автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Структура и содержание "Джавоме'-ул-хикоёт" Мухаммада Ауфи
Текст диссертации на тему "Структура и содержание "Джавоме'-ул-хикоёт" Мухаммада Ауфи"
донишгох;и ДАВЛАТИИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН
f V
Ба хукми дастнавис
САНГОВА ХДЦИСА РАХ.МОНОВНА
ТАРКИБ ВА МУНДАРИЧАИ «ЧАВОМЕЪ-УЛ-)^ИКОЁТ»-И
МУХАМ М АД АВФЙ
Ихтисос: 10.01.03 - Адабиёти мамолики хорича (адабиёти форсу точик)
РИСОЛА
барои дарёфти дарачаи илмии номзади илми филология
Рох,бари илмй: доктори илмхри филологи, профессор Шарипов Х.Ш.
ДУШАНБЕ - 2003
ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ
УНИВЕРСИТЕТ
tf
На правах рукописи
САНГОВА ХАДИСА РАХМОНОВНА
СТРУКТУРА И СОДЕРЖАНИЕ «ДЖАВОМЕ-УЛ-ХИКОЁТ»
МУХАМ М АДА АУФИ
10.01.03 - Литература народов стран зарубежья (персидско-таджикская
литература)
ДИССЕРТАЦИЯ
на соискание ученой степени кандидата филологических наук
Научный руководитель: доктор филологических наук, профессор Шарифов Х.Ш.
ДУШАНБЕ - 2003
МАВЗУЪ : ТАРКИБ ВА МУНДАРИЧАИ «ЧАВОМЕЪ-УЛ-ХИКОЁТ»
Мундарича
Мукаддима....................................................................2
Боби I. Мухаммад Авфй ва асари у "Чавомеъ-ул-хикоёт" ...............10
1 .Мухтасари рузгори Мухаммад Авфй ва таълифоти у..................10
а) зиндагонии Мухаммад Авфй ....................................10
б) осори Мухаммад Авфй ............................................29
2. Нусхахои хаттй ва чопии "Чавомеъ-ул-хикоёт"..............39
а) нусхахои хаттй ......................................................39
б) нашри "Чавомеъ-ул-хикоёт".....................................44
Боби II. Таркиб ва мундаричаи "Чавомеъ-ул-хикоёт".....................47
1.Пайдоиши мачмуаи хикоёт ва "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфй........................................................47
2.Таркиби "Чавомеъ-ул-хикоёт"..................................... 62
а) мачмуаи кием, фасл, боб ва хикоёт ...........................62
б) мазмун ва мавзуи мукаддимаи кием ва абвоб..............70
3. Маъхаз ва сарчашмахои "Чавомеъ-ул-хикоёт"............... 84
4. Сабки сухан дар "Чавомеъ-ул-хикоёт"..........................95
Боби III. Дастабандии мавзуоти "Чавомеъ-ул-хикоёт".....................1 1 1
1 .Хикояхо дар мавзуоти таърихй .................................1 1 1
2.Мавзуоти панду андарзй (ахлок) ...............................117
3.Мавзуъхои динй ва тасаввуфй ..................................125
4.Мавзуи фазоили касбу пеша .....................................141
Хулоса....................................................................................152
Китобнома..............................................................................158
Мукаддима
Адабиёти форс-точик таърихи хеле кадим ва шухрати чахонй дошта эчодиёти намояндагони барчастаи он - Рудакй, Фирдавсй, Носири Хисрав, Хайём, Низомй, Саъдй, Чалолуддини Румй, Хофиз, Чомй ба забонхои аглаби халкхои олам тарчума ва нашр шудаанд. Пекин то вактхои наздик факат шеъри форсии точикй бештар иштихор дошта ва мухаккикони таърихи адабиёт ва шаркшиносони Аврупо асосан ба эчодиёти шоирон бештар таваччух зохир мекарданд. Аз нимаи дуюми асри бистум муносибати мухаккикон ба наср то дарачае тагйир ёфт ва сабаби асосии он омузиш ва нашри осори зиёди насрии адабиёти форсу точик буд. Аз чумлаи таълифоти насрии чопшуда аз асри дах cap карда китобхои зиёдеро дар риштахои таърих, тафсир, макомот, романхои халкй,мачмуаи хикоёти тамсилй, ахлокй, насихатй, киссахо, мачмуаи хикоёти чомеъ номбар кардан мумкин аст, ки танхо зикри номи онхо сахифахои зиёдеро ишгол хохад кард. Бо ин сабаб мо бо зикри баъзе аз онхо каноат мекунем, ки барои фахмидани вусъати ин корхо кифоя мебошад.
