автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Становление и развитие персоязычной литературы Индии (литературный круг Кашмира) в ХVI - ХVII вв.
Текст диссертации на тему "Становление и развитие персоязычной литературы Индии (литературный круг Кашмира) в ХVI - ХVII вв."
? / ¡из ^ УСу/г^г
-ХУДЖАНДСКИЙ НАУЧНЫЙ ЦЕНТР АКАДЕМИИ НАУК РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ИНСТИТУТ ЯЗЫКА И ЛИТЕРАТУРЫ ИМ. РУДАКИ
О
- На правах рукописи
м
ГАФАРОВА ЗАМИРА
СТАНОВЛЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ПЕРСОЯЗЫЧНОЙ ЛИТЕРАТУРЫ ИНДИИ (ЛИТЕРАТУРНЫЙ КРУГ КАШМИРА) В XVI -XVII ВЕКАХ
10.01.03 - Литература народов стран зарубежья (персидско - таджикская литература)
ДИССЕРТАЦИЯ на соискание учёной степени доктора ^ -г^==::^щлсш,01СХ1ческих наук
■Президиум ВАК
(решение от" С^лО^д №
присудил степень ДОКТОР/
начальник уппмления ВАК Ро
Пйу, )ссии
--ДУШАНБЕ - 2002
АКАДЕМИЯИ ИЛМХ.ОИ Ч.УМХ.УРИИ ТОЧ.ИКИСТОН МАРКАЗИ ИЛМИИ ХУЧДНД ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РУДАКЙ
Б а ^укми дастнавис
БАФФОРОВА ЗАМИРА
ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ Х.ИНДУСТОН (ХДВЗАИ АДАБИИ КАШМИР) ДАР АСР^ОИ ХУ1-ХУП
Ихтисоси 10.01.03 - Адабиёти халк;х,ои мамолики хори^й
(адабиёти форсу то^ик)
РИ СОЛА
барои дарёфти дара^аи илмии доктори илми филология
ДУШАНБЕ - 2002
МУНДАРИЧД
МУКДЦДИМА...................................................сах,. 3-18
БОБИ I...............................................................сах,. 19-73
В А ЗЪИ СИЁСЙ-ИЦТИМОЙ В А ФАРХ,АНГИИ КАШМИР ДАР АСРХ.ОИ ХУ1-ХУП
1. Вазъисиёсй......................................................са^. 19-40
2. Вазъи фарх,ангй................................................сах,. 40-54
3. Х,аёти илмй......................................................сах,. 54-73
БОБИН..............................................................сах,. 74-257
АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ КАШМИР ВА ХУСУСИЯЩОИ ОН
1. Заминах,ои рушди адабиёти форсй дар Х,инд..........са^. 74 - 84
2. Пайдоиш ва риво^и адаби форси дар Кашмир........сах,. 84-144
3. Жанрх,ои адабй.................................................сах,. 144-186
4. Тасвири бадеии Кашмир дар осори адибон......... сах,. 186-219
5. Услуби адабй....................................................сах,. 219-257
БОБИ III.............................................................сах,. 258-346
АХ,ВОЛУ ОСОРИ СУХАНВАРОНИ МА ЪРУФИ КАШМИР
1. Сарфии Кашмирй...............................................сах,. 258-274
2. Фонии Кашмирй................................................сах,. 275-292
)
3. Рании Кашмирй.................................................сах,. 292-314
4. Ч,уёи Кашмирй...................................................сах,. 314-330
5. Мух,аммадафзали Сархуш....................................сах,. 330-346
ХУЛОСА..............................................................сах,. 347-352
ТАВЗЕХ.ОТ............................................................сах,. 353-361
ФЕХ.РИСТИ САРЧАШМАХ.0 ВА АДАБИЁТИ
ИЛМЙ.................................................................сах,. 362-388
МУКДДДИМА
Адабиёти форс-то^ик аз чумлаи бойтарин ва пурарзиштарин адабиёти Чах^он буда, бо он имтиёз мекунад, ки дар саросари кишвар^ои шарк;й, аз сарх,адх,ои Чин то ним^азираи Балкан ва аз Х,инду Покистон то Ирок;у Сурия доман пах,н карда таъсири бофайзе ба тафаккури адабии он кишварх.о расонид ва худ аз х,исоби анъана^ои неки адабии минтак;аву мамлакат^ои дигар бархурдор гардид. Омузиши мукаммали ин робитах,ои адабй сах^ифахри нокушудаи адабиёту фар^анги умуми^а^ониро боз карда, дар боби синтези адабии кишвар^ои шарк.й хулосах,ои чолиби илмй ба х,осил хох,ад овард.
