автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.02.22
диссертация на тему:
Лексико-семантические особенности поэмы "Семь красавиц" Низами Гянджеви

  • Год: 2001
  • Автор научной работы: Негмат-заде, Фархунда
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.02.22
Диссертация по филологии на тему 'Лексико-семантические особенности поэмы "Семь красавиц" Низами Гянджеви'

Текст диссертации на тему "Лексико-семантические особенности поэмы "Семь красавиц" Низами Гянджеви"

МУНДАРИ^А:

МУКДДДИМА............................................................................................3

БОБИI. ТАРКИБИ ЛУРАВИИ ДОСТОНИ «ХДФТ ПАЙКАР»............13

1.Таркиби лугавии достони "Х^афт пайкар"

аз руи баромади таърихии калимахо............................................14

1.1. Калимах,ои аслан точ,икй........................................................14

1.2. Калимах,ои иктибосй .............................................................32

1.2.1. Икгибосоти арабй ....................................................35

1.2.2. Икгибосоти калимах,о аз забонх,ои дигар........................41

2. Мансубияти функсионалй-услубии лексикаи

достони "Дафт пайкар"............................................................58

2.1. Калимах,ои адабй-китобй .....................................................60

2.2.Поэтизмх,о..................................................................—65

БОБИ II. ХУСУСШГЩ)И СЕМАНТИКИИ ВОЩЩОИ ЛУРАВИИ

ДОСТОНИ "ХДФТ ПАЙКАР" ......, .......................................74

Сермаъноии калимах,о............................................................74

Маънои аслй ва мачозии калима .............................................86

Синонимх,о........................................................................92

Антонимх,о........................................................................109

Омонимх;о.........................................................................123

Пароним ва паронимазия......................................................130

ХУЛОСА..............................................................................136

ФЕХРАСТИ АДАБИЁТ............................................................140

МУЦАДЦИМА

Дар тахдики хусусиятх,ои забонии хдр як асари бадей зинаи аввалину мухимтарин муайян намудани таркиби лугавии он аст. Ба гуруххо ва кабатхои лугавй чудо кардани тамоми вохддх,ои лексикии достони «Хдфт пайкар» имкон медихдц, ки дар бораи тахдввули забони адабй дар давраи муайяни таърихй дуруст казоват намоем. «Барои тахкики амики полати забон дар даврахои гуногуни таърихй тахдили калима чун вохдди асосии забонй них,оят мухдм аст, зеро калима категориям мухимтарини забони адабй буда, хар гох, ки дар бораи забон сухан меравад, кабл аз х;ама, он ба калима иртибот дорад ва хдрчанд ки забон дар баробари калимахо унсурх,ои дигарро низ дар бар мегирад, мухимтарин унсури забонро калима ташкил медих,ад» (1.25,5).

Асрхои X - XII давраи ташаккулу тахаввули забони адабии точик ба шумор меравад ва барои ^ахониён Рудакй, Фирдавсй, Сино, Форобй, Носири Хусрав ва Низомй барин бузургворонро додааст, ки ситорагони дурахшони осмони илму фарх,анги ч,ахонй дониста мешаванд. «Осори адабиёти бадей (аксаран, асарх,ои манзум), асарх,ои таърихй ва илмй, ки дар ин давра эчод шудаанд, дар хаёти фархангии мардуми Мовароуннах.р, Хуросон, Эрони Рарбй, Х^индустони Шимолй ва бисёр мамлакатх,ои Шарки Наздик ва Миёна нащни калон бозиданд. Аз тарики тарчумаи русй ва забонх,ои дигари Аврупои Рарбй имруз ёдгорихои адабиёти классикии тонику форс сарвати мадании бисёр халкхои чах,он гардидаанд ва ба ганчинаи умумии дурдонахои киматбах,ое, ки инсоният андухтааст, дохил шудаанд» (1.32,502).

