автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.02.22
диссертация на тему: Лексико-стилистические особенности поэзии Лоика Шерали (полисемия, омонимия, паронимия)
Текст диссертации на тему "Лексико-стилистические особенности поэзии Лоика Шерали (полисемия, омонимия, паронимия)"
МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ РЕСПУБЛИКИ
ТАДЖИКИСТАН ХУДЖАНДСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА
'04.2 0 0.6 1 6 4 0 5 - На Правах рукописи
ИШАНОВА ДИЛОРОМХОН ТУРСУНХАНОВНА
ЛЕКСИКО-СЕМАНТИЧЕСКИЕ ОСОБЕННОСТИ ПОЭЗИИ ЛОИКА ШЕРАЛИ (ПОЛИСЕМИЯ, ОМОНИМИЯ,
ПАРОНИМИЯ)
10.02.22 - языки народов зарубежных стран Европы, Азии, Африки, аборигенов Америки и Австралии (таджикский язык)
Диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук
Научный руководитель: кандидат филологических наук, профессор Абдукадыров Абдусаттор
ХУДЖАНД - 2006
Вазорати маорифи Ч,умхурии Точикистон Доншигохи давлатии Хучанд ба номи академик Б.Гафуров
Ишонова Дилоромхон Турсунхоновна
Хусусиятхои лексикиву услубии назми Лоик Шерали (полисемия, омоним, пароним)
10.02.22. - Забонх,ои халкдои мамолики хоричи Аврупо, Осиё, Африко, бумиёни Амрико ва Австралиё (забони тоники)
Рисолаи илми барои дарёфти дарачаи помзади шгм^ои филологй
Рох,бари илмй:- номзади илмх,ои филологй, профессор Абдукодиров
Абдусаттор
ХУНАНД - 2006
МУНДАРИЧД
Мукаддима.........................................................................................3
Боби я кум. Хусусиятх,ои семантикиву услубии вожах,ои сермаъно дар назми Лоик;................................................................17
1.1. Сермаъноии вожах,ои исмй.......................................19
1.2. Сермаъноии вожах,ои сифатй ва феълй.......................51
Боби дуюм. Хусусиятхои маъноиву услубии омонимхо дар назми Лоик........................................................................................72
2.1.Вазифах,ои маъноиву услубии омонимх,о..................72
2.2.Вожах,ои ба омоним монанд.........................................83
Боби сеюм. Хусусиятлои маъноиву услубй ва сохтории паронимхо дар назми Лоик.............................................................89
3.1 .Вазифах,ои лугавию услубии пароним^о ...............89
3.2.Таносуби овозии пароним^о......................................112
Хулоса.................................................................................................132
Маъхаз ва манобеи илмй...................................................................135
Мукаддима
Истиклолият ва худшиносии миллй боиси он гардид, ки чомеа, бахусус ахди зиё, дар доираи арзишх,ои маънавии суннатй ба макому манзалати забон низ жарфтар назар андозад. Маълум шуд, ки забони точикй аз айёми пайдоиши худ дар хама замонх,о на тан^о ба сифати воситаи мубодилаи афкор, балки хдмчун нишони миллат ва неруи муттахидгару пешбари халк, хидмат кардааст, ки ин маънй аз тарафи сарвари давлати Ч^ум^урии Точикистон Э.Ш.Рах,монов ба таври зайл арзёбй гаштааст: «Забон, дар хдкикат, асоси хдстй ва бакои умри миллат аст. Ифтихор аз Ватану ватандорй, таъриху фархднг, ифтихор аз миллат ва хувияти миллй, аввалтар аз хдма, дар поку бегазанд нигох, доштани забони модарй ифода меёбад...Яке аз вазифах,ои асосй дар давраи истиклолият пуштибонй ва густариши забони давлатй, тахдими малому мартабаи он, аз х,исоби захираи забони классики ва халкй суфтаву ганитар намудани забони адабй, оммафах,м сохтани забони нашриях,о, пеш аз хдма, китобх,ои дарсй, забони матбуот ва тоза нигох, доштани забони муошират мебошад».( 1)
К^обили таваччух, аст, ки истиклолияти Ватани мо аз истиьуюлияти забони миллй маншаъ гирифт. FañpaT ва пойкубихои истиклолталаби зиёиёни точик марбут ба забони модарй буд, ки он дар шароити хеле душвор- сиёсати тоталитарии собик; Иттихдди Шуравй амалй гашт. К^абули конун, ки забони точикиро забони давлатй эълом дошт, кадами нахустин ва чиддй дар рохи истиклолият ба шумор омад.