Тах>к;ик;и ^ама^онибаи пайдоиш ва нашъунамои адабиёти форсизабон дар ин кишварх,о, вижагих,ои мавзуиву х^унарии он, мак;оми марказу х^авза^ои адабй ва иртиботи он бо адабиёти он минтак;а, та^аввулоти сабку услуб, диди эстетикиву гановати мазмунсозй аз масоили умда ва муайянкунандаи тах>к;ик;оти адабй ба х^исоб рафта, танх,о дар сурати амалй гаштани онх^о манзараи сах,ех,и пайдоиш ва ташаккулу та^аввули адабиёти бадеиро та^ассум кардан имконпазир хох>ад шуд. Дар ин маврид он кишвар ва х^авзаву марказх^ои адабй имтиёз доранд, ки таъсири онх>о дар риво^и адабиёти форс-то^ик багоят бузург буда, бидуни онх,о комёбих,ои беназири адабиёти форсиро дар манотици нуфузи он тасаввур кардан гайриимкон аст.
Барои ах,ли тахдик; мусаллам аст, ки шибх,и к;ораи Х,инд аз ^умлаи х,амон кишварх,ои беназир буда, х,ак;к;и бисёре бар адабиёт ва х^унари ак;воми эронй дорад. Донишманди эронй Шахриёри Нак;авй дар ин хусус чунин овардааст: «Эх,тимоме ки дар кишвари Х,индустон нисбат ба забону адабиёти форсй, махсусан дар цисмати фарх,ангнависй ва тазкиратушшуаро мабзул шуда, чандин баробари корест, ки худи эрониён дар ин бора ан^ом додаанд... Хидмати Х,инду Покистон ба забону адабиёти форсй назири
хидмате бошад, ки эрониён ба забону адабиёти араб ан^ом додаанд, ки ^азор мартаба бештар аз худи араб^о дар ин замина кору кушиш карда ва китоб навиштаанд» (453, c.l 1).
Бо назардошти гармии бозори адаби форсй дар ин сарзамин донишманди маъруфи олмонй Х,ерман Эте таъбири «тобистони х,индии шеъри форсй»-ро ба кор бурдааст. Пас аз Эте дар тули бештар аз сад сол китобу ма^ола^ои зиёд оид ба вазъи адабиёти форсии Х,инд ва намояндагоии ало^идаи он таълиф шуданд. Дар ин замина бо тавсияи донишманди маъруф Маликушшуаро Бах>ор аз чониби доктор Абдулх,амиди Ирфонй таълиф шудани китоби «Эрони CaFHp ё тазкираи шуарои порсизабони Кашмир» (300) таваччух,и а^ли тахдикро ба ин х^авзаи багоят му^имми адабй ^алб кард. Баъдтар дойр ба намояндагони алох,ида ва баъзе ^и^ат^ои умумии адабиёти форсии Кашмир рисолаву мацола^ои Му^аммад Зафархон (381; 382; 383), Му^аммад Бок;ири Лох,урй (333), Риёз А^мади Шервонй (399), Мух,аммад Таййиби Сиддик;й (404), Х,афизи Х,ушёрпурй (353; 354), Абдуллох,и К,урайшй (430), Му^аммадуддини Фавк, (230), Гард^арй Лол Тику (340; 491), Му^аммад Асламхон (210), Мух,аммадсиддик;и Ниёзманд (221), Абдулк;одири Сарварй (227), Амир Х,асани Обидй (412; 415), Famra Афгон (212), Мух>аммад Риёз (374; 375), Мух,аммад Калими Сах,саромй (386), Х,арумал Садорангонй (388), Мунаввари Кашмирй (367, с. 110), Му^аммад Собири Офок,й (222), А. Мирзоев (126), А.Раффоров (58; 59; 75), Ш. Девонаев (87; 88), А. Х,абибов (189; 196) ва донишмандони дигар ба табъ расид.
