автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему:
Образная (флейты) в творчестве Джалолиддина Руми

  • Год: 2004
  • Автор научной работы: Салими Хатлони
  • Ученая cтепень: кандидата филологических наук
  • Место защиты диссертации: Душанбе
  • Код cпециальности ВАК: 10.01.03
Диссертация по филологии на тему 'Образная (флейты) в творчестве Джалолиддина Руми'

Текст диссертации на тему "Образная (флейты) в творчестве Джалолиддина Руми"

АКАДЕМИЯ НАУК РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ИНСТИТУТ ЯЗЫКА И ЛИТЕРАТУРЫ ИМЕНИ РУДАКЙ

На правах рукописи

САЛИМИ ХАТЛОНИ

ОБРАЗ НАЯ (ФЛЕЙТЫ) В ТВОРЧЕСТВЕ ДЖАЛОЛИДДИНА РУМИ

Специальность: 10.01.03. Литература народов зарубежья

(таджикская литература)

ДИССЕРТАЦИЯ

на соискание ученой степени кандидата филологических наук

Научный руководитель:

доктор филологических наук, профессор МУЛЛОАХМАДОВ МИРЗО

ДУШАНБЕ — 2004

АКАДЕМИЯИ ИЛМХОИ НУМ^УРИИ ТОНИКИСТОН ИНСТИТУТИ ЗАБОИ ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РУДАКЙ

Дорой х,акки дастнавис

САЛИМИ ХАТЛОНИ

ТАСВИРИ НАЙ ДАР ЭЧОДИЁТИ ЧАЛОЛИДДИНИ РУМИ

Ихтисос: 10.01.03. - адабиёти мардумони кишвархои хоричй

(адабиёти точик)

ДИССЕРТАЦИЯ

барои дарёфти унвони илмии номзади илмхои филологй

рохбари илмй:

доктори илми филология, профессор

МУЛЛОА^МАДОВ М.

ДУШАНБЕ-2004

МУНДАРИЧ.А

1. МУКАДДИМА......................................................................4-11

2. БОБИI. Ч.АЛОЛИДЦИНИ РУМЙ ВА МУ^ИТИ ИЧТИМОИВУ ФАРХДНГИИ У..................................................................12-50

§ 1. Мухити ичтимой ва фархангии Ч,алолиддини Румй......................12

§ 2. Тасаввуф ва рушди он дар осори Чдлолиддини Румй.....................23

3. БОБИ II. ТАСВИРИ НАЙ ДАР ОСОРИ МАНЗУМИ ЧАЛОЛИДЦИНИ РУМЙ...................................................51-108

§ 1. Зухури мафхуми маънавии най дар андешаи Ч,алолидцини

Румй.......................................................................................51

§ 2. Мохияти ирфонии най дар осори Чдлолиддини Румй...................83

4. БОБИ Ш. БАДЕИЯТ ВА РОВДОИ КОРБУРДИ ИСТИЛОХ,И НАЙ ДАР ОСОРИ ЧДЛОЛИДЦИНИ РУМЙ................................109-163

§ 1. Бадеъияти мафхуми рамзии най аз нигохи Ч,алолиддини Румй......109

§ 2. Сайри маънавии най аз «Девони Шамс» то «Маснавй»-и

Чалолиддини Румй................................................................125

5. ХУЛОСА..........................................................................164-168

6. АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

169-177

МУКАДДИМА

Осори Мавлоно Чдлолидцин Мухдммади Балхии Румй аср^ост, ки мавриди омузиши дакикдазарон ва ахди тах,кик карор гирифта, дар амри ин рисолат пажухдндагони рузгору осори у б а комгорих,ои беназире муваффак гардидаанд. Вале ба ин хдма падидах,ои тадкдкотиву тахдилй нигох, накарда, оид ба баррасии осори ч;ах,онгири Мавлоно, ки бар кашфу пажух.иши бештаре ниёз дорад, чй дар Шарку Еарб то кунун таълифоти тахкикии мукаммале дархурди эътимод ва конеъкунанда ба бор наомадааст.

