автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева
Текст диссертации на тему "Жанрово-тематические особенности очерков Фазлиддина Мухаммадиева"
£Д' ОЧМО
ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ
УНИВЕРСИТЕТ У
На правах рукописи
ШОЕВ МАХМУДХОН ¡/¿о, ЭРГАШЕВИЧ V '
ЖАНРОВО - ТЕМАТИЧЕСКИЕ ОСОБЕННОСТИ ОЧЕРКОВ ФАЗЛИДДИНА МУХАММАДИЕВА
диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук 10101.03 - Литература народов стран зарубежья (таджикская литература)
Научный руководитель: доктор филологических наук, профессор Садуллоев А.
ДУШАНБЕ - 2003
Мукаддима...........................................................................3
Боби 1. Навъхои очерк дар насри мустанади Фазлиддин Мухаммадиев................,.....................................................18
1.1. Очерки проблемавй..........................,.........!................. 28
1.2. Очерки портрета......................................................... 38
1.3. Очерки сафари Л.......................................................... 51
Боби 2. Foh ва мавзуи очеркхои Фазлиддин Мухдммадиев........... 60
2.1. Мавзуи истехсолй дар очеркхои Ф. Мухаммадиев................ 62
2.2. Очеркх.0 дар мавзуъх,ои маишй ва ахлок;.............................. 78
2.3. Мавзуи маорифу маърифат дар очеркх.ои Ф. Мухдммадиев ... 92 • Боби 3. Поэтикаи очеркхои Ф. Мухдммадиев......................... 106 .
3.1. Образ ва портретхои кахрамон....................................... 108
3.2. Услуб ва махорати нигорандагй...................................... 135
Хулоса............................................................................. 155
Фехристи адабиёт.............................................................. 162
ДОНИШГОХ,И ДАВЛАТИИ МИЛЛИМ ТОЧ.ИКИСТОН
Ба х,укми дастнавис
ШОЕВ МАХ.МУДХОН ЭРГАШЕВИЧ
ХУСУСИЯТХРИ ; ЖАНРИЮ МАВЗУИИ ОЧЕРКХ,ОИ ФАЗЛИДДИН МУХДММАДИЕВ
рисола барои дарёфти дарачаи номзади илми филология 10.01.03 - Адабиёти халкхои мамолики хоричй (Адабиёти точик)
Ро^бари илмй: доктори илми филология, профессор Саъдуллоев А.
ДУШАНБЕ - 2003
\
i
з
МУКДЦЦИМА
Насри мустанад як бахши мухими фарханги тоники дар асри
XX мебошад. Вай дар чои холй ба вучуд наомадааст ва таърихи
тулоние дорад. Дар гузашта насри мустанад бо ифодахои илмию
ихтисосии мактуб, макола, сафарнома, вакоеънома, солнома, ахбор,
хадис, таърихнома, муросила, асархои тарчумаихолй ва гайра ёд.
шудаанд (7. 38, 94-103. 62, 38-127). Аломатхои умумии насри /
мустанади тоник, аз1 руи кайди мухаккикд насри хуччатй А.
Саъдуллоев хануз дар асри X ва пеш аз он ба мушохида
расидааст(76,67-94).
