40
БОБИ II. СОХТ ВА МУНДАРИЧДИ ЕОЯВИИ
ЕАЗАЛИЁТИ ОСАФЙ
II. 1. Сайри тахдввули газал то замони Осафй..............................53
11.2. Сохт ва таркиби газалх,ои Осафй........................................73
11.3. Мавзуъ ва мундаричаи газалх,ои Осафй...............................89
БОБИ III. ХУСУСИЯТХРИ УСЛУБЙ ВА БАДЕИИ ЕАЗАЛИЁТИ ОСАФЙ
III. 1. Забон ва тарзи баён..........................................................117
111.2. Вазн, кофия, радиф...........................................................131
111.3. Хусусиятх,ои бадей............................................................141
ХУЛОСА..............................................................................167
ФЕХРИСТИ АДАБИЁТ..........................................................173
МУКДЦДИМА
Мух;имияти мавзуъ. Хдрчанд ки маршалам таърихи адабиёти форсу то^ик аз нимаи дуюми кдрни XV ва ибтидои кдрни XVI давраи огози инцитот ва таназзули адабй дониста мешавад, пайдост, ки дар ин давра низ хаёти адабй аз шахсиятх,ои бузурги илму адаб орй набудааст. Таадики хдёти адабии нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVI аз он гувох,й медихдд, ки ин давра низ хдм аз лих,ози теъдоди шуарову адибон ва дам аз нигохд арзишх,ои х,унарии осори онон яке аз давронх,ои пурбори таърихи адабиёти форсу точик мах,суб мегардад.
Дар ин давра^и таърихи адабиёти форсу точик, ки к;исмати бештари он ба замойи дукмронии Х,усайн Бойкдро ва вазири фозилу адабпарвари у Амир Низомиддин Алишери Навой мувофиц меояд, шахсиятх,ои бузурги адабй аз кдбили Абдуррах,мони Ч,омй, Исмати Бухорой, Шайхам Сухдйлй, Абдуллоди Х,отифй, Бадриддин Х,илолй, Сайфии Бухорой, Лутфуллох,и Нишопурй ва амсоли онх,о ба майдони адабиёт омаданд, ки дар тахдввули чараёни адабии натанх,о замони худ, балки ба хдёти адабии даврадои мутааххир низ накдш муассир доштаанд.
Хоча Камолиддин Осафии Х,иравй аз зумраи яке аз шахсиятх,ои боризи адабй ва парваришёфтаи мактаби адабии Х,ирот буда, дар нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVI умр ба cap бурдааст ва хднуз дар замони зиндагии худ сазовори эътирофи хдмагон гардидааст.
Дар бораи заковати табъ ва кудрати шоирии Осафй хднуз хдмзамонони у Алишери Навой дар «Мачолисуннафоис», Давлатшох,и Самаркдндй дар «Тазкиратушшуаро», Мирхонд дар «Равзатуссафо», Хондамир дар «Хдбибуссияр», Соммирзои Сафавй дар «Тух,фаи Сомй» ва муаллифони маъхазх,ои дигари адабй-таърихй маълумоти нахустин додаанд.
Нахустин тазкирае, ки дар бораи Осафй маълумоти нисбатан муфассал додааст, «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшохд Самаркандй
мебошад. Муаллифи ин тазкира дар бораи падари Осафй - Хоча Неъматуллох, хабар дода, вазирзодаи бениёз будани мавсуфро таъкид мекунад ва «хаёлпарвариву их,омандешии» шеъри уро тасдик; мекунад [39,179-180].
Муосири дигари Осафй-Алишери Навой дар «Мачолисун-нафоис» багоят к;авй будани х,офизаи уро эътироф намуда, аз он ки «на табъи хеш ва на х,офизаи худро кор мефармояд ва авк;оти шарифи худро ба раъной ва хештанорой мефарсояд» [77,96] изх,ори таассуф мекунад.
Муаллифи «Равзатуссафо» Мирхонд падари Осафиро Хоча Неъматуллохд Кддистонй хонда, дар сояи тарбияи Алишер Навой к;арор доштани худи Осафиро ёдовар мешавад. У хабар меди^ад, ки Осафй «ба сафои зехди салим ва закон табъи мустакдм аз соири шуарои рузгор ва фузалои рафеъмикдор имтиёз дошт» ва девони газалиёташ машхур будааст [85,126]. Хондамир дар «Хдбибуссияр» низ айни хдмон гуфтах,ои Мирхондро такрор намудааст [126, 213].