Рисолаи мо пахлухои адабй ва маънавии тасвири «най»-ро дар эчодиёти Мавлоно мавриди тахкдк, карор додааст, ки дар ин замина омузиши осори мухталифи адабиёти бадей мусоид афтодаанд.

Тасвири «най» дар осори Мавлоно рамзй буда, асосан ба таъриху пайдоиши Одам иртибот дорад, ки ин мавзуъ аз чониби мух,аккикон камтар мавриди омузиш карор гирифтааст.

Нигароние, ки дар мавриди ин масъала мухдккикони осори муаззами Мавлоноро ба гирифторй мувочед намудааст, пеш аз хдма дар мух,тавои андешаи офарандаи он мох.ияти ин рамзро амик фах,м накардани иддае аз пажухдшгарон аён мегардад.

Барои муайян намудани асрори «най» мо дар рисолаи худ аз сарчашмах,ои муътамаде истифода намудем, ки дар ин амр бешак ва бештар осори худи Мавлоно ва ёдномаи х,амсух,батону муосирон ва муътакидони уро созгор донистем.

Тадкики мафх,уми «най», ки хдмчун яке аз тасвирх,ои маъмули тамсилй ва рамзии адабиёти мо маъруф гардида, Мавлоноро дар рамзбаёнй шухрати ч;ах,онй бахшидааст, бештар

дар мукоиса б о сарчашмах,ои тамадцуни башарй ниёз мечу яд. Бояд тазаккур кард, ки таърихи фархднгу тамаддун, бахусус шеъру адаби форс-точик рамзофаринихои фаровонеро ёд дорад, аммо дар ин замина шухрате, ки «най»-и Мавлоно дорад, беназир аст.

Mo дар ин рисолаи хеш бештар бар он кушиш ба харч; додем, ки андаке бошад, хам бо мадади сарчашмахои истифоданамуда парда аз чехраи ин вожаи мармуз кушода бошем. Ба хдмин далел то тавонистем ру ба маъхазх,ои марбут ба чараёни ирфонии адабиёт, бахусус тасаввуф овардем, ки осори Мавлоно бешубхд аз афкори ин равия так,вият ва камол чустаанд. Арзи далоили дигари бахрабардориву омузиши мо хдмчунон аз маъхазх,ои муътамади динй, аз кдбили Авесто, Библия (ахди кддим ва ахди чадид) ва бахусус Куръони Мачид, асос мечуяд, ки андешаву афкори Мавлоно аз ин сарчашмахо маншаъ бурдаву обишхур дорад ва дар хдмрайъи б о акддах,ои маънавии ин маъхазх,о вобаста будааст.

Омузиш ва мутолиъаи адабиёти рамзии ирфонии тасаввуфй муддатх,ост, ки бандаро вобастаи худ дорад, аммо дар ин миёна андеша ва осори Мавлоно, бахусус мафхуми «най» дар тасаввури у чаззобу сех,рангез мерасид ва бо рисолати имконият аз назари хеш мо^ияти ин мавзуъро вобаста бо арзишх,ои бадей таджик ва арзёбй намудем.

Баррасии тасвири «най» масъалаи печидаву душворадои адабиёти точик буда, пеш аз хдма дар эх,соси маъонии андешах,ои ирфониву маърифати халлокд офарандаи ин рамз асос мечуяд.

Тасвири «най» дар эчодиёти Мавлоно макоми баланде дорад ва аз он чих,ат мавриди таваччух,и ахди назар кдрор

гирифтааст, ки он мухдмтарин падидахои тасаввуф ва тахайюли шоирро дар сурати рамз фарохдм намуда, он хамаро дар мадори дарку эх,соси хонанда ва мухакдик ба маърази андешаву дид мегузорад.