Аз ин сабаб дар омузиши таърихи забони адабй х,амеша ахди тахкик ба асархои барчастаи бадеиву таърихй такя намуда, онхоро маводи асосии тадкикот карор додаанд ва таърихи забони адабй бештар дар асоси тадкики осори адибони бузург тахия мегардад.

Абумухаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закй Муайяд Низомии Ганчавй аз шоирони бузурги Озарбойчон ва чахони форсизабон аст, ки бо мактаби хосси адабии худ дар таърихи адабиёти чах,онй низ мавк;еи бузург дорад.

Бинобар ин, бешак гуфтан метавон, ки осори гаронбах,ои у тамоми нозуких.ои забони адабии точикро дар давраи муайяни таърихй тачассум менамояд ва х,ароина мероси у сазовори тахкику баррасии хаматарафа буда метавонад. «У бо нубуги азамат, афкори баланд ва кувваи суханварии худ дар сафи Хрмеру Арасту, Софоклу Еврипид, Аристофону Анакреон, Рудакию Фирдавсй, Руставелию Данте, Саъдию Шекспир, Пушкину Толстой ва амсоли инх,о меистад.» (2.3,5).

Низомии Ганчавй соли 1141 дар шахри Ганча (Озарбойчони имруза) чашм ба олами хастй кушод. У аз замони хурдсолй ба илму дониш рагбат дошта, даставвал забони арабиро омухта, «Куръон»-ро х,ифз намуд. Баъд аз он улуми фикх, таърих, чугрофия, фалсафаву мантик ва адабро фаро шрифта, дар ин сохах,о низ устод шуд. Сипае, Низомии Ганчавй улуми табий, хусусан тиб ва ситорашиносиро ба рагбат омухт. Хулоса, шоири мутафаккир аз аксари улуми замони хеш вокиф буд ва худ мегуяд: Манам дониста дар паргори олам, Ба тафсиру нучум асрори олам. Хама зичи фалак чадвал ба чадвал Ба устурлоби хикмат кардаам хал.

Низомии Ганчавй дар адабиёти чахон бо достонх,ои лирикй ва хдмосии худ машхуру маъруф аст. Ёдгории бузургу човидонаи Низомй «Хамса»-и безаволи уст, ки аз маснавихои «Махзан-ул-асрор», «Хусрав ва Ширин», «Лайлй ва Мачнун», «Х,афт пайкар» ва «Искандарнома» иборат аст. Дар ин миён «Хафт пайкар» аз достонхои марказй ба шумор рафта, мухтавои нихоят пурмояро дар бар мегирад ва достон вусъати хамоей дорад. Махз ба хамин хотир, омузиши хусусиятхои забонии достони «Х,афт пайкар»-и Низомии Ганчавй дорой ахамияти илмист ва дар

таъйини вазъи таърихии забони адабй дар асри XII маводи мухдм дода метавонад. Осори Низомй аз тарафи адабиётшиносон хдматарафа омухта шуда бошад х,ам, асрори забонии он хднуз нокушуда аст. Бинобар ин омузиши осори адабии шоир х,ануз х,ам хеле номукаммал аст, зеро асари бадей бояд х,ам аз нуктаи назари адабиётшиносй ва х,ам аз нукгаи назари забоншиносй пурра омухта шавад.

Омузиши забони осори бадеии ин ё он халку миллат дар даврах,ои гуногуни таърихй ташаккул ёфта, дастовардх,ои ичтимоиву фархднгй ва дигар чанбах,ои маънавии забони адабиро ба таври бояду шояд муайян менамояд. Таърихи забони адабй яке аз шохах,ои илми забоншиносй аст ва хдмеша бо забони осори бадей сарукор дорад. Аз ин чо пайванду робитаи мутакобилаи илмх,ои забоншиносиву адабиётшиносй ба назар мерасад. Забони осори бадей барои илми адабиётшиносй низ зинаи огозини тах,кик буда, «Омузиши забони адиб барои адабиётшинос аз вазифах,ои асосй ба шумор меравад. Эчодиёти адиб, шахсияти у, ках,рамонх,ои у, мавзуъ, гоя ва образх,о дар забон баён мешавад. Тадкики услуб ва мах,орати адиб танхо ба он кас муяссар мегардад, ки у забони адибро хуб донад»(1.29,6).