Хабари тозае, ки Соммирзои Сафавй дар бораи Осафй додаст, маснавие ба тарзи «Махзануласрор»-и Низомй доштани уст [106, 183]. Ахбори «Бобурнома»-и Захдридцин Мухдммад Бобур бо он фарк; мекунад, ки дар он дар бораи сабаби тахаллуси Осафй, девони шоирро ч,амъ овардани Анисии Исфароинй ва дар бораи мулокоти худ бо Осафй дар Хуросон маълумот медихдд [19].
Маълумоти «Хулосатулашъор ва зубдатулафкор»-и Так;иудцини Кошонй низ ч;олиб буда, тибк;и он Абдуррах,мони Ч,омй гуё шеъри Осафиро пас аз шогирдони дигар гуш мекардааст. Вакте ки Осафй аз ин ранч,ида, сабаб мепурсад, Ч^омй шар^ медихдд, ки «лук;маи лазизро пас аз х,ама таомх,ои дигар мехуранд, ки чошнии у то дере дар мазок; монад» [123].
Аз чумлаи тазкира^ои дигаре, ки дар бораи шахсияти шоирии Осафй маълумоти ч;олиб додаанд, тазкираи «Сафинаи Хушгу» мебошад. Муаллифи он Хушгу дар тазкираи худ дар баробари такрори
4
ахбори тазкирах,ои гузашта дар бораи бах,ои баланд додани Мирзо Абдулк;одири Бедил ба байти охири газали Осафй ба матлаи «То барафрухтай з-оташи май руи сафед, Шамъ пиронасар оташ зада дар муи сафед» маълумот медихдд [40, 30].
Дар бораи шахсият ва чузиёти зиндагиву осори Осафй маълумоти адабиву таърихии дигаре х,ам аз забили «Х,афт иклим»-и Амин Ах,мади Розй, «Арафотулошик;ин»-и Та^иуддини Исфах,онй, «Майхона»-и Абдуннабии Фахруззамонй, «Миръотулхаёл»-и Шерхони Лудй, «Бах,ористони сухан»-и Мир Абдурразоки Хофй ва гайра низ маълумот дода шудааст, вале хдмаи онх,о ахбори муаллифони тазкирах,ои собщаро такрор намудаанд.
Мутаассифона, дар асрх,ои минбаъда ва алалхусус дар замони муосир муаллифони осори адабй-таърихй ва илмй-тахдщотй ба рузгору осори Осафй камтар тавачдух, зохдр кардаанд ва дар «Мачмаъулфусах,о»-и Ризокулихони Хдцоят х,ам, ки охирин ва чомеътарин тазкираи адабиёти форсй мебошад, дар бораи Осафй маълумоте ба назар намерасад.
Дар бораи рузгор ва осори Осафй то имруз тахдицоти алох,идае дар Эрону Афгонистон, Точ;икистон, Россия ва кишварх,ои Аврупо анч;ом дода нашудааст ва ахбору муло^изоте, ки баъзе донишмандони таърихи адабиёти форсй ва муаллифони осори илмй-тахдик;отии адабиётшиносй, изх,ор кардаанд, сатх,й ва хеле мухтасар мебошанд.
Аз чумла, донишманди маъруфи рус Е.Э. Бертелс дар асари худ «Чрмй ва Навой» дар робита бо муносибат^ои дустиву эчодии Ч,омиву Навой, дар бораи Осафй ва шеъри у низ маълумоти чузъй меди^ад [23].
оти ч;олиб дар бораи хусусиятх,ои мавзуиву гоявии
____г_____тл дар китоби Эх,сони Ёршотир низ изх,ор карда шудааст
Дар китобх,ои таърихи адабиёти Э. Браун, X,. Эте, Ризозода Шафак;, Ч,алолиддин Х,умой ва дигарон низ фак;ат бо ишорати кутох,е дар бораи Осафй мувоч,ех, мешавем, ё куллан маълумоте пайдо карда
[151].
наметавонем. Аз чумлаи муаллифони таърихи адабиёти Эрон устод Забехуллохи Сафо ягона касест, ки дар бораи Осафй ва шеъри у нисбат ба дигарон муфассалтар тававдуф намудааст. У дар чилди чахоруми китоби пурарзиши худ «Таърихи адабиёт дар Эрон ва дар цаламрави забони форси» дар худуди бештар аз панч, сафхаро ба чузъиёти рузгор ; ва намунахои ашъори Осафй ихтисос дода"бт\ Арзшли илмии мулохизоти устод Сафо дар китоби мазкур дар он аст, ки у бори нахуст дар бораи вучуди нишонахои сабки хиндй дар шеъри Осафй ва истщболи рубоиёти Хайём будани теъдоде аз рубоихои Осафй изхори мулохиза менамояд [46, 371].