Аз руи маълумоти тадкикотхои адабиётшиносй дигаргунихои
чиддие, ки дар асри XIX.ва махсусан нимаи дуввуми он дар хаёти
сиёсиву иктисодй ва фархангии Эрон, Афгонистон, Туркияи Усмонй
ва хатто Осиёи Миёна сурат гирифтанд, боиси пайдоиши адабиёти
нав шудааст, ки огози онро ба солхои 80-90-уми асри XIX иртибот
додан дуруст мебуд. Бархамхурии сохти феодалй ва руй овардани /
кишвархои марбута $а суи номеаи сармоядорй дар ин давра ба хайси як падидаи мусбат дар тадкикотхои олимони хоричй ва ватанй пазируфта шудааст (7). Падидаи мазкур дар рушду такомули адабиёту фарханги минтака таъсири назаррас расонда ва дар хамин замина адабиёти нав хам пайдо шудааст. Яке аз нишонахои зохиршавии онро дар пайдоиши нахустин навъхои насри мустанад ба мушохида гирифтан мумкин аст. Дар ин чода мавкеи маорифпарварони ин кищвархо, пеш аз хама, равшангароёни Эрону Афгонистон, монанди Сайид Чдмолиддини Асадободй, Мирзо Малкумхон, Махмуди! Тарзии Афгон, Мирзо Иброхимбек, Мирзо Сироч ва амсоли онон аввалдарача мебошад. Бо кушишу дастгирии ин ашхос рузномаю мачаллахои форсй таъсис ёфтанд, ки аз тарики
*
он хдмватанони худро бо рузгори пешрафтаи кишвархои дигар ошно месохтанд1.
Асархои тарчумавй барои насри мустанади муосири точик ба' хайси заминаи дигари фархангй хизмат кардаанд, ки бо номи намунахои назму насри адабиёти итолиёиву фаронсавй, инглисиву русй ва гайра шинохта шудаанд.
Дар такомули насри мустанади муосири точик дар катори жанрхои саёхатнома, макола, фелетону лавха жанри очерк низ' хиссагузор аст. Ру овгрдан ба жанри очерк ва истифодаи чузъиёти он дар дигар жанрхо аз талаботи давр cap зада буд. Адибон мудом руйдодхои мавчударо омухта, аз мушохидаю дидахои мустакдмашон аз хаёт истифода карда, гох бо рохи тасвири худи-вокеият ва гохо бо усули изофа кардани хостахои хеш ба вокеият' фикру мулохиза ва хулосахояшонро баён менамуданд. Дар ин рох ба адибон жанри очерк созгор омадааст.
Очерк жанри насри вокеъгароёна ё хуччатй буда, зиндагиро дар пахдои мухташам ба тасвир гирифта, рочеъ ба масъалахои умда' ва халталаби замон^ андеша меронад ва онро тарзе пешкаш менамояд, ки зимни баёнаш чехраи кахрамон низ пеши назар падид меояд. Очерк чун жанри тахкикию бадей ба публисистика ва адабиёт •• хизмат намуда, ба ибораи В. Овечкин «агар хамаи адабиёт дар-чабхаи муборизаи идеологй армияи хучумкунанда бошад, очерк' гурухд на чандон. калони чобуки чуяндагонест, ки хеле пеш фиристонида шудааст» (57).
1 Таъсиси рузномаи «Ватан» соли 1870 дар Xjnm, хафтавори «Ал-Урвот-ал-вукса» соли 1884 дар Порис аз чониби С. Ч- Асадободй, соли 1891 дар Лондон бо хамкории ходими сиёсй ва публисисти тараккихох Мирзо Малкумхон рузномаи «Конун», нахустин рузнома дар Афгонистон- «Шамс-ун-нахор* (1873-1878) тахти рохбарии Кори Абдулло, рузномаи «Ахтар» соли 1875 дар Кустантания, «Хдбл-ул-матин» (Риштахои мустахкам) соли 1893-1894 дар Калкатта, «Чехранома» (1904-1905) дар Искандария ва Копира, рузномаи «Тарчумон»-и Исмоили Гаспарй дар Богчасарой, наридаи «Сирон-ул-ахбори Афгонистон» (1906-1919), ки бо роху воситахои гуногун ба аморати Бухоро мерасиданд, дар бедории мардуми он сахм гузоштаанд.'