Аз ин чост, ки забону услуби осори бадей ва дар навбати аввал хусусиятх,ои лугавии онро надониста, пахлух,ои дигари онро ба таври бояду шояд омухтан аз имкон берун аст.

«Хафт пайкар» чах,орумин достони «Хамса»-и безаволи Хаким Низомии Ганчавй аст. Азбаски кахрамони асосии достон Бахром аст, ин достонро бо унвони «Бахромнома» ва инчунин «Х,афт гунбад»низ ном мебаранд.

Ин достон аз чихати забону услуб дорой мух,тавои ганй ва пах,нои густурда аст. Дар он шоир аз тамоми имконоти лугавию услубии забони адабй истифода бурдааст. Мавзуи достон сохдхои гуногуни х,аёти ичтимоиву фархднгй ва тамоми пахдухои зиндагии давраи муайянро фаро мегирад. Дар он одамони дорой касбу кори гуногун бо шуглу шавки

мухталиф хузур доранд ва сухан мегуянд, яъне забони асар тамоми чанбахои хаёти одамонро инъикос мекунад. Суханороиву иборапардозихои нихоят чаззобу ифоданок аз забондониву хунари баланди шоирй доштани Низомй шахдцат медихдц. Бехуда нест, ки адабиётшиноси точик Аълохон Афсах,зод ба Низомии Ганчавй ва дар барчастагию ифоданокии сухани у андеша ронда менигорад: «Низомй аз хоки Озарбойчон хеста, дар мактаби адабии форсу точик тарбия ёфта, бо неруи тахайюл, кудрати эчодиёт ва маонии тозаи худ адабиёти форсизабононро ба поях,ои баландтаре бардошта, дар хдмин адабиёт равняй нави сурудани достойной ишкй-романтикй ва анъанаи «Хамса»-нависиро чорй намуд» (2.3,5).

Хаким Низомии Ганчавй дар забондонй ва дар хунари суханварй, бешак, назир надорад. «Низомй бо вучуди табъи саршор, махорати баланд ва истеъдоди зотй ба шеър бо камоли чиддият нигариста, дар асари охирини худ «Искандарнома», ки соли 1202 ба итмом расонидааст, хотирнишон менамояд, ки суханхои хуб ва шеърх,ои маргуби у дар натичаи андешах,ои амик, мехнат ва машаккати чонфарсо ба вучуд меоянд. Чунин аст хулосаи у:

Бад-ин дилфиребй суханх,ои бикр, Ба сахтй тавон додан аз рохд фикр. Сухан гуфтани бикр чон суфтан аст На хдр кас сазои сухан гуфтан аст» (2.3,13).* Низомии Ганчавй аз симох,ои бузургтарини адабиёти форсу точик аст, ки бо мактаби адабии хеш дар тахдввули маснавйсарой накши мухиме гузоштааст ва анъанаи «Хамса»-сароии у на танхо дар адабиёти форсу точик, балки дар назми турку узбек ва озарй низ пайравони зиёде пайдо кардааст. Дар бораи макоми адабии мактаби Низомии Ганчавй чунин

* Ракамхо ба тартиби абёт ва сах,ифаи китоб (Низоми. Куллиёт. -Душанбе, 1983) ишора мекунанд.

санаде низ вучуд дорад, ки дар пайравии «Хамса»-и у аз асри XIII то интих,ои асри XIX дар худуди 300 шоири форсизабон, турк, озари ва узбек маснавих,о сурудаанд, 116 нафари онон ба пайравии «Лайлй ва Мачнун» достон гуфтаанд (1.34,7).