Ин тасвири бебах,о асрх,ост, ки кабули бахрачуии ахди тахдик гардидааст ва Мавлоно бо симои ин рамзи офаридаи хеш, чехраи аслии тамоми башариятро дар сурати Одами танх,о, ки ба акидае «сояи Худо» дар замин, дар олами фонист, ба калам додааст ва ин Одами рамзии хешро дар водии иштиёк,, бо фигони гарибнолй ва умеди васл бар асл, сарсони офок ва хонандаи адофахмро бо шайдоиву чунуни «ишк» дар орзуи у бархурдор намуда ва дунболаи ин мояи умед умре саргаштаи фирок доштааст.

Дар хдмин иртибот мо кушиш ба харч додем, ки ба тавассути ин рисола таъриху манобеъи пайдоиш ва чдззобияти мафхуми бадей ва ирфонии «най»-ро бештар дар мадди назар дошта бошем ва шарху баёни назариявии онро аз осори дар даврони гуногун ба табърасидаи адабиётшиносон, файласуфон, хотироти муосирон ва бешуб^а аз рузгори доирах,ои маънавии замон ва осори бебах,ои худи Мавлоно бахрачуй намоем.

Оид ба ин мавзуъ аз даврони худи Мавлоно то имруз дар кишварх,ои Шарку Гарб таълифоти зиёде ба табъ расидаанд, ки кисмате дар Шарк, ба тарзи шарху тафсир, аз кабили «Найнома»-и Мавлоно Яъкуби Чархй, «Рисолаи ноия»-и Абдуррах,мони Ч^омй, «Найнома»-и Халилуллох,и Халилй (Афгонистон) э^од шуда, кисмати дигар амсоли «Ирфони Мавлавй»-и Халифаи Абдулхаким (Х,инд), «Наср ва шарди «Маснавии шариф»-и Абдулбокии Гулпинорлй (Туркиё), «Сирри най», «Бах,р дар куза» ва дигар таълифоти беназири

Абдулхусайни Зарринкуб, «Сайре дар девони «Шамси Табрезй»-и Алии Даштй (Эрон) ва бисёр дигарон мохияти тахкикд доранд.

Дамчунин дар зимни осори тахкикотии ховаршиносони Еарб, умуман дар саросари олам низ бо калами Р.Николсон (Инглистон), Эва ду Витрей-Мейерович, Морес Баррес, Луи Массинон, Луи Гарде (Фаронса), Анамори Шимел, Х,.Риттер, Х,ерман Эте (Олмон), А.Баузани (Итолиё) ва дигарон ба ин мавзуъ таълифоти судманде ба сомон расидааст.

Дар адабиётшиносии точик бошад барои тахкикд ин мавзуъ хануз нуктаи назари мукаммале вучуд надорад. Иллати ин, албатта, дар доирахои адабии кишвар кобили амал набудани як мактаб ва ё махфили мураттаби Мавлавишиносист. Мо низ дар ин рисола мутобикд маъхазхои мавчуда ва акддаи хеш барои кушодани асрори «най» бо умеди муваффакияти кор икдом варзидем, ки бошад то дархури завкд сохибназарон гардад.

Матлаб аз нигоштани рисолаи мавсуф кушодани асрори рамзи «най» дар эчодиёти Ч^алолиддини Румй буда, барои комгорй ва ноил шудан ба максад дар пеши худ вазифа гузоштем, ки:

- таърихи пайдоиши онро дар адабиёти ирфонй, бавижа адабиёти тасаввуфй тахдик намуда;

- асоси мундаричоти бадей ва ирфонии рамзи «най»-ро аз кутуби мукаддаси динй ва таърихии тамадунофар мавриди назар карор дода;

- андешаву назари рухониву ирфонии Чдлолиддини Румиро дар офариниши тасвири рамзии «най» бо далоили судманде омухта ва дар ин рисола, то ч;ое, кимуяссар гардид, истифода намоем.

