автореферат диссертации по филологии, специальность ВАК РФ 10.01.03
диссертация на тему: Жизнь и творчество Махзуни Самарканди
Текст диссертации на тему "Жизнь и творчество Махзуни Самарканди"
6У/ М- /о/Ш
МИНИСТЕРСТВО ОБРАЗОВАНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ТАДЖИКСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ НАЦИОНАЛЬНЫЙ
УНИВЕРСИТЕТ
На правах рукописи
СИРОДЖОВА НИГИНА ФАТХИДДИНОВНА
ЖИЗНЬ И ТВОРЧЕСТВО МАХЗУНИ САМАРКАНДИ
10.01.03 - Литература народов стран зарубежья (таджикская литература)
ДИССЕРТАЦИЯ
на соискание учёной степени кандидата филологических наук
Научный руководитель:
доктор филологических наук, профессор Амиркулов Субхон
ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧУМ^УРИИ ТО^ИКИСТОН ДОНИШГО^И ДАВЛАТИИ миллим то^икистон
ба ^укми дастнавис
СИРОЧОВА НИГИНА Ф АТадДЦИНОВНА
2ÇAËT ВА ЭЧОДИЁТИ МА^ЗУНИ САМАРЬ^АНДЙ
10.01.03 - Адабиёга халвр^ои мамолики хори^а (адабиёти то^ик)
Р И С О Л А
барои дарёфти дарачаи илмии номзади илми филология
Ро^бари илмй:
доктори илм^ои филология, профессор: Амирцулов Суб^он
мундарича
МУКДЦДИМА..................................................
БОБИ I. ТАРЧУМАИ Х,ОЛ ВА МЕРОСИ АДАБИИ МАХЗУНИ САМАРКДНДИ....................
3
9
Фасли аввал.
Тарчумаи доли Махзуни Самаркандй. Фасли дуввум.
Мероси адабии Махзуни Самаркандй.
БОБИ И.МАВЗУЪ ВА МУНДАРИЧДИ АШЪОРИ МАХ,ЗУНИ
Фасли аввал
Мавзуи ишку мухаббат дар ашъори Махзуни Самаркандй. Фасли дуввум
1 .Масъалах,ои ичтимой дар ашъори Махзуни Самаркандй. Рояхои эътирозй ва шикоятй дар ашъори шоир.
2.Танкиди зухди риёй ва мазаммати зохидони зохирпараст дар осори шоир.
3.Тасвири бори гарони зиндагй ва масъалаи ойилавй дар ашъори Махзуни Самаркандй.
Фасли саввум.
Масоили тарбиявй ва ахлокй дар ашъори шоир. Мавзуи факру каноат ва сарзаниши тамаъ.
Фасли чахорум.
Мавзуи динй дар ашъори Махзуни Самаркандй.
САМАРКАНДЙ
34
БОБИ Ш.МАСЪАЛАИ СОХТ ВА УСЛУБИ АШЪОРИ МАХЗУНИ САМАРКАНДЙ.......................
102
ХУЛОСА
134
КИТОБНОМА.