Илова бар ин дар зимни китоб^ои ^омеъи тах,к;ик;й ва таърихнома^ои адабиёти форсй ба монанди таълифоти Шиблии Нуъмонй (397,398), А^мад Гулчини Маонй (436; 437; 438; 439; 440), Забех.улло^и Сафо (406; 407; 408), Сайд Нафисй (450; 451), Алй Ризо Заковатй (431), Абдулх,усайни Зарринкуб (379) низ аз хусуси ах,волу осори иддае аз суханварони Кашмир маълумоти умумй ба назар мерасад.
Агарчи ин таълифоти илмии суратгирифта дар мак;оми худ арзиши
муайянеро сох,ибанд, бинобар хддафх,ову ма^сад^ои муаллифони худ танх,о ба баъзе масъалахри адабиёти форсии Кашмир иртибот дошта, наеду таедил ва чамъбасти фарогири адабиёти ин минтацаро мак,сади худ к;арор надодаанд.
Дар адабиётшиносии муосир ба омузиши боризтарин дастовард^ои марокизи адабй ва х,авза^ои фарх,ангй камтар тава^ЧУ*. зо^ир кардаанд. Аксари та^к;ик;оти илмй ё сурати монографй касб карда, ах,волу осори адибони муайянро биомухтаанд ё сурати куллии чамъбастй дошта, масоили таърихи адабиёт ва пайванди адабиро ба таври умумй баррасй кардаанд. Дар ин миёна танх,о баъзе донишмандон ба марокизу х^авза^ои адабй ва малому нуфузи онх,о эътибор додаанд. Аз чумлаи чунин тадк;ик;от рисолаи 3. Н. Ворожейкина мебошад, ки ба омузиши х,авзаи адабии Исфа^он дар аср^ои XII-XIII ихтисос дорад (48), рисолаи А. К,аюмов ба омузиши х,авзаи адабии Хуцанд бахшида шудааст (113), И.А. Абдуллоев осори шуарои арабизабони Бухороро дар рисолаи махсус таэдик; кардааст (1), А. Х,абибов мероси адабии шоирони Х,исор (190) ва Бадахшонро (191) мавриди омузиш к;арор дод. Кашмир низ аз чумлаи му^имтарин марказх,ои адабиёт ва фар^анги форсй ма^суб шуда, омузиши ганчинах,ои адабии он са^ифа^ои нави адабиёти бадеии моро боз хох,ад кард. Тах,к;ик;и вазъи адабии х^авзах.ои муайян барои таълифи таърихи чомеъи адабиёти форс-то^ик заминаи аслй хох,ад буд.
Бо назардошти а^амияти фавк;уллода му^имми ^авзаи адабии Кашмир муаллифи ин рисола назди худ вазифа гузошт, ки ба к;адри донишу иститоати хеш тахдицоти фарогире дар ин мавзуъ ан^ом дих,ад ва дар зимни он х>ама асноду мадорики мавчудбударо наеду таедил намояд. Фак;ат дар сурати арзиши камтар доштан ё ба такрор омадани бахше аз ахбори манобеъи адабиву таърихй лозим донистем, ки аз онх>о сарфи назар карда шавад.
А^амияти ин мавзуъ пеш аз х,ама дар он зох,ир мегардад, ки дар аеди к;адим низ ин минтак,а аз зумраи яке аз му^имтарин марокизи тамаддуни
Х,индустон ма^суб гардида, ба ^айси маркази му^имми ^унар ва саноеъи нафиса эътибори азим дошт ва аз миёна^ои к;арни XIV милодй ба мух,имтарин х,авзаи адаби форсй ва тамаддуни исломй табдил ёфт. Оламиён онро х^амчун сарзамини бостонии дорой тамаддун ва фар^анги беназир эътироф намудаанд. ^авох,ирлол Нех^ру дар сифати ин минтак,а навиштааст: «Мак;оми Кашмир дар таърихи Х,инд на фак;ат ба эътибори таърихи щадима доштани уст, балки ба сах,ми бузурги он дар тарак;к;иёти маданият, адабиёт ва сох,а^ои зиёди санъати халцхри гуногуни ин сарзамин низ вобаста аст» (137, с.374).
Сюан Сзан низ, ки дар асри VII милодй ба Кашмир мусофират намуда буд, дар хотироташ аз мардуми хеле босавод ва маърифатпарвар будани кашмириён сухан кардааст (101, с.ЮО).