Дар «Барномаи Х,укумати Чумхурии Точикистон дойр ба тавсиа ва рушди забони давлатй ва забонх,ои дигари каламрави Ч,умх,урии Точикистон» чунин баён гаштааст: «Тадбирхое, ки дар Барномаи Хукумат пешбинй шудаанд, шароит ва тахдики хамачонибаи забони давлатй, муайян намудани асосх,ои илмию усулии омузиши он дар хдма навъдои мактаб, муассисах,ои мактабй ва коллективхои мех,натй, тадвину танзим ва нашри китоб^ои дарсй ва дастурх,ои таълим, табъу нашри адабиёт ба
забонхое, ки дар чумхурй амал мекунанд, тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрхои педагоги ва сохахои дигар, бехтар кардани иштироки воситахои ахбори умум дар бобати таракдй ва омузиши забони давлатй, боло бурдани сатхи маданияти нутк; ва гайраро дарбар мегиранд». ( 2)
Ин тадбирхо дар мавриде амалй мегарданд, ки забони давлатиамонро хубтар омузем, илми забоншиносии точикро харчониба вусъат дихем, то ки аз коидаву цонуниятхои он бештар вокиф гашта, аз ин воситаи бебадали инкишофи чамъият огохона истифода намоем.
Дар хар давру замон вазъи забони мйллиро, кдбл аз хама, осори адибон муайян месозад, зеро онхо чун устодони сухан умдатарин падидахои забони умумихалкиро дар асархои худ истифода менамоянд, аз тарафи дигар, вусъати назари адибон ва майдони фарохи адабиёти бадей ба густариши забони миллй имкони фаровон фарохам меорад. Гузашта аз ин, каламкашони варзида, ки коидаву конуниятхои сухангустариро хуб медонанд. калимаву иборахои нав офарида ва ё имкониятхои тозаи лексикиву грамматикии забонро «кашф» намуда, бо ин рох; низ ба забони адабй дорой меафзоянд. Аз ин нук,таи назар метавон гуфт, ки забони осори нависандагони баркамол дар тахкики забони адабии давр сарчашмаи асосй ба шумор меояд. Хохем, ки вазъи забони адабии хозираро тах^ик; карда бошем, бояд забон ва услуби осори сухангустарони замонро мавриди омузиши харчониба карор бидихем.
Аз чониби дигар, тахлили услуби адибон дар омузиши хусусиятхои эчодиёти худи онхо зарур аст. Нависандагон забонро «унсури нахустини адабиёт» (М.Горкий) номидаанд. Эътироф шудааст, ки чихати гоявии асар мазмун ва забони он шакли асари бадей мебошад, вале, чунонки аз андешахои суханшиносон бармеояд, дар офаридани асар ахамияти яке аз дигаре камтар нест. Чунончи, шоири номии тоник М.Турсунзода таъкид намуда буд: «Дар бораи пурмаънй тасвир кардани хаёт, дар болои мувофики хак,ик;ат тасвир намудани зиндагй кор кардан лозим аст ва алалхусус ин кор бояд дар сохаи забони асархои мо карда шавад». (110,26)
5
Хдмчунин дар бораи ахдмияти забон навишта буд: «Забони вайрон хдр гуна фикри бикрро хам барбод медихад». (91,23)
Академик В.В.Виноградов низ дар асари машхураш «Дар бораи забони асари бадей» тазаккур карда, ки «тахдик;и услуб, шеърият ва чахонбинии нависанда бе фахмиши амику асосноки забон имконнопазир аст». (22,6)
Ба "назар мерасад, ки аз вохидх,ои забон калима бештар ахдмият дорад. Калима вохиди мухимтарини забон махсуб меёбад. Дар баён бори маънй бар души калима аст. Аз калимахо ибора, аз иборах,о чумла фаро^ам меояд, сипас ба тавассути чумла фикр баён мегардад.
Дар забон макоми бештар доштани калима аз андешах,ои суханварон низ маълум мегардад. Машакдати нигорандагиро, кдбл аз хама, аз кори душвортарини чустучуи сухан дониста буданд: «Вакте ки ба навиштан мешинй, - навишта буд М. Турсунзода, - ана он гох кори душвортарини чустучуи сухан, мисраъ ва вазн cap мешавад. Махз ана ин вак;т, чй тавре ки Маяковский гуфта буд, аз хдзорон тонна маъдани сухан як калимаи ягонаю аникро интихоб кардан лозим аст». (90,8)
Лоик Шералй низ хунари нотакрори шоири тавоно Муъмин Кдноатро дар корбасти калимахо дидааст (54), ки он далели равшани эътибори худи Лоик низ ба макоми калима дар шеър мебошад ва инро, аз чониби дигар, мероси адабии у низ собит месозад.