137
мук;аддима
Дар нимаи дуюми асри XVLLI ва ибтидои асри XIX дар арсаи адабиёти форсии точикй шоирони зиёде ба майдон омаданд, ки бисёрии 0HX.0 сохибдевон буда, аз худ мероси арзанда боки гузоштаанд. Ин ахд аз чихдти теъдоди шуарову девонхои ашъор яке аз даврахои пурмахсули адабиёти точик ба шумор меравад. Аз ин чост, ки донишмандони зиёд ба тахкик ва баррасии адабиёти ин давра ру овардаанд. Омузиши адабиёти ин давра аз китоби «Намунаи адабиёти точик» (41)-и устод Садриддин Айнй шуруъ шуда, баъдан дар тахкикотхои Е.Э.Бертельс (67), И.С.Брагинский (70), А.Мирзоев (86), Х.Мирзозода (88), Н.Маъсумй (80) Ш.Хусейнзода (122), Р.Хдцизода (117; 121), С.Амиркулов (50,51,52,53,54,55,56,57,58), У.Каримов (47,74,75,76,121), А.Абибов (5,6,7,26,46.121), С.Саъдиев (121,9899), С.Сиддиков (121,183), АДаюмов (115), С.Султонов (102, 103), Э.Шод^ев (110), Р.Мукимов (121, 206), Яъкубов (113), А.Зухуриддинов ва дигарон идома ёфтааст. Дойр ба дарачаи омузиши адабиёти нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX дар асархои С.Амиркулов (51, 1-8, 52, 3-4, 93-94; 50, 3-8),Ф А.Абибов (46, 15-34) ва хусусан У.Каримов (74, 6-13) батафсил сухан рафтааст. Бо вучуди руи кор омадани ин хама тадкикот, бояд гуфт, ки на хама суханварони ин ахд мавриди омузиши чиддй карор гирифта, макому манзалати эшон дар таърихи адабиёт муайян гардидааст. Яке аз ин кабил шоирони сохибдевони ин ахд Махзуни Самаркандй мебошад, ки мероси адабии у дар тахаввули адабиёти давраи номбурда накши мухим дорад.
То ёфт шудани девонаш номи ин шоир дар адабиёти илмй зикр нагардида буд, шояд аз он сабаб бошад, ки дар маъхазхои адабию таърихй дар бораи у маълумоте дарч нашудааст. Дар «Намунаи адабиёти точик»-и устод С.Айнй, ки ба шоирони мовароуннахрй бахшида
Шумораи аввали раками китоб мувофики тартиби китобнома, шумораи дуввум ба сахифаи китоб ишора мешавад.
шудааст, аз Мах,зун ёд намешавад. Маълум мешавад, ки устод С.Айнй аз девони Мах,зун хабар надоштааст.
Баррасии маъхазх,ои адабию таърихй ва тадк;икотхои мавчуда нишон дод, ки аз нимаи дуюми асри XVIII то ибтидои асри XIX ба чуз аз Махзуни Самаркандй боз се шоир бо тахаллуси «Махзун» ва як шоира бо тахаллуси «Махзуна» шеър гуфтаанд. Ду нафари онх,о бо Махзуни Самаркандй дар як замон зиндагй ва эчод кардаанд. Яке Махзуни Уйчигй мебошад, ки тибки маълумоти тазкираи Фазлии Намангонй дабири дарбори амир Умархон (1809-1822) буда, «аз хони атои амир» зиндагй мекардааст, вале вай дар вакти зикри ин маълумоти Фазлй дар кайди хаёт набудааст. Инак, маълумоти овардаи Фазлй:
с^Уу
С 32,н)
Ё худ чои дигар мегуяд:
U^übLisа if,; ^
" ^ ~ • . J •
(J-1* /> Ú yj Lo LS
• i
y^1 <slks>öij>)cP„ ^
¿Г.' ' cß Ь oy/j?
(зг, чгч) Là ci-'
Фазлии Намангонй танхо як газали узбекии ин шоирро ба тарики намуна овардааст, ки матлаъаш ин аст:
Кдчон ким лаъли нобинг сузда майли нушханд эттй, Х,азин чону кунгулни талхкому дардманд эттй. (30,424) Дигараш Мехрубон ном шоираи машхури ин ахд аст, ки бо тахаллуси «Махзуна» дар Хуканд зиндагй ва эчод кардааст. Дар бораи у Фазлии Намангонй дар «Мачмуат-уш-шуаро» чунин гуфта:
Дар охири китоб бошад мушоираи туркии худро бо Махзуна намуна овардааст (32,484). Дар бораи Махзуна Точй Усмон дар «Бисту се адиба» (105, 96) ва Т.Ч,алолов дар «Узбек шоиралари» сухан гуфтаанд (123, 117-
Ду нафари дигар, ки бо тахаллуси «Махзун» шеър гуфтаанд, наздик ба замони зиндагии Махзуни Самаркандй умр ба сар бурдаанд. Яке Мулло Арбоб мутахаллис ба Махзун мебошад, ки аз шуарои доираи адабии Бадахшон буда, соли 1860 дар хамон чо вафот кардааст. Амирбек Абибов дар «Ганчи Бадахшон» дар бораи ин шоир маълумот додааст (7,239). Дигар Мулло Садриддин валади Чдлолидцин аз шоирони охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ-и Дарвоз мебошад, ки низ бо тахаллуси Махзун шеър гуфтааст. Дар бораи рузгор ва осори ин шоир А.Абибов дар «Ганчи парешон» сухан кардааст (6,104). Аммо ин шоирон ба чуз аз хамтахаллус будан бо шоири мавриди тахкики мо хеч як алокае надоранд.