Яке аз мухакдикрни точик, ки дар тах*;ик;и адабиёти нимаи дуюми асри XV сахми бузург гузоштааст, шодравон, профессор Аълохон Афсахзод мебошад. Аълохон Афсахзод зимни тахк;икл адабиёти давраи мазкур дар бораи Осафй ва хдмохангии мавзуъ, мундарича ва шакли рубоиёти Осафй ва Хайём мулохизоти чолиб изхор менамояд [17].
Дар осори дигари илмиву адабй, ки дар Точикистон ба табъ расидаанд, маълумот дар бораи рузгору осори Осафй хеле ночиз аст. Аз чумлаи асархое, ки дар онхо шархи холи Осафй дар хачми к;ариб як сафха ва якчанд сафха намунахои ашъори у оварда шудааст, чилди чоруми «Гулшани адаб» мебошад [37, 24-29]. Дар чилди дуюми «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик» низ ахбори мухтасаре дар хачми якчанд сатр дода шудааст, ки муаллифи он адабиётшиноси точик Мирзо Ахмадов мебошад. Дар ахбори ин муаллиф низ асосан маълумоти маъхазхои адабй-таърихии асримиёнагй зикр гардидааст.
Дар китоби дарсии профессор Холик; Мирзозода дар бораи адабиёти асри XV фасли алохидае ихтисос дода шудааст, вале дар он фак;ат ду маротиба номи Осафй дар к;атори шоирони дигари давр зикр шудааст ва маълумоте дар бораи худи шоир дода нашудааст.[76].
Аз чумлаи навиштахое, ки бевосита ба тахкик;и баъзе чузъиёти рузгор ва осори Осафй бахшида шудаанд, мак;олахои донишмандони
6
Эрон Инъомулхдкд Кавсар ва Башири Х,иравй ва Алй AcFap хисоб меёбанд [53а, 184-284, 22а, 330-340]. Дар маколаи Инъомулхдки Кавсар бори нахуст баъзе масъалах,ои рузгор ва осори Осафй мавриди бахси нисбатан муфассали илмй карор гирифтааст. Дар маколаи Башири Х,иравй ва Алй AcFap дар бораи мушкилоти чопхои девони Осафй изхори мулохиза карда мешавад.
Маъхазхои дигаре, ки дар бораи рузгор ва осори Осафй ахбори то хадде муфассал дода метавонанд, мукаддимаи чопхои девони шоир дар Кобул ва Техрон мебошанд. Маъхази аввал девони Осафист, ки мураттиби он дар мукаддимаи навиштаи худ маълумоти ч;олйбе дар бораи баъзе лахзахои чараёни зиндагй ва мероси адабии Осафй медихад [40]. Китоби дигар девони соли 1958 дар Х,ирот ба табъ расидаи Осафист, ки дар мукаддимаи мураттиби он Фикрии Салчукй баъзе мулохдзоти судманд дойр ба чузъиёти алохидаи зиндагй ва осори шоир оварда шудааст [92].
Чунонки аз баррасии мухтасари маъхазх,ои адабй-таърихй ва осори илмй-тахкикотй маълум мегардад, то имруз дар бораи зиндагиномаи Осафй ва мероси адабии у тахкщоти монографй ва чомеъ анчом дода нашудааст. Ахбори маъхазхои адабй-таърихии асрхои миёна бошад, асо'сан сатх,й ва умумй буда, аксари онхо бо зикри ному насаби шоир, иртиботи у бо Чрмиву Навой ва муосирони дигар, соли таваллуд ё вафот ва зикри намунахо аз эчодиёти вай иктифо намудаанд.