Шеъри Лоик, аз лих,ози забон хамто надорад. Ин сухан, пеш аз адма, ба таркиби лугавй ва водидх,ои фразеологии назми у тааллук дорад. Лугати назми Лоик аз хар чихат: маъно, кабатх^ои лугавй, мансубияти услубй, махорати сухангустарй дар нихояти ганомандй карор дорад.
Чун сухан аз гановати сухани Лоик, рафт, кабл аз х,ама, ду сарчашмаи саршори лугат - вожах,ои адабии китобй ва халкии гуфтугуй дар назар аст. Сарчашмаи аввал лугати адабии китобй мебошад, ки бо пурмаъной ва хушсадой дар забони адабии имруза мак;оми хоса пайдо кардааст, амсоли ангора, армугон. ахром. аду, аъдо. тахамтан. вожгун. ворун. чаъд. ситабр.
6
тахрик. тачрид. мутахдар, мусалсал. мучалло. сугворй. магшуш. музмар. иттисол. рагём. тундар. шеван. парасту. мадфун. аксо. улвй. дайчур. кавкаб. пайк. пайкор. сохибдил. хучаста. побарчо. нишемангох. чонофарин. комгор. суханпардоз. сарсупурда. худафруз. бегазанд. нукрафом. зарандуд. гулгункафан. номакшуф, носипарда. гусаста. баргузида. падруд (бидруд), обастан. захрогнн. сабукандеш. сабуксар. хештаншинос. тихифарчом ва гайра.
Сарчашмаи дигар лугати гуфтугуии халкист. Лоик дар интихоби лугати халкй хеле сахтгир аст, хар гуна суханро намепазирад, вале он, агар дар шеъри у рох, ёфта бошад, хатман суфтаву пурмаъно ва сазовори ба забони адабй ворид шудан аст. Аз чумла, теъдоди зиёди вожах,о номи ашё, русуми мардумй, аломат, хислат, амал, холат ва Fañpapo ифода менамоянд, ба монанди чиллак. чонамоз, чакмоксанг. камонгулак. гахворабандон. молчо. дахмаса. гуркоб. хакчо. валвала. хафсала. муштипар. курдуд. курзахм. шикастанафс. забондароз. одамгарй. даюсй. худхурй. зиндачудо. аёлманд. тарозубаркаш. сабил, кучахандон, хонагирён. дилмурда. шабкур. занкимоб. ватангадо. харина. хасдузд. дамдузд. хамсоягур (гурхамсоя), валангор. хунчакон. сафолакбаста. пошикаста. нодида. киблагох. чахондида. коиммаком ва гайра.
Эъчози каломи Лоик; дар суханофарист. Дар мероси адабии шоир кариб сад калима ба назар мерасад, ки офаридаи худи шоир буда, мухимтарин хусусияти онхо аз лихози сохтор мутобики коидахои сарфи точикй будан, аз лихози мавкеи услубй аз чумлаи лугати муассир ба шумор рафтан мебошад. Таълифоти шоир дар таносуби кавии маънихо: хаммаъной, сермаъной ва зидмаъной сурат ёфта, дар пояи олии суханварй меистад.
Вожахои тозасохти Лоик Шералй аз лихози сохтор ва вазифахои маъноиву услубй шоистаи омузиш мебошанд, ба монанди дахонмардон. гултабассум. абулбашарзод. мухаббатрез. дилноманависон. шукуфаборон.
бузургнафар. афлокписанд. тугёнписанд. нозукписанд. душманкада. душманнасак. харвонгох. шохборон. мурдахун. дарвозахохон.
хочадавлатон._чанозафурушон._байтулшараф. деворбаландон.
бузургифурушон. тунуксоя. тунукмехр. хунобанушон. сахтхобон. кухнаруз. зишттугун. курпистон. сиёхпистон. шиканчакуб. тифлтабъй. бусаборон. одамистон. бечоранолй. бусаозурда. песабарор. решамаргон. гофилмаргхо. дилогандагй. пойоба. зулматистон. маргафзо. бахтрабой. фардофарин. нахустэчод. сабзчонй, гушнамаст. ошуфтбозор. сахтгушон. заифнолй. лаънатниюнишон. шакарранч. хандаборон ва гайра.