Нахустин маротиба аз Махзуни Самаркандй ва девони у дар «Каталоги дастхатхои шаркии АУ Точикистон» ёд шудааст. Мураттибони фехристи номбурда исми шоирро Мулло Садриддин оварда, мухтасар дар бораи сохту тартиб ва холати кунунии девонаш маълумот додаанд (73,123). Аммо аввалин касе, ки дар бораи Махзуни Самаркандй ва ашъори у
* •«
(32лЮ
128).
тадкикот бурдааст, У.Каримов мебошад. Мухаккики номбурда дар китоби хеш «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX», ки соли 1974 ба нашр расидааст, чандин маротиба аз Махзуни Самаркандй ёд намуда, хангоми баррасии хаёти адабй ва мухтавои осори шоирони давраи номбурда аз ашъори шоир намунахои шеърй меорад (74,32), У.Каримов дар ин китоби худ кайд мекунад, ки дар «Баёзи чомеъ» аз ашъори Махзун намунахо дарч шудааст (74,39). Дар кисми дуюми китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX», ки аз тарафи муаллифони гуногун навишта шудааст, фасли алохида дойр ба хаёт ва эчодиёти Махзуни Самаркандй хает, ки он хам ба калами У.Каримов тааллук дорад. Мухаккик истифода аз маълумотхои дар девони шоир буда, рузгори уро то андозае муайян карда, мавзуъ ва мундаричаи ашъори шоирро мавриди тахкик, карор додааст (47,93-108). Хдмчунин, У.Каримов дойр ба ахвол ва ашъори Махзуни Самаркандй дар Энциклопедияи Советии точик (Ш, 298) ва Энциклопедияи адабиёт ва санъати точик ( 112,220) мухтасар маълумот додааст.
Дар китоби дарсии «Адабиёти точик. Асрхои XVI-XIX ва ибтидои асри XX» хангоми баррасии хаёти адабии нимаи дуюми асри XVIII ва ибтидои асри XIX аз Махзуни Самаркандй ва ашъори у сухан рафтааст (121, 233). Субхон Амиркулов дар китоби «Тахаввули адабиёти точик дар нимаи якуми асри XIX» хангоми тахкики тахаввули чараёнхои адабй дар нимаи якуми асри XIX аз ашъори Махзуни Самаркандй иктибос овардаанд (50,35,91,130).
Девони Махзуни Самаркандй дар Института шаркшиноей ва мероси хаттии АУ Точикистон тахти раками 613 мавчуд аст. Аммо мураттибони фехристи дастхатхои шаркии АУ Точикистон номи шоирро сахван Мулло Садриддин овардаанд. У. Каримов низ дар кисми аввали китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» номи Махзуни Самаркандиро Мулло Садриддин овардааст (74,32). Гумон меравад, ки хам мураттибони фехристи дастхатхои шаркии АУ Точикистон ва хам У.Каримов такя ба ахбори «Тазкират уш-шуаро»-и Х,очй Неъматуллохи
Му^тарам номи Махзунро Мулло Садриддин овардаанд. Аммо дар тазкираи Мухтарам на аз Махзуни Самаркандй, балки аз Махзуни Дарвозй сухан рафтааст:
У.Каримов дар кисми дуюми китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» аз ин иштибох пай бурдааст, ки дигар исми Мулло Садриддинро ба Махзуни Самаркандй нисбат надодааст, вале «Баёзи чомеъ», ки дар он 11 газал ва 9 мухаммаси Махзун дарч гардидааст, аз назари мухаккик дур мондааст. Хрл он ки худи хамин муаллиф дар чилди аввали китоби зикршуда аз ин баёз ва намунаи ашъори дар он будаи Махзун сухан гуфтааст (74,39).
