автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Творчество Махмуда Доулятабади (на основе сборника рассказов "Хроника Сипанджа")
Текст диссертации на тему "Творчество Махмуда Доулятабади (на основе сборника рассказов "Хроника Сипанджа")"
ТАДЖИКСКИЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ УНИВЕРСИТЕТ Кафедра иранской филологии
04201359814
Тохирзода Сурайёхони Тохири
ТВОРЧЕСТВО МАХМУДА ДОУЛЯТАБАДИ (на основе сборника рассказов «Хроника
Сипанджа»)
10.01.03. — Литература народов стран зарубежья (персидская литература)
Диссертации на соискание ученой степени кандидата филологических наук
Научный руководитель: доктор филологических наук, профессор Сафаров Умарходжа Рахимович
Душанбе 2013
*
ДОНИШГО^И МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Кафедраи филологияи Эрон То^ирзода Сурайёхони Тох^ирй
Энодиёти Ма^муди Давлатободй (бар мабнои мачмуаи «Корномаи Сипанч»
10.01.03 адабиёти халцх,ои кишварх,ои хоричй (адабиёти форси)
Рисола барои дарёфти дарачаи номзади илми филология
Рох,бари илмй: доктори илмх,ои филологи профессор Сафаров Умархоча Ра^имович
Душанбе 2013
Мундарича
Пешгуфтор...................................................................................3
Боби I. Даврабандии насри форсй бар асоси омилхои замонй ва хаводиси таърихй
1.1. Нигох,и ичмолй ба заминах,ои пайдоиш ва масири адабиёти достонй......................................................................................13
1.2.1 Даврабандии адабиёти достонии форсй..................................24
1.2.2 Авзои сиёсй - ичтимой ва адабии Эрон дар охири солх,ои 40-50-уми ^арни XX....................................................................................33
1.3. Шарди х,оли мухтасар ва фаъолияти эч,одии М. Давлатободй.........38
Боби II. Дидгохдои М. Давлатободй рочеъ ба макому рисолати нависанда
2.1 Адабиёт ва чойгох,и он аз дидгох,и М. Давлатободй.....................45
2.2 Масъалаи инсон ва мак;оми он (та^лили дидгохдои назарии М. Давлатободй)..............................................................................56
2.3 М. Давлатободй ва нависандагони муосир..................................64
2.4. М. Давлатободй ва забони форсй...............................................67
Боби III. Баррасии сабкии достонх,ои М. Давлатободй.......................75
3.1.«Корномаи Сипанч» - дар масири рушди насри муосир.................80
3.2. Ороипщш адабй дар достонхри М.Давлатободй.......................125
3.3. Ч,анбах,ои забонии достонх,ои нависанда..................................134
Хулоса.....................................................................................138
Адабиёт.....................................................................................143
Пешгуфтор
Мубрамияти мавзуъ. Бояд гуфт, ки зимни баррасии адабиёти х,ар миллате таъйини адвору марх,илах,ои он а^амияти махсусе дорад, вале мутаассифона барои адабиёти муосири форсй, хоса насри муосир таъриху санаи муайянеро ба сифати мабдаъ ё сарчашмаи огоз наметавон к;абул намуд. Тан^о натичаи та^кдцоту чусторх,ои анчомшуда нишон медихдд, ки насри муосири форсй ба маънои истилохдву гарбии он дар огози асри бистум шаклу сурат гирифт ва ин бесабаб набуд. Зеро мах,з дар солх,ои аввали к;арни XX дар таърихи Эрон рухдоду падида^ои мух,ими сиёсй-ичтимой ба зух,ур расиданд. Яке аз ин рухдодх,о Инцилоби машрута буд, ки хдмрох, бо омилх,ое мисли рухдяи конунхо^иву к;онунталабй, талабу дархости низоми созгори ичтимой, озодихохд, ошной бо адабиёту фар^анги ак;воми чах,он буд, ки заминах,оро барои пайдоиши адабиёти мансур омода сохт.
Рисолаи мазкур ба тахдицу арзёбии чанбах,ои хунарй, зебошинохтй ва дар мачмуъ поэтикии хдкоядо ё достойной кутох,и яке аз симох,ои маъруфи насри имрузи Эрон Мах,муди Давлатободй ихтисос дорад. Аммо дар канори ин тавре ки хоси хдр кори тадк,икд аст, ба масъалах,ои дигаре низ ручуъ шудааст. Аслан такяи аслии рисола бар асоси мадсаде, ки дар пеш гузоштааст руйи ду мех,вар аст.