Низомии Ганчавй ва хунари адабии у хануз аз асрхои XIII диккати тазкиранависону муаллифони осори адабию таърихии гузаштаро ба худ чалб кардааст. Давлатшохи Самаркандй дар «Тазкират-уш-шуаро» ва Абдурахмони Ч,омй дар «Бахористон» дар бораи Низомй маълумоти дакику муфассал додаанд (1.154; 1.156).

Тахкикд ахвол ва осори Низомй ва тахдили мазмуну мундаричаи «Хамса»-и у дар Аврупо ва Русия аз интихои карни XIX огоз гардида, дар ин мавзуъ осори зиёди илмй-тадкикотй таълиф гардидааст. Соли 1871 мусташрики мачорй В.Бахер асари пурарзиши худ «Х,аёт ва эчодиёти Низомй»-ро ба табъ расонд, ки дар он натичахои тадкикоти илмии муаллиф дойр ба ахволу осори шоир ч;амъбаст гардида, бори аввал чараёни зиндагй ва фаъолияти адабии Низомй то андозае равшан гардид. Дар тули солхои минбаъда низ дар Аврупо ва Русия осори илмй-тадкдкотии зиёде ба табъ расид, ки дар мйёни онхо тадкикоти мусташрики маъруф Е.Э.Бертелс дорой арзиши зиёд аст (1.17). Мухак;к;ик рузгор ва фаъолияти адабии шоирро тахкику баррасй намуда, нащпи уро дар созмонёбии мактаби бузурги адабии хамсасарой зикр мекунад ва мегуяд, ки дар пайравии «Махзан-ул-асрор» 42 маснавй суруда шудааст.

Дар бораи масоили марбут ба интишори мавзуъ ва мундаричаи маснавихои «Хамса»-и Низомй тадкикоти арзишманди зиёд бо калами мухдккикони Озарбойчон, Гурчистон, Туркманистон ва Узбекистон аз кабили Г.Арасли, Т.Алиева, Т.Магеррамов, А.Рагимов, А.Сасаниян, Ш.Ф.Мамедов, М.Т.Мамадашвили, Ш.Шомухаммедов, Ч.Мирсаидов, Н.Гуллаев ва дигарон ба анчом расида, нашр шудаанд, ки дар омузиши

киёсии маснавихои Низоми мархилаи наве дониста мешавад (1.13; 1.17; 1.34; 1.13).

Дар бораи рузгору осори Низомй ва хунари шоирии у аз тарафи донишмандони эрониву хиндй тадкщотх,ои басо пурарзиш ба сомон расидааст, ки дар ин радиф Шиблии Нуъмонй, Забехулло Сафо, Ризозода Шафак, Маликушшуаро Бах,ор, Сайд Нафисй, Мух,аммад Муин, Вахдди Дастгардй ва Бароти Зинчониро зикр кардан зарур аст (1.151; 1.152; 1.153; 1.154; 1.155; 1.156).

Дар тадкику нашри осори Низомй хидмати Вахиди Дастгардй бузург аст, ки у аз соли 1937 ба омузиши матни интщодии осори Низомй машгул буда, дар асоси тахдики ей дастнавис матни интикодии мероси адабии шоирро ба табъ расонидааст ва он иборат аз 7 чилд аст. Дар 6 чилди он маснавих,ои «Хамса» ва дар чилди 7-ум шархи х,оли комили адиб бо фарх,анги луготу осори дигари лирикии у оварда шудааст, ки он барои тахдикоти хусусиятхои забонии осори шоир басо ахдмиятноку пуркимат аст (1.159).

Донишманди эронй Мухаммад Муин дар бораи «Х,афт пайкар»-и Низомй тадкикоти пурарзиш ба сомон расонд, ки он аз тадкикоти олим бо номи «Шумораи х,афт ва «Х,афт пайкар»-и Низомй» огоз ёфта буд. Натичаи пажухишх,ои чандинсолаи у дар китоби «Тахлили «Х,афт пайкар»-и Низомй» чамъбаст гардид (1.158).