Он чй дар адабиёти илмй дойр ба Махзуни Самаркандй буд, хамин аст. Аз ин чо маълум мешавад, ки дар адабиётшиносии точик хаёт ва эчодиёти Махзуни Самаркандй ба таври бояду шояд омухта нашуда ва мавкею макоми у дар адабиёти нимаи якуми асри XIX муайян нагардидааст. Расул Хрдизода дар сарсухани китоби «Адабиёти точик дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX» бархак таъкид карда буданд, ки «Хдр яке аз ин шоирон (максуд шоирони давраи зикршуда.-С.Н.) кобили он аст, ки дар оянда мукаммалтар ва чукуртар тадкик ва тахкик шаванд, то ки маком ва мавкеи онхо дар чараёни адабии давр муайян гардад» (121,4).
(г I 32/)
Хдцафи асосии рисола хамачониба тахкик ва тахлили хаёт ва эчодиёти Махзуни Самаркандй аст. Барои халли пурраи мавзуъ мо дар назди худ вазоифи зеринро гузоштем: -тадкики хаёт ва эчодиёти Махзун;
-муайян кардани мавкеъ ва макоми шоир дар адабиёти нимаи якуми асри XIX;
-баррасии мавзуъ ва мундаричаи гоявии ашъори шоир; -муайян кардани сохт ва услуби бадей ва шеваи баёни шоир. Асосхои методологи ва назарияи тадкикотро принципи мукоисавй-таърихии тахлили илмй, тадкики типологии жанрхо ва поэтикаи сухани адабй ташкил мекунад. Мо хангоми тадкики мавзуъ тачрибаи андухтаи олимони ватанию хоричй, амсоли С.Айнй, Е.Э.Бертельс, И.С.Брагинский, Д.С.Лихачёв, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, РДодизода, А.Афсахзод, С.Амиркулов, У.Каримов, А.Абибовро сармашки кори худ карор додем.
Рисолаи мо дар заминаи маълумоти сарчашмахои адабию таърихй, фехристи китобхонахои ватанию хоричй, девону баёзхои асрхои XVIII -XX, алалхусус девони Махзуни Самаркандй навишта шудааст.
Рисола аз мукадцима, се боб, хулоса ва китобнома иборат аст.
Б О Б И I.
ТАРЧУМАИ XßJl ВА МЕРОСИ АДАБИИ МАХ,ЗУНИ САМАРКДНДЙ
Фасли аввал Тарчумаи доли Махзуни Самарканда
Замони зиндагй ва фаъолияти эчодии Махзуни Самаркандй ба нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX рост меояд. Ин ахд дар таърихи адабиёти точик яке аз давра^ои пурмахсул ба шумор меравад. Аз ин чост, ки мухаккикон ба хаёти ичтимоию сиёсй ва таърихию адабии ин давра диккати чиддй додаанд. Дойр ба таърихи ин давра хам дар Точикистон, хам дар Узбекистан ва хамчунин дар шаркшиносии собик шуравй асархои тадкикотии зиёде руи кор омадаанд, ки мухимтарини онхоро мо дар китобнома овардаем.
Пеш аз хама бояд ин нуктаро ёдовар шуд, ки баркарор кардани тарчумаи холи бархе аз шуарои асрхои XVIII-XIX кори нихоят мушкил аст, зеро дар бораи шоирон ва адибони ин давра нисбат ба давраи классикй тазкирахо хеле кам таълиф шудаанд. Аз суи дигар баъзе аз шоирони давраи мавриди тахкик дур аз марказхои адабй зиндагй ва эчод кардаанд ва номи онхо дар тазкирахо сабт нагардидааст. Гурухи дигари шоирон гох дар як шахр, гох дар шахри дигар умр ба cap бурдаанд, ки шояд бо хамин сабаб номи эшон аз сарчашмахо берун мондааст. Махзуни Самаркандй, ки зиндагии харчоию оворагие ба cap доштааст, аз ин кабил шоирон аст.