Нахуст баррасии назариёту дидгохдои нависанда дар атрофи адабиёту нависандагон ва нащыу чойгохд эшон дар чомеа. Бархурди нависанда ба инсон хдмчун мухдррики аслии раванда ичтимоъ ва них,оят накщи забони форсй дар баёни ахдофу матлаби мавриди назар.
Матлаби мех,вари аввалй, ки дарч шуд ба мех,вари дувум, ки арзёбии осори нависанда аст иртиботи мустакдму танготанг дорад. Ба дигар сухан майдонест барои амалй шудани хддафх,ое, ки пешоруи нависанда аст.
Вале набояд фаромуш намуд, ки маводи тахдив; тан^о бар асоси як мачмуаи нависанда, ки дар поён шархдш ходад омад сурат гирифтааст.
Ногуфта намонад, ки дар пайдоишу рушду камоли адабиёти достонй наїдши сафарномах,о, сафарноманависй, зухуру пешрафти рузноманависй, романх,ои инти^одй ва махсусан тарчумаи осори адабии дигар халкдо них,оят корсоз буд.
Адабиёти мансур тавре ки равшан аст нисбат ба осори манзум тарчумапазир буд ва ма^з хамин тарчумапазирй сабабгори густариши адабиёти достонй мегардид.
Заминах,ои ёдшуда баъдан фазоро ба гунае барои наели чавон боз намуданд, аммо накдш х,икоях,о ва новеллах,ои хоричй, ки аксар аз забони фаронсавй ба форей тарчума мешуданд, барои пайдоишу пешрафти насри имрузи Эрон судманд буданд.
Дар адабиётшиносии кунунй барои адабиёти достонй чанд нафарро ба сифати нависандаи пешгому рах,кушо ном мебаранд, ки яке аз ОНХ.О Мухдммад Алй Чдмолзода аст. Аммо бо иттифок,и назари пажухдндагони адабиёт достоннависй бо осори Содик, Хдцоят ва хоса достонх,ои психологиаш ба камол расид.
Содик; Хдцоят бо доштани мутолиоти вофир дар пешинаи фархднгии Эрони кадиму ч,ах,он, ошной бо андешаву афкори диниву мазхдбии кавму миллатх,ои дигар, маърифати мактабх,ои чадиди адабиву фалсафй, равоншинохтй тавонист осори пуркиммате биофарад, ки дар пахдаи чах;он шинохта шавад.
Ба назари мухдкдикон у халлок;и осоре буд, ки тавассути он них,онтарин ва мухдмтарин андешах,ои умумибашарй ва масоили печидаи дастй баёну тар^резй шудаанд.
Пас аз СДидоят наели дигаре аз нависандагон ба зухур расиданд, ки осорашон дар чараёни умумии адабиёт таъсиргузор буд. Сабку шеваи нигориши OHX.O омезае буд аз он чи дар адабиёти суннатй мавчуд буд ва он чи ки аз адабиёти гарбй касб шуда буд. Тахдввулу дигаргуних,ои чашмгир дар чомеаи адабии Эрон баъд аз дахди чоруми карни сипаришуда огоз гардид. Адабиёт ва махсусан наср тах,ти таъсири
адабиёти хорич ва тамоюлх,ои тозае адабй бинишу бофти чадид, ча^оннигарих,о тахдрруки тозае пайдо намуд.
Бояд гуфт, ки солкой 60-уми асри гузашта дар насри муосири Эрон гирошщои тозае пайдо шуданд, ки яке аз онх,о адабиёти рустой ё ищшмй аст ва намояндаи маъруфи ин чода М. Давлатободй мебошад. У аз наели сеюми нависандагон аст, ки дар чомеаи адабии Эрон пас аз Инкилоби исломй беш аз хдр каси дигаре таъсиргузор будааст. Мах,зи хотири ин рисолаи мо ба баррасиву пажухдши х,икоях,ои у бахшида шудааст.
Х,адаф ва вазифахои таадиц. Хддафи аслии рисолаи дозир иборат аст аз тахдику пажудиши мачмуаи «Корномаи Сипанч»-и нависандаи номбурда, ки фарогири достонх,ои у мебошад. Барои дастёбй ба ин ^адаф дар назар аст вазифа^ои зерин амалй гарданд:
-баррасии ичмолии заминах,ои пайдоиш ва рушду такомули адабиёти достонй дар хилоли кдрни бистум;
-тах,лилу арзёбии усулх,ои даврабандй ва таснифоти адабиёти достонй бар асоси омилх,ои замонй, мавзуй, сохторй;
-накдіи пешгомони адабиёти достонй дар рушду такомули нависандагони наслх,ои пасин;
-арзёбиву таъини адабй - бадеии осори мансури пешгомони насри муосири форей;
-таъину арзёбии тамоюлх,ои нави адабй дар адабиёти солх,ои панчохуми карни XX;
-шинохти омщщш зухури адабиёти икдимй ё рустой дар пахнаи адабиёти муосири Эрон;
-таъйини макрму чойго^и достонх,ои М. Давлатободй дар рушду густариши адабиёти рустой ва бахусус адабиёти мух,очират.