Соли 1989 олими эронй Бароти Занчонй асари судманде дар тахдики яке аз маснавихои ахлодии Низомй - «Махзан-ул-асрор» ба табъ расонд. Ин асар аз ду кием иборат буда, дар кисмати аввал тахкик;и донишмандон дар бобати ах,волу осори Низомй чамъбаст карда шуда, дар кисмати дувум олим ба шарху тавзехи маонии душворфахм ва гояхои рамзии Низомй дар достонхои «Махзан-ул-асрор» ва «Х^афт пайкар» мепардозад.

Дар ин чо бояд бигуем, ки хусусиятхои забони осори ин шоири бузург то ба имруз тахкикталаб мемонад ва аксари осори ба табърасида ба

масоили гоявй, сохти композитсиониву хусусияти бадей бахшида шудааст. Ба таври алохида то ба имруз ягон асари комил бахшида ба масоили забонии осори Низомии Ганчавй ба табъ нарасидааст.

Тадкику омузиши ах,волу осори Низомй дар Точикистон аз солх,ои 40-ум ривоч ёфт. 800-солагии зодрузи шоир дар шахри Кировобод (Ганча) соли 1941 тачдил гардид ва баъд аз он хдм дар Точикистон ва хам дар худуди собик; Шуравй теъдоди зиёди осори илмй ба табъ расид. Аз чумла соли 1940 маколаи Абдусалом Дех,отй бо номи «Низомии Ганчавй» аз чоп баромад. Соли 1948 достони «Лайлй ва Мачнун»-и Низомии Ганчавй бо саъю кушиши Абдусалом Дехотй ва бо мукаддимаи Е.Э.Бертелс чоп шуд (2.3, 3 - 8).

Соли 1969 адабиётшиносони точик С.Саъдиев ва С.Сиддиков китобе бо унвони «Х,икояхо аз «Хамса» нашр намуданд, ки он хикоёти ахлокиву ичтимоиро дар бар мегирад (2,9).

Комилтарин нашри «Хамса»-и Низомии Ганчавй дар Точикистон дар тули солхои 1982-1985 бо саъю кушиши адабиётшиноси маъруфи точик Аълохон Афсахзод ба анчом расидааст (2.4, 3-16).

Дар тамоми рисолаву маколах,ои илмй-тадк^котй, ки ба осору афкори Низомй бахшида шудааст, сухан дар бораи мазмуну мундарича, жанр, гоя, образхои осори шоир меравад ва, мутаассифона, дойр ба хусусиятхои забониву услубии достонх,ои «Хамса» кариб ягон сухан гуфта нашудааст.

Бояд зикр кард, ки вожашиносй (лексикология) дар забоншиносии точик мавриди пажухищ карор гирифтааст. Вобаста ба вожашйносии (лексикологияи) забони точикй як идда забоншиносони точик низ тахкикоте анчом додаанд. Аз чумла, В. Капранов дар бораи иктибосоти : хиндй дар забони точикй (1.58), Т.Зехнй дар бораи таърих ва этимологияи вожахои точикй (1.49), Д. Саймиддинов дар бораи луготи забони форсии

миёна (1.112), X,. Мачидов дар бораи фразеологияи забони точикй ва хусусиятх,ои лугавй-маъноии калимах,о (1. 71) ва дигарон кор кардаанд.

Омухтани осори Хдким Низомй басо мухдм буда, барои улуми забоншиносиву адабиётшиносй, фалсафиву динй натичах.ои пурарзишеро ба бор хохад овард, зеро осори шоир аз чихати мазмун ва мундарича хеле густурда аст.