Аввалин намунахои очерк ба маънии имрузй дар Аврупои Гарбй арзи. вучуд кардаанд. Мачаллахои «Болтун» (1701 - 1717),' «Зритель» (1711 - 1714^) нахустин бор маводеро наигр намуданд, ки аз нигохи шеваи баён ба очерк монандй дошт. Нависандагони англисзабон Стил ва Хддисон дар навиштахои худ саъй менамуданд, -ки мавзуъ аз хар чихат ба хдкикат наздик баён шавад, инсон ва* зиндагии у вокей инъикос ёбад. Ин тарзи баёнро баъдтар нависандагони Олмон, Италия ва Россия дастгирй карда, дар нигоштахои худ вокеияти зиндагиро дар сурати хос инъикос менамуданд.
Солхои 30-40-и асри XIX жанри очерк.дар Фаронса ва Олмон' инкишоф ёфта, ба силохи неруманди таблиг ва омодасозии мардум барои дигарсозихои куллй табдил ёфт. Нишонахои ин жанрро дар навиштахои чартистони англис низ пайдо намудан мумкин аст. •• Онхо аз очерк барои таблиги ахдофи худ истифода кардаанд.
Дар асри XIX дар Россия шакли тозаи очерк ба вучуд омад,' ки дар он вокеият ба тарзи динамикй ва дар холи инкишоф нишон дода мешуд. Нависандагони ин гуна матолиб хдёти сиёсии чомеаро тасвир карда, бештар диккати худро ба он равона намуда буданд, ки фактхои гуцогуни хаётиро ба зиндагии инки до бй пайванд созанд.
, Рушду такомули адабиёти хуччатии муосири точик ва аз чумла, очерки муосири точик бо ташаккули матбуоти ин миллат робитаи ногусастанй дорад, ки огози чунин ибтикороти эчодй •■ нимаи аввали солхои дахуми асри бист - давраи пуравчи пайдоиш-ва тахаввули матбуоти точик ба маънои имрузааш буд. Дар сахафоти «Бухорои шариф» (11.03.1912), «Оина (20.08.1913), «Рузномаи бахри Хазар» (14.12.1914), «Садои Туркистон» (04.1914), «Иштирокиюн» (06.1918), «Шуълаи инкилоб» (10.04.1919) публисистони шинохта Махмудхочаи Бехбудй, Абдурауфи Фитрат,'
1
Мирзочалол Юсуфзода, Мирзо Сирочи Бухорой, Убайдуллохочаи Асадуллохоча, Мунаввар Кори, Абдурауф Музаффар, Абдулло Авлонй, Абдулхамид Сулаймон, Саидризо Ализода ва дигарон осоре ба чоп расонданд, ки дар онхо вокеият аз диди шахсияти пешнигар арзёбй мешуд ва адабиётшиносони мо онхоро бархак яке аз омилхои • асосии ба вучуд омадани жанрхои насри мустанад донистаанд1. Махсусан, дар асари машхури Мирзо Сироч «Тухафи ахли Бухоро» (1910), ки баъди сафархои тулонй ба китъахои' Аврупову Осиё, Африкову Х,инд таълиф шуда буд, нишонахои очерки сафарй басо возех мушохида мешаванд. Дар асари Абдурауфи Фитрат «Мунозира» (1909) ва «Баёноти сайёхи Х,инд» (1911-1912) низ тахкдки вокеият ба назар мерасад. "Бояд кайд кард, ки дар коматафрозии насри мустанад сахми китоби Садриддин Айнй «Тахзиб - ус - ^сибён» низ бузург аст. Дар ин мачмуа устод порчахои насриеро шомил намудааст, ки аз нигохи сабк ва афкор ба лавха ва гунахои очеркии солхои баъдй шабохат доранд. Бо номи очерк бори аввал низ асари устод С. Айнй тахти унвони «Амирони' мангитии Бухоро» («Таърихи силсилаи мангитие, ки дар Бухоро хукм рондаанд») дар 9 шумораи соли 1920 ва 18 шумораи соли 1921-и мачаллаи «Шуълаи инкилоб» ба табъ расидааст.
