автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми
Текст диссертации на тему "Образ человека в рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми"
0/- / о./19
АКАДЕМИЯ МИНИСТЕРСТВА ВНУТРЕННИХ ДЕЛ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
На правах рукописи
САИДОЛИМОВ КОМИЛДЖОН САИДМИРЗОЕВИЧ
ОБРАЗ ЧЕЛОВЕКА В РАССКАЗАХ И ПРИТЧАХ "МАСНАВИИ МАЪНАВИ" ДЖАЛОЛИДДИНА РУМИ
Специальность: 10. 01. 03 - Литература народов стран зарубежья
(таджикская литература)
ДИССЕРТАЦИЯ
на соискание ученой степени кандидата филологических наук
Научные руководители:
кандидат философских наук, профессор
Одилов Н.Ф.
кандидат филологических наук, доцент Ахмадов М.А.
Душанбе - 2003
Мундарича
Мукаддима..............................................................3-15.
Боби I. Мухити маънавии Мавлоно Чалолиддини Румй ва шахсия-ти маънавии У.........................................................16-62.
§ 1. Чалолиддин ва мухити маънавии У............................16-32.
§2. Шахсияти маънавии Чалолиддини Румй....................33-52.
§3. Фаъолияти эчодии Мавлоно Чалолиддини Румй.........52-62.
Боби II. Тасвири инсон дар хикояву тамсилоти "Маснавии маъна -
вй"-и Чалолиддини Румй ........................................63-137
§ 1. Тасвири бадеии инсон дар хикояву киссахо ва тамсилоти "Маснавй"...............................................................64-97.
§ 2. Тачдссуми камолоти маънавии инсон дар симои пайгомбар-(с)........................................................................97-125.
§ 3. Тасвири рамзии инсон дар мисоли най....................125-130.
§4. Ишк ва камолоти инсон.........................................130-137.
Хулоса...........................:.................................................138-139.
Адабиёти истифодашуда.....................................................140-147
Мукаддима
Мухимияти мавзУъ. Тадкику баррасй намудани андешахои ахло-кию ирфонии шоирони сУфй, хусусан Мавлоно Чдлолиддин Мухамма-ди РумИ такозои давр буда, он дар конеъ кардани ниёзхои ахлокию ичтимоии чомеаи кунунии мо як икдоми неке хохад буд.
Адабиёти классикии форсу точик ва намояндагони бузурги он ту ли карнхост, ки мавриди тахкику омУзиши ховаршиносони Шарку Fap6 карор дорад.
Тахлил намудани образхои бадей барои рушду такомули шахсият ва чомеа заминаи нихоят мухимро фарохам меорад ва актуалй будани мавзУъ хам дар хамин аст.
Яке аз сабабхои интихоби мавзУи рисола дар он аст, ки омУзиши арзишхои маънавй ва мероси адабии суфия аз масъалахои мухиму за-монавй ба шумор рафта, он дар танзими бисёр масоили ахлокию ичтимой ахамияти калон дорад. Зарурати дигари интихоби мавзУъ аз он иборат аст, ки бо вучуди омУхта шудани эчодиёти Мавлоно Чалолиддин аз чониби мухаккикони дохилию хоричй, бисёр чихатхои бадеии осори У халлу фасли худро наёфтааст.
ХанУз аз асрхои XIV-XV ин чониб, омУзиши эчодиёти шоирони суфй, аз чумла Саной, Фаридуддини Аттор ва Мавлоно Чалолиддини Румиву амсоли инхо ба хукми анъана даромада, мухаккикону нукта-санчони зиёдеро ба майдони илм овард, ки то имрУз махсули захмат-Хои илмию адабии онхо мавриди истифода карор дорад.