Баъд аз "Мукаддимаи Шохнома"-и Абумансурй "Таърихи Балъамй" дуввумин намунаи насри кадимии забони форсии дарист, ки дар соли 963 тарчума шуда, бо саъю кушиши Маликушшуаро Бахор дар Техрон ба табъ расидааст (36) ва ба ин наздики дар Душанбе бо харфхои кириллй дар ду чилд чоп шуд (1). Китоби тафсири Мухаммад ибни Чарири Табарй, ки дар асри X мелодй онро факехони Мовароуннахр ба форсй тарчума карданд, дар Техрон дар шаш чилд чоп шуд (37-41), Асари Абулфазли Байхакй "Таърихи Байхакй", ки онро мухаккикон бо вучуди китоби таърих буданаш дар шумори асархои бадей овардаанд, низ ба такрор дар Техрон ба табъ расидааст (43). Дар мавзуи ахлоку
сиёсат се китоби пурарзиши насри гузашта чоп шуд, ки ^арсеи онхо як навъ рохнамои ашрофу акобир ва давлатдорони замон ва омехтаи хикмати амалй бо фалсафаи ахлок мебошанд. Манзури мо китоби "Кобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус (19), "Сиёсатнома"-и Низомулмулк (30) ва "Насихат-ул-мулук"-и Имом Мухаммад Газзолй мебошад (21). Дар мавзуи хикоёти тамсилии хайвонот низ се китоб таълиф шудааст, ки кимати адабй ва бадеии онх,о барои таърихи адабиёти мо хеле бузург аст. Инхо "Калила ва Димна"-и Насрулло^и Муншй (27), "Синбоднома"-и Захирии Самаркандй (17) ва "Марзбоннома"-и Варовонй мебошанд. Ду китоби аввали ин силсила аз адабиёти хинд сарчашма гирифта, ба пахлавй ва аз пахлавй ба арабй ва дар охири амр ба забони форсии дарй даромаданд. Китоби сеюм аз фолклори Табаристон манша гирифта бошад х,ам, дар ч,анд вариант ба форсии дарй таълиф шуд ва китоби Варовинй бо камоли хунари суханварй ва нависандагй навишта шудааст. Ин шаш китоб, ки дар навъи худ х^р яке мачмуаи хикоёт аст, аз гузаштагони наздики Мухаммад Авфй дар таълифи хикоёт мебошанд.
Дар навъи хикоёт "Наврузнома"-и Умари Хайём (49), "Чахор мак,ола"-и Низомии Арузии Самаркандй (29)," Асрор-ут-тавхид"-и Мухаммад ибни Мунаввар (25) ва "Тазкират-ул-авлиё"-и Шайх Фаридуддин Аттор (50) навишта шудаанд ва онхо хам аз салафхои наздики Мухаммад Авфй буда, мавчудияти як анъанаи ба вучуд овардани мачмуаи хикоётро дар мавзуъхои гуногун тасдик менамоянд, ки Мухаммад Авфй онро дар "Чавомеъ-ул-хикоёт" чамъбаст кардааст.