Тавре ки дар мукаддима кайд кардем, то солхои наздик номи Махзуни Самаркандй дар адабиёти илмй зикр нашуда буд. Шояд сабабаш он бошад, ки дар бораи у дар сарчашмахои адабй маълумоте наёфтем. Сарчашмаи мухим ва боэътимоде, ки метавон бо воситаи он баъзе лахзахои рузгори шоирро муайян кард, девони шоир аст, ки тахти раками 613 дар ганчинаи Института шаркшиносй ва мероси хаттии АУ Точикистон махфуз мебошад. Хдмчунин дар «Баёзи чомеъ» (раками 3293) намунахо аз
газалиёт ва мухаммасхои шоир сабт гардидааст, ки метавонад дар ин масъала кумак кунад.
Махзуни Самаркандй зодаи шахри Самарканд аст. Дар ин масъала шубхае нест, зеро худи шоир чандин маротиба дар ин бора ишора намудааст. Аз чумла, мегуяд:
Махзунаму зи мулки Самарканд мешавам, Чдддам Имомй аст, на аз каряи Х,исор.(11,60а) Ч,ои дигар таъкид мекунад:
Ризочу бандаи озода - Махзуни Самаркандам, Ки озодй маро, алхамдулиллах, чун ризохо шуд.(11,326) Усмон Каримов такя ба байта аввал тахмин мекунад, ки «шояд гузаштагони шоир аз авлоди Имом Ризои Машхадй бошанд» (47,237).
Мо санаде дар даст надорем, ки аз авлоди Имом Ризои Машхадй будани Махзунро собит кунад. Танхо дар девони шоир абёте метавон дарёфт, ки ба пайрави Алй ибни Абутолиб будани у гувохй диханд. Махзун чанд газал дар мидхати Расули Акрам (с) ва ёронаш гуфта, ки аз байни чахор ёри пайгамбар ба Алй ибни Абутолиб мехри махсус дорад ва борхо уро сутудааст. Аз чумла, газали зерин аз матлаъ то мактаъ дар ситоиши Алй ибни Абутолиб аст:
Ман гуломи хазрати он шохи мардони Начаф, Хокруби макдамаш бошанд шохони Начаф. Х,очиён аввал тавофи маркади Мардон кунанд, Баски у чун марди майдон асту султони Начаф. Аз хаёлаш хотири ахли Начаф гулшан бувад, Ч,ону дилхо булбули хори гулистони Начаф. Мекунанд тавфи мазори хазраташро субху шом, Кибла оварда ба лаб хокаш мукимони Начаф. Хори даргохаш ба мижгон руфта, аз бахрайни чашм, Рехта обаш зи фаррошй азизони Начаф. Сурма карда хар губораш дидаро чун тутиё, Гашта бинои дигар чун чашми курони Начаф.
Маркади покаш бувад дар хафт чои мухталиф, Рухи покаш хар кучо хозир чу мехмони Начаф Дар ду байта охир шоир худро сарехан «чун шиаву эронй» аз ёрони Алй медонад:
Х,еч дил холй зи мехри Шохи Мардонаш мабод, Шиъаву эронй, ман хам синабирёни Начаф Ёри чорам дон Алй зинхор, Махзун, окилй, Ё Алй, гуё Алй бошад, Алй, чони Начаф.(11, 956). Аммо Алй ибни Абутолибро сутудан ва аз ёрони Алй будан далели шиамазхаб будани шоир нест, зеро ахли суннат низ ба хазрати Алй ихлоси тамом доранд ва уро ба сифати ёрони пайгамбар Акрам (с) мешиносанд.