Рисолаи мазкур аз се боб иборат аст. Бо назардошти он, ки рузгору эчоди Мавлоно дар пурошубтарин замони зиндагии башарият чараён пазируфтааст, ногузир донистем дар боби аввали рисолаи хеш, «Ч,алолиддини Румй ва мухдти ичтимову фархднгии у», ки аз ду к,исмат, «Мух,ити ичтимой ва фархднгии Чдлолиддини Румй» ва «Тасаввуф ва рушди он дар осори Чдлолиддини Румй» иборат аст, оид ба мухдти ичтимой ва фархднгии Мавлоно ва иршоду авчи тасаввуф, ки Мавлоно шогирди бевоситаи ин тарикат буд ва аз ро^и нардбони «акд» ва «ишк»-и саркаш онро ба авчи аъло кашид, хдрфе чанд ба хдйси рахдамо дошта бошем. Ин чо мухимтарин падидаеро бояд хотирнишон сохт, ки мухдти маънавии Мавлоно дар иртиботи омузиш ва бархурдорй аз равияхои гуно1уни маз^абии замон вобаста ва комёб мебошад.

Мавлоно писандидатарин чузъиёти ирфониву маънавии онро, ки баргузидаи тарикати тасаввуф аст, бардошт намуда, мадорати эчодии хешро низ аз партави ин анвори бебадал сайкал додааст. Зеро равняй тасаввуф х,арфи писандида ва муштамил бар тамаддуни башариро дар ихтиёр гирифта, хдводорон ва пайравони хешро низ дар сабуриву тобу тавонмандй неру бахшидааст.

Дар боби дигар «Тасвири най дар осори манзуми Ч,алолиддини Румй» мафх,уми маънавии «Най» ва мохдяти адабии вай дар осори Мавлоноро чой додем, ки низ фарогири ду фасл, «Зухури мафх,уми най дар андешаи Чдлолиддини Румй» ва «Мох,ияти ирфонии най дар осори Ч,алолидцини Румй» буда, манзур тахдил ва арзёбии андешах,ои Мавлоно атрофи маф^уми рамзии «най» ва талошх,ои у бо максади бозрасидан бар «Асл», бар «вахдати вучуд» бар «вучуди Мутлак,» аст. Мутобикд

ташрех, ва арзёбии ин мак,сад дар сахдфоти гуногуни кутуби мухталиф акидароних,ову тахкикоти бешумори муаллифони баёнгари шархд х,олу рузгори Мавлоно хонандаи закиро ба омузиш ва пажухиш вобаста намудаанд, ки ин хама ба теъдоди асархои оламшумули Мавлавишиносй афзудааст ва хам, хушбахтона, акдх,ои чуёи рухи Мавлоноро комгорй бахшидааст. Аммо хамзамон боиси арзёбист, ки мухаккикин ва нок,идони эчодиёти у, б о хар рох аз тамсилоту рамзофаринихои Мавлоно танхо ба хотири сайкдл бахшидани доираи улуму фунуни рузгори хеш иттилоъотеро хаммаъно афзун намудаанд, то ин ки бо ин далоил барои иршоди пайвандх,ои адабй заминаи мусоид фарохдм оваранд.

Тахкики бахши номбурда, аз руи он масоиле, ки зикр намудем ба чанд чихат судманд афтод, зеро равшан намудани мафхуми «най» ва мохдяти ирфонии вай ба дарки масъулияти тасвир дар адабиёт, бахусус дар осори Мавлоно имконоти фаровонеро фарохам овард. Тахлилу тадкдкд ин бахш барои мо боз аз он чихдт мувофикд матлаб буд, ки вижагих,ои тасвири «най»-ро таршдл густариши мафх,уми рамз ва рамзбаёнй дар адабиёти ирфонй муфассал баён намудаем.

Боби саввуми рисолаи мазкур «Бадеият ва рохлои корбурди истилохи най дар осори Ч,алолиддини Румй» низ аз ду кисмат, «Бадеияти мафх,уми рамзии най аз нигохи Ч,алолиддини Румй» ва «Сайри маънавии най аз «Девони Шамс» то «Маснавй»-и Ч,алолидцини Румй» мураттаб гардида, фарогири андешахои Мавлоно дар атрофи ишк ва пойдории мафхуми рамзии «най» аз кдламрави Девони «Шамси Табрезй» то «Маснавии маънавй»-и уст. Аз рисолати ин таълифот хулоса намудем, ки Мавлоно ин сирри мармузро нахуст бо хотири

шуридаву парешон дар Девони «Шамси Табрезй» таррохд ва шикоятнолй карда, онро дар симои Одами хокй, дар шахси чехраи таърихии замони хеш Шамсиддин Малакдоди Табрезй ошкоро тачассум намудааст, ки ин ишкд хдкикй таргибгари fohx,oh мухаббати самимй, рафокдт ва садокдти бани башар гардидааст.