Тахаввулоти баъдии очерк ба фаъолияти рузноманигориву публисистии адибони точик иртиботи кавй дорад, ки огози он солхои бисту ей сурат рфифта буд. Назар ба гуфтай профессор Л. Н. Демидчик адади нашри мачаллаву рузномахо дар тули солхои 19281937 хдшт баробар афзудааст, ки ин падида дар шакл гирифтани " фаъолияти адибони навкалам аз таърихи матбуоти даврагй ба' мушохида расида буд (28, 12). Дар вокеъ, фаъолияти рузноманигорй
1 Аз чумла ниг.: Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт. - Душанбе: Адиб, 2000. - С. 18- 42; Асозода X. Адабиёти форси ва се шохаи он. - Душанбе: Маориф, 1991. - С. 8-42; Асозода X. Адабиёти точик дар садаи XX.- Душанбе: Маориф, 1999. - С. 7-50 ва гайра.
t
\
барои нерухои эчодй ба сифати мактаби бузурги асарофаринй " будааст.
Дар ин солх,о бо даъвати А. М. Горкий омухтани тачрибаи харрузаи халк огоз ёфт ва дар ин замина як силсила очеркхое, ки ба тамоми рузгори шуравй иртибот дошт, эчод шуданд ва ин адибони точикро низ ба кори очеркнависй рахнамун сохт. Мирзо Турсунзода,- Хдким Карим, Ч,алол Икромй, Рахим Чдлил ва' Абдусалом Дехотй б^ таълифи очерк пардохтанд. Аксари осори онхо дар пайравй ба адибони забардасти хамонвактаи шуравй (М. Горкий, Н. Тихонов, Л. Леонов ва дигарон) (ё) дар пайравй ба " очеркхои мачаллахои навташкил («Наши достижения») навишта' шуда, усулашон аксар тасвири айнии вокеахои хаётй буд. Дар' очеркхои «Колхози Коммунизм», «Тирози чахон»-и С. Айнй, «Хикоёти устоди мисриён»-и Х- Карим, «Як кахрамони асри мо» - и Р. Чдлил, «Зани ягонаи чумхурият»-и Ц. Икромй, «Шарафи кор»-и Алихуш, «Богбони боги мисриён»-и Х,азратй ва гайра бештар' фактхои барчастаи р|йдод аз диди сиёсати замон тавзех дида, аз тахайюл камтар кор гирифта мешуд.
Очерк дар солхои чилум низ ривоч доштааст. Инкишофи он "
ва истифодаи чузъиёти он дар дигар жанрхо аз талаботи давр cap*
зада буд. Тасвири набардгоххои Ч,анги Бузурги Ватанй, корнамоии'
чангии фарзандони шучои халк, кабл аз хама, тавассути жанри
очерк сурат гирифт. Корномаи кахрамонони очеркхои Сотим
Улугзода - «Як ва саду як», «Вай шахри Ленинро мудофиа мекунад»,
Рахим Чдлил - «Кдхрамон», «Писарчон», Чалол Икромй
«Кахрамони канори Днепр», «Достони марди танкшикан», Фотех
1
Ниёзй - «Кабири хоитй», «Азими мерган» ва дигарон то ба имруз кимати худро гум накардааст ва ин асархо бо рухи устувори -кахрамонони худ, бо таъкиду исрори муаллифони хеш дар*
парвариши • эхсоси масъулиятшиносии хар як фарди чомеа роли' мухим бозиданду мерозанд. Ч,ихати чолиби ди^ати аксари ин очеркхо до дани эътибори хоса ба офаридани портрета кахрамон, ба таъкиди чузъиёти характери онхо мебошад.
Солхои баъди чанг, бахусус солхои 50-60-ум жанри очерк' тахаввулоти куллй дид. Ба табъ расидани мачмуахои калони' очеркхо, аз кабили «Таджикские очерки», «У подножия Памира»,
I»
«Очерки», «Норак», «Айёми мо» ва гайра на танхо дар насри хуччатписанди мустанади ин давра падидаи тоза буд, балки он як мархалаи такомули ин жанрро чамъбаст кардааст. Очеркхои С.' Улугзода «Саёхати Бухоро бо С. Айнй», Ч,. Икромй «Оё чй бояд кард?», П. Толис «Имтихони аввалин», Ф. Мухаммадиев «Мухочирон»,. А. Сидкй «Ч,ура - саркор» дар адабиёти точик ба -мархалаи нави вокеанигорй асос гузоштаанд. Очерк аз тахкики-факту вокеият охиста - охиста ба тахкики характер ё чузъиёти он,' кушиши офаридани.симои шахсиятхои вокей пардохт.