Дар давоми мавчудияти собик Иттиходи ШУравй омУзиши мероси гаронбахои шоирони тасаввуф ба таври бояду шояд сурат намегирифт. Аз чумла, номи Мавлоно Чалолиддини Румй дар тУли кариб як аср та-
нхо барои як гурУхи муайяни чомеъа, яъне олимону ховаршиносон маълум буду бас. Албатта тадкикоти назаррасе аз чониби шаркшиносо-ни хамон давра дар мисоли Бертелс Е.Э., Кримский А.Н., Гордлевский В.А., Охундов М.Х., Трименгет Я.С., Степанянц М.Т., Одилов Н.Ф. ва гайрахо бар эчодиёти Мавлоно Чалолиддини Румй ба миён омад, ле-кин бо вучуди ин, бисёр чанбахои осори у ханУз рУи варав; наомадааст. Иншои маколаву рисолахои илмию адабии чудогона таи чанд соли охир дар омУхтани шахсияту афкори Чалолиддин як икдоми хубе гашт. Хо-нандаи точик маърифати волои шеъри сУфияро тавассути намояндагони он дарк кард. Мутолиаи осори илмии мухаккикон нишон медихад, ки Мавлоно на танхо дар адабиёти мо мавк;еи баланд дорад, балки у дар хоричи кишвархои форсизабон эътибори нихоят бузургро дороет.
Гуфтан чоиз аст, ки аввалин сарчашмахо дар бораи Мавлоно Чалолиддин дар худи Куния таълиф шудаанд ва "Валадноча", "Рубоб-нома", "Маориф"-и Султонвалад далели фикри болост. У гайр аз таъсис додани силсилаи "Мавлавия" боз яке аз шорехони ахволи падараш Чалолиддин мебошад. Султонвалад бо шархи содаи худ холатхои гуно-гуни хаёти Мавлоноро дар осору ашъораш тасвир мекунад. Сахми худи Султонвалад дар таджики шахсияти нотакрори падараш - Чалолиддин нихоят чолиб аст.
Ду муаллифи осори Мавлоно Чалолиддин, ки дар мухити адабии худи Куния зиста, рочеъ ба зиндагию ашъори у асар навиштаанд, Фа-ридун Сипахсолор ва Ахмади Афлокй мебошанд. Асари Сипахсолор бо унвони "Рисолаи Фаридун бинни Ахмади Сипахсолор дар ахволи Мавлоно Чалолиддини Мавлавй" бо тасхеху мукаддимаи Сайд Нафисй соли 1325 ш.(1946 м.) нашр шудааст. Сипахсолор солхои зиёде хизмати Мавлоно карда, дар синни калонсолй (солхои 1319 м.) фавтидааст.
Назари Сипахсолор, чи тавре ки аз нигоштахои У маълум гардид, нисбат ба он наклу ривоятхое, ки Ахмади Афлокй дар ду чилди кито-баш "Манокибулорифин" овардааст, вокеитару дакиктар ба назар мера-сад ва шояд сабаб он бошад, ки Ахмади Афлокй (ваф.1356 мел.) нисбат ба Сипахсолор чавонтар буда, вокеахоро камтар мушохида кардааст.
Дар мухити адабии замони Мавлоно Чалолиддин аксари мардуми оммии турк забони точикиро намедонистанд. Аз ин ру, зарурати тарчимаи ашъори Мавлоно ба миён омад, ки дар он сахми Исмоили Анкаравй (ваф.1631 м.) басо назаррас аст. То ба имрУз нигоштахои У дастраси хонандагон аст.
Баъдхо Исмоили Чулунй (ваф.1724 мел.) китобе бо номи "Рух-улмаснавй" эчод мекунад, ки соли 1870 м. дар Истамбул чоп шудааст.
Хамчунин, шархи дигаре аз Соро Абдуллохи Афандй (1660м.) бо номи "Чавохири бавохири Маснавй" дар 5 чилд, соли 1871 чоп шудааст ва инчунин Абдулбокй Гулпинорлй (ваф.1982 м.) ду китоб бо унвони "Мавлоно Чалолиддини Румй" ва "Мавлавия баъд аз Мавлоно" таълиф намудааст, ки бо кУшиши Тавфик; Субхонй ба форсй тарчима шуда, соли 1363 ш. (1984 м.) аз чоп баромадаанд.