Аз ин хотир, мавзуи рисолаи хозира, ки мунхасиран дар бораи рузгор ва осори шоир, аксоми шеъри у, мавзуъ, мундарича, хусусиятхои гоявй, услубй ва бадеии газалиёти вай бахс мекунад, дорой тозагй ва ахамияти илмиву амалй мебошад. Ахамиятй илмии рисоларо чунин санад хам гувох, буда метавонад, ки то хол .на дар адабиётшиносй ва эроншиносии Русияву Аврупо, Эрону Х,инд,
Афгонистону Точикистон ва на дар мамолики дигари Шарку Рарб /
)
чунин рисолаи чомеъ ва монографй дар бораи рузгору осори Осафй / 1
у
таълиф карда нашудааст. Ахдмият ва тозагии илмии рисола дар он хдм зох,ир мегардад, ки дар он бори нахуст дар адабиётшиносй зиндагиномаи хддцалимкон муфассал ва шархи мероси адабии Осафй баркдрор карда шуда, сохт, мавзуъ, мундарича, услуб ва бадеиёти газалиёти шоир муайян гардидааст ва мак;оми у дар суннати газалсароии асри XV ва умуман, дар таърихи адабиёти точик .таъйин карда шудааст.
Мацсад ва вазифах,ои тахциц. Хддафи асосй ва вазифах,ои ба миён гузоштаи муаллифи рисола аз он иборат аст, ки масъалах,ои зайлро мавриди баррасии илмй кдрор дихдд:
-баркарор намудани зиндагиномаи хддцалимкон муфассали Осафй;
-тавсифи хусусиятх,ои жанрй ва мавзуии анвои шеъри шоир;
-шарх,у тавзех,и нусхах,ои мухталифи хаттй ва чопии девони шоир;
-таъйини мак;оми газал дар эчодиёти Осафй;
-тах,к;ик;и сохт, мавзуъ ва мундари^аи газалиёти у.
-тахдили забон ва услуби баёни шоир;
-баррасии бадеиёти газалх,ои вай;
-таъйини мак;оми шоир дар суннати газалсароии асри XV ва дар таърихи адабиёти форсу точик;
Асос^ои назарй ва методологияи гахкик. Зимни тах,к;ики масъала^ои ба миён гузошташуда принсипи муносибати комплексии таърихй-филологй ба маводи тахдик; ва усули к;иёсй-таърихии омузиши руйдодх,ои адабй истифода гардидааст. Х,ангоми тахдили хусусиятх,ои жанрй, сохторй, мавзуй ва услубиву бадеии ашъори Осафй асар^ои илмй-тах,к;ик;отии донишмандони рус ва собик, ч,амох,ири шуравй, Точикистон ва мамолики хоричии Шарку Гарб аз кабили Э. Браун, X,. Эте, Ян Рипка, В.М. Жирмунский, Д.С. Лихачев, Б.В. Томашевский, Е.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, Забех,уллох,и Сафо, Зайналобидини Муътаман, Эх,сони Ёршотир, А. Мирзоев, Р. Хрдизода, А. Ах,сафзод,
X. Шарифов ва дигарон мавриди истифода ва истинод кдрор дода шудаанд.
Сарчашмах;ои тэдвдщ. Девонх,ои Осафй, ки бори аввал соли 1958 дар Х,ирот бо саъйи Фикрии Салчукй ва бори дуюм соли 1964 дар Техрон бо саъйи Х,одй Арфаи Кирмоншохд ба табъ расидаанд, ба хдйси маводи адабии рисолаи х,озир хизмат кардаанд. Хдмчунин осори таърихиву тазкира аз кдбили «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшохд Самаркдндй, «Мачолисуннафоис»-и Алишери Навой, «Равзатуссафо»-и Мирхонд, «Х,абибуссияр»-и Хондамир, «Оташкада»-и Лутфалибеки Озар, «Майхона»-и Абдуннабии Фахруззамонй, «Х,афт икдим»-и Амин Ах,мади Розй, «Хулосатулашъор ва зубдатулафкор»-и Так;иуддини Кошонй, «Миръотулхаёл»-и Шерхони Лудй, «Сафинаи Хушгу» ва амсоли ощо, ки намунах,ои ашъори Осафиро дар бар доранд, ба ^айси маъхазхои дасти аввали ин рисола хидмат кардаанд.
Бозёфти илмй. Ин рисола дар адабиётшиносии форсу точик нахустин тахдикоти мукаммалу муфассал дар мавриди бозшинохту баррасии масоили гуногуни эчодиёти Осафй, аз чумла рузгору осор, сохт ва мундаричаи гоявии эчодиёти шоир, хусусиятх,ои услубй ва бадеии газалиёти у, забону тарзи баён, вазн, к;офия ва дигар пахлухои зиндагй ва эчодиёти Осафии Х,иравй мебошад.