Аз силсилаи китобхои насрй бадеии то замони Авфй таълиф гардида асархоеро, ки онхоро мухаккикони имруза романи халкй ва насри ривоятй мегуянд, номбар кардан лозим меояд. Дар таърихи .адабиёти форс-точик дар мавзуи Искандар ва корномаи у асархои зиёди
манзум ва мансур таълиф шудаанд. Аммо "Искандарнома"-и мачхулулмуаллифи аввали асри XII аз румонхои мардумй ва мансуби навъи насри ривоятист ва онро мухаккики эронй Эрачи Афшор тахкик ва чоп кардааст (18). Китоби дигар ин силсилаи насри ривоятй "Доробнома"-и Абутохири Тарсусй буда, дар асри XII ба риштаи тахрир омада ва дар мавзуи подшохии достонии Хумои Чехрозод ва падари у Бахман аст. Ин китоб бо кушиши Забехуллохи Сафо дар ду чилди бузург дар Техрон чоп шудааст (3). Хамчунин, чопи "Рохат-ул-арвох"-и Шамсуддин Мухаммади Дакоикй, ки варианте аз достони кадимии "Бахтиёрнома" мебошад, бо саъйи доктор Забехуллохи Сафо анчом дода шудааст (15). Нихоят китоби бисёр калони "Самаки айёр"-и Фаромурз ибни Худододро дар чандин чилд доктор Парвиз Нотили Хонларй дар Техрон чоп кард ва аз руи он мухаккикони Точикистон низ силсилаеро аз ин асар ба табъ расониданд (42,105). Ин китобхо ва асархои зиёди дигари насрй, ки то замони Мухаммад Авфй ва баъди он чоп шудаанд, хамагй як ганчинаи бузургеро ташкил медиханд. Дар Точикистон хам кисме аз матнхои комили осори насрй ва порчахо аз онхо чоп шудаанд ва мачмуаи мунтахаботи насри адабиёти1 классикй хам ба табъ расид (79). Дар бораи насри адабиёти классикй, намунахои чудогонаи он, таърихи инкишоф ва фаъолияти нависандагон хам асару маколахо, обзорхои умумй пайдо шуданд, ки тавсифи муфассали онхо дар ин чо имкон надорад. Хамин кадар гуфтан кифоя аст, ки дар чараёни чамъ омадани мавод шароит барои тахлили хамачонибаи наср хам пайдо хохад шуд.
Дар таърихи насри форсу точик "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфии Бухорой макоми хосе дорад. Ин китоб хачман хеле бузург буда як навъ чамъбасти насри ахборию хикоятии адабиёти форсист, ки
суннатхои насри арабиро хам дар навъи хикоёт, хамон навъе дар ин рисола хохад омад, дар бар мегирад.
Тадкики рузгор ва фаъолияти Мухаммад Авфй дар ду самт чараён гирифтааст ва як самти алока бо омузиши тазкираи "Лубоб-ул-албоб"-и уст, ки мухаккикон зиндагинома ва эчодиёти Авфиро омухтаанд. Самти дуюм бо омузиши "Чавомеъ-ул-хикоёт" вобаста аст. Аз ин ру, зарурати омузиши "Чавомеъ-ул-хикоёт", аз як тараф, ба мавкеи хос ва намоёни он дар таърихи адабиёти форсу точик ва аз тарафи дигар макоми бузурги он дар эчодиёти худи Мухаммад Авфй мебошад.