Манобеи тахкіщ. Сарчашмаи аслии пажух,иш барои тадвини ин рисола мачмуаи достонх,ои кутоди нависанда тах,ти унвони «Корномаи Сипанч» (Те^рон, 1378) интихоб гардидааст.
Дар радифи мачмуаи мазкур муаллифи рисола ба сифати манобеъ ва сарчашма аз пажух,шщо, маколоту накд^ои муртабит ба таърихи насри муосири форси ва зиндагиномаву масири эчодии нависандагони даврони мавриди назар, маводи тадкдкди мунташиршуда дар Эрон истифода намудааст.
Мавзуи пажухдшро достонх,ое ташкил намудаанд, ки нависанда онх,оро дар тули понздах сол (1960-1975) таълиф намудааст.
Х,амчунин барои тахдикд дидгохдои адабй - фар^ангй- ичтимоии М. Давлатободй мачмуах,ои мак,олоту суханроних,о, накду мусох,ибах,о ва ёддоштх,ои рузонаи у тахта унвони «К^атраи мух,оландеш» (иборат аз ду ч,илд. Техрон, 1383), «Нуни навиштан» (Техрон, 1387), «Мо низ мардуме растем» (Техрон, 1378), мавриди бахрабардорй карор гирифтаанд.
Рисола дар заминаи дастовардхои назарй методологии адабиётшиносони эронй, урупой, точик ва рус тадвин шудааст. Зимни пажухиши масоили мавриди назар муаллиф ба дидгохдои назарии мухдадикони саршинос Ю.М. Лотман, Л.И.Тимофеев, М.М. Бахтин, А. Ричард, Д.С.Комиссаров, Л.С.Гиунашвили, О.Хочамуродов, Е. Крдиров, X,. Миробиддинй, А. Дастгайб, Э. Табарй, Ш. Лангрудй, А. Ч,их,илтан, М. Ёхдкй, А.Набавй, Ч,.Бак;озода, М.Шакурй ва гайра такявар будааст.
Дар чдраёни фарохдмсозии рисола комёбих,ои адабиётшиносии эронй ва адабиётшиносии чах,он дар риштаи масоили забоншинохтй, равоншинохтй, осори мансури форсй, мавриди ба^рабардорй карор гирифтаанд.
Даранаи омузиши мавзуъ. Ч,олиби тавачдух, аст, ки бо вучуди он ки М. Давлатободй яке аз нависандагони номдори адабиёти достонии Эрон мах,суб мешавад, вале корномаи у ба таври бояду шояд мавриди тахдилу арзёбй кдрор нагирифтааст.
Танхо мацолоти чудогонае дар замонх,ои мухталиф аз чониби
мухдщди^оне мисли Абдулалй Дастгайб, Эхсон Табарй, Амирхусайн
Чихдлтан, Х,амидризо Навобпур, Мухдммад Ифтихорй, Ч,ах,онгир
Дуррй, Х,асан Миробиддинй дар матбуоти даврй ва бархе аз мачмуах,о
6
ба нашр расидааст. Дидгохдои эшон, бештар дар атрофи достонх,ои чудогонаи М. Давлатободй баён гардидаанд. Дар х,оле ки тахдикд густурдаи осори вай имкон медихдд ба чдх,они фикрй, дидгохдои халлок,она, ч;ах,оннигарй ва зехдияти у ошно гардем.
Тозагих,ои тахкіЩ. Яке аз чднбахре, ки нишондихдндаи тозагии рисола метавонад бошад, ин аст, ки барон нахустин бор достонх,ои яке аз чех,рах,ои дурахшони насри имрузи Эрон M. Давлатободй мавриди арзёбй ва баррасии густурда к;арор мегирад.
Шинохту арзёбии мазмуну мундарича, чанбах,ои ^унарй, забоншинохтии достонх,о дар пажухдш радами аввал аст. Гоми дувум баррасии дидгохдои М. Давлатободй дар атрофи матому рисолати нависанда, инсон ва чойго^и ичтимои он ташкил медихдд.
Ва них,оят тозагии дигаре, ки робили мулохдза аст шинохту маърифати дидгоххои адабй-забоншинохтии М. Давлатободист.