Огози солхои 70-ум инъикоси рузмарраи вокеахои хаётй, дахолати нависандагон ба проблемахои доги руз" аз масъалахои мухимми руз махсуб дониста мешуд. Дуруст аст, ки Партияи' Коммунистй шарокати нависандагонро дар ичрои накшахои хизбу Хукумати шуравй дониста, кумаки онхоро «дар юриши бузург ба суи коммунизм» хатмй медонист, яъне адабиёт мебоист дар тавсифу •• таърифи хадафхои сиёсй хиссагузор мегардид. Вале чизи дигарро-хам фаромуш кардан лозим нест. Х,амон солхо азхудкунии заминхои бекорхобида шуруъ шуда, барои ободонии онхо аз кухистон оилахои зиёде «ихтиёрй» ба дашту водихо кучонда мешуданд. Ин ва дигар муаммохо боиси пайдоиши як силсила асархои хуччатй -
бадей гардид, «очерк оперативтар шуд», «одамони зинда ва корхои' »
хдкикии онхо» (Турсунзода М. Замон ва нависанда // Садои Шарк, 1961. - № 7. - С. 6.) ба тасвир кашида шуданд.
Охири солхои 70-ум очеркхое арзи вучуд карда буданд, ки дар онхо вакти конкрет, макоми дуввумдарача дошт. Дар чунин' нигощтахо мухимтарин нукта ин таассуроти нависанда аз руйдод, тафаккури муаллиф буд. Дар ин асархо на фаъолияти кахрамон, балки худи факт типпй кунонда мешуд. Ба муаллифи чунин очеркхо нишон додани вокеа чун факт кам аст. Вай бояд чараёни тахкикд-факт, чихатхои умдаи онро кашф намояд, ба ибораи дигар, факт умумият дода шавад, то эътибораш пеши хонанда афзояд. Ин гуна очеркхоро мо дар эчодиёти индавраинаи Ф. Мухаммадиев (« Илхом», «Подоши мукофот»), М. Начмиддинов («'Обу ободй»), Б. Муртазоев («Хонаи даре», «К^иссаи мурии дудкаш»), Ш. Х,аниф*
(«Мураббй ва мураббо»), А. Рабиев («Афсонаи нави Аспанзод») ва
{
дигарон.дучор омада метавонем.
Охири солхои 70-ум ва аввали солхои 80-уми асри бист дар .. мундаричаи очерки точикй баъзе тагйиротхои чолибе ба мушохида. мерасад, ки он ба вокеоти изофанависй ва идеалй ба тасвир додани вокеият иртибот мегирад. Кдхрамонони ин гуна асархо шахсони фидоии кор, механпарастони ашаддй буда, илло ба кори давлату супориши партия дигар хеч мукаддасотеро нам'еписанданд. Ин холат дар очеркхои М. Мавлабиев (42), Ато Хдмдам (8), Шералй-Мусо (95) ва гоххо хатто дар очеркхои К. Мирзоев, М. НачмиДдинов, А. Саъдуллоев низ мушохида мешавад. Масалан, кахрамони А'. Хдмдам аз очерки «Хандаи бахт» то ба хона расидан .. ба бештар аз чихил объект рафта, аз вазъи кор огохй гирифта,. халоку шалпар ба манзил медарояду хатто хангоми пухтупаз аз вазъи пахтазор андеша меронад.