Мухдкдикини осори Мавлоно дар иртиботи «най» нахуст аз тахдили мух,тавиёти «Бишнав аз най», ки баъди огози дафтари аввали «Маснавии маънавй»-ст, кушоиши назар мечуянд, вале бар афзудани он камтар дучор меоем, ки ин мояи умед аз ранчу у куб ату озори сузбори фирок, аз «ишк,» ва орзуи «васл» бар «Асл» ва нолаи чонгудози барчаста аз нидоди «най» хануз нахуст аз Девони «Шамси Табрезй» огоз гардида, дар «Маснавии маънавй» идомаи поённопазир ва такомул ёфтааст.

Mo низ бо далоиле чанд дар робита бо асрори «най» ва тасвири он дар эчодиёти Мавлоно, бо бардоштх,ои ирфонй аз ин вожаи мармуз, хомаро сарфи сахдфоте чанд намудем, то бошад бар маънавияти беназири мардуми хеш афзуда бошем ва умед бар комгорй пой дар ин чодаи бемунтах,о дорем.

Ба хдр х,ол, зимни ин тахдикот бо орзуи парда аз чехраи мармузи «най» бардоштан, кушиш намудаем, ки хадди акал ба пахдухои камтарини осор ва рузгори Мавлоно тавакдуф фармоем.

Бо амри рисолати андухта дар ин рисолаи кучак саъй намудем, ки симои шахсияти таърихиеро хдмчун Шамси Табрезй, ки дар мо^ияти маъонй василаеро бо рух,и Одам дорад ва бархостаи тафаккури ирфонй ва маънавии Мавлоност ва аз пушти пардаи рамзии «най» дар саросари ин осори гаронмоя х,увайдо гардида, бо нолаи чонгудоз «оташ бар калбх,ои сухтаи»

башарият меафганад, равшан намоем. Зеро, бедалел, чунон ки бармеояд, ин бадеият, ин асрори маънавй ва ирфонии човидонаи олам дар саросари осори Мавлоно фурузандаву рахшандатар, беш аз х,ар пажухдш, бар хдкоикд асрор собит гардидааст.

2. БОБИ I. ЧДЛОЛИДДИНИ РУМИ ВА МУ^ИТИ ИЧТИМОИВУ ФАРХДНГИИ У

§ 1. Мухиги интимой ва фархангии Ч,алолиддини Румй

Аз байн рафтани як силсилаву сохти давлатдорй ва ба дасти дигар сохт гузаштани кудрат дигаргунихои кулии сиёсиву ич;тимоиро ба бор меорад, ки албатта ба иршоди маънавияту фарханги бошандагони он кдламрав бетаъсир намемонад. Ин аст, ки аз чунин тахаввулот coxae ба пешрафту такомул моил мегардад, аммо гохо нодиртарин дастовардхои адабиву фархангй ру ба инкдроз меоранд. Чунин тахаввуллотро таъриху фарханги халки точик тули хазорсолахо хазор андар хазор тахаммул намуда, ба хама шикасту рехт бахри такомулу худсозй, дар бадали чоннисорихои ахди маънавияташ, хамеша комгору муваффак мондааст.

Х,ангоме ки ба омузиш ва тахкикд як сахифаи кучак ва норавшани таърихи бузурги миллат икдоме сарф мешавад, бештар пеш гузоштани далоили равшан ва собиткунандаи бурду бохти он давронро мебояд айни муддаъо ва мувофики матлаб донист.