Чднбаи дигари дархурди таваччу^и рисола пажухдш ва таъини дидгохдои вижаи нависанда, зехдияти у дар шинохти падидах,о ва мазохдри гуногуннавъи хдстист, ки аз дигар нависандагон комилан мутафовит аст.
А^амияти илмй-амалии ііажухиш. Натичах,ое, ки бар мабнои таадик;от дар замина^ои мухталифи мавзуи матрухд ба даст омадааст, дорои ахдмияту арчи назарй ва амалй мебошад. Натича ва маводи тадкдкд мо метавонад барон мутахассисони илми адабиётшиносй судманд бошад. Махсусан мухдккикрни риштаи таърихи адабиёти муосири Эрон метавонад аз он истифода кунанд.
Маводи рисола барон тадвини курси лексиях,о роч,еъ ба таърихи адабиёти Эрон, дамчун курской махсус перомуни тамоюлх,ои нави адабй дар адабиётшиносии имрузи Эрон метавонад корсоз бошад.
Ах,коми зерин барои дифоъ пешних,од мегарданд:
-Баррасии мухтасари замина^ои зухури осори достонй дар адабиёти муосири Эрон ва масири рушду такомули он;
-Табакдбандии насри муосир бар мабнои омилдои замонй ва хдводиси таърихй;
-Тахдилу арзёбии авзои сиёсй - ичтимой ва фар^ангии Эрон дар солх,ои панчодуми царни гузашта ва таъсири он бар адабиёт;
-Баррасии мухтасари зиндагинома ва фаъолияти эчодии М. Давлатободй;
-Тахдилу арзёбии дидгохдои нависанда перомуни адабиёт, нависанда ва рисолати он дар чомеа;
-Тахдилу шинохти дидгохдои М. Давлатободй дар иртибот бо забони форсй ва накдш он дар раванди офариниши осори бадей;
-Баррасии сабкии мачмуаи достонх,ои нависанда «Корномаи Сипанч»;
-Хусусиёти забоншинохтй - бадеии достойно;
-Таъини вижагидои хунари нависандагии М. Давлатободй;
-Наївшу чойгоди М. Давлатободй дар зу^уру густариши адабиёти рустой.
Рисола аз Мукаддима, се боб, Хулоса ва федристи адабиёт иборат
аст.
Боби аввали рисола «Даврабандии насри форсй бар асоси омилх,ои
замонй ва даводиси таърихй» номгузорй шуда, иборат аз се зерфасл
мебошад. Хддафи аслй дар ин боб тахдикд дидгоадои пажухдндагони
адабиёти форсй перомуни заминах,ои пайдоишу пешрафти достоннависй
мебошад. Нуктаи му^им ин аст, ки аглаби эшон бар ин назаранд, ки
танх,о дар дахдх,ои огозини асри XX адабиёти мансур ба маънои ростини
он шаклу сурат гирифт. Дар зерфасли аввал та^ти унвони «Нигохд
ичмолй ба заминах,ои пайдоиш ва масири адабиёти достонй» саъй шуда
перомуни мудимтарин омилх,ову зухуру камоли насри муосири форсй
изгори назар шавад. Муаллиф бар асоси дидгохдои мавчуд дар
пайдоиши достоннависй, сафарномах,о, сафарноманависй,
рузноманигорй, мачаллоти адабй, тарчума, романх,ои интик;одии
ахлокдву ичтимоиро муассиру корсоз медонад. Албатта, хдмаи ин аркон
8
дар камоли достоннависй ба шеваи муосир ё урупой накдги корсозе доштанд, вале ахдмияту таъсири романх,ои танкдцй дар бедорй, укдакушой ё хамворсозии ро^и пасиниён бештар буд.
Бояд гуфт, ки романной инти^одй- таърихй, пешзаминае буданд, ки барои нависандагони оянда рохро ^амвор сохтанд. Вале таъсири амику корсоз дар насри муосир ба акддаи сох,ибназарон достони кутох, ё навеллах,ои хоричй буданд, ки нисбат ба романх,ои калонхдчм дертар тарчума ва дастраси умум гардиданд. Х,арчанд наели якум ва хоса Мух,аммад Алй Чдмолзода дар пайдоишу зухури достони муосир гомх,о бардоштанд, вале насри муосири форсиро бо маъноии вок;еии он осори Содик; Хддоят аз марз^ои Эрон фаротар бурд. Таъсири Содик; Хддоят ба наели у ва наели пасин них,оят муассир аст. Пас аз у наели дигаре ба майдон омад, ки сабку нигориши онхо омезае аз адабиёти суннатй ва адабиёти гарбй буд.