Донишманди бузурги к;арни XI Абурайх,они Берунй ба яке аз марокизи хеле к;авии илму адаб будани Кашмир ишора намуда, навиштааст, ки «Кашмир муаррихон, шоирон ва файласуфони бузургро ба тамаддуни ча^онй бахшидааст» (Ик;т. аз кит.: 153, с. 105).
Адабиётшиноси х,индй Му^аммадсиддици Ниёзманд адабиёти форсизабони Кашмирро «давраи зархези шеъру адаби форсй» номидааст (221, с. 12).
Ховаршиноси то^ик А.Раффоров низ ро^еъ ба ташаккули адабиёти форсй дар Кашмир сухан ронда, к;арни ХУИ-ро «дурахшонтарин давраи адабиёти форсизабони Кашмир» шуморидааст (62, с.9).
Бо назардошти пайванди к;авии маънавй миёни Кашмир ва Эрону Осиёи Марказй аксари сарчашма^о Кашмирро ба унвони «Эрони Сагир» ном бурдаанд. Ташаккули адабиёти форсй дар Кашмир ва интишори забону адаби форсй дар ин минтак;а яке аз масоиле ^аст, ки омузиш ва тах,к;ик;и амицу х,аматарафаро талаб менамояд. Ах,амияти фавцуллода доштани омузиши адабиёти форсизабони Кашмирро >^ануз дар замони худ аллома Мух,аммад Ик,бол дар яке аз нома^ояш ба Мух,аммадуддини Фавк; таъкид намуда, пешни^од карда буд, ки бояд дар ин чода ивдоми назаррас
ба амал бароварда шавад (367, с.108; 222, с.46). Вале дар ховаршиносии ватаниву хори^й икдоми чиддие дар ин мавзуъ сурат нагирифтааст.
Муаллифи ин рисола бар мабнои омузиши х>амаи сарчашмах,ои асосй ва адабиёти илмй тасмим гирифтааст, ки давраи пурмах,султарин, ба истилох,и маъруф «давраи тиллой» - и адабиёти форсии Кашмирро, ки ба нимаи дувуми асри XVI ва асри XVII мутобик; аст, мавриди тах,к;ик;и густарда ва х,ама^ониба к;арор дода, ба ин васила мух,имтарин фазилат^ои ин мактаби адабиро ба муомилоти илмй ворид созад ва албатта, дар и^рои ин мак;сад заминаи аслиро тах>к;ик;оти мазкур ва сарчашмах,ои тирози аввал, ки зикрашон хохдд омад, ташкил додаанд.
Зарурати тах,к;ик;и муназзами масъала^ои баёншуда, ба муомилоти илмй ворид кардани санадх^ои навтарин, омузиши х^ама^онибаи манбаъх^ои таърихй, таъйин кардани хусусиятх,ои сабку услуб, жанрх>ои адабй ва мацоми онх,о, таъсири адабиёти асрх^ои X-XV ба адабиёти форсии Кашмир, ах^амияти адабиёти форсизабони Кашмир аз масъала^ое мебошанд, ки на танх,о бо тозагии худ имтиёз доранд, балки бо ан^оми онх,о муаллиф кушиш ба харч додааст дар боби такмили усулх,ои методологй ва назарии омузиши монографии кишварх^ои гуногун сах,м бигирад.
Дар ин замина масъалах,ои сабку услуб, хусусияти жанрх^ои адабй, поэтикаи ашъори суханварони Кашмир, омузиши монографии ах,волу осори суханварони маъруф чун Сарфй, Фонй, FaHñ, Ч,уё, Сархуш, тах>к;ик;и к;иёсии ашъори онх,о бо адабиёти асрх,ои гузашта дар мак;оми аввал гузошта шуданд.