Бо вучуди он ки мухаккикони зиёде ба омузиши "^авомеъ-ул-хикоёт" даст задаанд, тахкики онро ба хеч вачх анчомёфта донистан мумкин нест. Хатто, ба назари мо чунин менамояд, ки барои тамоми маъхазу сарчашма ва мазмуну хусусиятхои ин асарро омухтан умри як фард шояд, кифоят накунад. Ин китоби дорой чахор кисму сад боб хануз ба пуррагй чоп нашудааст ва ин хам аз мушкилоти омузиш ва нашри он мебошад. Аз муаллифони сарчашмахо нахустин касе, ки рочеъ ба ин асар маълумот додааст, муаллифи "Таърихи гузида" Хамдуллохи Муставфй мебошад (46,811). Ахбори у ва дигар муаллифони сарчашмахо дар рисола тахлил шудаанд. Дар китобх.ои умумии таърихи адабиёти форсу точик ва маколахои умумии обзорй ва энсиклопедй низ аз зиндагии Авфй ва шаклу мазмуни асари у хабар дода мешавад. Аммо аввалин асари мукаммал дар бораи Мухаммад Авфй ва китоби "Чавомеъ-ул-хикоёт" ба калами донишманди Хиндустонй Мухаммад Низомуддин тааллук дорад (131). Баъдхо ба тахкик ва нашри кием ва бобхои чудогонаи "Чавомеъ-ул-хикоёт" Маликушшуаро Бахор, Мухаммад Муин, Бону Мусаффо, Чаъфар Шиор, М.Бакоев икдом ниходаанд (9;8;7; 11; 14). Дар мачмуахои насри адабиёти классики, комусу энсиклопедияхо, китобхои таърихи адабиёт
низ ба мавзуи "Чавомеъ-ул-хикоёт", дайолат шуда, аз он намунахо оварда мешаванд ва накду баррасии мухтасаре хам ба назар мерасанд (79,47 -502; 80,283-288; 125,48-49). Ба масъалаи сохт ва мазмуни асар бештар дар тадкикоти Мухаммад Низомуддин дахл шуда, дигар мухаккикон асосан ба сухани у такя намудаанд.
Мо дар ин рисола бори дигар масъалаи рузгор ва таълифоти Мухаммад Авфиро ба шакли хеле мухтасар ба миён гузоштем, зеро дар ин самт дар баробари ба мавчудияти баъзе тадкикотхо дар баёни шархи хол ва мероси адабии у баъзе норавшанихо вучуд доранд, ки ислохи онхо зарур мебошад. Масалан, лакаби 5Авфй бори аввал аз чониби Хамдуллохи Муставфй баргалат "Нуруддин" зикр шуда ва хамин гуна галат баъди аз чониби мухаккикон ба "Садидуддин" ислох ва эътироф гардидани он боз ба такрор дар адабиёти илмии точикй истифода
I
мешавад (125,48-49). Хамин гуна иштибоххо дар мавридхои дигар хам руй додаанд, ки баёни тасхехи онхо дар боби якуми ин рисола омадааст.
Масъалаи колаби шаклии "Чавомеъ-ул-хикоёт" бори аввал аз чониби Мухаммад Низомуддин гузориш ёфта, мухаккики эронй Бону Мусаффо онро ба такрор дар асари худ зийр намуда ва дигар муаллифон хам дар баёни ин масъала ба онхо назар доштаанд. Мо, ба илова, ин масъаларо дар раванди инкишофи насри адабии форсй аз назар гузаронидем. Дар натича маълум шуд, ки Мухаммад Авфй дар баробари
t
китоби "Фарачун баъда-ш-шидда"-и Танухй, ки онро ба форсй баргардонида буд, ба таълифоти насрии муаллифони форснавис назар доштааст. Бо ин восита мо маълум кардем, ки таълифи китобхои чомеи хикоёт дар асрхои XI-XII як тенденсияи умумй буд ва Мухаммад Авфй ба ин рох рафта онро хеле такмил дод ва мохиятан комуси хикоёти форсиро ба вуч,уд овард ва ба онхо хикоёту ривоёт ва латоифи арабиро
хам тарчума, тахриру такмил намуда, дохил кард. Аз ин чихат, ба асари Мухаммад Авфй кам эътибор дода шудааст ва мо кушиш доштем, ки онро такмил дода чанбаи ягонагй ва хадафи муаллифро маълум намоем. Дар хамин алокамандй ба равиши умумии насри адабиёти форсу точик таркиби "Чавомеъ-ул-хикоёт", таносуби шаклу мазмуни кисмх,ои он, фасл, боб ва хикоёт маълум карда шуданд. Дар рисола инчунин ба масоили услуб ва тарзи сухани Авфй нисбат ба мухаккикони каблй, ки ба он назари ичмолй доштанд, чустучу ва тахлили амиктаре карда шуд.