Хдмин тарик, аз руи намунаи мисолхое, ки дар боло оварда шуд, пай бурдан мумкин аст, ки таркиби лугавии мероси адабии Лоик Шералй хеле бою рангин аст. Тахкики сохтор ва вазифахои маъноиву услубии навъхои услуби лексикаи назми шоир (вожахои халкди гуфтугуй, адабии китобй, байниуслубй), сермаъноии вожахо, муродифоти лугавй, антонимхо, таъбирхо бояд мавзуи рисолахои алохидаи илмй карор гиранд. Аз чумла, вожахои сермаъно (полисемия, омоним), пароним ва вазифахои маъноиву услубии онхо аз масоили мубрами забону услуби ашъори Лоик, мах,суб меёбад, ки мавриди баррасии ин рисола кдрор гирифт.
Мак,оми сермаъной дар забоншиносй, кдбл аз хама, бо он муайян мешавад, ки дар сохаи лексикология як кисмати алохида - семасиология ташаккул ёфтааст, ки калимаро аз чихати маъно меомузад. Дар ин соха асархои бисёр таълиф гаштаанд, вале бо вучуди ин дар забоншиносй дар фахмиши мохияти сермаъноии калимахо ак,идаи олимон яксон нест. Баъзе забоншиносон умуман ходисаи сермаъноии вожахоро инкор кардаанд. Масалан, академик Л.В. Шерба навишта буд: «Андешидан нодуруст мебуд, ки калимахо дорой якчанд маъно хастанд, чунин пиндоштан дар асл акидаи руякй ва хатто оддии матбаавист.. Дар амал бошад, чй кадар шакли фонетики дошта бошем, хамон кадар калима дорем»1. (123,290-291) Ё ин ки В.А. Губанова дар мак,олааш «Баъзе масъалахои сермаъноии
' Тарчумаи айнй. Яьне, хар як калима, ки бо маъиои муайян итеьмол шуд, нохиди мустакил ба шумор мсравад.
8
феълхо» навиштааст, ки «он чизе, ки «сермаъной» номида мешавад, дар асл калимах,ои гуногунанд». (25,167) A.A. Потебня низ дар мисоли шаклхои грамматикии калимаи русии «верста», (версти, версте) таъкид доштааст, ки «камтарин тагйирот дар маънои калима онро ба калимаи дигар табдил медихдд». (78,15) Дар ин маврид иддаои забоншиносон ин аст, ки дар дар як калима як мафхум чамъбаст мегардад.
Бино ба сарчашмах,ои илмй, кулли олимон додисаи сермаъноии вожах,оро пазируфта, ба омузиши коидаву конуниятх,ои он пардохтаанд.
Забоншиноси рус P.A. Будагов на танхо мавчудияти сермаъноии лугавиро эътироф кардааст, балки онро аз руи ахамияти калон доштанаш «конуни сермаъной» номида, бо хдмин ном маколаи махсус навиштааст, ки дар он, аз чумла, чунин менигорад: «Сермаъноии вожахои забонх,ои табиии халкдои чахон яке аз махсусиятдои мух,имтарини лексика, яке аз хусусиятхои умуман забони инсонй ба шумор меравад. Махз аз дамин боис сухан бояд аз «конуни сермаъноии вожахо (таъкиди муаллиф), сухан аз конуни полисемияи лугавй равад.» (19, 140)
Байни олимон дар фах,миши х,удуди сермаъноии лугавй низ фикри ягона мавчуд нест. Баъзан х,одисаи полисемия ва омонимияро ду категориям лугавии ба хам новобаста мешуморанд. Масъалаи паронимхо, ки мох,иятан аз «конуни сермаъной» дуртар вокеъ гардидааст, вакте ки сухан аз сермаъной меравад, ба эътибор гирифта намешавад. Дар баъзе сарчашмах,о омадааст, ки «паронимхо бо омонимх,о деч гуна умумияте надоранд». (39, 27)
Имруз эътироф шудааст, ки полисемия ва омонимия ду тарафи як казия-сермаъноии калима ба шумор меояд: «масъалаи омонимия ба сермаъноии калимах,о тааллук дорад»- навиштаанд муаллифони китоби дарсии «Забони адабии дозираи точик» барои мактабх,ои олй. (37,24) Алокаи узвии полисемия ва омонимия дар сарчашмадои дигари илмй низ баён гаштааст. Чунончи, дар китоби дастчамъонаи вожашиносони Донишгох,и Миллии Точикистон «Лексикаи забопи адабии точик» омадааст, ки «дар забон