Дар ин рисола таърихи адабиёти форсизабони Кашмир бар мабнои сарчашмахри муътамаде чун "Тазкираи шуарои Кашмир"-и Аслах, мутахаллис ба Мирзо (255) ва тазкираи чах,ор^илдаи Сайид Х,исомудцини Рошидй "Тазкираи шуарои Кашмир" (280,281,282,283) ва дигар манобеву маъхазх^ои таърихиву адабии марбут ба ин давра амсоли "Каламотушшуаро" (287), "Тазкираи Х,усайнй" (269), "Сафинаи Хушгу" (272), "Миръотулхаёл" (290), "Майхона" (297), "Наштари иш^" (301; 302),
"Тазкираи Насрободй" (315), "Хизонаи омира" (251), "Тазкираи уламои Х,инд" (285), "Сафинаи Х,индй" (321), "Икди Сурайё" (311), "Мардуми Дида" (265), "Махзанулгароиб" (317; 318), "Риёзулорифин" (284), "Нусхаи зебои Ч.ахрнгир" (263), "Ма^маъуннафоис" (253), "Тазкираи шуарои Панчоб" (299), "Мацолотушшуаро" (270), "Шамъи ан^уман" (268), "Такмилаи "Мак;олотушшуаро" (273), "Натои^улафкор" (307), "Сух,уфи Ибро^им" (280-283), "Гули раъно" (280-283), "К,арния"-и Ошно (283), "Мунтахабуттаворих" (257; 258), "Таърихи Аъзамй" (271), "Таърихи Му^аммадй" (313), "Акбарнома" (294), "Ойини Акбарй" (293), "Таърихи Фаришта" (319; 320), "Тузуки Ч,ах,онгирй" (264) мавриди тахдик; ва баррасй царор гирифтааст. Аз чумлаи инх,о ахбори тазкирах,ои "Сух,уфи Иброх,им", "Гули раъно"ва "К,арния"-и Ошно ба воситаи асари Рошидй ба доираи таэдик; гирифта шудаанд.
Фех,ристи нусха^ои хаттии китобхонах,ои маъруфи ча^он аз к;абили фех,ристи Ч. Рё (481; 482), А. Шпренгер (487) Мавлавй Абдул Муцтадир (472), В.Перч (477), В. Иванов (467), Е. Блоше (460), Ч. Стори (182; 183; 184; 488), Г.Эте (462), М. Разавй (479; 480), Ибн Юсуфи Шерозй (326; 327), Орифи Навша^й (474), Н.Д. Миклухо-Маклай (123), С.И. Баевский (30), А.Т.Тагирджанов (186), Н.Кароматуллоева (107), фех,ристи нусхах,ои хаттии Академияи илм ва х^унари Кашмир (207), Институти шарцшиносии АИ Ч,умх>урии Узбекистон (177; 178; 179), Институти шарцшиносии АИ Точикистон (108; 109), ки дар бораи нусха^ои осори суханварони Кашмир маълумоти мухтасари библиографй фарох,ам овардаанд, аз чУмлаи сарчашмахри ин рисолаанд.
Дар байни ин манобеъ тазкираи Аслах, ва Сайид Х,исомуддини Рошидй аз чУмлаи сарчашмахри тирози аввал мебошанд, ки як^оя бо куллиёту девони ашъори шоирони ин минтак;а дар бунёди ин рисола мавк;еи асосй доранд.
Соли 1957 донишманди маъруфи Покистон Сайид Х,исомуддини Рошидй дар китобхонаи шахсии бошандаи шах^ри Шикорпури Синд-
Бадруддинхони Дурронй нусхае аз Тазкираи шуарои Кашмири Мирзо Мух,аммади Асла^ро пайдо намуда (283, с. 107), сах,ифаи тозаеро дар адабиётшиносии форсй боз намуд. Зеро то ин дам ах,ли илм ин тазкираро, ки ба зикри ах,вол ва ашъори 305 нафар шоири форсигуи Кашмир (аз азди Аврангзеб (1658-1705) то Мух.аммадшох, (1719-1748) ихтисос ёфта, дар х,удуди солкой 1714-1748 дар Кашмир таълиф шудааст, аз маъхаз^ои азбайнрафта медонистанд.
Х,амон сол Рошидй нусхаи дигари ин сарчашмаи адабиро дар Китобхонаи миллии Лаёцат низ ба даст овард (283, с. 107) ва пас аз тасх>ех,у муцобилаи х,ар ду нусха онро бо мук;аддимаву таълик;оти муфид дар х^ми 664 сах,ифа мунташир сохт.