Аз чихати сохтори худ китоби Авфй тамоми маърифати офариниш ва зиндагии ин чахонро дар бар мегирад. Бинобар ин, ин китоб як мачмуаи хикоятхои тасодуфан чамъоваришуда набуда, як навъ маърифати саросарии хастй бо назари илмии мукаддимавй хикмати амалй ва рамзиёти х,унарй, яъне хикоёт мебошад. Мачмуаи хикмати назари ва амали будани ин асар аз таснифи кисму бобхои он маълум аст. Кисмхои "Чавомеъ-ул-хикоёт" дар маърифати офаридгор, дар ахлоки хамида, дар ахлоки мазмум, дар ахволи ибод ва ачоиби бихору билод ва табоеи хайвонот ва бисту панч боби хар яки онхо, дар сурати чудо кардани мукаддимахои илмй ва хикоёт як рисолаи комили илмиро дар илми.ахлок ва як чахони вокеияти хунариро ташкил мекунад. Дар диссертатсия тасниф ва тахлили умумитари мавзуии хикоёти "Чавомеъ -ул-хикоёт" анчом дода шуд. Ба ин восита арзиши адабй, таърихй, тарбиявй, динию мазхабй ва маънавй, ичунин таргиби кирдорхои шоиста, илму хунар аз назари он замон маълум карда шуд.
Азбаски то хол чопи пурраи китоби "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфй мавчуд нест, мо ба хайси тадкику баррасй дар диссертатсия нусхаи дастнависи №137 Осорхонаи хаттии Институти шаркшиносии Академияи улуми Чумхурии Точикистонро карор додем (6,325). Чихати мукаррар кардани арзишу сурати ин нусха дар асоси
адабиёти ба мо дастрас тавзехи мухтасаре аз нусхахои дигари "Чавомеъ-ул-хикоёт", ки дар китобхонахои чахон махфузанд ва дар каталогу адабиёти илмй шарх шудаанд, дода шуд.
Мухаммад Низомуддин рисолаи худашро "Мадхали "Чавомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт" номидааст. Кори мо вуруде ба сохтор, хусусиятхои бадей, мундаричавй ва мавзуии ин асари бузург аст, то ки макоми он дар раванди инкишофи насри хикоятии форсй-точикии асрхои XI-XIII маълум карда шавад.
Бо назардошти ахамияти мавзуъ ва чамъбасти дарачаи тахкики он мо тасмим гирифтем, ки дар ин рисола халли вазифахои зайлро ба анчом расонем:
-тахкики мукаддимотй ва тасхехи шархи холу осори Мухаммад Авфи;
-киёсу баррасии нусхахои хаттй ва матбуи "Чавомеъ-ул-хикоёт"; -омузиши маъхазхои хикоёти "Чавомеъ-ул-хикоёт"; -тахкики сохтори "Чавомеъ-ул-хикоёт" ва мазмуну мухтавои асар;
-таъйини тарзи сухан ва услуби нависанда дар асар; -таснифи мавзуоти матрахшуда дар "Чавомеъ-ул-хикоёт". Тадкикоти мо дар ин рисола дар асоси дастовардхои илми ва амалии шаркшиносон ва адабиётшиносони варзидаи Русия, Аврупо, Точикистон, Эрон ва мамолики дигари собик Иттиходи Шурави аз кабили Бертельс Е.Э., Брагинский И.С., Болдырев А.Н., Арберри А., Рипка Ян.,Эте Х.,Мирзозода X., Вохидов С., Салимов Ю., Сайд Нафисй, .Забехуллохи Сафо, Чаъфари Шиор, Маликушшуаро Бахор, Мухаммад Казвинй ва дигарон чараён гирифтааст. Хамчунин зимни тахкик мо бештар ба принсипи киёсй - таърихии тахлили илми, ки дар та^рибаи шаркшиносй ва адабиётшиносии муосир маъмул аст, такя намудаем.