Вобаста ба мавкеъи зисти Мавлоно мо кУшиш кардем, ки муноси-бати табакахои зиёй, донишмандону фозилон ва ах ли илму адабро нис-бати ин адиби бузург, орифи комил дар сарзамини Осиёи Хурд бо са-надхои мавчуда исбот кунем.
Чалолиддин на танхо дар мухити адабии форсу точик хамчун адиби инсондУст, ориф, факех ва донишманд эътироф шудааст. балки хус-ни таваччУХИ уламову удабои Аврупоро низ ба ашъору осори худ чалб намудааст. У вокеъан байни шоирону нависандагони адабиёти класси-кии форс-точик ва мухаккикону донишмандон хамчун симои нотакрор эътироф шудааст.
Тадкикоти мухаккикону донишмандони Эрону Афгонистон хам дар байни дигар ховаршиносони Еарб боиси эътироф гардидааст. Аз чумла, Камолиддин бинни Хасани Хоразмии Кубравй (ваф.1440 м.) ду
асарашро дар мавзУи "Маснавии маънавй" эчод кардааст. Асари якуми У дар шакли назм эчод шуда буда, бо унвони " Кунузулхакоик фй ру-музулдакоик" ва дуюмин асараш бо номи "Чавохируласрор ва завохи-руланвор" дар шакли наср бокй мондаанд.
"Чавохируласрор" бо мукаддима ва тасхехи Мухам мад Чаводи Шариъат соли 1360 ш.(1981 м.) дар Исфахон рУйи чоп омадааст.
Абдуррахмони Чомй дар "Нафахотулунс" мегУяд, ки "Мухам-мад Порсо -рохбари силсилаи "Накшбандия"- и аввалияи Эронро раем бар он буд, ки ба "Девони Шамс" тафал (фол) занад" (2.4, 295).
Хусайн Воъизи Кошифй (1505-1506м.) низ дар заминаи "Маснавии маънавй" асари худ "Лубби лубоб"-ро навиштааст, ки он ба тасхехи Сайид Нафисй, соли 1965 (1344ш.) дар Техрон чоп гардидааст.
Асари дигаре, ки баъдтар аз замони Сафавихо аз чониби Мулох-одии Сабзаворй эчод шуд, яке аз барчастатарин шарххок мухим бар "Маснавии маънавй" ба хисоб меравад. Он бо унвони "Шархи асрори Маснавй" дар Техрон чоп шудааст.
Бадеуззамон ФурУзонфар ва Чалолиддин Хумоиро низ бояд зикр кард, ки дар асри мо зиндагию эчод кардаанд. Таджикоти илмии ФурУзонфар "Рисола дар тахкики ахволу зиндагонии Мавлоно Чалолиддин Мухаммад машхур ба Мавлоно", "Шархи "Маснавй"-и шариф" ва "Хулосаи Маснавй" дар омУзиши зиндагию осори Мавлоно роли мухим мебозанд.
"Мавлавинома" аз таълифоти Чалолиддин Хум°й буда, дар ду чилд соли 1360 ш. (1981 м.) чоп шудааст ва илова бар ин, мухаккикони дигари ашъори Чалолиддинро ном бур дан мумкин, ки дар омУзиши
асархои У сахмгузоранд. Аз чумла, "Фарханги луготу таъбироти Масна-вй"-и доктор Содик Гавхарин, "Сирри най", "Бахр дар куза"-и Абду-лхусейн ЗарринкУб ва "Тафсиру накд ва так ли ли "Маснавй"-и Чалолиддин Мухаммади Балхй"-и Мухаммад Та^ии Чаъфарй ва боз даххо маколахоро номбар кардан мумкин аст, ки ба рУзгору осори Чалолиддини Румй бахшида шудаанд.
Дар таджику баррасии эчодиёти Мавлоно мухаадикони эронй: Эх-сон Табарй, Косим Ганй, Алй Даштй, Чалолиддин Мучтабй, Мухаммад Чаводи Шариъатй, Шафеи Кадканй, Махчуб Сирочй ва Мухаммад Алии Муваххид низ сахми босазо доранд.