Дар аснои ба чоп омода сохтани ин тазкира Рошидй дарёфт, ки ин асар комил нест. Зеро дар он зикри ах^воли иддаи зиёди шуарое, ки дар Кашмир зистаанд ва ё иртиботе ба х>авзаи адабии Кашмир доранд, нарафтааст. Дар ин бобат у дар интих,ои тазкира чунин гуфтааст: «Х,амзамон бо тасх^ех, ва тахдшяи тазкираи Асла^ иддае аз шуаро ба чашм хурданд, ки Аслах, исме аз ощо набурдааст ва Бино бар ин,тасмим гирифтем зикри х>ол ва намунаи ашъори онх^оро ба ^амон тазкира замима кунем. Аммо чун иддаи онх^о ба 300 расид, дигар фикри замимаро тарк гуфта, тасмим гирифтем китоби чудогонае барои ин манзур тартиб дих,ем» (283, с. 115-116).
Х,амин тарик;, сарчашмаи пурарзише ба вучуд омад, ки дар шинохти адабиёти форсизабони Кашмир хеле боэътимод аст. Рошидй х,амаи ахбори ба адабиёти форсизабони Кашмир (асрхри Х1У-ХХ) марбутро аз манобеъи мухталифи адабиву таърихй ва адабиёти мав^удаи илмй як 40 чамъоварй намуда, ба унвони Тазкираи шуарои Кашмир дар чах^ор бахш мунташир сохт (1966-1968).
Ин асар бар замми ах,воли 305 шоири порсигуи Кашмир, ки дар тазкираи Аслах, омадааст, боз ах,вол ва ашъори 373 шоири дигари адабиёти форсизабони Кашмир (асрх^ои Х1У-ХХ)-ро шарх,у тавзех, додааст.
Дар ма^муъ, «Тазкираи шуарои Кашмир»-и Аслах> ва «Тазкираи шуарои Кашмир» -и Рошидй аз 5 чиВД иборат буда, дар он зикри ах,вол ва осори 678 нафар шоири Кашмир омадааст.
Ба табъ расидани тазкира^ои Аслах, ва Рошидй та^аввули куллие дар омузиши адабиёти форсии Кашмир ворид карда, омили асосии ба таълиф расидани як силсила китобу мак;олах,о гардид. Аз чумлаи онх,о китоби «Назми форсизабони Кашмир» (1339-1846) мах,суб мегардад, ки ба к,алами адабиётшиноси х>инд Гард^арй Лол Тику мутааллик; аст. Китоби мазкур соли 1971 дар Лос Ан^елос ба забони инглисй чоп шуда, аз чах>ор к;исм иборат аст. Дар он ро^еъ ба инкишофи адабиёти форсй дар Кашмир дар асрхри Х1У-Х1Х мутобици ^укмронии сулолах,ои х^укуматдори Кашмир маълумот рафтааст (491).
Муаллиф дар бахши савуми китоб (са^. 83-157) ро^еъ ба х^аёти сиёсию адабии салтанати Темуриёни Х,инд* дар ах>ди Акбар, Ч,ах>онгир, Шох,ичах,он ва Аврангзеб маълумоти мухтасар дода, сипас ба зикри баъзе хусусиятхри чУД°гонаи адабиёти форсй дар давраи х^укуматдории ин подшохрн пардохтааст. Ч,олиби таваччУ*. он аст> ки ДаР асаР тах,лили ашъори шоирони ин давра сурат пазируфта, оид ба чанд тан шоироне чун Хо^а Х,абибуллох,и Х,уббй (сах, .117-124), Акмали Бадахшй (сах;. 124-140), Мух,аммад Аслами Солим (сах,. 140-144), Мух,аммадризо Мушток; (сах,. 144146), Абдулх,акими Сотеъ (сах>.146-149) ва Девоншох,и Азх,ар (сах,. 149-152) ба таври алохдда маълумот рафтааст.
Г.Л.Тику дар ин асар асосан масоили таърихиву х,унарии адабиёти форсии Кашмирро ба таври умумй омухта, ба мушаххасоти даврах,ои асосй ва вижагих,ои назму насри он камтар эътибор додааст. Х,адафи у тах,к,ик;и умумии мавзуъ буда, таърихи бештар аз 500-солаи адабиёти форсиро дар Кашмир баён кардан буд, вале тавфик; наёфтааст, зеро ин ахдофро дар пиромуни як рисола х,аллу фасл кардан аз имкон берун аст.
Рисолаи донишманди х,инд Мух,аммадсиддш<;и Ниёзманд «Шуарои форсигуи К