Ба сифати маводи адабии ин рисола 12 чилди чопй ва матбуи "Чавомеъ-ул-хикоёт"-и Мухаммад Авфй ва осори адабиву тазкиравии асримиёнагй аз кабили "Хафт иклим"-и Амин Ахмади Розй, "Доробнома"-и Тарсусй, "Хабиб-ус-сияр"-и Хондамир, "Кобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус, "Калила ва Димна"-и Насруллохи Муншй, "Таъриху-р-русул ва-л-мулук"-и Мухаммад Чарири Табарй, "Сиёсатнома"-и Низомулмулк, "Ахлоки Носирй"-и Насириддини Туей, "Макомоти Хамидй"-и Абубакри Хамидй ва соири онхо хидмат кардаанд.
Ахамияти илмии чунин рисола кабл аз хама дар он аст, ки маводи он барои тахкики масоили марбут ба насри бадеии таърихи адабиёти форс-точик, дар тахкик ва нашри матни мукаммали интикодии осори Мухаммад Авфй ва таълифи осори илмй-тахкикй дар бораи у мусоидат хохад кард. Арзиши амалии рисола дар он зохир мегардад, ки хулосаву натичахои тахкикии онро метавон зимни таълифи китобхои дарей дойр ба насри бадеии форс-точик ва хондани курехои ихтисос дойр ба рузгору осори Мухаммад Авфй истифода намуд.
БОБИ I. МУХАММАД АВФЙ ВА АСАРИ У "ЧАВОМЕЪ-УЛ-ХИКОЁТ" I. Мухтасари рузгори Мухаммад Авфй ва таълифоти у а) мухтасари зиндагонии Авфй
Нахустин сарчашмахое, ки дар бораи нависанда ва осори у маълумоте дода ва аз зикри ному насаб ва зодгохи у асноде овардаанд, асосан маълуманд. Аввалин касе, ки зикре аз у менамояд, Х.амдуллохи Муставфй аст, ки такрибан як карн баъд аз у зистааст (46). Дар китоби "Таърихи гузида"-и у (соли таълифаш 730 хичрй), ки бо саъй ва кушиши Эдуард Браун соли 1328 х. (1910 м.) ба табъ расида, чунин омадааст: "Мухаммад Ал-авфй, лакабуху Нуруддин сохиби китоби "Чавомеъ-ур-ривоёт ва-л-хикоёт" дар аввали давлати мурул даргузашт" (46,811). Ин муаллиф хам лакаб ва хам номи китобро нодуруст кайд кардааст.
Баъд аз Хамдуллохи Муставфй Хондамир дар "Хабибу-с-сияр" зимни баёни давраи хукмронии Султон Шамсуддин Элтутмиш гуфтааст: "Ва аз чумлаи афозил Нуруддин Мухаммад Алавфй дар замони Султон Элтутмиш дар Дехлй икомат дошт ва китоби "Чомеъ-ул-хикоёт"-ро ба номи он вазири софзамир бар сафхаи иншо нигошт" (52,163). Санаи таълифи китоб соли 930 х.(1523 м.) буда ин муаллиф низ дар зикри лакаби нависанда ва номи китоб ба иштибох рох додааст.
Хочй Халифа (ваф.1207 хичрй) дар китобаш "Кашф-уз-зунун" мансубияти "Чавомеъ-ул-хикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт"-ро ба Мухаммад Авфй тасдик намуда, менависад: "Чомеъ-ул-хикоёт ва ломеъ-ур-ривоёт ,ли Чамолиддин Мухаммад Алавфй ва хува форсийун чаммааху ливазир Низомулмулк Шамсуддин..." (47,940).
Нихоят, Ризокулихони Хидоят дар китобаш "Мачмаъ-ул-фусахо" маълумоти бештаре дар бораи Мухаммад Авфй дода намунае аз ашъори у дар хачми хаждах^ мисраъ ва як рубой овардааст. У менависад: "Мухаммад Авфй аз фузалои замони худ буда ва тазкираи мусаммо ба " Лубоб-ул-албоб"-ро ба номи Айнулмулк Хусайн вазири Ашъарй нигошта ва китоби "Чавомеъ-ул-хикоёт" низ аз таълифоти уст" (32,166