Шоири маъруфи афгон Халилуллохи Халилй низ ба унвони "Аз Балх то Куния " асаре дорад, ки ба рУзгору осори Мавлоно бахшида шудааст.
Аз асрхои XIV-XV ин чониб, шеъри Мавлоно дар сарзамини Хин-дустон низ нуфУз пайдо карда, дар байни аъзоёни силсилаи "Чиштия" бо як усули хоси мусикй хонда мешуд ва тибки маълумоти мавчуда, Низомиддин Авлиё аввалин рохбари силсилаи "Чиштия" (ваф.1325 м.) шархе бар "Маснавии маънавй" навиштааст, ки мутаассифона он даст-раси мо нагардид.
Шинохти "Маснавй"-и Мавлоно дар шимоли Хиндустон -шахри Бангола аз асрхои XV-XVI вусъат ёфтааст. Азбаскй ин мамлакат аз охири асри XIII дар зери таъсири ислом карор дошт, аз ин рУ, бузурго-ну шоирони он баъзан нагмаи найро (хамон 18-байти аввал) бо ривояти кахрамони асотирии Хинд - Кришна ва найнавозии У омезиш медиханд. Хатто аксари подшохони Хинд, аз чумла, ДорошукУх - писари Шо-хичахон (ваф.1659 м.)ва бародараш Аврангзеб (солхои хукмрони-аш: 1660-1707 м.) низ шефтаи "Маснавй"-и Румй будаанд ва боз бисёре
аз донишмандони хиндиро ном бурдан мумкин аст, ки шарху тафсир-хои зиёде бар "Маснавии маънавй"-и Мавлоно навиштаанд.
Яке аз бузургтарин асархое, ки дар байни донишмандони мусал-мони хиндй бар "Маснавй"-и Мавлоно эчод шудааст, аз нигохи мухак-кикону адабиётшиносон, хамон "Шархи Маснавии маънавй"-и Мавлоно Бахрулулум Абдулалист, ки охири карни XVIII таълиф шудааст.
Тад^икоти донишманди бузурги хиндй - Шиблии НУъмонй (ваф. 1914 м.)-ро низ зикр кардан бамаврид аст. Асари У "Савонехи Мавлоно Румй" (Лакнахв, 1902 м.) дар тахкики эчодиёти Мавлоно мавкеи боса-зо дорад ва ногуфта намонад, ки шоири Хинду Покистон Мухаммад Икбол хам аз зумраи шефтагони ашъору осори Мавлоност.
Дар "Асрори худй" ва осори дигари У пайванди рУхии байни Мавлонову Икбол эхсос мегардад. "Асрори худй" дар вазни "Маснавии маънавй "-ст, ки бисёр байтхоро Икбол аз он иктибос кардааст ва мо дар бораи бархУрди рУхонии Идбол бо Мавлоно, ки дар симои Хизр бар У зохир мегардаду шоир ниёзхои хешро ба вай арз мекунад, чизе намегУем, зеро ин як тахкики хосаеро талаб мекунад ва дар ин маврид он аз мавзУи мо берун аст.
Дар мамлакатхои Аврупо низ олимону донишмандони зиёде тавас-сути тарчимаи осору ашъори Мавлоно Чалолиддин маълуму маш-хуранд. Тарчимахои машхури Рюкерт, Розенцвейг, Розен, Г.Эте, М.Редхаус ва аз хама мухим Р.Никольсону шогирди У А.Арберрй дар шиносонидани осори Мавлоно Чалолиддини Румй ба хонандаи Гарб ахамияти калон доранд.
Сахми шаркшиносони рус хам дар тадкики замон ва пахлУхои гу-ногуни эчодиёти Чалолиддини Румй назаррас аст. Аз чумла, асар хои Кримский А., Бартолд В.В., Гордлевский В.А., Акимушкин О.Ф., Применгет Д.С., Степанянц М.Т., аз донишмандони озарй Охундов
М.Х., аз мухаккикони точик Одилов Н.Ф., Ходизода Р. ва гайрахоро номбар кардан мумкин аст, ки дойр ба чахонбинии Мавлоно ва масоили фалсафию бадеии осори У бахшида шудаанд.