Падари шоир аз махдумон, яъне хочагон будааст. Унвони махдумй, ки у борхо дар осораш ёдовар шудааст, мероси падарй мебошад: Махдумии мо хам кам аз он шайхии кас нест, Мероси падар чун ба ридое нахаридем.(11,1106) Аз падар мероси казоие боки намонда будааст, ки Махзун машгул ба коре мешавад ва мардум барои эхтиром уро «Махдумй тилло» лакаб додаанд:
Махдумй тилло мулаккаб шуд, чй мебояд маро, Чун зари холис ба каф хар чо шуморам кардаанд.(11,436) Ч,ои дигар мегуяд:
Кафи хоки азизон кимиёи сурати мо шуд, Ки чун мисси вучудат хамчу мо -Махдумй тилло кун.(11,119) Махзун аз махдумзода будани худ дар абёти дигараш низ ишора намудааст:
Илохо, банда Махзунам ва махдумам ва хурсандам, Ки сад шукри дигар зебандатар аз ман туро набвад.(11,436) Аммо махдумзодагй ба шоир манфиате наоварда, ки дар ин байт аз «лофи махдумй» гилагузорй мекунад:
Лофи махдумй бало шуд, охираш Махзун шудам, Шукр банди шайх шуд охир зи ман хирвори ман.(11,1206)
Ч,ои дигар «лофи махдумй»-ро ба хубоби пуч монанд карда, ба танз мегуяд, ки ин хубоби пуч мавчи туфонро мешиканад:
Лофи махдумй ба cap печид махдуми Шумо, Ин хубоби пуч охир мавчи туфон бишканад.(10, 476) Шоир танхо дар як газал ба чои Махзун тахаллуси «Махдумй»-ро гирифтааст:
Фоли Махдумй ба cap печид, бемагзам гузашт, Саркашй з-ин бахр берун чун хубобам мекунад.(11,516) Вакге ки шоир ба куи ишк, меафтад, аз махдумию махзунй бениёз мегардад:
Ман ки Мачнунам, на махдумам, на махзунам, на шод, Гардани девонаро занчир зулфи ёр шуд.(11,42а) Мураттибони фехристи ганчинаи Института шаркдтносй ва мероси хаттии АУ Точикистон ва У.Каримов чй навъе ки дар «Мукадцима»-и кор гуфтем, номи шоирро иштибохан Мулло Садриддин гуфтаанд, хол он ки Мулло Садриддин номи Махзуни Дарвозист, на Махзуни Самаркандй.
Соли таваллуди Махзун низ ба таври аник маълум нест. У.Каримов тахмин мекунад, ки «бояд таваллуди шоир дар миёнахои солхои 70-уми асри XVIII сурат гирифта бошад» (47,287).
Махзун дар ин газал ба муносибати «тамомй ёфтани ачзои китобаш» чунин мегуяд:
Ба соли чил тамомй ёфт ачзои китоби ман, Агар мирам, шумар хамсол шуд бузинаи Махзун.(11,122а) Соли бузина ё худ хамдуна мувофики солшумории хичрй 1240 мебошад, ки ба соли 1824 мелодй баробар аст. Ибораи «соли чил» ишора ба хамин сол аст. Дар газали дигар шоир ба чихилсолагии худ чунин ишора мекунад:
Соли умрам чун чихил шуд, хает чанд рузи дигар, Боз мехохам чу он зулфи бутон умри дароз.(11,66а) Агар шоирро «бо бузина хамсол» дониста, газали дар чихилсолагй навиштаи уро ба инобат гирем, соли таваллуди Махзунро метавон 1776
донист. Зеро мувофики солшумории мусулмонй соли 1776 соли бузина -хамдуна аст.
Перомуни рузгори чавонй ва тахсилаш аз осори шоир маълумоте ба
даст намеояд, аммо дар бораи хаёти оилавии у хам дар девон ва хам дар
абёти дар «Баёзи чомеъ» дарчгардида баъзе ишорахо ба назар мерасад.
Бино ба тангдастй ва сахтии рузгор шоир чанд мудцат оиладоршавии
худро мафкуф гузошт. Махзун, ки аз падар мероси казоие нагирифта буд ва
худ хдм даромади муайяне надошт, наметавонист рузгори зану фарзандро
таъмин кунад, аз ин ру мучаррад зистанро авло донистааст:
Умр хуш хохй ага