То имруз хусусиятхои забонии осори Низомй ба таври бояду шояд аз назари тах,кдк нагузаштааст. Мероси гаронбах,ои у барои тамоми кисматхои забон маводи мушаххасу пурарзиш ба хисоб меравад. Бо таассуф бояд кайд кард, ки дар забоншиносии имруза «Хамса»-и Низомй умуман тадкику тасниф нашудааст ва он дар таърихи забони адабии точик аз масъалах,ои бах,сноку халталаб аст, зеро он пахдухои наву тозаи ташаккул ва тахдввули забони адабии точикро дар даврах,ои муайяни таърихй муаррифй менамояд. Таърихи забони адабй хдмеша тадкики амику дащиди асарх,ои адабиро такозо мекунад, зеро забон дар х,ар давру замон бо нозуких,ои ба худ хос дар асарх,ои илмиву адабй сабт мегардад. Бе омузиши хусусиятхои забонии осори гузашта таърихи дируза ва х,олату хусусиятх,ои имрузаи ин ё он забонро муайян намудан аз имкон берун аст. «Таърихи забони адабй, забони осор ва роли устодони сухан, шоиру нависандагони забардаст, олимон, тазкиранависон ва муаррихони машхури точикро, ки онхо поя ва асосхои услубхои гуногунро гузошта, бисёр калимаю истилоххоро ба забон дохил кардаанд, махсусан кайд мекунад» (1.132,4).

Тадкику тахдили осори бадеии гузаштагон чун сарвати гаронбахои фарх,ангй имкон медихад, ки маданият, таърих, расму оин, шавку завк ва умуман хаёти маънавию зебоиписандии ин ё он миллату халкиятро ба пуррагй омузем.

Забоншиносони точик осори намояндагони барчастаи адабиёти классикиро аз нигохдои гуногуни илмй тахкик кардаанд. Аз чумла,

СДошимов дар бораи забони «Гулистон»-и Саъдй (1.136) ва семантикаи калимах,ой арабй дар «Дастур ул-мулук» (1.137), С.Анварй дойр ба истилох,оти х,арбии «Шохдома» (1.10), Б. Алиев дойр ба лексикаи феълх,ои «Гаршосбнома» (1.8), Ш.Каримов дойр ба семнтикаи вохддх,ои лугавии газалиёти Хофиз (1.57), З.Мухторов дойр ба лексикаи суфиёнаи газалиёти Саной (1,78), С.Сабзаев оид ба лексикаи суфиёнаи «Кашф ул-махдуб» (1.111), М.Саломов дойр ба ифодах,ои мачозии Хрфиз (1.113) ва дигарон кор кардаанд.

Ташаккулёбии забони адабии ин ё он халкият заминаи таърихии ташаккулёбии забони адабии миллиро ба мцён меорад. Махз дар хдмин маврид накдш илми забоншиносй чун яке аз рукнх,ои асосй ва мух,им дар байни улуми филологй бештару бех,тар ба назар мерасад. Болоравии маданияти маънавй, ки .дар радду бадал ва тагйироти забонй зохдр мегардад, х.амеша завку талаботи зиёдеро ба сухан, ба эчодиёти бадей бедор мекунад. Мах,з дар х,амин гуна шароити дигаргунсозих,ои х,аёти чамъиятй накши филология чун илми забоншиносиву адабиётшиносй, илми балогат ва илми накду тафсири осори бадей бисёр мухдм мебошад (1.78,11).

Бинобар ин метавон гуфт, ки омузиши забони осори бадеии ин ё он халкият дар даврах,ои гуногуни таърихй хусусияти таърихиву фархангй ва дигар нозуких,ои моддиву маънавии забони адабиро муайян менамояд. Таърихи забони адабй яке аз шохахои илми забоншиносй аст ва х,амеша бо забони осори бадей сарукор дорад. Омузиши хусусиятх,ои забонии ин ё он шоир хдм барои забоншинос ва хдм барои адабиётшинос мух,им а