Мухаккик Нодир Одилов дар монографияи худ "Чахонбинии Чалолиддини Румй" як катор масъалахои фалсафй аз кабили хастй, маърифати ашё, назарияи акл, гуманизм ва сабку баёни Мавлоно Чалолиддинро мавриди тадкик карор додааст.
Азбаски мавзУи рисола бевосита ба инсони коми л тааллук дорад, дар ин маврид бояд чанд нуктаро зикр кард.
Инсони комил аз мухимтарин мавзУъхоест, ки дар тУли таърих мавриди таваччУхи ахли тасаввуф карор гирифтааст. Ин мафхумро бо тавсифоте чун "халифатуллох", "рУхуллох" ва "сабгатуллох" дар Куръ-он ва аходиси кудсй дучор мегардем.
Дар эчодиёти намояндагони тасаввуф инсони комил бо унвон^ хои "марди Худо", "нойиби Хак", "марди тамом", "мУъмин", "цутби комил", "валии мастур", "валии машхур" ва амсоли инхо ёд шудааст. Ин мафх-ум дар осори Ибни Арабй "Фусусулхикам" ва "ФутУхоти Маккия", Абдулкодири Чилй "Ал-инсонулкомил фй маърифатил авохир вал аво-ил", Азизиддини Насафй "Китобул инсонил комил фй маърифатил во-фир" баён гардидааст.
Дар осори манзуми шайх Аттор "Мусибатнома", "Мантикутугайр", "Илохинома" ва "Маснавии маънавй"-и Мавлоно инсони комил ба си-фати як навъ идеали ахлокй шарху таъбир ёфтааст. Барои бунёди шах-сияти он тачассуми чахони маънавй ва сифатхои ахло^ии У мавкеи мухим доранд.
Инсон дар таълимоти суфия ва махсусан дар эчодиёти Мавлоно олитарин махлук буда, кодир аст ба маърифати Хак ноил гардад. Дар маркази тасвири бадеии адабиёти сУфия низ инсон меистад ва бояд
таъкид сохт, ки на инсони эхсосиву чисмонй, балки инсони илохй ва ё худ ормонй.
Адабиётшинос Расул Ходизода дар китоби худ "Тасаввуф дар ада-биёти форс-точик" рочеъ ба инсони комил андешаронй карда, консеп-сияи онро, ки баъзе аз мухаккикони мо, аз чумла,академик Акбар Тур-сунов ба афкори пешазисломии мардуми Ачам нисбат медихад, инкор мекунад. Аз чумла, "сарчашмаи "Инсони комил" дар тасаввуф китоби мукаддаси ислом Куръон аст. Шояд дертар, баъд аз шуйуъи фалсафаи юнонй дар шарх ва тарчумаи чанде аз кутуби дини зардуштй ба забони арабй баъзе акидахои нихоят дур ва камнури диёнати пеш аз ислом ба фалсафаи "Инсони комил" таъсир дошта бошад, аммо ин танхо таъсиру нуфузи дарачаи дуюм аст" (1,56: 137).
Аз ховаршиносони Аврупо Генрих Шайдер, ки дар мавриди инсони комил дар ислом тадкикоте ба анчом расонидааст, решахои эронии ин мафхумро муайян кардааст. Аз чумла, мегУяд: "Андешаи инсони комил ба андешахои шафки бостон, махсусан чониби эронй робитаи ус-тувор дорад (1,53: 236).
Инсони комил дар тамаддуни исломй ба суратхои мухталиф тачаллй кардааст. Дар мазхаби ташайюъ назарияи инсони комил дар иртибот бо эмомат шарху таъбир меёбад. Эътикод ба набии содик дар акидаи онхо мавчудест азалй ва рУху фазли У дар силсилаи анбиё ме-росй буда, он аз шахсе ба шахсе интикол меёбад.