Арзиши илмй ва амалии рисола. Адамияти илмии ин рисола аз он иборат аст, ки он барои мухддащони таърихи адабиёт дар таълифи таърихи адабиёти нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVI ва аз он чумла дар навиштани фасли марбут ба рузгору осори Осафй мусоидат карда метавонад. Натичах,ои тахдици рисоларо инчунин дар таълифи фасл^ои марбут ба адабиёти асрх,ои XV ва XVI китобх,ои дарсии адабиёти форсу точик истифода бурдан мумкин аст.
Хулосах,ои ношй аз тахдик;и рисола х,амчунин чун маводи амалй зимни хондани лексиях,о аз таърихи адабиёти асри XV ва ибтидои асри XVI ва курсх,ои махсус дойр ба рузгору осори Осафй ва умуман адабиёти асри XV, метавонанд мавриди истифода кдрор дода шаванд.
Хулосах,ои тахдики рисолаи мазкур аз чумлаи икдомоти нахустин дар шинохти ^амачонибаи рузгор ва осори Осафии Х,иравй буда, барои тахдик;оти минбаъда дар бораи хдёт ва эчодиёти Осафй ва хусусиятх,ои суннати газалсарой дар адабиёти нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVI форсу точик мусоидат карда метавонад.
Сохти рисола. Рисола аз мукдддима, се боб ва фасл^ои марбутаи бобх,о, хулоса ва фех,ристи адабиёту маъхазх,о иборат аст.
БОБИ I. РУЗГОР ВА ОСОРИ ОСАФИИ ХДРАВИ
1.1. ЗИНДАГИНОМАИ ОСАФИ
Даврони салтанати Темуриён, бо вучуди чангу хунрезих,о ва нооромих,ои авзои сиёсиву ичтимоии Мовароуннадру Хуросон аз лих,ози теъдоди шуаро ва донишмандону нависандагон, яке аз даврах,ои пурбори таърихи фардангу адабй форсу точик х,исоб меёбад. Алалхусус, замони хукмронии Шохрухмирзо, Султон Х,усайни Бой^аро ва вазири фозилу адабпарвари у - Алишери Навой барои ривочи илму дониш ва санъату хунар давраи хеле пурбаракат ва бофайз буда, шахсиятх,ои адабиро чун Абдуррадмони Ч.омй, Х,илолии Чагатой, Ах,лии Шерозй, Ибн Х,исом
Сайфии Бухорой, Амиршох,ии Сабзавори, Лутфуллох,и Нишопури,
Абдуллох,и Х,отифй, Шайхам Сухдйлй, Камолиддин Биной, Хоча Исмати Бухорой, Бурундуки Бухорой, Бисотии Самаркандй ва амсоли ондо ба майдони адабиёт овардааст.
Яке аз шуарои тавонои ин давр, парваришёфтаи мактаби адабии Х,ирот ва аз зумраи шогирдони муваффаци Абдуррах,мони Ч,омй - Хоча Осафии Х,иравй мебошад, ки дар нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVI умр ба cap бурдааст.
Маълум аст, ки дар бораи мух,ити ичтимой, сиёсй ва фархднгиву адабии замони Осафй иддае аз мухдккик,он чун В.В. Бартолд, Е.Э. Бертелс, Эх,сони Ёршотир, Аълохон Афсах,зод ва дигарон муфассал тавакдуф кардаанд. Аз ин хотир, мо дар ин боби рисола лозим надонистем, ки бори дигар дар бораи мухдти зиндагии Осафй таваккуф намоем. Саъйи мо бештар бар он равона гардид, ки чузъиёти зиндагй ва мероси адабии Осафии Х,иравй то хддди имкон муфассал ва чомеъ барк;арор карда шавад.
Дар барк;арор кардани чузъиёти зиндагй ва мероси адабии Осафии Х,иравй мо аз якчанд маъхаз в а марчаъдо истифода
намудем. Яке аз маъхазх,ои мух,им ва метавон гуфт то ^адде муътамад барои омузиши зиндагиномаи Осафй, маълумоти тазкирах,о ва осори адабй - таърихии асрх,ои миёна х,исоб меёбад. Маъхази дигар ахбору иттилоот ва мулох,изот дар бораи Осафист, ки дар асарх,ои илмй -тадк,икотии мухдккикони замонх,о ва кишварх,ои мухталиф сабт шудааст. Бо ин хдма, мухдмтарин ва муътамадтарин маъхаз дар бораи зиндагиномаи Осафй ашъори худи уст, ки дар сафах,оти девонаш омадааст ва ахбори чолибу бебах,с дар бораи чузъиёти зиндагии