1
10
Очерки солхои 80-ум ва солхои баъдии асри гузашта аз нигохи кайфияти умумй ва банду бает чизи наве ба худ зам накард.. Умумият додани факт, дахолати мустаким ба сарнавишти кахрамон,-мавзуи тахкики бадей карор додани зиндагиномаи ахли илму фарханг аз хусусиятхои фарккунандаи очеркхои солхои охири адабиёти точик ба шумор меравад.
Гнамунаи бехтарин"и очеркро ба адабиёти муосири точик-
Фазлиддин Мухаммадиев дохил намудааст. У ба майдони адабиёт
бо мавзую масъала ва услуби хоси эчодии худ дохил шуда, ба рохе,
ки дигарон тай накардаанд, пеш рафт. Проблемахои мухими замони
хозира, масъалахои тараккиёти хочагии халк, хаёти коргарон,.
колхозчиён ва зиёиён, зухуроти муносибатхои нави чамъиятй, ки дар
майдони мехнат ва мухйти оила вокеъ мегардад, дар маркази
эчодиёти нависанда меистан^Ин нуктаро Абдухолик Набиев чунин
кайд кардааст: «Ф. Мухаммадиев ба маънои томи ин сухан аз
эчодкорони нав буд, ки "махз дар шароити сотсиализм ташаккул-
ёфта, дар навиштахои худ чихатхои пуркувват, пасту баландихои
1
умуман ин чомеа ва алалхусус аиеми худро инъикос намудааст. Сахмгирии у дар таквияти хаклкдти бадей, рухшиносии инсон, гановати шаклй ва жанрии адабиёти солхои 50 ва аввали 80. сазовори он аст, ки уро ба сифати нависандаи колабшикане,-тозанигор ва ибтидокорй як тамоюли услубй - услуби реализми психологии серсадо, ки бо юмори нафис ва публисистикаи тезу тунд омехта гушзад кардан мумкин аст, тавсиф кунем» (54, 7).
^Тамоми асархои • Фазлиддин Мухаммадиев аз вокеияти• имруза ва дигаргунихои зиндагонй, мехнат, маишат, ахлоку одоб, эхсосу 'афкори мардум^ва рухи замони мо бахс мекунанд^
Фазлиддин Мухаммадиев дар асархои худ ба тасвири чихатхои нави хаёти мо пардохт. Пушида нест, ки хаёти халк хеле.
мураккабу серсоха аст ва нависандае, ки ба вай дахолат мекунад,' мухимтарин чараёнхои таърихии чамъиятро тахлил намуда, чунин вокеахоеро, ки. мохияти зиндагй ва пешрафти моро ба суи чомеаи демократа нишон медиханд, ба хаёт татбик гардондани идеалхои олии замони моро ифода менамоянд, дар осори худ чамъбаст-мекунад^ Фазлиддин Мухаммадиев аз хамин гуна нависандагон аст. Вай масъалахои мухимми рузмарраро ба миён гузошт, нуксонхои зиндагиро сахт ва ошкоро танкид кард, урфу одатхои кухна ва бокимондахои замони гузашта, типи рохбарони кафомонда ва услуби кухнаи корро фош намуд ва бар хилофи инхо пешрафти' фикру заковат, болоравии куввахои эчодй ва рухбаландии мехнати халки точикро мавриди тасвир карор дод.
Аз марги фочиабори Фазлиддин Мухаммадиев кариб бист сол сипарй мешавад. Он айёмро бо номи бозсозй шухрат додаанд.. Вокеан хам харчу марчи ахлокии чомеа, ки чанде пеш ба арши аъло расида буд, хануз хамон айём огоз ёфту Фазлиддин Мухаммадиев яке аз аввалинхо туда аз хавфи ин падидаи бадфарчом аз тарики маколаву очерк, эссеву муросала ва мурочиатхояш бонги изтироб мезад. Бо вучуди ин Фазлиддин Мухаммадиев фарзанди замони худ' буд., Дар бисер мавридхо бояд супориши партияро (Партияи Коммуниста) ташвику тар