Назари ах ли тасаннуъ ва аз чумла, Мавлоно дар мавриди инсони комил ба дигар сурат аст. Хар инсони худогох аз асрори хастй ва Ха-кикати мутлак дар хар чо, дар хар замон ва ба хар забоне шикоят мекунад. Мавлоно валй ва кутби комилро мазхари ХаК медонад, аммо на ба таври хулулу иттиходи чисмонии зулмонй.
Инсон, ки халифаи Худованд аст (2.28, 6), сохиби шарофати бу-зург аст. Чунин сифат бар улвияту бузургии инсон далолат мекунад ва хак ба чониби мухаккик Расул Ходизода аст, ки маншаи назарияи
"Инсони комил"-ро (дар тасаввуф) аз Куръон медонад.
Дар дигар кутуби осмонй аз кабили Таврот, Забур ва Инчил низ инсон ва кадру манзалати У дар мавкеи аввал гузошта шудааст ва рисо-лати анбиёи каблй, ки инсонхои комиланд, аз тарбияву хидояти чомеа ба сУи камолоти маънавй иборат аст.
Худованд ба инсон азамати рУхониро лоик дидааст, ки оёти Ило-Хй аз он шаходат медиханд (2.28,363) ва он даъвохое, ки мардони Худо кардаанд (амсоли Боязиди Бастомй, Мансури Халлоч, Абулхасани Хараконй), тибки хамон "амонат"-и раббонист (2.28, 415), ки гайр аз одамй дигар махлукот ёрои бардоштани онро надорад. Дар истилохоти урафо ин амонат ба унвони "рУх" ёд мешавад, ки бозгашташ ба олами малакут аст.
Бояд таъкид кард, ки дар гуфтори ду нафар аз бузургони тасаввуф -Мансури Халлоч ва Боязиди Бастомй низ мафхуми "инсони комил" ба истилохи "Ал-комилуттамом" назаррас аст ва пас аз онхо Ибни Арабй касест, ки истилохи "Ал-инсонулкомил"-ро дар асархои худ аз чумла, "Фусусулхикам" ва "ФутУхоти Маккия" ба кор бурдааст. У мафхуми "Инсони комил"-ро гохе бо унвони "Ал-инсон- алхаюта" ёд карда, вайро нойиби Хак дар замину муаллими малоик дар осмон ме-хонад ва комилтарин сурате медонад, ки офарида шудааст. Аз назари У инсони комил мазхари Хак ва оинаи чомеи сифатхх;ои илохист. У воси-таи миёни Хакку халк аст, ки тавассути файзу мадади Хак, ки сабаби бацои олам аст, ба олам мерасад ва максади аслй аз эчоди олам Уст. Инсони комил рУхи оламу часади вай аст ва ба василаи асмои илохи,
ки Худованд ба У омУхтааст, дар олам тасарруф карда, онро идора мекунад.
Ибни Арабй дар асоси хадиси пайгомбар(с) мегУяд: "Хак ганчи
пинхоне буд, он гох ки Хак чомаи шайъияти вучуд бар инсон пУшонд,
он ганч бо зухури инсон зохир шуд ва инсони комил онро ба вучуди
хеш шинохту донист, ки он ганч дар даруни он нУхуфтааст" ва ин
маънй дар "Маснавй" низ омадааст:
Ганчи махфй буд зи пуррй чок кард, Хокро тобонтар аз афлок кард. Кунту канзан рахматан махфиййатан, Фаабтаъасту умматан махдиййатан (2.13, 131, 196).
Дар чои дигар, дойр ба макоми пайгомбар(с) таъкид кардааст, ки "Агар назди Мухаммад(с) ойй, Мухаммадро(с) намеёбй, балки Худоро дар чехраи Мухаммадй меёбй ва Уро ба дидаи Мухаммадй мебинй.., мушохидаи Хакро дар ойинаи паёмбарат талаб куну бас" (1.59: 89-40), ё худ "Мухаммад(с) комилтарин мавчудот дар навъи инсонист, ба ха-мин чи