«Даврабандии адабиёти достонии форей» унвони зерфасли дувуми боби якум аст, ки дар навбати худ ба ду бахш чудо мешавад. Дар ин зерфасл муаллифи рисола бо такя бар ин ки зимни чустору тахдиц, замоншиноей, шинохти таъсири рухдоду хаводиси таърихй дар зухуру рушди чараёну падидах,ои адабй ах,амияти бориз доранд, перомуни адвори мавчуд дар адабиётшиносии Эрон сухан дар миён мегузорад. Бахши якуми зерфасли мазкур бошад, ба тахдилу арзёбии авзои сиёсй -ичтимой ва адабии Эрон дар охири солх,ои чилум ва панчо^уми к;арни XX бахшида шудааст.
Дар радифи баёни вазъияти номусоиди сиёсй ва парокандагии шууни ичтимой дар ин бахш рочеъ ба падидах,ои мухдми адабиву фархднгии замони мавриди назар сухан рафтааст.
Бахши дувуми зерфасл ба тавсифи «Шархи х,оли мухтасар ва фаъолияти эчодии М. Давлатободй» ихтисос дорад.
Осори ин нависандаи бузург мушаххасидову вижагих,ои фаровоне дорад, ки вобаста ба тадозои мавзуъ дар боб^ои баъдй аз онх,о ёд шудааст.
Бояд гуфт, ки ба чуз осори адабй М. Давлатободй китоби дигаре бо номи «Кдтраи мух,оландеш» таълиф намуда, ки х,овии ду чдлд буда соли 2003 ба нашр расидааст. Китоб фарогири маколоти чудогона накду баррасих,ои адабй- фардангии у мебошад.
М. Давлатободй аз чумлаи фозилонест, ки ба чуз осори хунарй перомуни адабиёт, рисолати нависандаву нависандагй ва мавзуи аслии нависанда, яъне инсон ва модияти вучуди у дар пахдаи дунё дидго*х,ои пурарзише дорад. Бо назардошти ахдмияту арчи назаргохдо боби дувуми рисола зери унвони «Дидгохдои М. Давлатободй рочеъ ба малому рисолати нависанда» ба тахдшлу баррасии мавзуоти фав^ бахшида шудааст. Дар ин боб к;абл аз баррасии сабкии х,икоях,ои вай ба чах,они андешаву орояш нигохд гузаро сурат гирифтааст.
Он чи ки миёни андешах,ои М.Давлатободй беш аз хдр мавзуе чалби назар мекунад, мохдяти вучудии нависанда аст, ки онро дар навиштан медонад. Ба кдвли у дар навиштан аст, ки зиндагй кдд баланд » мекунад ва саднахри дилангезу пинх,они хешро чилва медихдд. Вай муътакид аст, ки касби нависандагй амрест душвору гиребонгири мушкилоти зиёд ва нависанда замоне инро эдсос мекунад, ки ба поёни кисмате аз асараш расида бошад.
Масъалаи чолиби дигар ма^оми инсон аст, ки перомуни он М. Давлатободй андешах,ои чолиб дорад. Ба андешаи муаллифи рисола появу бунёни тамоми осори ^унариро инсон ташкил медих,ад ва ин вокеиятест, ки дар сидку саломатии он тардиде нест. Халцу зух,ури як кори хунарй вобаставу х,осили мачмуи муносибот, шеваи бархурду бадрагирй аз чадони айниву зех,нии инсонх,ост. Дар робита ба ин М. Давлатободй ба чуз осори бадеии худ, ки мазхдри тобноке аз рузгори инсонх,ои як чомеаанд, дар мак,олоти чудогонаи худ аз пайванди чомеаи хеш ба инсонх,о, тачассуму тарсими руху гавх,ари инсонии онх,о андешах,ои арзишманд иброз намудааст. Инсоне, ки Давлатободй перомуни у су^бат мекунад, мутааллик; ба чомеаи уст. Ба шебу фарози масири рузгор, маишат, мушкилоти рузгораш ошност.
Дар ин боб саъй шуда дидговдо ва нигарах,ои М. Давлатободй бо тамоми чузъиёташ мавриди тахдику баррасй дарор гирад. Назари М. Давлатободй рочеъ ба нависандагони муосир низ дар чадорчуби ин бахш тахдиц шудааст. Бояд гуфт, ки номбурда барои истинботи афкору андешах,ои хеш даст ба домани собикаи фархднгй, асотиру фалсафа, таърихи инсонй мезанад.
«М. Давлатободй ва забони форсй» мавзуи дигарест, ки дар ин боб баррасй гардидааст. Нависанда х,ифзу нигахдории забон, рушду густ