Карни XIII яке аз даврони пурташаннучу тахдукабори таърихи башарият ба шумор меравад, ки бо кушодани сахифахои пурасрори он, пеш аз хама, вазъияти сиёсиву ич;тимоии Мовароуннахру Хуросон, дар ин айём, бештар эхсос мегардад. Гирудору кашмакашихои байнихудй ва миёни бегонагон тамоми Хуросон ва Осиёи Миёнаро бо кушиши ба даст овардани тахту точ; ва мустахкам намудани кудрати шахсй ва ё кабилавй фаро мегирифт.

Дар охири садаи XII муборизахои зафаровар ва истехкоми давлати нируманди Хоразмшохиён халифаи Багдодро бекарор ва уро ба харосати давлатдорй мувочех сохт.

Султон Текеш, ки аз чехрахои шинохтаву маъруфи ин хонадон махсуб меёфт, соли 1194 вопасин шохи Салчукиёнро дар каламрави Рай шикает дод.

Аббосиён, ки мехостанд фармонфармоиро пурра ба хонадони хеш баргардонанд, ба Текеш фармуданд, то аз гасби салтанат худцорй намояд, аммо даъво хднуз ба поён нарасида буд, ки соли 1200 султон аз олам даргузашт ва вориси точу тахт, Мухаммад дар садри сиёсат чойгузини падараш гардид. У барои Багдодро гасб намудан, ки яке аз марказхои илму маърифат ва тамаддуни чахонй ба шумор мерафт, кодир набуд, аммо сарфи назар аз ин, соли 1207 каламрави Хуросонро ба пуррагй зери тасарруфи худ даровард. Академик Бобочон Гафуров сабабхои ба осонй забт гардидан ва ба итоати хоразмшохиён даромадани Осиёи Миёнаро дар китоби маъруфи худ «Точикон» чунин шарх додааст: «... ах,олии ин сарзамин умедвор буданд, ки пас аз ронда шудани карахитоих,ои «бутпараст» ва истикрор ёфтани хокимияти хоразмшохиёни хдмдин вазъияти онхо бехтар хохад гардид. Ин умедвории халкро Султонмухаммад дар рохи расидан ба максади худ хеле хуб истифода кард..

Вале мудцате нагузашт, ки бошандагони Мовароуннахр чабри бемисли ин шохи мусулмоноинро бо бедодихои зиёдаш дар чони хеш эх,сос намуданд.

Новобаста аз тасарруфи шахрхои хурду бузург давлати Султон Мухаммади Хоразмшох, дар пояи устувориву иктидор

1 Б. Гафуров: Точикон. Душанбе, Ирфон - 1998, с.555.

карор надошт, зеро хукумати марказй дар бештари манотик, чандон эътироф намегардид. Мах,з хамин омилхо ва пурра омода набудан ба чанги мугул Оли Хоразмшохиёнро ба боди нестй дод ва мардуми ин сарзаминро ба асорат ва султан лашкариёни вахшикирдори Чингизхони мугул мубтало гардонд.

Мугулхо соли 1218 ба истило шуруъ намуда, марказхои маърифативу илмй, китобхонахову мадорису хонахои мардумро валангор намуда, халкро ба асорат кашида, адибону уламои номвари сарзаминро бо бедодихои ношунидание аз зери тегу дор мегузарониданд. Аз хотироти муаррихони машхури ин аср Атомалики Чувайнй, Минхочи Сироч ва дигар маъохизу сарчашмахои таърихй, чунон ки бармеояд, истибдоду тачовузи лашкари мугул дар ин каламрав, яъне Мовароуннах,ру Хуросон хамто надошт. Кдтли оме, ки Чингизхон дар Осиёи Миёна ба бор овард, беназир ва дахшати он бештар мушобехд офатхои табий буд. Масочиду мадорис, кутубхонаву шахрхои хурраму ободро ба харобазор табдил дод. Ин буд, ки Атомалики Чувайнй дар хотироти маъруфи хеш ёде аз он давронро чунин нигошта аст: «...аима ва маъорифи (саршиносону маъруфон-С.Х.) шахри �