калимаи сермаъно баъзан ба шакли омоними хамреша сурат меёбад.» (66,15) Боз дар поёнтар мехонем: «ба гурухи дуюм омонимхое дохил мешаванд, ки дар натичаи инкишофи маъно ва сермаъной пайдо шудаанд.» (с.21)
Аз назари забоншиноси машхури рус В.И. Абаев «афзудани омонимхо асосан аз хисоби полисемия ба миён меояд» (Ниг. 95,57) Чунин акида аз чониби Е.М. Галкина-Федорук ва З.А. Толмачёва низ иброз гаштааст. (Хдмончо)
Хдмчунин робитаи омонимро бо пароним низ забоншиносон эътироф
/
кардаапд. Масалан, М.И. Фомина кайд кардааст: «аз руи монандии талаффуз калима- паронимхо ба омонимро наздиканд». (114,103) Дар дастури таълимии «Современный русский язык» омадааст: «Эътироф шудааст (таъкиди мо- И.Д.), ки яке аз вок,еияти ба омоним наздик паронимхо мебошад,» (77,77) Вале идомаи фикр бахснок аст: «аммо бояд ба эътибор гирифт, ки паронимхо танхо дар нутки дахонй чой доранд ва ба системам лексикии забон хеч гуна муносибат надоранд» (хамон чо), хол он ки дар китоб зери як сарлавха -«Омонимхо, паронимхо» дар бораи паронимхо хамчун вохиди лексикй маълумоти муфассал дода шудааст, ки аз тахлили маводи забони адабй бармеояд;, на «нутк,и дахонй».
Дар сарчашмахои илмию таълимй, хар чо ки сухан аз таркиби лугавй меравад, масъалахои полисемия, омоним ва пароним пахлуи хам оварда мешаванд, ки ин хам далели ба хам наздик будани ин категорияхои лугавй махсуб меёбад.
Ба назари мо. умумият ва робитаи омонимро бо пароним аз се чихат муайян кардан мумкин аст.
1. Аз руи таърифи онхо, чунончи: а) омонимхо калимахое мебошанд, ки таркиби овозии якхела, вале маънохои гуногун доранд; б) паронимхо калимахое мебошанд, ки таркиби овозии ба хам наздик, вале маънохои гуногун доранд.
2. Яке аз хусусиятхои мухими омофон, омоформ ва омограф, ки ходисахои «ба омоним монанд» ном доранд, ба хам наздик будани
талаффузи вожахо мебошанд, ки ин хосият аломати асосии паронимхо ба шумор меравад.
3. Ду ро^и асосии пайдоиши омонимхо ва паронимхо якхела аст: 1) умумияти таърихй яьне, вожахои омонимй дар даврахои гуногуни таърихй пайдо мешаванд, масалан, маънохои вохиди омонимии чанг (асбоби мусикд; губор; панча андохтан) дар як вакт пайдо нашудааст. хамчунин пайдоиши калимахои паронимии ганч, ранч, санч, панч, ба даврахои гуногуни таърихй хос аст. 2) аз хисоби мувофикати овозии лугати аслию иктибосй хам омонимхо (май-1) шароб; 2) номи мох) ва хам паронимхо (мард- март - 66,36) пайдо мешаванд.
Хдмин тарика, умумияти полисемия, омонимхо ва паронимхо дар хачми як рисолаи номзадй мавриди омузиш карор гирифт1
Полисемия низ аз масъала^ои бахсноки забоншиносй ба шумор меравад.
Дар асархои чи илмй, чи таълимии точики калимахои полисемиро ба навъхои метафора, метонимия ва синекдоха чудо кардаанд.
Аксарияти олимон дар метафора монандии шаклй (зохирй) мебинанд, умумияти мохиятии ашё ё мафхумх,о мавриди бахси метонимия мебошад, вале дар фахмиши ин истилохот ва зикри мисолх,о омехтагие ба назар мерасад. (13,42-44) Ба ин муносибат мухаккики сохаи сермаъной А. Муъминов дар фишурдаи рисолаи номзадиаш навиштааст, ки «дар бисёр мавридхо фарк кардани маънои мисолхои метафора аз метонимия душвор аст, чунончи, калимаи «сар» ба маънои сарвар, дохй, рохбалад, сардор дар хамин холат карор дорад, ё истеъмоли «дил» ба маънохои шикам, майл хамчунин аст». (63,9)
Дар таснифоти во